Нақши НБО «Роғун» дар саноатикунонии кишвар

№155 - 156 (4738 - 4739) 27.12.2023

1026303965_0_133_3695_2456_1920x0_80_0_0_ff6fb06033a2172e58cd6f9083dc4c01Дар кишвари мо ба рушди соҳаи саноат таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Боиси ифтихору хушнудист, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми январи соли 2022 таҳти №309 солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» эълон шуд, ки аз ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба халқу Ватан дарак медиҳад.

Шоири халқии Тоҷикистон Бозор Собир эҳтиёҷу ниёз доштани ҷумҳуриамонро ба саноат чунин ба қалам додааст: «Тоҷикистон ба саноат бисёр муҳтоҷ аст. Чунки саноат набошад, истиқлолияту ин ҳангомаҳои миллату ҳангомаи ватаншиносиву ҳангомаҳои бозсозӣ маънии ҷиддие надорад. Саноат ҷони ҷумҳурист. Ман фикр мекунам, ки ояндаи Тоҷикистон ва ҳамаи кӯшишҳое, ки хоҳ ҳукуматӣ бошад, хоҳ сиёсӣ, хоҳ давлатӣ, ҳатман бояд сари саноатсозӣ қарор гирад».

Саноатикунонии босуръати Тоҷикис­тони азизамон ба бунёди НБО «Роғун», ки бузургтарин неругоҳи давру замон ва дорои аҳамияти стратегии имрӯзу фардои давлатамон аст, алоқамандии зиёд дорад, зеро маҳз НБО «Роғун» дар ояндаи наздик ҳазорҳо корхонаи навбунёдро бо барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин хоҳад намуд.

Бояд зикр намуд, ки сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» расман 27-уми сентябри соли 1976 оғоз ёфта буд. Соли 2026 ба оғози ин сохтмони муҳим 50 сол пур мешавад, ки 15 соли онро замони шӯравӣ ташкил мекунад. Саволе ба миён меояд, ки оё ИҶШС-и муқтадир бо он имконияте, ки дошт, магар аз уҳдаи сохтмони НБО «Роғун» баромада наметавонист? Чаро дар давоми 15 соли побарҷо будани Иттиҳоди Шӯравӣ «Роғун» бунёд нашуд?

 Маҳз нотифоқии мо, каҷбинию танг­назарии баъзе ашхос ва садҳо омили дигари дохилию берунӣ буданд, ки садди роҳи ин сохтмони аҳамияти стратегидош­та гардиданд. Бадхоҳони миллати тоҷик ва сиёҳдилону кӯрдилон ба ин сохтмон ҷомаи сиёсӣ пӯшониданд. Шукр, ки ба бахти баланди миллати тоҷик фарзанди фарзонаю ҷонфидои Ватан — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон пеши роҳи ноадолатию нотифоқиро гирифта, НБО «Роғун»-ро аз фаношавӣ наҷот доданд ва ба он умри дубора бахшиданд. Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин иншооти бузург корҳои зиёд ба анҷом расиданд. Имрӯз боифтихор метавон гуфт, ки эҳёгару бунёдгузори НБО «Роғун» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Бозор Собир, ки худ борҳо ба НБО «Роғун» сафар карда, шоҳиди сари чамбараки булдозер нишастани Пешвои маҳбубамон ва таслим намудани дарёи пуршӯру саркаши Вахш ба насли инсон гардида буд, аз шуҷоату далерӣ, қаҳрамонию ҷонфидоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон илҳом гирифта, гуфта буд:

Вахшоб даҳанкалонӣ мекард умре,

Кафкаш ба лабон дамида ҳамчун сармаст.

Эмомалӣ худ нишаста дар булдозер,

Чоки даҳани калони дарёро баст.

Мо низ ба ин иншооти бузурги миллӣ сафари корӣ анҷом додем ва бо чашми сар дидем, ки воқеан ҳам, имрӯз НБО «Роғун» ҷавлонгоҳи диловарони меҳнат аст. Кулли таҷҳизоти НБО «Роғун», аз ҷумла толори мошинҳо бо шаш агрегати азим, дар қаъри кӯҳ маскан дорад. Ин ҳама ҳалли мушкилтарин масъалаҳои муҳандисию техникиро пеш мегузорад, ки аксари онҳо дар амалияи гидроэнергетикаи ҷаҳонӣ собиқа надоранд.

Чун сухан аз НБО «Роғун» меравад, беихтиёр суханҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмонро дар маросими ифтитоҳи озмоишгоҳи марказии сохтмонии ҶСК НБО «Роғун» ба ёд мео­рем, ки 15-уми июли соли 2015 ба вуқӯъ пайваста буд: «Ҳар як бинокори ин иншоо­ти тақдирсоз бояд ба сифати корҳо диққати махсус диҳад». Маҳз таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки озмоишгоҳи зикршуда дар муддати кӯтоҳ бо муосиртарин таҷҳизоти ширкатҳои Олмон, Италия, Швейт­сария, Россия, Ҷопон ва Эрон муҷаҳҳаз шуд.

 Ҳукумати ҷумҳурӣ, сарфи назар аз душвории зиёд, НБО «Роғун»-ро доимӣ бо муосиртарин дастгоҳу асбобу таҷҳизот ва мошинолот таъмин карда истодааст. Мутахассисону бинокорони НБО «Роғун» на танҳо соҳибкасбу соҳибмаълумотанд, балки аксари онҳо аз мактаби неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Сангтӯда» гузаштаанд. Дигар омили муҳим ҳисси ватандӯстӣ, ифтихор аз иштирок дар бунёди чунин иншооти стратегӣ мебошад. НБО «Роғун» имрӯз барои мо мактаби ватандӯстӣ гаштааст. Дар ин сохтмони азими мамлакат имрӯз онҳое кор мекунанд, ки иродаи оҳанин доранд.

 Хурду калон ба истифодадиҳии чархаҳои аввалини Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро фаромӯш нахоҳанд кард. Ин рӯйдодҳои таърихӣ 16-уми ноябри соли 2018 ва 9-уми сентябри соли 2019 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба амал омада буданд.

Устод Бозор Собир ҷонибдориашро аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати рушду тараққиёти кишвар чунин изҳор намуда буд: «Касе, ки ин қадар бозсозию азнав­созӣ кардааст, ин қадар роҳу тунел кушодааст, ман бо ӯям. Касе, ки НБО «Роғун»-ро сох­та истодааст, боз ҳам ман бо ӯям. Касе, ки пайваста дар фикри саноат аст, дар фикри корхонаҷот аст ва дар фикри техникакунонии ҷумҳурист, ман бо ӯям».

Мо, хурду бузурги кишвар, бояд аз як гиребон сар барорем, дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон беш аз пеш муттаҳид бошем, НБО «Роғун»-ро бун­ёд ва дар саноатикунонии бо­суръати кишварамон саҳм гузорем.

Б. АҲМАДЗОДА,

Ф. НАҶМИДДИНИЁН,

вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон