Нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди қонунгузорӣ

№139-142 (4559-4562) 14.11.2022

32Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон бе ҷангу хунрезӣ насиб гашта бошад ҳам, баъди даҳ рӯзи эълони он кашмакашу нооромиҳо оғоз ёфтанд, ки он оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ мубаддал шуд.

Дар рафти нооромию даргириҳо фаъолияти ҳокимияти марказӣ ва мақомоти маҳаллии он, бахусус мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, пурра фалаҷ ва боиси ташвиши ҷиддии мардум гардиданд. Таъсиси Ҳукумати муросои миллӣ, ки эътирофи умумро пайдо накард ва истеъфои маҷбурии Президенти мамлакат вазъиятро шадидтар гардонид.

Дар ҳамон давраи ҳассос дар Тоҷикис­тон ягона мақоми қонунии салоҳиятдор ва амалкунанда — Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки нооромиҳо ба фаъолияти он низ беасар намонд. Ҳолатҳои дахолат ба кори Шӯрои Олӣ, зӯроварӣ нисбат ба вакилон ва гаравгон гирифтани онҳо, ҳатто ҳодисаи куштор дар саҳни бинои Шӯрои Олӣ рух доданд.

Дар он шароит танҳо Шӯрои Олӣ метавонист пеши роҳи хунрезӣ ва нооромиҳоро дар кишвар бигирад. Вале тирамоҳи соли 1992 баргузор кардани Иҷлосияи навбатии Шӯрои Олӣ дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе кори басо хатарнок буд, зеро вазъият рӯз то рӯз вазнинтар мешуд. Бинобар ин, Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор кард, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд даъват гардад.

Гузаронидани Иҷлосияи Шӯрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд ҳам кори осон набуд, аз вакилон шуҷоати калонро талаб менамуд, зеро қувваҳои мухолиф фаъол буданд ва ба ҳар роҳ мехостанд ба кори иҷлосия халал расонанд.

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои давлат ва миллат таърихиву сарнавиштсоз ба ҳисоб мерафт, 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби ноҳияи Б. Ғафуров ба кор оғоз кард. Вале доир ба ҳар як масъалаи баррасишаванда ихтилофи назар вуҷуд дошт. Ин буд, ки барои таҳияи рӯзномаи он комиссияи мусолиҳа ташкил шуда, ду рӯз фақат рӯзномаи ҷаласа муҳокима гардид. Баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» 21 ноябр оғоз гардида, 24 ноябр қабул карда шуд. Доир ба ҳар як ҷузъиёти санадҳои баррасишаванда мубоҳисаҳо доманадор сурат мегирифтанд.

Новобаста ба ин, баргузории иҷлосияи тақдирсоз дар сарнавишти миллати тоҷик саҳифаи нав кушод. Дар ҳамон рӯзҳо яке аз масъалаҳои муҳиму мубрам интихоби Сарвари нави давлат ба ҳисоб мерафт, ки ӯ мебоист дар он вазъияти баамаломадаи барои кишвару миллат хеле мураккаб нахуст фаъолияти фалаҷгардидаи мақомоти давлатиро барқарор намуда, ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшида, ҷомеаро ба сулҳу суботи сиёсӣ расонад.

Ба бахти мардуми кишвар вакилон номзадии вакили ҷавону ҷасур Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ, ки ҳамзамон Сарвари давлат ба шумор мерафт, ҷонибдорӣ карданд. Бо он интихобашон вакилони Шӯрои Олӣ барои мардуми Тоҷикистон хизмати таърихие карданд, ки боиси дар оянда пойдор мондан ва рушд намудани давлати тозаистиқлол гашт.

Аз қадамҳои нахустин Сарвари ҷавону боғайрат дар муроҷиатҳо вазифаҳои мушаххасро дар назди хеш ва давлати ҷавон гузошта, баҳри амалӣ кардани онҳо камари ҳиммат бастанд. Барқарор кардани фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, бахусус мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, таъсиси Артиши миллӣ, пурзӯр кардани ҳифзи сарҳад, қатъи ҷанги шаҳрвандӣ ва таъмини сулҳ, баргардонидани гурезагон ба Ватан дар сархати вазифаҳои гузошташуда ҷой доштанд.

Таърихи даврони соҳибистиқлолии давлат собит намуд, ки Пешво ва роҳнамои миллат ба принсипҳои давлатсозиашон, ки дар иҷлосияи таърихӣ эълон доштанд, содиқ ҳастанд. Сулҳу суботи сиёсӣ, волоияти қонун ва таъмини қонуният, пешрафти иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа ва давлат, обрӯву эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ гувоҳи ин гуфтаҳо мебошанд.

Дар иҷлосия санадҳои зиёд қабул гардиданд, ки на танҳо дархӯри вақт буданд, балки онҳо таҳкурсии асосии пойдор ва рушду фаъолияти қонунгузорӣ гардида, ҷиҳати ташаккули ояндаи низоми ҳуқуқии кишвар хизмати таърихӣ ва бесобиқа намуда, барои фаъолияти минбаъдаи Ҳукумати навтаъсис заминаи мусоиди ҳуқуқиву сиёсӣ ба вуҷуд оварданд.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзи сулҳ ва ризоияти миллии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кардани 26 ноябри соли 1992», «Дар бораи гурезаҳо», «Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод кардани шахсоне, ки дар давраи аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 ҷиноят ва амалҳои ғайриқонунӣ содир кардаанд», «Дар бораи пурзӯр кардани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин, ки бар зидди саломатӣ ва ҳаёти шаҳрвандон, ҳуқуқҳои амволии онҳо ва барои хароб кардани пояҳои иқтисодию сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудаанд» барои ба эътидол овардан вазъияти онрӯза хизмати бузург карданд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод кардани шахсоне, ки дар давраи аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 ҷиноят ва амалҳои ғайриқонунӣ содир кардаанд» нахустин санаде буд, ки барои авфи гуноҳи шахсони дар муқовиматҳои сиёсӣ ва мусаллаҳона иштирокдошта заминаи воқеӣ фароҳам оварда, эътимоди тарафҳои даргирро ба Ҳукумати конститутсионӣ зиёд гардонид.

Инчунин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзи сулҳ ва ризоияти миллии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кардани 26 ноябри соли 1992» қабул гардид, ки дар якҷоягӣ бо дигар санадҳои қабул шуда, ба раванди сулҳи тоҷикон асос гузоштанд.

Аз ҷумлаи масъалаҳои дигар ва асосии иҷлосия қабули рамзҳои давлатӣ — Нишон ва Парчами давлатӣ мебошад, ки барои бунёи давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон ва асосҳои давлатдории навини миллӣ, хосатан вусъат бахшидани худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ, ватандӯстиву ваҳдати ҷомеа ниҳоят муҳим буданд, зеро аз эълони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз як сол гузашта бошад ҳам, давлати тозаистиқлоли мо нишонҳои давлатиро тасдиқ накарда буд.

Маҳз дар иҷлосия ду қарори муҳими дигар — «Дар бораи сохтори Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи ташкил намудани вилояти Хатлон дар ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуданд. Илова ба ин, қабули як қатор санадҳои дигари ҳуқуқӣ дар хусуси гузариш аз иқтисоди нақшавӣ ба муносибатҳои нави иқтисодӣ аз самтҳои дигари рӯзномаи иҷлосия буданд, ки он шабу рӯзҳо асоси сиёсати ояндаи иқтисодии мамлакатро муайян карданд.

Ҳамчунин, дар иҷлосия ба Конститутсияи амалкунанда тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид карда шуда, кишвар аз шакли идоракунии президентӣ ба шакли идораи парламентӣ баргардонида шуд.

Дар баробари ин, барқарор сохтани ­сохти конститутсионӣ, ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ, таъмини волояти қонун ва рушди иҷтимоии ҷомеа аз ҳадафҳои асосии иҷлосия буданд. Дар ҷараёни он самтҳои усулии сиёсати сулҳу оштӣ, ваҳдати миллӣ, таъмини суботи ҷомеа ва давлатсозиву давлатдорӣ муайян шуданд.

Вакилони мардумӣ дар он рӯзҳое, ки иҷлосия мегузашт, 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳоротро ба тасвиб расониданд, ки барои муътадил гардондани вазъи буҳронии сиёсии Тоҷикистон ва таъмини сулҳу оштӣ бисёр бузург маҳсуб меёбанд.

 Зарурати ислоҳоти сиёсиву конститутсионӣ дар ҷомеа масъалаи ташаккули давлати ҳуқуқбунёду демократӣ, таҷзияи ҳокимият, гуногунандешиву бисёрҳизбӣ, соҳибихтиёрии халқ, эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафолати мавҷудияти моликияти хусусӣ ва дигар принсипҳои муҳими демократиро ба миён гузошт, ки барои расидан ба ин ҳадафҳо ва куллан дигаргун кардани сохти давлатдорӣ қабули Конститутсияи нави кишвар ногузир гардид.

Қабули Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ санаи 6-уми ноябри соли 1994 нахустин бор ба таври раъйпурсии умумихалқӣ сурат гирифта, дар он бахшҳои асосиву стратегии рушди давлат, ниҳодҳои бунёдии он, принсипҳои нави давлатсозӣ, институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ муқаррар карда шуданд.

Тағйиру иловаҳое, ки ба ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 ворид карда шуданд, Конститутсияро мукаммал ва ба рушди ҷомеа мувофиқ гардониданд.

Мусаллам аст, ки ҳаёти ҷамъиятии ҳар як давлат дар асоси низоми ҳуқуқӣ пеш рафта, волоияти қонун аз муҳимтарин принсипҳои давлати ҳуқуқбунёд дониста мешавад. Зеро, агар дар ҷомеа ҳуқуқ ва қонуният риоя карда нашаванд, пас дар чунин ҷомеа адолати иҷтимоӣ таъмин карда намешавад.

Дар ин ҷода, ҳамаи қонунҳое, ки қабул карда мешаванд, бояд ба рушду нумӯи миллату кишвар равона гардида, дар онҳо механизмҳои амалишавии танзими ҳуқуқии муосири муносибатҳои ҷамъиятӣ инъикос ва раванди бемайлони рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат таъмин гардида, дар кишвар барои таҳкими раванди демократикунонии ҷомеа ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуда, дар заминаи меъёрҳои қонунгузорӣ фаъолияти мақсадноки мақомоти давлатӣ, ки ба рушди фарҳанг, таҷриба, ғояҳо ва арзишҳои ҳуқуқӣ равона гардидаанд, ба роҳ монда шуд.

Воқеияти зиндагӣ, рушди минбаъдаи кишвар ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демок­ратӣ ва ҳуқуқбунёд имконияти васеъ барои ташаккули гуногунандешӣ ва бисёрҳизбӣ, такмили салоҳияти мақомоти давлатӣ ва фаъолнокии сиёсиву ҳуқуқии шаҳрвандон фароҳам оварда, дар ин замина таъсиси мақоми қонунгузор бо фарогирии плюрализми ҳизбӣ амалӣ карда шуд.

Ин яке аз дастовардҳои бузург дар роҳи эъмори давлати миллӣ ва давлатдорӣ мебошад. Дар робита ба ин, яке аз тамоюлҳои асосии инкишофи давлати муосири Тоҷикистонро дар амал татбиқ намудани принсипи таҷзияи ҳокимият ташкил медиҳад. Бори нахуст дар таърихи Тоҷикистон дар Конститутсияи мамлакат принсипи тақсимоти ҳокимият дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ муқаррар карда шуд.

Дар шароити кунунӣ принсипи тақсимоти ҳокимият дар тавозуни ҳуқуқӣ амал намудани ҳар се шохаи ҳокимиятро фаро мегирад, ки ҳар яке аз онҳо – қонунгузор, иҷроия ва судӣ доираи муайяни салоҳиятҳоро соҳибанд. Ҳокимияти қонунгузор, ки парламентро намояндагӣ мекунад, дорои ҳуқуқи истисноии қабули қонунҳо мебошад.

Бояд таъкид кард, ки соли 1999 бо баргузор гардидани раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки дар натиҷа, Маҷлиси Олӣ дорои ду палата — Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон гардид. Дар ҳамин асос тарҳи нави Қонуни конститутсионӣ оид ба интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, Маҷлиси намояндагон дар ҳайати нав ба фаъолияти қонунгузорӣ ва намояндагӣ шурӯъ намуд.

То ҳол Маҷлиси намояндагон фаъолиятро дар асоси усули таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, волоияти қонун, ошкорбаёнӣ, дастаҷамъӣ, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, гуногунандешӣ ва масъулият дар назди халқ татбиқ карда истодааст. Ҳамаи қонуну қарорҳое, ки дар Маҷлиси намояндагон ба тасвиб мерасанд, дар асоси стратегияву барномаҳои давлатӣ таҳия гардида, ба таҳкими заминаҳои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва иртиботи он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ равона гардидаанд. Аз соли 2000-ум инҷониб палатаи касбии доимоамалкунандаи парламенти кишвар дар доираи 6 даъват ва 24 иҷлосия бештар аз 316 қонуни мукаммал, 12 кодекс, 12 қонуни конститутсионӣ, 1500 тағйиру иловаҳо ба санадҳои қонунгузорӣ ва 800 созишномаи байнидавлатию байналмилалиро ба тасвиб расонидааст, ки дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат нақши сазовор гузоштааст.

Алҳол парлумони кишвар бо истифода аз салоҳиятҳояш дар рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат саҳми босазо мегузорад. Дар ин росто, парлумон ба салоҳиятҳои қонунгузориаш маҳдуд нашуда, бо гузаронидани вохӯрӣ бо интихобкунандагон ҷиҳати рушди қонунгузорӣ пайваста саъю талош меварзанд.

Таи даҳсолаи охир пешрафти босуръати илму техника ва раванди қувват гирифтани унсурҳои ҷаҳонишавӣ инсониятро ба муҳити комилан нав ворид намуд ва он боиси ташаккул ёфтани низоми фарогири равобити сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва иттилоотиву маънавӣ гардид.

Дар чунин шароит амиқ дарк кардани мақсад ва ҳадафҳои стратегӣ, таҳкими даст­овардҳои таърихӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар арсаи байналмилалӣ ниҳоят муҳим арзёбӣ мегардад.

 Дар ин самт, вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзои Маҷлиси миллӣ барои баланд бардоштани обрӯи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар пайваста кор карда, дар чорабиниҳои байналмилалии байнипарлумонӣ ва дигар чорабиниҳо дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҷаҳониён сазовор муаррифӣ менамоянд.

 Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин иҷлосияи Шӯрои Олӣ буд, ки берун аз пойтахти кишвар баргузор гардид. Ин иҷлосияи таърихӣ ба мо сабақ медиҳад, ки рушду пешравии ҷомеа аз оромию субот, ваҳдату сулҳи ҷовидон ва якдилию якдигарфаҳмии мардуми кишвар сарчашма мегирад. Аз ин рӯ, мо бояд дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки поягузори давлати навини Тоҷикистон ҳастанд, муттаҳид гашта, якҷо бо ниятҳои нек ба сӯи фардои дурахшон қадам занем.

Ҳамчунин, зарур аст, ки он ­иҷлосияи таърихӣ аз тарафи таърихдонон ва сиёсатшиносон ҳаматарафа омӯхта ва таҳлил гардида, мардуми кишвар, бахусус ҷавононро, бо моҳияти он рӯйдоди таърихӣ шинос намоем ва аз он сабақ гирем.

М. ВАТАНЗОДА,

 муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

 мушовири давлатии адлияи дараҷаи якум