Нақши парлумон дар густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ баланд аст

№24 (4607) 13.02.2023

IMG_5739Даҳуми феврали соли 2023 муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Шарифҷон Ҳакимзода дар Форуми якуми байнипарлумонии давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки  дар шаҳри Туркистони Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор  гардид, дар мавзӯи «Нақши вакилони парлумон дар густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ, дар асоси мероси умумии таърихию фарҳангӣ» баромад кард.

Номбурда зикр кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ дар асоси усул ва принсипи асосии «дарҳои боз» бо 180 давлати ҷаҳон, аз ҷумла бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, узви комилҳуқуқу фаъоли Созмони Милали Муттаҳид ва дигар сохторҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мебошад.

Муносибатҳои дипломатӣ миёни давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ҳанӯз дар охири соли 1992 ва аввали соли 1993 барқарор шудаанд.

Дар давраи равобити дипломатӣ миёни кишварҳо барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои амалӣ заминаи хуб фароҳам оварда шуда, муҳимтар аз ҳама, сатҳи баланди шарикӣ, эътимод ва эҳтироми тарафайн ба даст омад.

Сатҳи баланди муносибатҳоро заминаи мустаҳками шартномавию ҳуқуқӣ, ки зиёда аз 500 созишномаи байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравиро дар бар мегирад, тасдиқ мекунад.

Рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодии давлатҳои минтақа дар муносибатҳои мавҷуда авлавиятнок боқӣ мемонад. Дар доираи муносибатҳои дипломатӣ ба рушди робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ аҳамияти калон дода мешавад.

Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар сатҳи дуҷониба ва ­бисёрҷониба мунтазам чорабиниҳо ва лоиҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ доир карда мешаванд. Ташкили форуму фестивалҳо, консертҳо, рӯзҳои фарҳангу кино, инчунин баргузории намоишгоҳҳо, семинарҳои илмӣ, конфронсҳо, мусобиқаҳои варзишӣ ва дигар чорабиниҳои фарҳангию гуманитарӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Масалан, моҳи сентябри соли гузашта дар шаҳри Душанбе табодули филмҳои фарҳангӣ, ифтитоҳи ботантанаи «Рӯзҳои синамои қазоқ дар Тоҷикистон» баргузор гардид, ки дар таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи дӯстонаи байни халқҳои мо ва гус­тариши робитаҳои филмсозон ва соҳаи кино саҳми босазо гузошт.

Дар чаҳорчӯбаи ҳамкориҳои фарҳангию гуманитарии кишварҳои минтақа тайи се соли охир форумҳои ҷавонон, занон, адибони ҷавон, ҷашнвораҳои таомҳои миллии халқҳои Осиёи Марказӣ баргузор шудаанд, ки метавон ҳамчун қадами муҳим ва бомуваффақият дар ташаккули платформа барои устувор намудани боварӣ ва дӯстии байни мамлакатҳоямон арзёбӣ намуд.

Баргузории мунтазами чорабиниҳои фарҳангии мутақобила бо иштироки ходимони фарҳангу ҳунари кишварҳои Осиёи Марказӣ ба анъанаи нек табдил ёфтааст. Дар ин ҷода баргузории рӯзҳои фарҳангӣ аҳамияти калон дорад ва он сол аз сол ба дараҷаи сифатан нав мебарояд.

Бо назардошти он ки кишварҳои Осиёи Марказӣ таърихан ба минтақаи ягона тааллуқ дошта, таърихи муштарак, фарҳангу расму оини якхела, эътиқоди ягонаи динӣ доранд, баргузории фестивалу конфронсҳо ба ҳамкориҳои гуманитарии байни давлатҳо мусоидат мекунанд. Бахусус, баргузории симпозиумҳои байналмилалӣ бахшида ба солгарди бузургдошти мутафаккирон, аз қабили Абунасри Форобӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Абӯҳанифа, Имом Бухорӣ, Берунӣ, Умари Хайём, Абдураҳмони Ҷомӣ, Алишери Навоӣ, Махдумкулӣ, Сад­риддин Айнӣ, Джамбул Джабаев, Абай Кунанбаев, Чингиз Айтматов ва дигарон дар тарғиби ҷаҳонбинии адабӣ ва гуманизм мусоидат менамоянд.

Баргузории чунин форумҳо дар самти ҳамкориҳои байнидавлатӣ ба рушди соҳаҳои гуманитарӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, инфрасохторӣ ва баланд бардош­тани мақоми кишварҳои Осиёи Марказӣ дар арсаи байналмилалӣ мусоидат мекунанд.

- Ин ҳама аз он шаҳодат медиҳад, ки халқҳои кишварҳои ­Осиёи Марказӣ аз арзишҳои беназири фарҳангию гуманитарӣ бо хусусиятҳои муштарак бой буда, дар рушди мероси фарҳангии ҷаҳонӣ мавқеи сазоворро ишғол мекунанд, — иброз намуд Шарифҷон Ҳакимзода ва афзуд: — Фикр мекунем, ки мувофиқи талаботи ҷаҳони муосир вақти он расидааст, ки бо истифода аз иқтидори дипломатияи мардумӣ, парлумонҳо ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ барои таҳкими муносибатҳои бародаронаи кишварҳоямон ва рушди минбаъдаи фазои муштараки фарҳангию гуманитарӣ заминаи устувори ҳуқуқӣ фароҳам меоранд. Умед дорем, ки робитаҳои байнипарлумонии кишварҳои ­Осиёи Марказӣ минбаъд низ дар таҳкими бахшҳои иқтисодӣ, гуманитарӣ ва фарҳангии муносибатҳоямон нақши муҳим хоҳанд дошт.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон