28 июни соли равон дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ нишасти дуюми раисони парлумонҳои кишварҳои АвруОсиё баргузор гардид.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар он муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ намояндагӣ кард.
Ҳамоиш бо ибтикори Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Россия ва Маҷлиси миллии Ассамблеяи Ҷумҳурии Корея доир гардида, роҳбаронашон Вячеслав Володин ва Чунг Сю Кюун онро барои рушди парламентаризм ва тақвияти ҳамкории иқтисодӣ муҳим арзёбӣ намуданд.
Дар нишаст масоили марбут ба таьмини ҳамкории байнипарлумонӣ барои рушди муштарак дар минтақаи АвруОсиё ва мубориза бар зидди терроризм баррасӣ шуданд. Инчунин, пешниҳоди Кореяи Ҷанубӣ оид ба таъсиси кибер — секретариат ва пешниҳоди Федератсияи Россия дар мавриди таъсиси иқтисоди рақамӣ дар баёнияи муштарак якдилона мақбул дониста шуданд.
«Садои мардум»