Бо ташаббуси Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ (CAREC) 8 майи соли равон дар меҳмонхонаи «Ҳаят реҷенси» таҳти унвони «Таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи муҳити зист ва рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» семинар – брифинг доир гардид. Менеҷери марказ Татяна Шокирова иброз дошт, ки ҳамоиш баъд аз баргузорӣ дар шаҳри Остона дуюмин чорабинӣ дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад ва оянда дар шаҳрҳои Ашқободу Бишкек ва Тошкент низ доир мешавад. Форуми байналмилалии экологии Осиё Марказӣ – 2018, ки 5 — 6 июни соли равон дар шаҳри Тошкент баргузор мешавад, таҳти унвони «Пойгоҳ барои ҳамкорӣ ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор» сурат хоҳад гирифт.
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эргаш Шоисматов зикр намуд, ки мушкилоти экологии Осиёи Марказӣ торафт печидатар мегардад ва роҳҳои ҳалли он аз доираи як ҷумҳурӣ берун мебарояд. Мушкилот вобаста ба об гувоҳи ин гуфтаҳост. Масалан, хушкшавии баҳри Арал ба минтақаҳои алоҳидаи ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Қазоқистон ва Туркманистон таъсири манфӣ расонида, боиси пайдоиши биёбонҳои намакин гардид. Аз ин рӯ, танҳо тавассути ҳамкорию дастгирии якдигар метавонем мушкилоти бамиёномадаро рафъ созем. Бовар дорам, ки форуми Тошкент ба дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷуда мусоидат хоҳад кард.
Намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Салимов дар хусуси тадбирҳое, ки баҳри беҳбудии ҳифзи муҳити зист дар мамлакат амалӣ мешаванд, маълумот дод.
Тавре намояндаи филиали Тоҷикистонии Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ Мадина Раҳматова қайд кард, дар форуми Тошкент 250 нафар дар қатори намояндагони созмонҳои экологӣ, намояндагони парламенту ниҳодҳои давлатии ҳифзи муҳити зист ва рӯзноманигорон аз ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ширкат хоҳанд варзид.
Форуми байналмилалӣ пойгоҳи мустаҳкаме барои ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар бахши муҳити зист хоҳад гашт.
С. СУННАТӢ,
«Садои мардум»