Нақши парламент дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ

№107 (4369) 26.08.2021

DSC_8131-224 августи соли равон дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Нақши парламент дар таҳкими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Дар он Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами ­Эмомалӣ, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони як қатор мақомоту сохторҳои давлатӣ, кормандони масъули дастгоҳҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқадорони меҳнат ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок карданд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба кори конференсия ҳусни оғоз бахшида, зимни ифтитоҳ зикр кард, ки дар таърихи ҳар як халқу давлат санаҳое мавҷуданд, ки онҳоро бешакку шубҳа санаҳои сарнавиштсоз номидан мумкин аст. Сӣ сол қабл — 9 сентябри соли 1991 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиа­листии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум зимни иҷлосияи ғайринавбатӣ дар асоси Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990 ва ҳуқуқи халқҳои аъзои Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ ба худмуайянкунӣ, бо дарки масъулияти сарнавишти халқҳои сокини Тоҷикис­тон, Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳибис­тиқлол эълон намуда, «Изҳорот дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул кард. Бо қарори мазкур 9 сентябр ҳамчун Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид.

Раиси Маҷлиси миллӣ хотирнишон сохт, ки  дар он давра кишвари соҳиб­истиқлоли ҷавони моро имтиҳонҳои басо сахту сангин дар пеш буд ва мардуми Тоҷикистон бо сарбаландӣ аз онҳо гузашта, бо ҷоннисории фарзандони шуҷоъ Ватанро ҳифз намуд. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки  баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ сар зад, оромии ҷомеа ва амнияти давлату халқро халалдор сохта, фаъолияти сох­торҳои давлатиро фалаҷ ва ба иқтисодиёти кишвар  зарари бениҳоят вазнин расонд. Новобаста ба ин мушкилиҳо, мардуми кишвар таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳама душвориро бартараф намуда, ба ваҳдати комили миллӣ ноил гардид.

Сипас, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар мавзӯи «Нақши мақоми олии қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини заминаҳои меъёрии ҳуқуқии рушди Истиқлолияти давлатӣ» ёдовар шуд, ки ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даврони хеле ноҳамвору пурошӯб ва равандҳои тезутунди ҷамъиятии солҳои навадуми асри гузашта рост омад ва он вазъият зарурати ҳар чӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир намудан ба дарёфти роҳҳои ҳалли масъалаҳои мубрами ҳаёти ҷамъиятии мамлакатро ба миён гузошт.

- Мутаассифона, ба ҷойи арҷу эҳтироми чунин дастоварди деринтизори таърихии миллат дере нагузашта, дар мамлакат муборизаҳои шадиду оштинопазири дохилӣ бо пуштибонии доираҳои берунии манфиатдор баҳри ғасби қудрати сиёсӣ оғоз гардид, ки ин монеаи ҷиддӣ барои пурра ба воқеият пайвастани орзуи деринтизори истиқлолиятхоҳи мардуми кишвар шуд. Раванди ҳодисоти фоҷиабори он рӯзҳо нагузошт, ки мо мисли дигар кишварҳои меросбари Давлати Шӯравӣ ҳаққи ­худро соҳибӣ намоем, иқтидори давлати ҷавонро мустаҳкам гардонем ва барои муаррифии он дар арсаи ҷаҳон, ҳадди ақал, рамзҳои давлатии кишвари соҳибистиқлоламонро қабул намоем, — гуфт Маҳмадтоир Зокирзода.

Маҳз дар ҳамон фазои тираю ноумедкунанда Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ибтидо ба маркази тавлиди алангаи муноқишаҳои шадиди фикрӣ табдил ёфт, бо камоли масъулияту ифтихори ватандорӣ эҳсос намуд, ки даъвати иҷлосияи ғайринавбатӣ роҳи муносибтарини пешгирию раҳобахшии идоракунии сиёсии ҷомеа аз тамоюли ба вартаи нестӣ наздик шудани кишвар, яъне наҷоти миллат, ба шумор меравад.

Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи бузургтарин рӯйдодҳои таърихӣ мебошад, ки дар сарнавишти минбаъдаи миллати тоҷик нақши ҳалкунанда гузошт. Маҳз бо интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ раванди расидан ба сулҳу оштӣ ва гирифтани пеши роҳи ҷанги харобиовари шаҳрвандӣ шурӯъ шуд. Дар баробари ин, барқарор сохтани сохти конститутсионӣ, ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ, таъмини волоияти қонун ва рушди иҷтимоии ҷомеа аз ҳадафҳои асосии иҷлосия буданд. Дар ҷараёни он бо ибтикору ­роҳнамоии бевоситаи Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олӣ самтҳои усулии сиёсати сулҳу оштӣ, ваҳдати миллӣ, таъмини суботи ҷомеа ва давлатсозиву давлатдорӣ муайян шуданд. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ оғози таърихи навини давлатдории мустақили тоҷикон дар охири асри XX ба шумор меравад.

Маҳмадтоир Зокирзода зикр намуд, ки Истиқлолияти давлатӣ барои беҳтар кардани асосҳои меъёрии ҳуқуқии густариши муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ва такмили қонунгузорӣ дар асоси талаботи нави рушди ҳаёти ҷомеа ҳама имкониятро муҳайё намуд.

Дар ин самт дастовардҳои шохаи ҳокимияти олии қонунгузор дар симои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ хеле назаррас мебошад.

Дар заминаи шаш интихоботи даврии парлумонӣ мақомоти олии қонунгузори кишвар тайи солҳои 1995, 2000, 2005, 2010, 2015 ва 2020 дар ҳайатҳои нав таъсис дода шуда, дар ин раванд роҳи қонунии бунёди давлати мустақил ва демократии Тоҷикистон равнақи тоза касб намуд. Низоми қонунгузорӣ бо чор раъйпурсии умумихалқӣ чор ислоҳоти конститутсиониро (солҳои 1994, 1999, 2003, 2016) ҳамчун давраҳои рушди низоми ҳуқуқии давлат паси сар кард.

Мақоми олии қонунгузори мамлакат дар муддати сӣ соли фаъолият 17 қонуни конститутсионӣ, 23 кодекс, 18 қонуни авф, 2 қонуни авфи амвол, 1 авфи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар қонунигардонии маблағҳояшон,  29 қонуни буҷет, 17 санади ҳуқуқии байналмилалии бисёрҷониба, 50 конвенсия, 945  шартнома ва созишномаи байналмилалӣ, 374 қонунҳои соҳавӣ қабул ва ҷонибдорӣ намудааст, — гуфт Маҳмадтоир Зокирзода.

Ходими давлатӣ, вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум Қозидавлат Қоимдодов ёдовар шуд, ки вакилони Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон соли 1991 аз нигоҳи дониши сиёсӣ, касбӣ, ҷасорат ва робита бо омма шохаи муташаккили қавӣ шинохта шудаанд. Хусусан, баррасӣ ва тасдиқи Эъломияи Истиқлолияти давлатӣ ва қабл аз ин қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» аз ҷасорати сиёсии парламент дарак медод. Воқеан, ҳангоми қабули Эъломияи Истиқлолияти давлатӣ ягон одами бетараф ва муқобил набуд. Пӯшида нест, ки соли 1991 аллакай Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба роҳбарияти сиёсии онвақтаи кишвар, ки ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ бар дӯши онҳо буд, байни мардум мақом ва обрӯи бештар дошт.

Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ, президенти ­Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ таъкид намуд, ки паёмҳои ҳарсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таконбахши ҳама соҳаи ҷомеа, бахусус, ҷомеаи илмии кишвар, мебошад. Онҳо дастуру супориш ва роҳнамоиҳои Пешвои миллат шаҳодат аз истеъдоди фавқулодаи давлатдорӣ, маҳорати камназири сиёсатмадорӣ ва ҷидду ҷаҳди хастагинопазири пайвастаашон мебошад, ки барои тадриҷан ба давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона табдил ёфтани Тоҷикистони соҳиб­истиқлол замина гузоштаанд.

Инчунин, аз ҷониби Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффоров вобаста ба омӯзиш, тарғибу ташвиқ ва гиромидошти Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва хизматҳои бузургу бесобиқаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳодҳои ҷолиб баён карда шуданд.

Самариддин АСОЗОДА,

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ