14 март - Рӯзи кормандони мақомоти прокуратура

Нақши паёмҳои Президент дар таҳкими фаъолияти мақомоти прокуратура

№36 (4619) 13.03.2023

prokПаёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегардад, ҳамчун падидаи муҳими сиёсӣ-ҳуқуқӣ дар раванди эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва рушди низоми ҳуқуқии мамлакат мақому манзалати хос дорад.

Дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини адолати иҷтимоӣ, ҳифзи саломатии аҳолӣ, рушди қонунгузорӣ ва фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, таъмини сатҳу сифати қонунгузорӣ, тақвияти ватандӯстиву ватанпарастӣ, таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат, субот ва амнияти ҷомеаву давлат ва дигар масъалаҳои муҳими сиёсати дохилию хориҷии Тоҷикистон таҳлилу баррасӣ шуда, роҳҳои ҳаллу фасли онҳо муайян мешаванд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои худ барои таҳкими асос­ҳои сохтори конститутсионӣ, баланд бардош­тани сатҳу сифати зиндагии мардум, таъмини адолати иҷтимоӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хусусан мақомоти прокуратура, дастуру супоришҳо медиҳанд.

Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ягонаи марказонидашуда буда, дар доираи ваколатҳояш риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мекунад. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба мақомоти прокуратура боби нуҳум бахшида шудааст, ки фарогири 5 модда мебошад. Фаъолият, салоҳият ва сохтори мақомоти прокуратураро Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» танзим намудааст.

Тибқи он, вазифаҳои мақомоти прокуратура аз таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ бо мақсади ҳифзи соҳибихтиёрӣ, истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзӣ ва дахлнопазирии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон; ҳуқуқи иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ ва дигар ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд; асосҳои сохтори демократии ҳокимияти давлатӣ, вазъи ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, дигар мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар сохторҳои ғайридавлатӣ иборат мебошад.

Аз ин рӯ, дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» барои таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мақомоти прокуратура муваззаф мешавад. Чунончи, Президенти мамлакат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ 20-уми апрели соли 2011 таъкид карданд, ки «фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, суд ва прокуратура бояд, пеш аз ҳама, ба таъмини амнияти миллӣ, волоияти қонун, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм, коррупсия, харидуфурӯши одамон ва таҳкими сулҳу суботи ҷомеа равона карда шавад. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, прокуратура ва суд­ҳо бояд бо ахлоқи ҳамида, рафтору кирдор ва ватандӯстиву ватанпарастӣ намунаи ибрати дигарон бошанд».

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти прокуратура пешгирии ҷиноятҳо, муқовимат ба коррупсия, терроризм, экстремизм ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо якҷоя бо дигар мақомоти давлатӣ, иштирок дар кори такмилу тавзеҳи қонунҳо мебошад. Президенти кишвар зимни ироаи Паём 26-уми апрели соли 2013 ба мақомоти дахлдори давлатӣ, бавижа Прокуратураи генералӣ ва дигар субъектҳои муқовимат ба коррупсия, супориш доданд, ки стратегияи нави пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсияро барои ҳашт соли оянда таҳия ва пешниҳод намоянд.

Дар натиҷа, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-юми августи соли 2013 таҳти №1504 «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» тасдиқ шуд.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 23-юми апрели соли 2014 низ Прокуратураи генералӣ барои таҳия намудани лоиҳаи қонуни дахлдор вазифадор гардид. Сарвари давлат ба Прокуратураи генералӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ супориш доданд, ки ҷиҳатҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодиву иҷтимоии содиршавии ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳоро аз ҷониби ноболиғон ҳамаҷониба омӯхта, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи асосҳои низоми огоҳкунӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон»-ро таҳия намоянд. Дар заминаи Паёми зикргардида, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон» тибқи тартиби муқаррарнамудаи Конс­титутсия қабул ва 2-юми январи соли 2020 аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо гардид. Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон танзим менамояд.

Вазъи мураккаби геополитикии ҷаҳони муосир ва паҳншавии зуҳуроти номатлубу даҳшатовари терроризм ва экстремизм, ки барои ҷомеаи башарӣ, сулҳу субот, амнияти давлат ва рушди устувори давлатҳо таҳдиди бевосита менамояд, на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки сайёраро ба ташвиш овардааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёмҳо ба Маҷлиси Олӣ аз оқибатҳои даҳшатовари терроризм ва экстремизм, ки дар ин ё он гӯшаи ҷаҳон содир мегарданд, нигаронӣ карда, баҳри мубориза бар зидди чунин зуҳуроти хатарнок дидгоҳу назар ва афкору андешаҳои аз лиҳози илмиву амалӣ асосноки хешро баён месозанд ва баҳри ҳифзу таъмини амнияти давлату ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бахусус мақомоти прокуратура муваззаф карда мешаванд. Чунончи, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ 20-уми январи соли 2016 зикр намуданд, ки вазъи бамиёномада фароҳам овардани заминаҳои дахлдори ташкиливу ҳуқуқӣ ва фазои оштинопазирро бо экстремизм ва терроризм дар сатҳи барномаи стратегии давлат тақозо дорад. Аз ин рӯ, ба Прокуратураи генералӣ супориш доданд, ки дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти дахлдори давлатӣ ҳар чӣ зудтар «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020»-ро таҳия ва пешниҳод намояд. Ҳамчунин, ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани муқовимат ба истифодаи шабакаи интернет бо мақсадҳои экстремистӣ ва террористӣ Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Прокуратураи генералӣ ва дигар мақомоти марбута муваззаф шуданд, ки доир ба масъалаи таъсиси маркази мубориза бар зидди ҷиноятҳо бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва кибертерроризм ба Ҳукумат пешниҳоди асоснок манзур созанд.

Барои иҷрои муқаррароти Паёми Президенти мамлакат аз 20-уми январи соли 2016 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 12-уми ноябри соли 2016 таҳти № 776 «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 — 2020» тасдиқ карда шуд. Стратегияи мазкур ҳамчун санади хусусияти барномавидошта мақсад, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян менамояд. Ҳамзамон, дар сохтори дастгоҳи марказии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳои кибернетикӣ таъсис дода шуд.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 22-юми декабри соли 2016 ба хотири рушди минбаъдаи фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ба Вазорати адлия, Прокуратураи генералӣ ва Маркази миллии қонунгузорӣ супориш дода шуд, ки Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия карда, ба Ҳукумат пешниҳод намоянд. Дар ин замина мутобиқи талаботи Паёми зикршуда, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми феврали соли 2018 таҳти № 1005 «Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028» тасдиқ шуд. Консепсияи мазкур яке аз барномаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқие мебошад, ки ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи мамлакатро барои амалӣ намудани меъёру муқаррароти он ва сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои давраи солҳои 2018 — 2028 муайян мекунад.

Бо мақсади пурзӯр намудани муқовимат ба экстремизм ва коррупсия дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 26-уми декабри соли 2018 мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, махсусан мақомоти прокуратура, вазифадор шуданд, ки лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи муқовимат бо экстремизм» ва «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия»-ро вобаста ба шароити имрӯза дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод намоянд. Ҳамин тавр, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» тибқи муқаррароти Конститутсия қабул ва 2-юми январи соли 2020 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо гардид.

Пешвои миллат зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ 26-уми декабри соли 2019 таъкид намуданд, ки «Шарти муҳими ба даст овардани муваффақият дар мубориза бо терроризм ва экстремизм фаъолияти ҳамоҳангшудаву босамари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тақвияти заминаҳои ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти онҳо дар ин самт мебошад». Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», ки 16-уми ноябри соли 1999 қабул гардида буд, ёдрас шуданд ва вобаста ба талаботи замон масъалаи такмил додани онро таъкид намуда, ба вазоратҳои адлия ва корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Прокуратураи генералӣ супориш доданд, ки лоиҳаи қонуни зикршударо дар таҳрири нав таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат манзур намоянд.

Ҳамин тавр, барои иҷрои талаботи Паёми зикршуда Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм» тибқи тартиби муқаррарнамудаи Конститутсия қабул ва 23-юми декабри соли 2021 аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 26-уми январи соли 2021 бо мақсади идома додани корҳо дар самти муқовимат ба терроризм ва экстремизм Прокуратураи генералӣ муваззаф гардид, ки лоиҳаи нави «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021-2025»-ро таҳия ва ба баррасии Ҳукумат пешниҳод намояд. Биноан, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон 1-уми июни соли 2021 таҳти № 187 «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» тасдиқ шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ 23-юми декаб­ри соли 2022 низ дар самти муқовимат ба терроризм ва экстремизм ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур фармуданд. Чунончи, Сарвари давлат дар ин Паём ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистиву террористидошта ва ҷиноятҳое, ки бо истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ содир мешаванд, зарур донистанд, ки Маркази ягонаи иттилоотӣ таъсис дода шавад. Аз ин рӯ, Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ вазифадор шуданд, ки якҷо бо дигар вазорату идораҳо масъалаи таъсиси маркази зикршударо омӯхта, пешниҳодҳоро ба Ҳукумати мамлакат манзур намоянд.

Дар мамлакат бо мақсади баланд бардоштани вазъи иҷтимоии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, алалхусус кормандони мақомоти прокуратура, 25 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расидаанд, ки аксарияти онҳо дар заминаи паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» содир гардидаанд. Дар Паёми навбатӣ низ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23-юми декабри соли 2022 масъалаи баланд бардоштани музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба миён гузошта, пешниҳод карданд, ки аз 1-уми марти соли 2023 музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шаванд.

Хулоса, паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун ҳуҷҷати расмӣ ва санади сиёсӣ — ҳуқуқӣ дар беҳбудии вазъи иҷтимоии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, таҳкиму тақвияти фаъолият, бахусус мақомоти прокуратура, саҳми бориз доранд.

Фирӯз САЙНОЗИМЗОДА,

мушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон