Соли равон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қабули дархосту пешниҳоди шаҳрвандон, мусоидат ба ҳалли мушкилоти онҳо гӯшаи иттилоотӣ-иртиботии «Равзанаи парлумон»-ро таъсис дод, ки ҳар як шаҳрванди кишвар бо нишон додани ному насаб ва маҳалли зист метавонад ба он муроҷиат намояд. Арзу дархости шаҳрвандон бо шарҳу эзоҳ дар рӯзномаи «Садои мардум» ба табъ мерасанд.
Инак, сокини кӯчаи Б. Ғафурови шаҳраки Нафтободи ноҳияи Исфара Ғозиев Шукрулло Қамбархонович ба «Равзанаи парлумон»-и Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мазмуни зайл муроҷиат намудааст:
«Мо сокинони ноҳияи Исфара барои гирифтани шиносномаи хориҷӣ 810 сомониву чанд дирам маблағ месупорем. Мехоҳам бидонам, ки оё он нархи ҳақиқии давлатист ё не?
Масъалаи дигаре, ки мехоҳам равшанӣ андозед, нархи шаҳодатномаи ронандагии пластикист, зеро дар атрофи он овозаҳо бисёранд. Яке нархашро 470 сомонӣ мегӯяду дигаре 600 сомонӣ.
Вакили Маҷлиси намояндагон Шамсиддинзода Мавзуна Шамсиддин номаи мазкурро барои баррасӣ ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд ва аз он ҷо ба тариқи зайл ҷавоб расид:
«… Тибқи нархномаи хизматрасониҳои БДА, ки 01 марти соли 2018 бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шудааст, арзиши шаҳодатномаи ронандагӣ ва талони қайди қоидавайронкунӣ 315 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин, тибқи нархномаи хизматрасонии бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқашуда аз 30 майи соли 2013:
- арзиши варақаи шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии дорои маълумоти электронӣ, ки дар 15 рӯз ба расмият дароварда мешавад, 75 доллари ИМА, боҷи давлатӣ-75 сомонӣ, хизматрасонӣ-40 сомонӣ;
- арзиши варақаи шиноснома, ки дар 7 рӯз ба расмият дароварда мешавад, — 150 доллари ИМА, мутаносибан бо қурби асъори миллӣ дар рӯзи пардохт, боҷи давлатӣ-75 сомонӣ, хизматрасонӣ-40 сомонӣ;
- арзиши варақаи шиноснома, ки дар 3 рӯз ба расмият дароварда мешавад, 225 доллар, боҷи давлатӣ -75 сомонӣ, хизматрасонӣ — 40 сомонӣ муқаррар шудааст.
Телефонҳо барои тамос:
221-13-78, 221-11- 43, 221-11-71.
Почтаи электронӣ: Ravzana — 2018 @ mail.ru
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таҳияи Н. Низомӣ, «Садои мардум»