10 феврали соли 2017 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев Раиси Палатаи вакилони Парламенти Ҷумҳурии Чехия ҷаноби Ян Ҳамачекро, ки бо як ҳайати баландпояи парлумонӣ бо нахустин сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.
Маҳмадсаид Убайдуллоев бо боварӣ изҳор намуд, ки сафари мазкур дар рушду таҳкими муносибатҳои байнипарламентии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парламенти Ҷумҳурии Чехия самараи нек ба бор хоҳад овард.
Таъкид гардид, ки роҳандозии неруи парламентарҳои кишварҳо баҳри фароҳам овардани заминаи мусоиди ҳуқуқӣ оид ба таҳкими робитаҳои гуногунҷабҳаи ҳасана ба манфиати ҷонибҳо хоҳад буд.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба имконияту дороиҳои кишвар, хусусан иқтидорҳои зиёди энергетикию агросаноатӣ ва сайёҳӣ сухан ронда, таъкид дошт, ки истифодаи зарфияти сармоягузориҳои чехӣ дар соҳаҳои мошинсозӣ, қабл аз ҳама, истеҳсоли дастгоҳҳо, таҷҳизоти энергетикию маҳсулоти кимиёвӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири нассоҷию чармӣ, таҷдиди системаи энергетикӣ, саноати тиббию дорусозӣ, пешниҳоди хизматрасониҳои молиявию бонкӣ, омӯзиш ва тайёр намудани мутахассисон ва менеҷерҳо дар бахши соҳибкории хурду миёна, ташкил ва баргузории ярмарка — намоишгоҳҳо, семинарҳо оид ба табодули таҷрибаи коршиносони масоили иқтисодӣ ва рушди сайёҳӣ мувофиқи мақсад мебошад.
Ҷаноби Ян Ҳамачек барои пазироии самимӣ изҳори сипос намуда, афзуд, ки Парлумони Ҷумҳурии Чехия барои ҳамкории бештари судманд бо Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша омода аст.
Ҷонибҳо дар мавриди идома ёфтани сафарҳои ҳайатҳои парлумонии ҳар ду кишвар дар оянда ҳамфикр буданд. Зикр гардид, ки онҳо барои ба сатҳи баланд расидани ҳамкорию робитаҳои гуногунҷабҳа нақши муассир хоҳанд гузошт.
Наврӯз Қурбонзода, ёвари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба робита бо воситаҳои ахбори омма. Суратгир Неъматулло АЛИЕВ