Ба роҳ мондани сиёсати мустақили хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро метавон ҳамчун яке аз музаффариятҳои басо муҳими даврони Истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ кард. Бо касби Истиқлолияти давлатӣ сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат ба маҷрои созанда равона гардид.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони барои ҷумҳурӣ ниҳоят вазнин Роҳбари давлат интихоб гардида, сиёсати дохилӣ ва хориҷиро дуруст ба роҳ монданд. Пешвои миллат ҳанӯз дар Иҷлосияи XVII Шӯрои Олӣ чунин баён доштанд: «Сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар асоси эҳтироми меъёрҳои умумибашарӣ, принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва ба мадди назар гузоштани манфиатҳои олии Тоҷикистон фаъолият хоҳад кард. Тоҷикистон манфиатдор аст, ки сиёсати мувозину прагматиро пеш гирад, ки аз пайравии якҷониба холӣ бошад».
Бояд гуфт, ҷиҳати татбиқи сиёсати хориҷии муваффақона дар марҳилаи аввал кишварро лозим буд, ки стратегияи фарогирро дар муносибатҳои байналмилалӣ пеш гирад. Консепсияи «сиёсати дарҳои боз», ки 31 декабри соли 2002 зимни муроҷиатномаи солинавии Президенти кишвар ба халқи Тоҷикистон эълон шуд, заминаи стратегия гардид. Дар асоси Консепсия Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои байналмилалӣ сиёсати хориҷии бисёрсамта, ботавозун, прагматикӣ ва фарогирро роҳандозӣ намуда, робитаҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судмандро бо кишварҳои гуногуни олам ба роҳ монд.
Зимнан, дар татбиқи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории байнипарламентии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷузъи дипломатияи парламентии кишвар маҳсуб меёбанд, назаррас аст. Хоса, робитаҳои байнипарламентӣ, ҳамчун қисми ҷудонашавандаи муносибатҳои байнидавлатӣ, бештар ташаккул ёфта истодаанд.
Робитаҳои мутақобилаи мунтазами парламентҳо ҳамчун яке аз омилҳои муассири шаклгирии ҳамкориҳо ва далели рушди амиқи муносибатҳои байнидавлатӣ хидмат намуда, фаъолияти мунтазам ва пайвастаи онҳо дар самти рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба аз таваҷҷуҳи тарафайн шаҳодат медиҳанд. Ҳоло бо сабаби хусусияти доимиро касб кардани робитаҳои парламентҳо мафҳуми нисбатан нави «дипломатияи парламентӣ» ба миён омадааст.
Дар замони ҳозира муносибатҳои байнипарламентӣ ҳамчун институти намояндагӣ барои ҳалли бисёр масъалаҳои муосири давлатӣ мусоидат менамоянд. Зеро дар доираи ҳамкориҳои байнипарламентӣ масъалаҳое ба монанди мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ, маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккилона, инчунин халъи силоҳ, амнияти экологӣ ва ғайра фаро гирифта мешаванд.
Дар ин раванд, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои натиҷабахшу судманд ва гуногунҷанба бо парламентҳои кишварҳо ва созмонҳои байнипарламентии ҷаҳон мавқеи хоса дорад. Парламенти касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди таъсис узви фаъоли як қатор созмонҳои байнипарламентӣ гардид.
Боиси ифтихор аст, ки вакилони Маҷлиси намояндагон ба узвияти комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарламентии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ассамблеяи байнипарламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ пазируфта шуда, чанд нафари онҳо ба мақомҳои роҳбарикунандаи ассамблеяҳо интихоб гардиданд. Чанд нафари дигар барои фаъолияти хуби байнипарламентӣ бо ордену медал ва ифтихорномаҳои ин ниҳодҳои байналмилалӣ сарфароз гардиданд.
Яке аз мавзӯъҳои асосиро дар суҳбату вохӯриҳои гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ масъалаи густариши равобити гуногуни дуҷонибаи миёни кишварҳо, рушди муносибатҳои байнипарламентӣ ва инкишофи ҳар чӣ бештари муносибатҳо ташкил медиҳад.
Дар оғози фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дуюм, ки ба таъсиси парламенти касбии кишвар рост меояд, аввалин давлатҳое, ки бо онҳо гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ созмон дода шуд, Россия, Латвия, Озарбойҷон, Туркия, Беларус, Югославия, Покистон, Эрон, Кувайт, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Корея, Хитой, Ҳиндустон ва Япония мебошанд.
Дар рӯзҳои аввали таъсиси парламенти касбии кишвар Маҷлиси намояндагон тасмим гирифт, ки фаъолияти хориҷиро ҷоннок намуда, ба он мазмуну мундариҷаи тоза бахшад. Агар дар давраи Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум бо 19 кишвари дунё гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагон вуҷуд дошта бошанд, дар давраи Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум дар самти муносибатҳои байналмилалӣ ва байнипарламентӣ 32 гурӯҳи дӯстӣ фаъолият менамуд.
Бо мақсади тавсеаи ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳар иҷлосия боз бо чандин парламенти кишварҳои дигар гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ таъсис дод. То анҷоми фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ин раванд идома ёфта, теъдоди гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории байнипарламентӣ ба 60 адад расонида шуд.
Бояд гуфт, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъвати шашум аз оғози фаъолият робитаҳои байнипарламентиро ба вазъи паҳншавии бемории COVID-19 мутобиқ намуда, тарзу усули нави корро дар бахши ҳамкориҳои байнипарламентиву хориҷӣ бо баргузории видеоконфронсҳо, вохӯриҳои фосилавӣ, омӯзишҳо бо пахши мустақим шурӯъ намуд.
Ҳоло фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарламентӣ босамар оғоз гардида, бо қарорҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 74 кишвари ҷаҳон ва созмони байнипарламентӣ таъсис дода шуданд, ки дар таърихи фаъолияти байнипарламентии Маҷлиси намояндагон нишондиҳандаи баландтарин аст. Маҳз гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ, дар баробари омӯзиши таҷрибаи қонунгузориву намояндагии кишварҳои дар ҳоли рушд, истифодаи қонунҳои намунавии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва масъалаҳои марбут ба ҳаёти парламентӣ метавонанд ба густариши робитаҳои иқтисодӣ, ҷалби сармоягузории хориҷӣ, бунёди корхонаҳои муштарак ва ҳалли масъалаҳои барои давлат ва шаҳрвандон муҳим мусоидат намоянд.
Ҳадафи асосӣ аз таъсиси гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории байнипарламентии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият бахшидани сиёсати хориҷии кишвар ва аз тариқи ниҳодҳои байнипарламентӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ расонидани мазмуну моҳияти он мебошад.
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагон дар конфронсу форумҳо, суҳбатҳои гирди мизҳои мудаввар ва дигар чорабиниҳои байнипарламентиву хориҷӣ ҷиҳати ба вуҷуд овардани назари некбинонаи аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба воқеияти Тоҷикистон, вазъи минтақа, ҷалби сармоя, бунёди корхонаҳои муштарак ва ғайра нақши муассир дошта, дар муаррифии сиёсати сулҳҷӯёна ва дарҳои кушоди Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузор аст.
Ҷиҳати таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи парламентӣ гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагон бо парламентҳои Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Халқии Хитой, ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Беларус, Арманистон, Қирғизистон, ҷумҳуриҳои исломии Покистон, Эрон, Афғонистон, Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Федеролии Олмон, Ҷумҳурии Корея, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Штатҳои Муттаҳидаи Америка, Парламенти Иттиҳоди Аврупо дар ҳамкории доимӣ, сермаҳсул ва рӯ ба рушд қарор доранд.
Дар ҷаҳони муосир робитаю ҳамкорӣ аз шартҳои муҳими пешрафт аст ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри баланд бардоштани сатҳи ҳамкориҳои байнипарламентӣ корҳои зиёдро амалӣ намуда, дар рушду тавсеа бахшидан ба муносибатҳои байнипарламентӣ ё дипломатияи парламентӣ бо кишварҳои хориҷии дуру наздик нақши муассир мегузорад.
Наҷибулло ОҚИЛЗОДА,
мушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, узви ИЖТ