Наврӯз куҳантарин оини миллӣ дар ҷаҳон аст

№41 - 43 (4624 - 4626) 18.03.2023

IMG_7934Ҳаждаҳуми марти соли 2023 дар ­Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз ҷамъомади ­тантанавӣ баргузор гардид.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода иброз намуд, ки Наврӯз бо баробар гаштани рӯзу шаб фаро мерасад ва на танҳо ҷашну шодмонӣ, балки мояи ифтихору сарфарозӣ ва муаррифгари таъриху фарҳанги бузурги миллати мо дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.

- Наврӯз дар таърихи халқи куҳанбунёду соҳибфарҳанги тоҷик ва умуман халқҳои ориё­инажод мақому манзалати хоса дошта, дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи миллатамон такомул ёфтааст. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми байналмилалӣ гирифтани Наврӯз аз таърихи куҳан доштани миллати мо шаҳодат медиҳад,- таъкид намуд Маҳмадтоир Зокирзода.

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Амонулло Хайрулло зикр намуд, ки Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимтарини мардуми мо буда, таърихи беш аз шашҳазорсола дорад. Ин ҷашн дар арафаи баробар шудани шабу рӯз, нахустин рӯзи баҳор ва оғози солшумории хуршедӣ, яъне якуми Фарвардин фаро мерасад.  Бинобар ин, Наврӯзро «Ҷашни сари сол» низ меноманд. Дар бораи пайдоиши ин ҷашни бостонӣ дар  «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Таърихи Табарӣ», «Ат-тафҳим» ва «Осор-ул боқия»-и Абурайҳони Берунӣ, «Наврӯзнома» — и Умари Хайём, «Нахбат-уд-даҳр» — и Димишқӣ ва дигар сарчашмаҳои таърихӣ маълумот дода шудааст. Аз ҷумла, Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» ҳамчун иди расмӣ таҷлил намудани Наврӯзро ба шоҳ Ҷамшед нисбат медиҳад.

- Фалсафаи Наврӯз ин оғози ҳаёти нав, рӯзи нав, рӯҳияи наву тоза, зиндашавии табиат ва  оғози мавсими  киштукори нав мебошад. Мувофиқи ривоёти таърихӣ, Куруши Кабир Наврӯзро ҷашни миллӣ ­эълон карда, ба поксозии макони ҷамъиятӣ, манзил ва  бахшиши маҳкумон иқдом менамуд. То имрӯз дар арафаи Наврӯз анъанаи  «хонатаконӣ» миёни мардум боқӣ мондааст, ки он дорои аҳамияти экологӣ ва озодагӣ мебошад. Дар арафаи ин ҷашни бостонӣ кинаву кудуратро аз дил дур намудану шодмонӣ кардан низ ҳикмат дорад. Умари Хайём дар «Наврӯзнома»-аш чунин зикр кардааст: «Ҳар кӣ рӯзи Наврӯз ҷашн кунад ва ба хуррамӣ бипайвандад, то Наврӯзи дигар умр дар шодӣ гузаронад»,- хулоса намуд Амонулло Хайрулло.

Узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Мунаввар Абдусаломзода иброз намуд, ки ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ оини аҷдодӣ — Наврӯз эҳё ва барои рушди минбаъдаи русуми наврӯзӣ заминаи мусоид фароҳам гардид. Ин ҷашни бузург ҷанбаи умумибашарӣ дорад. Наврӯз таҷассуми пирӯзии нур бар зулмот, гармӣ бар сардӣ ва хубӣ бар бадӣ мебошад. Табиист, ки чунин суннати пурарзиши табиӣ ва инсондӯстонаву хайрхоҳона ба ҳеҷ гуна маҳдудият тобеъ намегардад. Наврӯз ҷашни зироаткорӣ, фарҳанги баланди созандагии инсон ва табиат аст. Бузургони мо Наврӯзро ҳамчун ҷашни тавҳид, ягонагии инсон ва созандагӣ эътироф кардаанд, ки он ба ягон дину мазҳаб робита надорад.

DSC_7943Узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Муҳаммад Шодиён дар бораи таърихи таҷлили ин ҷашни бостонӣ маълумот дода, ёдовар шуд, ки Наврӯз барои мардуми мо дар қатори дигар иду ҷашнҳои миллӣ, ба монанди Тиргон, Меҳргон ва Сада аз куҳантарин, барҷастатарин ва муқаддастарин расму оинҳо ба ҳисоб меравад. Он ҷашнест, ки зиндагиву рӯшноӣ, некиву накукорӣ, сулҳу созандагиро меситояд ва мақоми инсонро гиромӣ медорад.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффорзода ва мушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Комрон Ҷамшедзода низ вобаста ба Наврӯз андешаҳояшонро баён намуданд. Зикр гардид, ки асолати иҷтимоиву ахлоқии Наврӯз хеле бузург буда, он нишонаи пешрафти тафаккури бунёдкоронаи халқ мебошад, зеро Наврӯз рамзи рӯзи нав, ибтидои соли нав ва иқдому амалҳои нави ободонию тозакориҳост.

Дар поёни ҷамъомад Маҳмадтоир ­Зокирзода ёдовар шуд, ки Наврӯз рамзи баҳор ва оғози мавсими киштукор буда, баракати ҳосили деҳқон аз заҳмати рӯзафзуни баҳор оғоз мегирад.

- Чун анъана имрӯзҳо кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ба киштукори баҳорӣ ва ободонии Ватани азизамон камар бастаанд, то кишвари офтобию ҳамешабаҳорамон зеботар гардида, сатҳи зиндагии мардум болотар равад. Анъанаҳои наврӯзӣ моро водор месозад, ки барои ободии Ватани азизамон таҳти роҳнамоиву ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон аз ҳарвақта бештар содиқонаву софдилона заҳмат кашему кӯшиш намоем, ки Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо аз Наврӯз то Наврӯз боз ҳам ободу зебо ва неруманду пешрафта гардад, — таъкид кард ­Маҳмадтоир ­Зокирзода.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»