Ваҳдати миллӣ арзишмандтарин дастоварди давлатдорӣ мебошад, ки тамоми муваффақияти кишвар аз он маншаъ мегирад.
Дар оғози соҳибистиқлолӣ бадхоҳони миллат кишварро ба коми оташи ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд. Хатари аз байн рафтани давлат ба миён омад. Аркони давлатдорӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фалаҷ гардиданд. Он замон Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона мақоми олии салоҳиятдор буд. Аз ин рӯ, дар он вазъияти душвор 16 ноябри соли 1992 Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум дар Қасри Арбоб, ки минтақаи нисбатан ороми кишвар буд, оғоз ёфт.
Нуздаҳуми ноябри соли 1992 фарзанди фарзонаи миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд ва сокинони мамлакат дар симои ӯ наҷотбахши давлату миллатро дарёфтанд, зеро дар он вазъи мураккаби сиёсӣ мардуми кишвар ба роҳбари кордону ботадбир, дурандешу олиҳиммат, хайрхоҳу хирадманд, ғаюру далер ва шуҷоатманду шикастанафс ниёз дошт. Миллатдӯстиву ватанпарастӣ, нотарсиву далерӣ, қатъияту устуворӣ хислатҳои фарқкунандаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданду ҳастанд.
Дувоздаҳуми декабри ҳамон сол Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Муроҷиатнома ба халқи шарифи Тоҷикистон гуфтанд: «Тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».
Якуми июни соли 1993 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муроҷиати телевизионӣ аз фирориён даъват ба амал оварданд: «Ба Ватан баргардед. Аммо мо ба шумо кӯҳи тилло ваъда намекунем. Як бурида ноне, ки дорем, якҷоя мехӯрем, як қатра обе, ки дорем, якҷоя менӯшем. Паҳлуи ҳамдигар истода, Ватани вайроншудаамонро обод мекунем, иқтисоди харобгаштаамонро барқарор менамоем. Ватан бе шумо холист, аммо донед, ки шумо ҳам бе Ватан пурра нестед. Халқи азизам, падару модарон, хоҳару бародарон ва фарзандон! Шуморо хонаатон, заминатон, боғатон, мактабатон интизор аст! Шумо тоҷику тоҷикистониед, Тоҷикистон шуморо интизор аст».
Баъди ин муроҷиати самимиву саршор аз меҳру муҳаббати Сарвари давлат дар кӯтоҳтарин муҳлат тақрибан як миллион мардуми гурезаву сарсон ба Ватан баргаштанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба ваҳдати миллӣ ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ машаққати зиёдро аз сар гузаронида, борҳо ҷон дар хатар гузоштанд, то сулҳу субот, тинҷию амонӣ дар кишвар поянда бошад.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27-уми июни соли 1997 дар Муроҷиатнома ба муносибати имзо гардидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон қайд намуданд: «Ҷидду ҷаҳд ва умедвориҳои 5-6 соли охир барои нигоҳ доштани давлати миллии тоҷикон маҳз дар ҳамин рӯзи саид ҷомаи амал пӯшид. Вале агар шумо раванди расидан ба ин рӯзи муборакро пеши назар оред, дарк мекунед, ки мо дар ин чанд соли охир чӣ қадар монеаю мушкилот ва гирифторию печидагиҳоро пушти сар кардем».
Боиси ифтихор аст, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз ҷониби роҳбарон ва сиёсатмадорони барҷастаи ҷаҳони муосир баҳои баландро сазовор гаштааст. Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин вобаста ба сиёсати сулҳоварии Сарвари давлати тоҷикон навиштааст: «Эмомалӣ Раҳмон дар байни сиёсатмадорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд. Тамоми кӯшиши ӯ аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар Тоҷикистон ҷараёни сулҳу осоиш ҳамоно амиқтар реша меронад ва дар қиёс ба нуқтаҳое, ки вазъияташон муташанниҷ аст, ин комёбӣ ба худ назир надорад. Он чӣ дар Тоҷикистон ба амал меояд ва рух медиҳад, барои бисёр халқҳо ва мамлакатҳо намунаи ибрат аст».
Собиқ котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид Кофи Аннан қайд намудааст: «Тоҷикон намунаи беназири таҷрибаи сулҳофариро барои мамлакатҳои дигар ба армуғон оварданд».
Маҳз самараи сулҳу ваҳдат аст, ки имрӯзҳо барои расидан ба се ҳадафи стратегӣ — таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ бахшидани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, қадамҳои устувор гузошта мешавад.
Эътироф ва арҷгузорӣ бояд кард, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҷомеаи адолатпарвар, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир ва нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо бахшиданд.
Хизматҳои пурарзиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» қадр шуда, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» (аз 14-уми ноябри соли 2016) қабул гардид. Бидуни муболиға ва тамаллуқ метавон гуфт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меъмори давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувори ҷомеаи Тоҷикистон мебошанд.
Фирӯз САЙНОЗИМЗОДА, мушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон