Натиҷагирӣ аз як соли амали кодекси андоз

№26 (4609) 17.02.2023

DSC_445816-уми феврали соли 2023 таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода оид ба рафти иҷрои муқаррароти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз як соли мавриди амал қарор гирифтани он суҳбати гирди миз баргузор шуд, ки дар он мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, намояндагони Вазорати молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоб ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доштанд.

Маҳмадалӣ Ватанзода зикр кард, ки тибқи дастуру роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Кодекси андоз дар таҳрири нав барои боз ҳам беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, таҳкими механизмҳои ҳавасмандкунии фаъолияти соҳибкорӣ имтиёзҳои андозии амалкунанда нигоҳ дошта шуда, илова бар он як қатор имтиёз ва сабукиҳои нав ва дигар тағйироту навгониҳо пешбинӣ шудааст.

Мувофиқи муқаррароти Кодекси андоз дар таҳрири нав, шумораи умумии андозҳо аз 10 ба 7 намуд кам, меъёрҳои ­андозҳо паст ва имтиёзҳои иловагии андозӣ пешбинӣ гардидааст.

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Маҳмадалӣ Қурбонзода  мақсад аз қабули Кодекси андоз дар таҳрири навро дастгирии соҳибкорӣ, ҷалби сармоягузорӣ, ҳамчунин содаю оммафаҳм намудани он арзёбӣ кард. Ҳамчунин, изҳор дошт, ки он, дар маҷмӯъ, барои таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар, ноил шудан ба ҳадафҳои миллӣ, татбиқи консепсияи иқтисоди рақамӣ, дастгирии давлатии субъектҳои соҳибкорӣ, бахусус соҳибкории иcтеҳсолӣ ва ба равандҳои муосири ҷаҳонӣ мутобиқ намудани низоми андозбандии кишвар нигаронида шуда, асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодиро оид ба муқаррарсозӣ, тағйирдиҳӣ, бекоркунӣ, ҳисоб ва пардохт намудани андозҳо, иҷрои уҳдадориҳои андозиро муайян менамояд.

- Бо мақсади беҳтар намудани сатҳи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла зиёд намудани музди меҳнат, инчунин таъмини шаффофият дар ин раванд, ҳадди даромади андозбандинашавандаи шахсони воқеӣ барои ҳар моҳи тақвимӣ аз як нишондиҳанда то ба ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд карда шудааст.

Инчунин, меъёри стандартии андоз аз арзиши иловашуда аз 1-уми январи соли 2022 ба андозаи 15 фоиз, аз 1-уми январи соли 2024 ба андозаи 14 фоиз ва аз 1-уми январи соли 2027 ба андозаи 13 фоиз пешбинӣ шудааст, ки камшавии меъёри андоз нисбат ба меъёри қаблӣ мутаносибан 3, 4 ва 5 фоизро ташкил медиҳад.

Бо мақсади дастгирии давлатии истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ меъёри пасткардашудаи андоз аз арзиши иловашуда аз фурӯши маҳсулоти кишоварзии истеҳсоли дохилӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ бо меъёри 5 фоиз пешбинӣ карда шуд, ки нисбат ба меъёри қаблан амалкунанда 13 фоиз кам мебошад. Инчунин, меъёри андоз аз арзиши иловашуда нисбат ба хизматрасониҳои меҳмонхонавӣ низ 7 фоиз (меъёри пасткардашуда) пешбинӣ гардидааст, — зикр кард номбурда ва ҳамчунин афзуд, ки бо мақсади таъмини шаффофияти баҳисобгирӣ аз ҷониби субъект­ҳои соҳибкорӣ, дар ҳисобот нишон додани шумораи воқеии кормандон ва музди миёнаи меҳнат, меъёри андози иҷтимоӣ барои субъектҳои соҳибкорӣ аз 25 то ба 20 фоиз паст карда шудааст.

Муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Карим Гулмуродзода  изҳор дошт, ки бо мақсади амалӣ намудани муқаррароти Кодекси андоз зарурати таҳияи санадҳои зерқонунӣ, ки маҷмӯан 96 ададро ташкил медиҳанд, ба миён омада, тибқи супоришҳои Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳои соҳавӣ ҷиҳати таҳияи он муваззаф гардиданд. Аз ин шумора як лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумрук, як лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, як лоиҳаи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 45 лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин 48 дастур­амал ва тартибҳо мебошанд. То 10 — уми феврали соли 2023 аз ҷониби Вазорати молия ва дигар вазорату идораҳо дар маҷмӯъ 94 лоиҳаи санади зерқонунӣ таҳия ва расмиёти минбаъдаи онҳо тибқи тартиби муқарраргардида роҳандозӣ шуда истодаанд.

Бино ба таъкиди Карим Гулмуродзода, соли 2022 танҳо аз ҳисоби воридоти андозӣ ба буҷети давлатӣ 21,8 миллиард сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 6,5 фоиз ё ин ки 1,3 миллиард сомонӣ ва нисбат ба соли 2021 — ум 2,1 миллиард сомонӣ зиёд мебошад. Бо вуҷуди паст гардидани меъёри аксари андозҳо аз ҷониби мақомоти андоз ва гумрук ба буҷети давлатӣ нисбат ба нақшаи аниқшуда мутаносибан 536,9 миллион сомонӣ ва 907 миллион сомонӣ барзиёд ворид карда шуд. Нишондиҳандаҳои зикршуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат ва татбиқи Кодекси андоз бо назардошти устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, паст шудани иқтисоди ғайри­расмӣ, инчунин болоравии сатҳи нархҳо дар миқёси ҷаҳон барои барзиёд иҷро гардидани нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ дар соли сипаришуда мусоидат намудааст.

Муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нарзулло Маликзода доир ба татбиқи Кодекси андоз маълумот дод. Бино ба гуфти ӯ, бо мақсади иҷрои муқаррароти Кодекси андоз дар таҳрири нав, бо фармоиши раиси Кумитаи андоз нақшаи чорабиниҳо қабул гардида, мувофиқи он як қатор тадбирҳо андешида шудааст. Аз ҷумла, барои ба шаҳрвандон ва андозсупорандагон сари вақт фаҳмонидани муқаррароти Кодекси андоз дар соли 2022 бо иштироки доираи васеи андоз­супорандагон ва кормандони мақомоти андоз, дар маҷмӯъ, зиёда аз 1900 машварат, инчунин дар шакли видеоконференсия, вебинарҳо (ҷаласаҳои маҷозӣ) баргузор карда шуд. Ҷиҳати ҳаддалимкон сода намудани дастрасии шаҳрвандону андозсупорандагон ба муқаррароти Кодекси андоз дар таҳрири нав, бахусус муқаррарот оид ба имтиёзҳои андозӣ, бо фармоиши раиси Кумитаи андоз дар мессенҷерҳои «Telegram» ва «Viber» саҳифаи алоҳидаи «Шарҳу тавзеҳи Кодекси андоз дар таҳрири нав» кушода шуд, ки тибқи махзани маълумот зиёда аз 3500 нафар ба мессенҷерҳои мазкур обуна шуда, 210 ҳазор маротиба аз саҳифаҳои онҳо дидан кардаанд ва шакли электронии Кодекси андоз дар таҳрири ­навро аз он ҷо ва сомонаи мақомоти андоз дастрас намуданд. Инчунин, тавассути интернет бо истифода аз барномаи «Зум» бо тамоми андозсупорандагон, сармоягузарон ва шахсони воқеие, ки хоҳиши иштирок намудан дар машваратҳо дар шакли онлайн доштанд, бештар аз 100 маротиба гузаронида шуд.

Бино ба таъкиди Нарзулло Маликзода, яке аз мушкилиҳое, ки дар соли аввали мавриди истифода қарор гирифтани Кодекси андоз дар таҳрири нав ҷой дошт, канорагирӣ аз андозбандӣ бо истифодаи заминаи ҳуқуқии нокифояи қонунгузорӣ мебошад. Таҳлилҳо нишон доданд, ки баъзе шахсон, ки худро «машваратчии касбӣ» муаррифӣ менамоянд, бо маблағҳои муайян роҳҳои гуногуни канорагирӣ аз андоз­бандиро пешниҳод менамоянд, ки заминаи ҳуқуқии кофии қонунгузорӣ надоранд, онҳо аз тағйироти нави Кодекси андоз дар ин самт огоҳ набуданд. Чунин ҳолат боиси ба вуҷуд омадани баҳсҳои беасос ҳисоб намудани ҷаримаҳо ва фоизҳо гардидаанд. Барои пешгирии чунин ҳолатҳо ба андозсупорандагон ва машваратчиён корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

- Мушкили дигар иқтисоди пинҳонӣ дар фаъолияти соҳибкорон мебошад, ки бо мавриди амал қарор ёфтани сабукӣ ва имтиёзҳои андозӣ дар Кодекси андоз ҷиҳати шаффоф гардонидани   фаъолияти соҳибкорӣ ва баромадан аз иқтисодиёти пинҳонӣ замина гузошт.

Илова бар ин, дар доираи талаботи Кодекси андоз дар таҳрири нав Системаи иттилооти мақомоти андоз такмил дода шуданд ва он имкон дорад бо истифода аз махзани электронии маълумот як қисми андозсупорандагоне, ки амалиёти хоҷагидории худро нишон намедиҳанд, дар шакли автоматикӣ муайян намояд.

Ғайр аз ин, дигар мушкилиҳо, аз қабили мутобиқ ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ» ба роҳ намондани пешбурди муҳосибӣ, сари вақт тартиб надодани ҳисобнома — фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда, бо тартиби қонунҳои амалкунанда ба роҳ намондани пешбурди Дастгоҳи назорати хазинавӣ, дуруcт ва пурра нишон надодани музди меҳнати коргарон ва ба инҳо монанд, дар фаъолияти андозсупорандагон ҷой доранд, — зикр кард номбурда.

Муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршедаи Қодир зимни баромадаш аз меъёрҳои танзимкунандаи муносибатҳои ҳуқуқӣ байни давлат ва бахши хусусӣ, ки дар Кодекси андоз муайян шудаанд, ёдовар шуда, изҳор дошт, ки самтҳои асосӣ оид ба содагардонии расмиёти маъмурикунонии андоз, батанзимдарории раванди гузаронидани санҷишу назоратҳо, мукаммалсозии тартибдиҳии эъломияву ҳисобот, тадриҷан ҷорӣ намудани технологияи электронӣ дар муносибати андозӣ, оммафаҳм ва хонданибоб гардидани матни лоиҳаи Кодекси андоз аз ҷониби бахши хусусӣ некбинона пазируфта шуд.

- Бо назардошти татбиқшавии ислоҳотӣ иқтисодӣ, аз ҷумла амалишавии Кодекси андоз, саҳми бахши хусусӣ дар таъмини нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар торафт мавқеи меҳварӣ касб намуда истодааст.

Беш аз 80 фоизи даромадҳои буҷети давлатӣ тавассути пардохт­ҳои андозӣ аз ҳисоби бахши хусусӣ таъмин гардида, дар ин раванд 70 фоиз ташаккулёбии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва 67 фоизи таъминоти шуғл ба ин бахш рост меояд.

Муовини раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Аҳмадзода доир ба гузаронидани чорабиниҳои аудиторӣ ва ошкор намудани қоидавайронкуниҳо дар вазорату идораҳо, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ маълумот дод.

Муовини якуми директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Суҳроб Сафарзода зимни суханрониаш зикр кард, ки агентӣ аз моҳи январ то марти соли сипаригардида, яъне то давраи эълони моратория дар ҳамкорӣ бо мақомоти андоз фаъолияти 10 ширкат ва 2 шахси воқеиро дар самти андозбандӣ мавриди санҷиш қарор дода, дар маҷмӯъ 385 миллиону 979 ҳазору 593 сомонӣ маблағи барилова ҳисобшудаи андозҳоро, ки аз ин 287 миллиону 173 ҳазору 651 сомониашро маблағи рӯйпӯшнамудаи андозҳо ва 98 миллиону 805 ҳазору 942 сомониашро фоизу ҷаримаҳо ташкил медиҳанд, ошкор намудааст. Аз маблағҳои ошкоргардида ба ҳолати имрӯза 361 миллиону 71 ҳазору 140 сомониаш барқарор карда шуда, бақияи он дар ҳаҷми 24 миллиону 908 ҳазору 453 сомонӣ рӯзҳои наздик бояд пурра пардохт гардад.

- Санҷиш нишон дод, ки дар ҳолатҳои зикршуда дар баробари дигар омилҳои мавҷуда, яке аз сабабҳои аз ҷониби андозсупорандагон рӯйпӯш ё пардохт карда нашудани баъзе намуди андозҳо, ин дуруст дарк накардани баъзе муқаррароти Кодекси андоз маҳсуб меёбад. Мутаассифона, ҳоло низ чунин ҳолатҳо ҷой доранд ва баъзан андозсупорандагон воқеан аз рӯи дарки нодурусти меъёрҳо намудҳои ҷудогонаи андозҳоро пардохт накардаанд. Зимни гузаронидани тафтишу санҷишҳои марказу гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар аксар маврид муайян мегардад, ки масъулин бо ба инобат гирифтани талаботи сархати дуюми моддаи 331 кодекси мазкур, ки даромади шаҳрвандони хориҷиро аз кироякорӣ дар доираи амалисозии лоиҳаҳои давлатии сармоягузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти андози иҷтимоӣ озод мекунад, андози иҷтимоии намояндагони ширкатҳои машваратиро дар лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ пардохт намекунанд. Таҳлилҳо нишон доданд, ки ҳолати мазкур аз норасоии меъёри қисми 5 моддаи 332 кодекси мазкур ба миён омадааст, зеро қисми 5 моддаи зикршуда барои шахсони воқеӣ-резидентҳо, ки дар намояндагиҳои дипломатӣ, консулгариҳои давлатҳои хориҷӣ, намояндагиҳои ташкилотҳои байналмилалии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта кор мекунанд ва хизмат мерасонанд, меъёри андози иҷтимоиро барои суғуртакунандагон ба андозаи 20 фоиз ва барои суғурташудагон 2 фоиз муқаррар намудааст. Вале дар меъёри мазкур ворид намудани «намояндагони ширкатҳои машваратӣ дар лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ» аз мадди назар дур мондааст, — изҳор дошт Суҳроб Сафарзода ва афзуд, ки васеъ будани амалия имкон намедиҳад, ки тамоми муносибатҳои ҷомеа бо ҷузъиёт дар меъёр ҷой дода шавад, аз ин рӯ, баъзе меъёрҳои кодекси амалкунанда ба ҳолати имрӯза низ ба такмил ниёз доранд.

- Масалан, қисми 5 моддаи 15 Кодекси андоз намудҳои фаъолиятеро, ки ба сифати фаъолияти соҳибкорӣ баррасӣ карда намешаванд, пешбинӣ кардааст. Аммо дар ин номгӯй соҳаҳое, ки фаъолияти онҳо тибқи қонунҳои соҳавиашон фаъолияти соҳибкорӣ эътироф карда намешаванд (қисми 1 моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ»), аз мадди назар дур мондааст. Ё ин ки дар моддаи 187 моҳиятан меъёри қисми 2 зарурат надорад ва дар сурати мувофиқи мақсад донистани он бояд рақамҳои «184 ё 185» дар ин қисм ба рақамҳои «185 ё 186» иваз карда шавад, то ки мухолифати мавҷуда бартараф гардад. Аз ин рӯ, ба мақсад мувофиқ аст, ки ҷиҳати ба талаботи замон мутобиқ ва то ба ҳадди комил ҷавобгӯй гардонидани меъёрҳои кодекси мазкур минбаъд низ мониторинги татбиқи он мунтазам гузаронида, сатҳи мутобиқати он ба ҳадафҳои сиёсати давлат ва самаранокии раванди татбиқи меъёрҳои он боз ҳам баланд бардошта шавад, — таъкид кард номбурда.

Соҳибкори инфиродӣ Файзалӣ Ҳоҷиев, ки бо намояндагӣ аз бахши хусусӣ дар чорабинӣ ширкат кард, барои ба рушди бештар ноил шудани корхонаҳои истеҳсолии ватанӣ ҳамчун намуна соҳаи истеҳсоли равғани растаниро мисол оварда, якчанд пешниҳод манзур намуд.  Ӯ бо иқтибос аз супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ садо дода буд: «Вазорат ва идораҳои дахлдор дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону сармоягузорон дар соли 2023 корхонаҳои равғанбарории шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Конибодомро тавассути муҷаҳҳазгардонӣ бо технологияҳои муосир бо иқтидори истеҳсолии солҳои қаблии онҳо барқарор намоянд. Ҳоло талаботи бозори истеъмолии мамлакат аз ҳисоби равғани истеҳсоли ватанӣ ҳамагӣ 22 фоиз таъмин гардида истодааст. Дар сурати ба фаъолият оғоз кардани корхонаҳои зикргардида талаботи аҳолии мамлакат бо равғани истеҳсоли худӣ беш аз 70 фоиз таъмин мегардад», — изҳор дошт, ки яке аз мушкилии асосии корхонаҳои истеҳсоли равған дар ҷумҳурӣ ба фурӯш баровардани кунҷораи он мебошад. Сабаби асосии он пурра озод кардани воридоти ҳама намуд хӯроки чорво ва мурғ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ буда, дар баробари он воридоти донагиҳои равғандор, ки барои итеҳсоли аввалиндараҷаи равған ва кунҷора истифода бурда мешаванд, боҷҳои гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашударо пурра пардохт менамоянд, ки бозори дохилиро рақобатнопазир гардонида, дар давоми чанд соли охир барои пешрафти корхонаҳои саноатие, ки ба истеҳсоли равғани растанӣ дар ҷумҳурӣ машғул мебошанд, мушкилӣ пеш оварда, шумораи онҳоро хело кам гардонидааст.

Дар охир вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саволҳо аз масъу­лин посух гирифта, ҳамчунин барои дар сатҳи хубтар татбиқ шудани меъёрҳои Кодекси андоз пешниҳоду тавсияҳо манзур намуданд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»