Бар асари таҳаввулоти сиёсиву иҷтимоии ибтидои солҳои 90 – уми асри гузашта халқи тоҷик баъди ҳазор сол аз нав ба эҳё ва эъмори давлати миллӣ шурӯъ намуд. Истиқлолият дар таърихи ҳазорсолаи халқи тоҷик воқеаи хеле бузург аст. Мутаассифона, Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои Истиқлолият дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории нав, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иҷтимоии кишвар бо мушкилоту монеаҳои сангин рӯ ба рӯ гардид. Танҳо бо кӯшиш ва талоши халқи тоҷик ин мушкилиҳо бартараф ва роҳ ба сӯи фардои дурахшон боз гардид.
Дастоварди бузургтарин бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 25 соли соҳибистиқлолӣ барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдату пойдории миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, аз буҳрони иқтисодӣ баровардани давлат, такони бузург ба низоми маориф, фарҳанг, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки маҳз ба шарофати хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти тоҷик муяссар гардид. Соли 2003 бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат сиёсати «дарҳои кушода» пеш гирифта шуд, ки бо шарофати он ва ҷалби кишварҳои гуногун ба ҳамкории судманд лоиҳаҳои зиёде дар соҳаҳои саноат, энергетика, коммуникатсия амалӣ шуданд, ки барои рушди устувори давлат заминаи мустаҳкам гузоштанд.
Сиёсати «дарҳои кушода» меҳвари сиёсати хориҷии Тоҷикистонро таҷассум мекунад. Чанде аз натиҷаҳои пурмаҳсули ин сиёсат чунинанд: ҳар сол миёни Тоҷикистон ва беш аз 100 кишвари ҷаҳон табодули мол сурат мегирад. Соли 2013 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи яке аз созмонҳои бонуфузи дунё – Созмони Умумиҷаҳонии Савдо гардид. То имрӯз Тоҷикистон бо кишварҳои гуногуни дунё зиёда аз 1200 ҳуҷҷати дуҷониба дар соҳаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, тиҷорат, маориф, фарҳанг ва ғайра ба имзо расонидааст.
Барои ҳифзи миллат аз хатари парокандашавӣ ва бо мақсади аз байн бурдани ҳар гуна зуҳуроти номатлуб, аз қабили маҳалгароӣ ва бегонапарастӣ, ки омилҳои бевоситаи заифкунандаи пояҳои Истиқлолияти давлатӣ мебошанд, Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳалли масъалаҳои зеринро ҳамчун омил ва заминаҳои пойдор намудани давлати соҳибистиқлол таъкид кардаанд: «якум, муттаҳидшавии миллат, пойдор намудани ягонагӣ, тамомияти арзӣ ва таҳкими иқтидори давлати миллии соҳибистиқлол, сулҳпарвар, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва демократӣ; дуюм дар заминаи ваҳдати миллат, муҳаббат ба Ватан, забон, илму адабиёту фарҳанг ва тафаккури миллӣ бедор намудани ҳисси худшиносию ифтихори миллӣ; сеюм, таҳти парчами Ватан ва ғояҳои ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон сарҷамъ омадани ҳамаи ҳизбу созмонҳо ва ташкилотҳои сиёсиву ҷамъиятӣ, дар доираи қонун бо роҳи мусолиҳа ва гуфтушунид ҳал намудани ҳамаи ихтилофоти бамиёномада; чорум, ҳифз намудани бойигариҳои моддӣ ва маънавии миллат, бузургдошт ва қадршиносии ашхосе, ки дар ҷодаи ваҳдати миллат, худшиносию ифтихори миллӣ, муттаҳидии мардуми Тоҷикистон хизматҳои арзанда кардаанд».
Баъди беш аз ду даҳсолаи амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон метавон хулоса кард, ки маҳз ҷиҳати такмили қонунияти конститутсионӣ пояҳои демократии давлати Точикистон ва ваҳдати он мустаҳкам шуданд.
Ваҳдати миллӣ арзиши бебаҳо буда, ҳифз ва таҳкими он вазифаи ҳар як давлатдор ва фарди кишвар мебошад. Ҳифзи ягонагии давлат бо сиёсати одилонаи давлат, ғамхорӣ нисбат ба мардуми ҳар як минтақа ва гурӯҳҳои этникӣ, ба эътибор гирифтани манфиатҳои хоси онҳо пойдор мегардад. Таъмини сатҳи зиндагӣ ва имконияти озодона инкишоф ёфтани шахс пеши ҳар гуна кӯшиши ҷудоихоҳиро мегирад. Баръакс, қашшоқию беҳуқуқӣ, навмедӣ ба оянда шахсро аз тақдири давлат бепарво мегардонад.
Бешубҳа, яке аз падидаҳои муҳиме, ки ҳамрадифи Истиқлолияти кишвар дар таҷрибаи ҷомеасозии навини тоҷик мавқеи ниҳоят устувор дорад, ин ваҳдати миллӣ аст ва татбиқи он ба халқи тоҷик имкон дод, ки дар бахше аз собиқ ҳудуди густурдаи фарҳангии худ низоми устувори сиёсии бо аломату нишонаҳои давлати миллӣ мутобиқатдоштаро бунёд намояд ва ҳамчунин, амалияи ҷомеасозии дар муддати на чандон тӯлонӣ андӯхтаашро бо эътирофи ниҳодҳои маъруфи байналмилалӣ ҳамчун намунаи шоёни пайравӣ барои дигарон пешниҳод намояд.
Ваҳдат падидаи созандаест, ки маҳсули тафаккур ва ақлу хиради инсонӣ буда, инъикосгари пирӯзии рӯшноӣ бар зулмот, некӣ бар бадӣ ва мушаххасан, пирӯзии ақл бар ҳиссиёт мебошад. Инро дар мисоли сулҳу оштии миллии тоҷикон дида метавонем, ки дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун дастоварди нодир эътироф гардида, мавриди омӯзиши ниҳодҳои байналмилалӣ қарор дорад. Бо мақсади расидан ба сулҳ ва наҷоти миллӣ зимни музокирот ҳуҷҷатҳои ҳуқуқие ба имзо расиданд, ки аз рӯи моҳият шартномаҳои мундариҷаи меъёрӣ мебошанд. Маҳз дар натиҷаи мусолиҳа имкони бо роҳи конститутсионӣ ҳал кардани масъалаҳои сиёсӣ имконпазир шуд.
Заминаи мусоиди рушди ҷомеа дар шароити нав ва бартарафсозии монеаҳо дар роҳи расидан ба ваҳдати миллӣ, имзои як силсила ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ таҳти унвони Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар соли 1997 буд, ки дар асоси он ба Конститутсияи мамлакат соли 1999 аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Маҳз хизматҳои беназири Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки баъди қабули Конститутсия то ба имрӯз қонунҳое таҳия ва қабул гардиданд, ки заминаҳои ҳуқуқии ваҳдатро таҳким бахшиданд. Ҳамчунин, нақши санадҳое, ки дар рафти гуфтушуниди миёни тоҷикон ва баъдан дар Комиссияи оштии миллӣ қабул шуданд, хеле муҳим буданд. Аз ҷумла, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон (27 июни соли 1997), Санади ҳамдигарбахшӣ (10 июли соли 1997), Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи иштироккунандагони муқовимати сиёсӣ ва низомӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (1 августи соли 1997), қонунҳо дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ, интихобот ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, тағйирот ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1999) ва таъсиси парлумони думаҷлиса (Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон) заминаҳои нави ҳуқуқии ваҳдати миллиро ба вуҷуд оварданд ва онро тақвият бахшиданд.
Бешубҳа, баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар ҳаёти кишвар заминаи мусоид барои рушди ҷомеа дар ҳама соҳа ба вуҷуд омада, фазои нави ҳуқуқӣ барои бартараф кардани ҳар гуна монеаҳои ташкили ҳаёти нав дар шароити волоияти қонун ва демократия фароҳам оварда шуд, ки ин ҳам бевосита нақши Пешвои миллат ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ мебошад ва ин бевосита яке аз омилҳо ва нишонаҳои ҳақиқатан ҳам Пешвои миллати тоҷик будани Сарвари давлатамонро исбот сохт.
Нуҳуми сентябри соли 1991 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид, ки аз пайдоиши давлати нави соҳибихтиёр дар арсаи ҷаҳонӣ шаҳодат дод. Барои ҳамин ҳам, сарфи назар аз вазъи мураккаби дохилӣ, бо кӯшиш ва ҷаҳду талошҳои пайвастаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон манфиатҳои миллии худ ва самтҳои асосии сиёсати хориҷиашро дуруст муайян намуда, ҳамкории пайвастаро бо давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ густариш дод.
Дар ин раванд қайд кардан бамаврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 марти соли 1992 дар асоси Қатъномаи №46224, ки дар иҷлосияи 46-уми Ассамблеяи генералии СММ қабул шуд, ба узвияти Созмони Милали Муттаҳид (СММ) пазируфта шуд. Бо гузашти як сол, баъди ба сифати узви чунин созмони бонуфуз эътироф шудани ҷумҳурӣ, 29 сентябри соли 1993 Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик ва Тоҷикистонро дар Маҷмааи умумии СММ ҳамчун давлати мустақил, ҷузъи комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд. Президенти Тоҷикистон дар суханронии аввалин таваҷҷуҳи аҳли башарро бештар ба мусоидат намудан ба барқарорсозии сулҳу субот дар Тоҷикистон, ба созиш овардани тарафҳои даргири муноқишаҳои мусаллаҳона, барқарорсозии иқтисодиёти харобгаштаи кишвар ва ба Ватан баргардонидани гурезаҳо ҷалб карда буданд. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон баъд аз пойдор намудани сулҳу субот дар Тоҷикистон ва ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон дар баромадҳои минбаъда на фақат проблемаҳои дохилидавлатии Тоҷикистон, балки проблемаҳои глобалии барои ҷомеаи ҷаҳонӣ муҳимро масъалагузорӣ мекарданд. Хусусан, қазияи бисёрсолаи Афғонистон, ки манбаи асосии хатари паҳншавии терроризму экстремизм ва интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир ба аксарияти давлатҳои ҷаҳон аст, масъалаҳои доимии суханрониҳои Эмомалӣ Раҳмон буданд.
Натиҷаи чунин масъалагузориҳои асосноки Президенти Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои аҳамияти минтақавӣ ва ҷаҳонидошта, аз ҷумла оид ба проблемаи таъмини дастрасии мардуми сайёра бо оби тозаи ошомиданӣ ва шароити санитарӣ буд, ки бо пешниҳоди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза эълон карда шуд».
Дар соли 1993 ба ғайр аз СММ ёздаҳ созмони байналмилалӣ, амсоли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, аз соли 1994 то соли 1996 дувоздаҳ созмони байналмилалии дигар намояндагиҳои худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода, ба фаъолият шурӯъ карданд.
Ҳоло дар Тоҷикистон намояндагиҳои 30 созмон ва ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, нуҳ намояндагии агентиҳо, дигар сохторҳои СММ фаъолият мекунанд. Дар кишвар намояндагии 46 ташкилоти байналмилалии ғайриҳукуматӣ ба қайд гирифта шуда, якҷо бо ташкилотҳои байнидавлатӣ (байниҳукуматӣ) барои ташаккул ва тараққиёти соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ саҳм мегузоранд.
Имрӯз Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи тақрибан 150 кишвари ҷаҳон ба расмият шинохта шудааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ вобаста ба манфиатҳои миллӣ ва самти сиёсати хориҷӣ намояндагиҳои дипломатии худро дар 28 давлати хориҷа, инчунин намояндагиҳои доимии худро дар назди СММ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони Конфронси Исломӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва Иттиҳоди Аврупо кушодааст.
Қайд кардан бамаврид аст, ки аз давраҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ ва истиқрори сулҳ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя, таъмин ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад. Дар ин давра бо пешниҳод ва тавсияҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои асосии байналмилалӣ, аз ҷумла Оинномаи СММ (соли 1945), Санади хотимавии Хелсинки (1975), Эъломияи ҳуқуқи башар (1948), Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ (1966), Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ, таҳқиркунандаи шаъну шараф (1984) ва дигар санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро эътироф намуда, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои онро арзиши олӣ мешуморад.
Проблемаи торафт афзун ёфтани таҳдиди терроризм, экстремизм аз масъалаҳои муҳими рӯз мебошад. Тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, дар шароити ташаннуҷи рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ва авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат барои мо масъалаи аввалиндараҷа ва ҳаётан муҳим ба шумор меравад.
Дар ин марҳила барои мақомоти марбутаи кишвар пойгоҳи ҳуқуқии ҳамкорӣ бо мақомоти ваколатдори давлатҳои хориҷӣ бунёд шудааст. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои байналмилалиро, ки ба мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил равона шудаанд, эътироф намудааст. Конвенсияи СММ ба муқобили ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ (2000), Конвенсияи байналмилалӣ оид ба мубориза бо маблағгузории терроризм (1999), Конвенсияи Шанхай дар мубориза бар зидди терроризм, сепаратизм ва экстремизм (2001), Конвенсия дар бораи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон ва истисмори фоҳишагӣ аз ҷониби шахсони сеюм (1949) ва ғайра аз ҷумлаи чунин асноданд.
Бо иқдоми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил натиҷаҳои ниҳоят назаррас дода, дар доираи ин созмони минтақавӣ Тоҷикистон тақрибан ду ҳазор санади қабулшударо ба имзо расонидааст. Беҳуда нест, ки бархе аз олимони сиёсатшиноси бурунмарзӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар қатори Федератсияи Россия, Беларус ва Қазоқистон «локомотиви рушди ҳамгироии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» ном мебаранд.
Ҳамин тариқ, гуфтаҳои боло шаҳодат медиҳанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ягона шахсияте мебошанд, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва ба имзо расонидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон баъд аз эҳё намудани давлати бузурги тоҷикон, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ муаррифӣ намуда, дар мувофиқасозии санадҳои байналмилалие, ки сарчашмаи ҳамкориҳои Тоҷикистон гаштаанд, саҳми беандоза гузоштанд ва дар таҳким ва рушди чунин ҳамкориҳо ҷаҳду талош менамоянд.
Ҷомии АБДУРАҲМОН, магистри Академияи идоракунӣ ва хоҷагии халқи хизматчиёни давлатии назди Президенти Федератсияи Россия