Дар сурат бонувони вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Замони истиқлол ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштироки фаъоли занону духтарон дар тамоми соҳаи ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ фазои басо мусоид фароҳам овард. Ва шоёни зикр ҳам ҳаст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи аввалин давлатҳоест, ки баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ мавқеи занонро дар ҷомеа ба пояи сиёсати давлатӣ ва ба рукни таркибии сиёсати давлатдорӣ бардошт.
Аз ин рӯ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба ин масъала таваҷҷуҳи беандоза зоҳир намуда, ҷиҳати таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардону занон ва дар ин ҷода зарур будани қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Ҳамин тариқ, дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ дигаргуниҳое ба амал омаданд, ки ҳар яки он чун саҳифаи муборизаву корнамоӣ, хираду фитрати баланди инсонӣ ва фарҳанги беназир дар саҳифаҳои таърих сабт хоҳад шуд. Зеро дар як фосилаи кӯтоҳи таърихӣ бо дарназардошти арзишҳои тӯли асрҳо ташаккулёфтаи маънавии аҷдодон консепсияи давлатдории миллӣ татбиқ гардид, ки назири он дар дигар кишварҳои минтақа ба мушоҳида намерасад.
Ғояи асосии фарҳанги давлатдорӣ худшиносии иҷтимоӣ ва миллист, ки чун замина барои татбиқи ҳама гуна ислоҳот хизмат мекунад. Маҳз занон аз оғози дигаргунсозии иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ аз ҷараёни иштирок дар идоракунии кишвар дур намонда, дар як зумра рӯйдодҳои кишвар, аз ҷумла баррасии умумихалқии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоботи Президенти кишвар, интихоботи вакилон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ, ҳамчунин дар масъалаҳои халъи силоҳ, оштӣ ва ваҳдату якдигарфаҳмӣ, таъмини покизагии маънавию ахлоқии ҷомеа ва ғайра нақши созанда ва ибратбахш бозиданд.
Дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол аввалин маротиба соли 1995 зимни Конфронси чоруми умумиҷаҳонии занон дар шаҳри Пекин тоҷикзанон ширкат варзиданд, ки барои онҳо муждаи аввалини қадкашии ниҳоли истиқлолияти Ватан ба ҳисоб мерафт. Онҳо аз минбари баланди конфронсу симпозиумҳои байналмилалӣ баромад намуда, аз комёбиҳои бадастовардаи Давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ дар роҳи демократикунонии ҷомеа, дигаргуниҳои иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва мавқеи баланд пайдо кардану иштироки бевоситаи занон дар идоракунии давлат боифтихор сухан гуфтанд.
Имрӯз занон дар ҳама зинаю шохаи ҳокимият, яъне мақомоти олии қонунбарор, ҳокимияти судӣ ва иҷроия, инчунин дар дигар сохторҳои давлативу иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ фаъолият намуда, баҳри пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ҳиссаи арзанда мегузоранд.
Иродаи сиёсии роҳбарияти давлат, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии занон устувор буда, баҳри таъмини баробарҳуқуқии воқеии мардон ва занон ва ҳифзи ҳамаҷонибаи оила ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ заминаҳои мусоид фароҳам овардааст.
Ҳанӯз моҳи апрели соли 1997 дар Анҷумани сеюми иттиҳодияҳои занон ва созмонҳои ғайриҳукуматии занони ҷумҳурӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуда буданд: «Ҷомеае, ки ба зан — модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба модар — ин сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсонӣ бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад».
Аз ин хотир, бо мақсади таъмини иштироки васеи занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва идоракунии давлат мақоми олии қонунгузори мамлакат як силсила асноди қонунӣ қабул намуд, ки онҳо баҳри баланд бардоштани мақому манзалати занон ва бунёди ҷомеаи демократӣ нақши муҳим мебозанд. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Нақшаи миллии тадбирҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани мақом ва нақши зан дар солҳои 1998-2005» муносибатҳои мавҷударо вобаста ба мақоми зан ва оила ба танзим даровард. Санади дигари муҳим дар ин самт Фармони Президенти кишвар аз 3 декабри соли 1999 таҳти №5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» мебошад. Он ҳамчун раҳнамо барои таҳия ва қабули даҳҳо санади ҳуқуқии дигар дар масъалаи баланд бардоштани мақоми зан, аз ҷумла, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи давлатии самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016 ва солҳои 2017-2023», «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020», «Дар бораи таъсиси грантҳои президентӣ барои рушди соҳибкории хурд ва миёна, ба касбомӯзӣ ҷалб намудани занону духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ», «Дар бораи таъсиси грантҳои президентӣ оид ба фаъолияти соҳибкории занон», «Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби занон ва мусоидат ба шуғли онҳо барои солои 2012-2015», «Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2014 — 2023», «Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҚҲҶ аз 30 декабри соли 2015,№801) ва даҳҳо фармоишу қарор, ки ба беҳдошти вазъи иҷтимоӣ — иқтисодӣ, фарҳангию маънавии оилаҳо, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлат, тайёр намудани кадрҳои болаёқату донишманд аз ҳисоби духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон ва беҳгардонии вазъи сиҳатии модару кӯдак мусоидат намудааст.
Инчунин, Тоҷикистон дар байни кишварҳои ИДМ яке аз аввалинҳо шуда, конвенсияҳои байналхалқӣ «Дар бораи барҳам додани ҳама гуна шаклҳои таъбизи занон» (қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июни соли 1993, №831), «Дар бораи ҳуқуқҳои сиёсии зан» (қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 1999, №769) ва «Дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак»-ро ба тасвиб расонд.
Имрӯз тавассути амалӣ гаштани қонунҳо, стратегияҳо, консепсияҳо ва барномаҳои давлатии зикргардида занони тоҷик сарбаландона масъулияти идоракуниро ба сифати аъзои Ҳукумати мамлакат ва Маҷлиси Олӣ, намояндаи мақомоти судӣ, ҳифзи ҳуқуқу тартибот ба дӯш доранд. Зиёд гаштани сафи бонувони олиму ихтироъкор, ҳунарманду эҷодкор, хоҷагидору соҳибкор, табибу омӯзгор шаҳодати сиёсати дурандешонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Айни замон 7 нафар зан аъзои Маҷлиси миллӣ буда, 13 нафар бону дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ фаъолият менамоянд.
Теъдоди занон — хизматчиёни давлатӣ дар мансабҳои гуногуни мақомоти иҷроия 4467 (23,0%) нафарро ташкил медиҳад, ки аз он 1105 нафар кадри роҳбарикунанда мебошанд.
Ҳукумати Тоҷикистон барои фаъолияти ташкилоти ҷамъиятии занон фазои мусоид ва заминаҳои ҳуқуқиро муҳайё намудааст. Агар соли 1995 дар ҷумҳурӣ танҳо се ташкилоти ғайриҳукуматии занон фаъолият мекард, ҳоло шумораи онҳо ба зиёда аз 2000 адад расидааст, ки сарварии қисми зиёди онҳоро занон ба уҳда доранд. Имрӯз занону духтарони тоҷик дар ташаккулёбии ҷомеаи шаҳрвандӣ фаъолона иштирок менамоянд. Дар ҷумҳурӣ ташкилоти ҷамъиятие, ки дар сафҳои худ даҳҳо зани дигарро муттаҳид менамоянд, барои дигарон ҷойҳои нави корӣ таъсис медиҳанд, инчунин байни занон барномаҳои маърифатиро амалӣ менамоянд, рӯз то рӯз зиёд шуда истодаанд, ки нишона аз сохти воқеии демократӣ ва волоияти ҳуқуқу озодии инсон дар мамлакат мебошад.
Албатта, қабули ҳар як қонун мусоидат ба ҳалли камбудии мавҷуда аст ва мақоми олии қонунгузории кишвар кӯшиш намуда истодааст, ки баҳри рафъи мушкилоти рӯзмарраи занон ва ҷомеа бо қабули қонунҳо ва ворид намудани тағйиру иловаҳо мусоидат намояд.
Ҳилолбӣ ҚУРБОНЗОДА, раиси Кумитаи Маҷлиси
намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ