Иҷлосияи дуюми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Нияти қонун нек, ҳадафаш беҳдошти зиндагӣ ва саодати ҳар оила аст

№102-103 (3739-40) 26.08.2017

DSC_0507Бисту сеюми августи соли 2017 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шукурҷон Зуҳуров Иҷлосияи дуюми  ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  даъвати панҷум баргузор гардид.

РАИС: — Вакилони муҳтарам! Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред.

Ҳоло дар  толор 62 нафар вакил ҳузур доранд.

Бо назардошти моддаи 5-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Иҷлосияи дуюми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро кушода эълон менамоям.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  садо медиҳад).

РАИС:- Вакилони муҳтарам!

Ба мо лозим аст, ки Комиссияи баҳисобгирии овозҳои вакилонро дар Иҷлосияи дуюми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум интихоб намоем. Ба баррасии шумо номзадии вакилони зерин пешниҳод карда мешавад:

Раиси комиссия :

Раҷабов Равшан Муҳитдинович — вакил аз ҳавзаи интихоботии Конибодом, №19.

Аъзои комиссия :

Тағоймуродов  Анвар Ҳайдарович – вакил аз ҳавзаи интихоботии Қӯрғонтеппа, №26;

Мирзозода Мавлудахон Зайнӣ – вакил аз ҳавзаи интихоботии Бобоҷон Ғафуров, №14.

Оид ба номзадҳо чӣ гуна фикру мулоҳиза доред?

Пешниҳод аст, ки ба овоз монда шавад.

Аз вакилони муҳтарам хоҳиш мекунам, ки мавқеи худро оид ба ин масъала муайян намоянд.

Қарор қабул шуд.

РАИС: - Ба мо лозим аст, ки Котиботи Иҷлосияи дуюми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро интихоб намоем.

Ба баррасии шумо номзадии вакилони зерин пешниҳод карда мешавад:

Раиси котибот:

Сафарзода Бахтовар Амиралӣ – вакил аз ҳавзаи интихоботии Вахш, №32.

Аъзои котибот:

Акрамзода Баҳодур Исмоил – вакил аз ҳавзаи интихоботии Ҷаббор Расулов, №16;

Қодирова  Мусалам Асомидиновна  — вакил аз ҳавзаи интихоботии Шаҳринав, №6.

Оид ба номзадҳо чӣ гуна фикру мулоҳиза доред?

Пешниҳод аст, ки ба овоз монда шавад.

Аз вакилони муҳтарам хоҳиш мекунам, ки мавқеи худро  оид ба ин масъала муайян намоянд.

Қарор  қабул шуд.

РАИС: — Вакилони муҳтарам ! Ба мо лозим аст, ки гурӯҳи назорати системаи электронии овоздиҳиро дар Иҷлосияи дуюми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум интихоб намоем.

Ба баррасии шумо номзадии вакилони зерин пешниҳод карда мешавад:

Роҳбари  гурӯҳ:

Саидов Ҷамшед Ҳамроқулович — вакил аз ҳавзаи интихоботии Сино, №4.

Аъзои гурӯҳ:

Раҳмонзода Абдулғаффор Азиз – вакил аз ҳавзаи интихоботии Кӯлоб, № 37;

Мансурӣ Дилрабо Сайдулло – вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ.

Оид ба номзадҳо чӣ гуна фикру мулоҳиза доред?

Пешниҳод аст, ки ба овоз  монда шавад.

Аз вакилони муҳтарам хоҳиш мекунам, ки мавқеи худро оид ба ин масъала муайян намоянд.

Қарор қабул шуд.

Аз вакилоне, ки ба ҳайати Комиссияи баҳисобгирии овозҳо, Котибот ва Гурӯҳи назорати системаи электронии овоздиҳӣ интихоб шудаанд, хоҳиш мекунам, ба иҷрои вазифаҳояшон шурӯъ намоянд.

Вакилони муҳтарам!

Акнун ба мо лозим аст, ки тартиби инъикоси кори Иҷлосияи дуюми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро аз тариқи воситаҳои ахбори омма муайян намоем.  Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Салимзода Олим дода мешавад. Марҳамат.

 САЛИМЗОДА Олим:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Ба таваҷҷуҳи шумо лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби инъикоси кори Иҷлосияи дуюми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» пешниҳод карда мешавад.

Мутобиқи банди 137-уми Дас­тури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Рафти кори Иҷлосияи дуюми  ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум тавассути Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Сафина», «Ҷаҳоннамо», «Баҳористон», радиои Тоҷикистон ва радиои  «Садои Душанбе» ба таври фишурда пахш карда шавад.

2. Маводи кори Иҷлосияи дуюми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум дар ҳаҷми пурра дар нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Садои мардум» чоп карда шавад.

3. Маводи кори Иҷлосияи дуюми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ба воситаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикис­тон «Ховар» дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявии «Ҷумҳурият», «Народная газета» ва «Халқ овози», дар рӯзномаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятӣ, шаҳри Душанбе, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ чоп карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби инъикоси кори Иҷлосияи дуюми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум»  ба овоз монда шуд ва Қарор қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба рӯзномаи Иҷлосияи дуюми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» бо фарогирии масъалаҳои зерин ба овоз монда, Қарор қабул шуд:

1. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

2. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ»

3. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ»

4. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ»

5. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани  тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»

6. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон»

7. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо  ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

8. Дар бораи Ёддошти тафоҳум ва ҳамкорӣ байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба амалӣ гардонидани асосноккунии техникиву иқтисодии лоиҳаҳои сохтмони «Бинои нави парламент ва маҷмааи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон».

РАИС: - Ба баррасии масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа шурӯъ менамоем. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» сухан ба раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода  Сулаймон Пирхон дода мешавад.

ДАВЛАТЗОДА Сулаймон:

- Муҳтарам Раис, вакилони муҳтарам!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот ба муносибати 10-солагии қабули қонуни мазкур қайд намуданд: «Таҷрибаи даҳсола собит менамояд, ки вобаста ба рушди ҷомеа ва ҳимояи манфиатҳои шаҳрвандон зарурати такмили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба миён омадааст». Дар ин замина, лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ва беҳтар гардидани шароити иҷтимоӣ ва вазъи оилавии шаҳрвандон таҳия шудааст.

Дар лоиҳа як қатор меъёрҳои нав пешниҳод гардидаанд, ки онҳо барои ҳимояи манфиатҳои аҳолӣ равона шудаанд. Аз ҷумла, фаъолияти  комиссияҳои доимии маҳаллӣ ва ҷамъиятӣ, салоҳияти онҳо ва мақоми ваколатдор мушаххас ва дар рӯзҳои Иди Рамазон, Иди Қурбон оростани дастурхони маънавии хоксорона, роҳ надодан ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ пешбинӣ гардидааст.

Инчунин, дар лоиҳа (моддаи 9) тартиби нави гузаронидани хатнасур пешниҳод шудааст, ки тибқи он минбаъд хатнасур дар доираи оила ва бе хизматрасонии санъаткорон гузаронида мешавад. Хатна бошад, бо розигии падару модар аз рӯзи таваллуди писар то рӯзи бистуми баъди таваллуд дар муассисаҳои тиббии дахлдор ба таври ройгон бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ гузаронида мешавад. Гузаронидани ҳар гуна маъракаҳои ба таваллуди кӯдак вобаста дар доираи оила, бидуни забҳи чорво ва хизматрасонии санъаткорон пешбинӣ мешавад. Маъракаи ақиқа манъ аст. Тартиби нави баргузории хатнасур, ки бо мақсади сарфа намудани маблағҳои падару модарон ва пешгирӣ намудани пастшавии сатҳи зиндагонии мардум пешбинӣ гардидааст, аз ҷониби шаҳрвандон мавриди ҷонибдории ҳаматарафа қарор гирифтааст.

Дар моддаи 10 қонуни амалкунанда номгӯйи маъракаҳои манъшуда  дар иртибот ба тӯйи домодию арӯсӣ васеъ шуда, маъракаҳои ноншиканон, модарталбон, падарталбон, чодарканон, муборакбодӣ, шаҳтоз (роҳбандон) манъ карда мешаванд. Инчунин, баҳри дастгирии иҷтимоии навхонадорон дар ин модда меъёри нав илова карда шудааст, ки тибқи он  минбаъд падару модари домоду арӯс ва ё шахсони онҳоро ивазкунанда бо маслиҳати тарафайн метавонанд ба ҷойи додани оши тӯй маблағи онро ҷиҳати беҳтар гардонидани шароити зиндагии навхонадорон сарф намоянд. Тартиби гузаронидани тӯйҳо ва хатнасури хайриявиро мақоми ваколатдор муайян мекунад.

Раванди баргузории маросими дафну азодорӣ (моддаи 11) низ такмил дода шудааст. Минбаъд тамоми маросими дафну азодорӣ, аз қабили «се», «чил» ва «сол» бе забҳи чорво ва бе додани таом бояд гузаронида шаванд. Тартиби гузаронидани маросими дафну азодориро низ мақоми ваколатдор муайян мекунад.

Гузаронидани маъракаи «ҳоҷизиёрат» дар моддаи 12 қонун манъ карда, меъёри нав вобаста ба ваколатдор намудани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муайян намудани тартиби сафари шаҳрвандон барои адои ҳаҷ ва умра илова шудааст.

Моддаи 14 масъалаи бастани шартномаҳои хизматрасонӣ бо маъмурияти қаҳвахона, ошхона, тарабхона ва тӯйхонаҳоро ба танзим медарорад. Тибқи он масъулияти роҳбарони онҳо дар баробари соҳиби маърака вобаста ба назорати шумораи даъватшудагон ва вақти баргузорӣ пешбинӣ мегардад. Инчунин, таклифҳои бисёре аз сокинони деҳот ба инобат гирифта, дар лоиҳа вақти баргузории маъракаҳо ба тартиби нав пешбинӣ карда шудааст. Яъне, тӯю маъракаҳо дар шаҳрҳо дар рӯзҳои истироҳат аз соати 8 то соати 22 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18 то соати 22, дар шаҳраку деҳот (аз ҷумла шаҳраку деҳоти тобеи шаҳр) дар рӯзҳои истироҳат аз 1 апрел то 31 октябр аз соати 6 то соати 22, аз 1 ноябр то 31 март аз соати 8 то соати 22 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18 то соати 22 гузаронида мешаванд. Давомнокии тӯю маъракаҳо чун пештара то се соат муқаррар карда мешавад.

Ба қонун боби нави 41 илова шудааст, ки дар он масъалаҳои баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандон ҷиҳати иҷрои муқаррароти он, хабардор намудани мақоми ваколатдор ва комиссияҳои доимии маҳаллӣ доир ба баргузории тӯйи домодию арӯсӣ ва маросими азодорӣ, инчунин ҳифз намудани рукнҳои фарҳанги миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ ва либосҳои миллӣ, пешниҳод гардидаанд.

Моддаи 15 қонун дар таҳрири нав пешниҳод шудааст, ки мутобиқи он, дар баробари ҷавобгарии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз мансаб озод намудани шахсони мансабдор, хизматчиёни давлатӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои риоя накардани талаботи қонун аз ҷониби худи онҳо ва ё фарзандонашон пешбинӣ гардидааст.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки ба тарафдории лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъ­ала ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон дода мешавад.

 Қурбонзода  Ҳилолбӣ Ҷумъахон:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар асоси дархосту пешниҳоди сокинони кишвар ҳангоми вохӯриҳо, баромадҳо тавассути воситаҳои ахбори омма, инчунин зимни мулоқот бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии кишвар ба муносибати 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод  гардидааст.

Мақсади мукаммалгардонии меъёрҳои қонуни амалкунанда таъмини ҳимояи манфиатҳои аҳолӣ баҳри сарфа намудани маблағҳои падару модарон ва пешгирӣ кардани пастшавии сатҳи зиндагии аҳли ҷомеа мебошад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон»-ро мавриди омӯзиш қарор дода,  онро ҷонибдорӣ намуданд. Ҳамзамон ҷиҳати такмили он 76 таклифу пешниҳод манзур карданд, ки аз 19 таклиф пурра ва 6 таклиф қисман қабул гардид.

Кумитаи масъул 18 августи  соли 2017 бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва намояндаи мақоми ваколатдор дар ҷаласаи васеъ таклифу пешниҳодҳои ироагардидаро муҳокима намуданд. Бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо, лоиҳаи қонун такмил дода шуд. Мутобиқ ба таклифҳои пешниҳодгардида матни лоиҳа ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ гардонида, ба он боби  алоҳида – боби 41 бо мазмуни зерин илова карда шуд:

«БОБИ 41. Уҳдадории шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ  ҳангоми гузаронидани тӯю маъракаҳо»

Ҳамзамон пешниҳодҳои  Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон  Зуҳуров, ки дар ҷаласаи Шӯро баён гардиданд, ба инобат гирифта шуданд.

Дар маҷмӯъ, ба 11 моддаи лоиҳаи қонун тағйироту иловаҳо ворид гардида, ду моддаи нав-моддаи 51 ва 141илова ва моддаҳои 9 ва 15 дар таҳрири нав пешниҳод гардид.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки ба ҷонибдории лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.

РАИС: — Муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон!  Муҳокимаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қариб чор моҳ идома ва зимни сафарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳия­ҳои кишвар ба суҳбати самимиву ошкоро табдил ёфт. Барои иштирок дар муҳокима ва баррасии масъалаи мазкур имрӯз ба Иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон  Саидмукаррами Абдуқодирзода – раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, Мирзозода Азизулло Файз – муовини раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Баротзода Файзулло – директори Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» низ даъват шудаанд.

Ҳоло суханро ба директори Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» Файзулло Баротзода медиҳем. Марҳамат.

 Файзулло БАРОТЗОДА:

- Муҳтарам Раис,  Раёсат, вакилони гиромӣ, ҳозирини арҷманд!

Тавре Раиси муҳтарам таъкид намуданд, муҳокимаи лоиҳаи қонуни мазкур тӯли чор моҳ тибқи дас­туру супоришҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми минтақаҳои кишвар сурат гирифт. Лоиҳаи қонуни номбурда аз ҷониби аҳолӣ гуногун истиқбол гирифта шуд ва аз мо – масъулони  татбиқи қонун масъулияти зиёдро тақозо менамояд. Ташкил ва гузаронидани корҳои фаҳмонидадиҳӣ қисмати муҳими ин кор аст. Бояд ҳамаи қишрҳои ҷомеа ба дарки он расанд, ки анъана хислати мазҳабӣ  надорад, балки урфу одати халқ мебошад. Танҳо дар заминаи амалӣ намудани муқаррароти қонун ба риояи урфу одатҳои мазҳабии худ мерасем.

РАИС:  — Ба қисмати саволу ҷавоб мегузарем. Марҳамат, кӣ савол дорад?

Ҷаббор АХМЕДОВ: — Дар лоиҳаи қонун омадааст, ки хатнасур дар доираи оила гузаронида мешавад. Мо, мардуми тоҷик, фарзанду хешу табори зиёд дорем. Макони баргузории хатнасур дар оила аст ё ҷойи дигар? Аз ин хусус дар лоиҳа чизе гуфта нашудааст.

Сулаймон  ДАВЛАТЗОДА: — Хатнасур ҷашни хонаводагӣ аст ва дар доираи хонавода, бе даъвати ҳунармандон гузаронида мешавад. Албатта, агар дар хона имкони гузаронидан набошад, онро  дар ягон қаҳвахона ё ҷойи дигари  ҷамъиятӣ бе даъвати ҳунармандон гузаронидан мумкин аст.

Аҳматҷон ҚОБИЛОВ: — Дар пойтахти мамлакат ва вилояти Суғд анъанае ҷорӣ шудааст: ба оилаи арӯс пешниҳод  мекунанд, ки як ҳуҷраи ба ихтиёри нав­хонадорон  вогузоршавандаро то баргузории тӯй пурра ҷиҳозонанд. Дар лоиҳаи қонун оё муқаррароте ҳаст, ки садди он шавад?

Сулаймон ДАВЛАТЗОДА: — Гурӯҳи корӣ ба ин масъала  машғул аст ва дар муҳлатҳои наздик ба қонунҳои амалкунанда, аз ҷумла Кодекси оила, тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид карда мешаванд.

Қонун ҳамаро ба сӯи сабукӣ даъват менамояд. Ҳатто дар қонун омадааст, ки бо розигии ҷонибҳо маблағеро, ки барои оши тӯй харҷ мешавад, онҳо метавонанд барои беҳбудии хонадони навтаъсис сарф намоянд.

РАИС: — Боз кӣ савол дорад? Марҳамат, сухан ба Абдураҳим Холиқзода.

Абдураҳим ХОЛИҚЗОДА: — Муҳтарам Раис! Ман ба гуфтаҳои Давлатзода  илова дорам.

Мафҳуми «ҷиҳозонидани хонаи арӯс» дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ маънои хеле васеъ гирифтааст. Бинобар ин, аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон ба лоиҳаи қонун мафҳуми «хонакашон» ҷойгир  ва ин русум манъ карда шудааст.

РАИС: — Сухан ба Содиқова Насиба, вакил аз ҳавзаи ягонаи умуми­ҷумҳуриявӣ дода мешавад.

Насиба СОДИҚОВА: — Моддаи  9 муқаррар намудааст, ки хатнасур танҳо дар доираи оила ва бе хизматрасонии ҳунармандон гузаронида мешавад. Агар хатнасур якҷо бо тӯйи домодию арӯсӣ сурат гирад ё дар ягон қаҳвахона ё дигар ҷойи ҷамъиятӣ гузаронида шавад, муқаррароти он чӣ гуна хоҳад буд? Ин ҷо гап сари он меравад, ки баъзе тарабхонаҳо сарояндагони доимӣ доранд ва фаъолияти онҳо ба хатнасур ҳеҷ алоқамандӣ надорад.

Сулаймон ДАВЛАТЗОДА: — Дар масъалаи муқаррароти гузаронидани тӯйи арӯсиву домодӣ тағйирот пешниҳод  нашудааст. Агар хатнасур бо тӯйи арӯсӣ якҷо шавад ҳам, шумораи даъватшудагон тағйир намеёбад. Яъне, дар доираи қонун  гузаронидани маъракаҳои оилавӣ иҷозат дода шудааст, хоҳ дар хона бошад, хоҳ дар тарабхона  ё қаҳвахона.

РАИС: — Кӣ илова кардан мехоҳад? Марҳамат, сухан ба Абдураҳим Холиқзода. Зикр кардан мехоҳам, ки номбурда узви гурӯҳи корӣ буданд ва қисмати зиёди ин масъалаҳо ба он кас маълум мебошанд.

Абдураҳим ХОЛИҚЗОДА:

- Муҳтарам Раис, вакилони арҷманд!

Маъракаи «хатнасур» дар қонуни амалкунанда ба гурӯҳи маъракаҳои иҷтимоӣ  шомил мебошад ва тибқи лоиҳаи пешниҳодшуда  акнун он ба шумули маъракаҳои оилавӣ дохил мегардад. Тибқи қонуни амалкунанда, ба маъракаи «хатнасур» то 60 нафар даъват карда мешуд ва ҳоло ки он ба гурӯҳи маъракаҳои оилавӣ дохил карда мешавад, зарурат ба таъкиди миқдори даъватшудагон намемонад, яъне танҳо дар доираи оила гузаронида мешавад.

Вобаста ба қисмати дуюми савол мехоҳам гӯям, ки маърака метавонад тибқи муқаррароти моддаи 13-уми қонун дар тарабхона  ё қаҳвахона низ гузаронида шавад ва дар ин ҳолат ҳунармандоне, ки он ҷо ҳунарнамоӣ мекунанд, ба ин маъракаи оилавӣ бояд муносибате надошта бошанд.

РАИС: — Боз кӣ илова дорад?

Марҳамат. Сухан ба  Раҷабов Равшан, вакил аз ҳавзаи интихоботии Конибодом №19.

Равшан РАҶАБОВ: - Дар моддаи 13- уми қонун ҷойи баргузории тӯю маъракаҳо нишон дода шудааст. Дар мавриди баргузории «хатнасур» бошад, дар моддаи 9 пешбинӣ шудааст, ки он ба таври ихтиёрӣ, дар доираи оила бе иштироки санъаткорон гузаронида мешавад. Инро бояд  дақиқ муайян намуд.

РАИС: — Қонуни миллии мо бояд дақиқу саҳеҳ бошад. Воқеан ҳам дар рафти амалӣ кардани он саволҳои зиёде ба миён меоянд. Инро бояд  мақоми ваколатдор ва мову шумо — вакилон ба  инобат гирем.

Ҳоло сухан ба Ҷобирзода Тоҳир, вакил аз ҳавзаи интихоботии Бохтар, №27 дода мешавад.

Тоҳир ҶОБИРЗОДА: — Муҳтарам Раис, саволи ман ба муҳтарам Давлатзода дахл дорад. Оё дар  маъракаи хатнасур забҳи чорво  мумкин аст?

Сулаймон ДАВЛАТЗОДА: — Чун «хатнасур» чорабинии оилавӣ аст, инсон барои  ниёзмандии оилавиаш метавонад чорвоеро забҳ намояд ва аз он ҳисоб  меҳмононашро зиёфат диҳад.

РАИС: - Ин саволи басо  бамаврид буд ва аз ин хусус зиёд пурсон мешаванд. Биноан, ин масъаларо шарҳ додан  бамаврид буд.

Ҳоло сухан ба Усмонзода Саид­ҷаъфар, вакил аз ҳавзаи интихоботии Фархор, №34 дода мешавад.

Саидҷаъфар УСМОНЗОДА: - Муҳтарам Давлатзода механизми иҷрои қонун дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ чӣ гуна роҳандозӣ мешавад?

Сулаймон ДАВЛАТЗОДА: - Дар қонун  вазифаю салоҳияти мақоми ваколатдор ва комиссияҳои доимоамалкунанда, ки дар шаҳру ноҳияҳо таъсис дода шудаанд, мушаххасан дарҷ гардидааст. Инчунин, пешбинӣ мешавад, ки низомномаи комиссияи доимӣ дар ҷаласаҳои маҷлисҳои маҳаллӣ дида, ҳисоботи фаъолияти комиссияҳои доимӣ шунида мешаванд. Онҳо ҳар шаш моҳ ба мақоми ваколатдор аз ин хусус ҳисобот пешниҳод менамоянд, зеро барои пешбурд ва татбиқи  қонуни мазкур вазифадор мебошанд.

РАИС:- Боз кӣ савол дорад? Нест. Ин тавр бошад, ба музокира шурӯъ мекунем. Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъ­алаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Ғаффоров Абдуҳалим дода мешавад.

 Абдуҳалим ҒАФФОРОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд!

Даҳ  сол қабл бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи танзими  анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки барои ба танзим даровардани  ҷашну маросимҳои миллӣ нақши бориз бозид. Мардуми   хирадпеша  ва шарафманди тоҷик  дар тӯли қарн­ҳо ҷашну анъана ва маросимҳои зиёдеро соҳиб буд, ки то ҳол ҷойгоҳи хешро гум накарда, дар рушди олами маънавӣ ва тарбияи ахлоқи ҳамидаи наслҳо хизмати гаронқад­ре кардаанд ва мекунанд.

Вақте ки мо ҳазорсолаи дуюмро паси сар карда, ба ҳазорсолаи савум қадам гузоштем, расму оин ва ҷашну маросимҳои мо низ вобаста ба давру замон мазмуну сифати навро гирифтанд, ки нигоҳ доштан ва арҷгузорӣ ба онҳо вазифаи ҳар як фарди равшанзамир ба шумор меравад.

Истиқлолият имкон дод, ки мо ба ҷашну анъана ва оину маросимҳоямон умри дубора бахшем. Тӯли 10 соли сипаришуда қонуни мазкур як қатор дастовардҳову беҳбудӣ ва ҳамчунин камбудиҳоро дар риояи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ошкор намуда, дар зеҳни мардуми фарҳангсолор ва меҳнатдӯсти тоҷик оиди тағйир додани мазмуну муҳтавои зиндагӣ ва қолабҳои шахшудаи хурофотӣ гардиши куллӣ ба вуҷуд овард. Мардум дарк кард, ки ин қонун барои беҳдошти иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ахлоқии ҳар як оила зарур аст.

Бояд зикр намуд, ки тағйиру иловаҳои дар лоиҳаи қонун пешбинишуда қисман ба чорабиниҳои динию мазҳабии  мо рабт дорад. Ҳанӯз ҳам дар ҷашнгирии идҳои Фитр ва Қурбон исрофкорӣ зиёд буда,барои буҷаи оилавӣ мушкилӣ ба бор меорад.

Бояд хотиррасон намуд, ки дар асоси аҳодиси набавӣ ва фатвои фақеҳони ҳанафӣ оиди оростани дастур­хони идона ҳеҷ дастуре мавҷуд нест. Дар ҳадисе Имом Абӯҳанифа аз тобеини машҳур Муҳориб ибни Дисор нақл мекунад, ки ӯ дар хонаи саҳобаи киром Ҷобир Абдуллоҳ меҳмон шуд.Ҷобир ба рӯи хон нон  ва сабзавот гузошту гуфт: «Ҳамоно пайғамбари Худо (с) моро аз таклуфа, яъне таҳаммули сарфу хароҷот ва машаққате аз тавоноӣ бештар манъ карда буд». Аз ин рӯ, ҳама гуна исрофкорӣ ва худнамоӣ хоси дини мубини ислом нест.

Хатнасур низ яке аз урфи мардуми мо буда, дар шакли маъракаи хурсандӣ гузаронида мешавад. Ин амал суннати бозмонда аз Иброҳими Халил аст. Маблағҳои барои хатнасур масрафшавандаро тибқи пешниҳоди лоиҳаи қонун барои рушди маънавии қӯдак сарф кардан ҷоиз аст. Маъракаҳои номгузорӣ, гаҳворабандон, чиллагурезон, мӯйсаргирони тифл бошанд, аз доираи оила берун баромада, хусусияти хурофотиро касб кардаанд.

Пешниҳоди дигари муҳим дар мавриди дафну азодорӣ аст. Ҳамдардӣ ба оилаи азодор басо муҳим мебошад. Вале ҳаминро бояд қайд кард, ки мардуми мо аз хӯрдани ғизо дар маросимҳои «се», «чил», «сол» агар майит ҷавон бошад, худдорӣ мекунанд. Бинобар ин, пешниҳоди Пешвои миллат, ки ҳамаи ин маросим бидуни забҳи чорво ва хӯрок гузарад, дар байни мардум ҳамовозӣ пайдо кард.

Тибқи муқаррароти ҳадисҳои набавӣ, фақеҳони мазҳаби ҳанафӣ ва сарчашмаҳо маросими  азодорӣ се ҷанба дорад. Якум, барои шахси мурда азодорӣ се рӯз аст, танҳо барои зане, ки шавҳараш мурдааст, чор моҳу 10 рӯз аст. Дувум, доду фарёд, зорию тавалло суд надорад, баръакс рӯҳи майит ноором мегардад. Савум, ашк рехтан ҷоиз аст, ҳамчун манбаи раҳму шафқат. Доир ба макон ва замони азодорӣ дар боби «Азодорӣ»- и «Фатвои оламгирӣ» омадааст: «Вақти таъзия то се рӯзи пас аз он аст ва баъд аз он макруҳ аст, ба ҷуз ҳолате ки таъзиягӯ ва таъзияпазир ғоиб ё аз роҳи дур бошанд».

Дар боби оростани дастурхон ва додани таом дар «Радду-л- мухтор» -и Обидин чунин омадааст: «Ва азодорӣ се рӯз басанда бошад, бо далели сухани пайғамбар (с). Барои хонаи Ҷаъфар (номи майит), таом омода кунед, зеро болои онҳо мусибате омадааст, ки онҳоро машғул медорад».

Дар хусуси зиёфат оростан фақеҳ қотеона гуфтааст: «Ва оростани зиёфат ва таом аз ҷониби аҳли майит макруҳ аст, зеро зиёфат додан барои рӯзҳои хурсандӣ аст, на барои рӯзҳои ғаму мусибат ва ин амал бидъати зишт аст».

Аз вакилони арҷманд эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки лоиҳаи қонунро ҷонибдорӣ намоянд.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Латифзода Рустам Барот дода мешавад.

 ЛАТИФЗОДА Рустам Барот:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Раванди мулоқоту вохӯриҳои мо — вакилон бо намояндагони доираҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ, омӯзиши маводи зиёди таҳлилии воситаҳои ахбори омма ва коршиносон бори дигар исбот мекунад, ки сиёсати иҷтимоию иқтисодии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, барои ноил гаштан ба зиндагии муваффақу шоистаи мардуми шарифи кишвар равона гардидааст. Дар даҳ соли амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мардуми кишвар моҳият ва аз ҳама муҳим, нақши созгор гузоштани онро дар танзими  муносибатҳои ҷамъиятӣ ва ҳаёти шахсии ҳар як сокини мамлакат ба хубӣ дарк намуд.

Дар мулоқот бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии кишвар бахшида ба 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус қайд намуданд, ки:  «Танҳо дар сурати дарки амиқи моҳият ва арзиши қонун ва комилан аз байн бурдани бетарафӣ мо метавонем ба татбиқи пурраи мақсаду нақшаҳоямон муваффақ шавем».

Яъне, мо — вакилон дар сафи пеш, дар қатори дигар ниҳодҳои масъули Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳар як фаъоли ҷомеа дар татбиқи қонуни мазкур бояд ҳиссагузор бошем ва фаъолияти худро барои амалӣ гаштани даъвати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати татбиқи дурусти он ва дар оянда аз байн бурдани фарқ байни расму оинҳои маҳалҳои гуногуни мамлакат ва ба шаклу низоми ягона даровардани анъанаҳои миллиамон равона созем.

Фраксияи Ҳизби аграрии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро пурра ҷонибдорӣ менамояд ва аз вакилони гиромӣ хоҳишмандем барои қабули он овоз диҳанд.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва  худидоракунии маҳаллӣ Холиқзода Абдураҳим Ғафор дода мешавад.

 ХОЛИҚЗОДА Абдураҳим Ғафор:

- Муҳтарам Раис, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!                                                       

Халқ, миллат ва давлат организми зиндаи ҳаёти иҷтимоӣ ҳастанд, ки  ҳар дафъа  бо насли нав аз нав тавлид нашуда, пайвастагӣ ва давомияти ҳастии худро бо урфу одат, анъана ва расму оинҳо идома медиҳанд. Анъанаю маросимҳои халқӣ ва динӣ, ки ба манфиати инсон, ҷомеа ва давлатанд, дар баробари ҳуқуқ, ахлоқ ва дигар навъҳои ҷаҳонбинӣ ва меъёрҳои иҷтимоӣ воситаи пайванд ва риштаи муҳими устувории  миллат ва побарҷоии давлат дар масири таърих будаанд. Агар урфу одат ва анъанаю маросимҳо нуқсдор ва аз аслу моҳияти хеш, дур гарданд, ногузир миллатро ба бемории иҷтимоӣ, халқро ба камбизоатӣ ва давлатро ба заифӣ мекашанд.

То қабули қонун вазъи баргузории анъана ва маросимҳои мардумӣ дар кишвари мо бисёр нигаронкунанда буд. Бо сабаби густариш ёфтани зоҳирпарастӣ, афзоиши хурофот ва паст гардидани сатҳи маърифати динӣ ва ахлоқии шаҳрвандон, бисёр ҷашну маъракаҳои миллӣ ва маросимҳои динӣ, ки бояд дар доираи хонавода ва наздикон сурат мегирифт, ба маъракаҳои пурдабдабаву серхароҷот табдил ёфта, ба манфиатҳои иқтисодию иҷтимоии мардум зарари ҷиддӣ ворид менамуд. Аксари мардуми мо бештар ба ҷанбаҳои зоҳирии ҷашнҳо ва маросиму анъанаҳо диққат дода, диндорию миллатдӯстиро ба зоҳирпарастию шаклпарастии бемантиқ табдил карда, мазмуну муҳтаво ва зарурати доир кардани ин расму оинҳоро аз мадди назар дур монданд.

Ҷиҳати пешгирии вазъияти баамаломада 10 сол муқаддам бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат,  Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон нахустин қонуни миллии кишвар — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон»  қабул шуд. Вақт собит сохт, ки иқдоми пешгирифтаи Пешвои миллат саривақтӣ ва ногузир буд. Қонуни миллӣ аз воқеияти зиндагӣ сарчашма гирифта, ба даво бахшидани бемории иҷтимоӣ ва ислоҳоти маънавӣ дар ҷомеа оғоз бахшид. Бузургтарин дастоварди қонун озод намудани мардум аз «андози бениҳоят вазнини афкори ҷамъиятӣ»- яъне: дигарон маро чӣ мегуфта бошанд, буд, ки дар ҷомеаи анъанавии тоҷикон решаи бениҳоят чуқур дошт. Аз ин одати вазнин Аврупо ҳанӯз дар замони эҳё, Амрико дар асри ХУ111 ва Ҷопон дар ибтидои асри ХХ озод шуда буданд. Қонун дар кори нигоҳдошти тозагии дини мубини ислом ва ҳифзу тарғиби урфу одат ва анъаноти миллӣ кори бузургеро низ анҷом дод. Тайи ин муддат халқи мо ин қонунро ҳамчун як воситаи гардиши куллӣ, як низомномаи  ислоҳоти маънавӣ дар ташкил ва баргузории маъракаҳои мардумӣ қабул кард.

Қонуни миллӣ, ки бо ҳаёт ва зиндагии халқ пайванди ногусастанӣ дошт, бо мурури замон  даврони аввали ислоҳоти маънавии худро дар кишвар иҷро намуд. Инак, мо дар остонаи давраи дуюми ин ислоҳот қарор дорем.

Арасту, Форобӣ, Берунӣ, Ибни Халдун, Монтескё бо таҳлилҳои илмӣ, таърих бо ҳаводиси рӯзгор собит сохтаанд, ки дар ҳар давроне, ки тавассути қонун баланд бардош­тани ахлоқ, маънавиёт ва ҷанбаҳои инсондӯстии расму оин, маросим ва маъракаҳо аз ҷониби давлатҳо масъалагузорӣ гардидааст, ҳаёти иҷтимоии халқҳо ва кишварҳо ба  таври назаррас рушд ва тараққӣ кардааст. Лоиҳаи баррасишаванда, ки қадами дуюми ислоҳоти азими маънавӣ маҳсуб мегардад, ба пуррагӣ дар доираи манфиатҳои миллӣ, ҳифзи арзишҳои динӣ, мутобиқ ба талаботи Конститутсияи кишвар қабул гардида, танҳо ба як мақсад — ҳифзи манфиати шаҳрвандони кишвар ва ободии ҳар хонадони Тоҷикистон нигаронида шудааст.

Аз фурсат истифода бурда, аз мақомоти дахлдор, масъулини соҳа, хусусан аз комиссияҳои доимӣ ва ҷамъиятӣ, эҳтиромона дархост менамоям, ки дар татбиқ ва иҷрои он бениҳоят эҳтиёткор бояд бошанд. Ба ҳар шаҳрванд ва ҳар оилаи мамлакат  фаҳмонидан лозим аст, ки ин қонун мутобиқ ба талаботи мазҳаби ҳанафии дини мубини ислом дар доираи манфиатҳои миллӣ омода гардида, ба талаботи қолабии ҳуқуқи башар мувофиқ аст.

Нияти қонун нек, ҳадафаш сабукӣ овардан ба мардум, вазифааш беҳтар кардани шароити зиндагии халқ  ва таъмини саодати ҳар оила аст. Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон»-ро ҷонибдорӣ намуда, шуморо эҳтиромона даъват менамояд, ки ба тарафдории он овоз диҳед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Шамсидинзода Мавзуна Шамсидин дода мешавад.

ШАМСИДИНЗОДА Мавзуна Шамсидин:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ! 

Дар таърихи навини давлатдориамон нақши Президенти кишвар, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар робитаи мустаҳкам ва ногусастании ҷомеа бо давлат бениҳоят бузург ва тақдирсоз аст. Таҳия ва қабули нахустин қонуни миллии кишвар, ки ба ислоҳоти расму оинҳо ибтидо гузошт, аз ҷумлаи чунин иқдомҳои созандаи Пешвои миллат маҳсуб мегардад.

Қонуни миллӣ ва ислоҳоти гузаронидаи Пешвои миллат аз рӯзҳои аввали қабулаш таваҷҷуҳи дигар давлатҳоро низ ба худ ҷалб кард. Яъне, қонуни миллии давлати мо, на танҳо барои мардуми мусалмони Тоҷикистон, балки барои ҳамаи мусалмонони Осиёи Миёна ва хориҷ аз он манбаи омӯзиш ва пайравӣ қарор гирифт.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» натиҷаи самарабахш дода, барои баланд бардоштани на танҳо сатҳи зиндагии мардум, балки васеъ намудани ҷаҳонбинӣ ва маърифати онҳо замина мегузорад. Инчунин, қонуне ба афзоиши амалҳои хайр заминаи бунёдӣ гузошт.

Дар муддати амали қонун расму оин, урфу одат, тарзи гузаронидани маъракаҳо сатҳу сифати нав пайдо карданд ва гузашти вақт собит сохт, ки имрӯз ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он зарурат пеш омадааст. Ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо, ки асосан аз пешниҳоду дархости бевоситаи шахрвандон бармеоянд, боиси дастгирии тамоми қишри ҷомеа гардид. Аз ҷумла тағйироту иловаҳои ба моддаи 10 пешниҳодгардида саривақтӣ мебошанд. Тағйиру иловаҳое, ки ба қонун ворид мегарданд, ба пешравии ҷомеа ва барои нигоҳ доштани суннатҳои арзишманди миллат хидмат менамояд.

Аз шумо, вакилони гиромӣ эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ба тарафдории лоиҳаи қонуни баррасишаванда овоз диҳед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Ахмедов Ҷаббор Ҷалолович дода мешавад.

 Ҷаббор АХМЕДОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Зарурат, моҳият ва аҳамияти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну  маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар суханронии Пешвои миллат 11 июли соли ҷорӣ воқеъбинона, пурра ва дурбинона инъикос ёфтаанд. Диққати шуморо ба якчанд паҳлуҳои он ҷалб менамоям.

Бояд қайд намуд, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда натиҷаи на фақат таҳлили 10 соли бурду бохти қонуни амалкунанда, балки ифодаи фикру ақидаи аксарият шаҳрвандони ҷумҳурӣ, назари ҷомеа ва дидгоҳи мардуми Тоҷикистон мебошад. Дар ҳақиқат, замона бо гузашти солҳо собит сохт, ки қабули қонуни мазкур дуруст будааст. Боиси хурсандист, ки нахусттаҷрибаи Тоҷикистон дар ин ҷода таваҷҷуҳи бисёр мамлакатҳо, аз ҷумла Ӯзбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон ва ғайраро ба худ ҷалб кард.

Ҳамзамон, татбиқи қонун камбудиҳои ҷиддиро ошкор намуд ва онро бояд бартараф кард. Вобаста ба он, якчанд нуктаро зикр намудан  мехоҳам.

Имрӯз муҳити зиндагӣ, фазои иттилоотиамон дигаргун шудааст ва дар ҷомеа як миқдор хурофоту таассуби динию мазҳабӣ ҷой пайдо кардаанд. Ин ҳама аз беаҳамиятӣ, тангназарӣ, бетафовутӣ ва саҳлангории аҳли ҷомеа ва мақомоти дахлдор дар рӯҳияи мардум ҷойгир шудаанд. Дар натиҷа, худнамоишдиҳӣ, хурофотпарастӣ ҳангоми баргузории ҷашну маросимҳо солҳои охир баръало зоҳир гардид.

Як мисол меорам. Гузаронидани маъракаи ақиқа ва рӯйбинон маҳз дар 5 — 6 соли охир дар байни мардуми вилояти Суғд пайдо гардид ва хуб шуд, ки мутобиқи лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда минбаъд онҳо манъ карда мешаванд.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда ва алалхусус, тағйиру иловаҳо ба моддаҳои 9, 10, 11 ва 12-уми қонуни амалкунанда маҳз барои пешгирӣ намудани равандҳои номатлуб дар ҳаёти иҷтимоӣ равона шудаанд. Имрӯз, дар баробари он ки кулли мардуми Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ мекунанд, ҳастанд онҳое, ки фикру ақидаи худро доранд. Нуктаи назаре, ки гӯё бо ин амал мо дахолати давлатро ба ҳаёти шахсии одамон бештар мегардонем, беасосанд. Таърихи бисёр давлатҳо собит намудааст, ки дар марҳилаҳои муайяни давлатдорӣ ҳар гуна маҳдудиятҳо, агар онҳо баҳри беҳтар  гардонидани ҳаёти шаҳрвандон, бехатарӣ ва беҳтар шудани вазъи иҷтимоии онҳо равона шуда бошанд, маъқул шуморида мешаванд. Иловатан, бояд иқрор шуд, ки ҷомеаи мо аз лиҳози даромаднокӣ ба якчанд гурӯҳ ҷудо шудааст. Ҳастанд гурӯҳҳое, ки дороянд ва метавонанд тӯю маъракаҳои дабдабанок гузаронанд, ки боиси пайдо шудани норозигӣ ва ғазаби як гурӯҳи ҷомеа хоҳад гардид. Вазифаи мақоми қонунгузори мамлакат пешгирӣ кардани чунин раванди номатлуб ва танзим дар ин ҷода мебошад.

Нуктаи дигаре, ки мехостам таъкид намоям, оқибатҳои иқтисодӣ ва молиявии қабули лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда мебошад. Он, пеш аз ҳама, ба беҳтар шудани вазъи молиявӣ, иқтисодии оилаҳо, дигаргун шудани мазмуну ҳадафҳои муҳоҷирати меҳнатӣ равона шудааст. Маълум аст, ки яке аз мақсадҳои асосӣ ва аввалиндараҷаи муҳоҷирати меҳнатӣ ин омодагӣ ба тӯйи хонадоршавӣ ва хатнатӯйи фарзандон ба ҳисоб меравад. Бовар дорам, ки қонуни имрӯзаи мо яке аз омилҳое мегардад, ки минбаъд мазмуну ҳадафҳои моро дар ин ҷода дигаргун месозад ва метавонем дар оянда қишри миёнаи аҳолиро дар ҷумҳурӣ то ба 50 фоиз расонем.

Акнун якчанд сухан дар бораи чораҳое, ки бояд ҳангоми татбиқ кардани қонуни мазкур ба эътибор гирифта шаванд. Пеш аз ҳама, бояд пасандозҳои падару модарон ба номи писаронашон аз ҳисоби маблағҳои сарфашуда дар бонкҳо (қисми 5 моддаи 9) дорои шартҳои имтиёзнок ва кафолатҳои давлатӣ бошанд. Ин меъёр дар қонуни амалкунанда ҳаст, вале дар лоиҳаи пешниҳодшуда мавҷуд нест. Аз ин рӯ, ба ташкилотҳои қарзии ватанӣ зарур аст, ки ин нуқтаро ба эътибор гиранд ва бо ин ҳавасмандии падарону модаронро бештар гардонанд.

Вазорату кумитаҳо ва дигар мақомоти ҳокимияти давлатиро зарур аст, ки ҷиҳати татбиқи қонун чораҳои зарурӣ андешанд. Мақоми ваколатдори давлатӣ бояд бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтар намудани мазмуну моҳияти маросимҳои тӯйи домодию арӯсӣ, тартиби хизматрасонии санъаткорон чораҳои судманд андешанд. Пеш аз ҳама, бояд ба сенарияҳои тӯйҳо, матни суруду таронаҳои дар тӯй садодиҳанда, сифати хизматрасонӣ, ҳифзи рукнҳои либосҳои миллӣ ва саҳанавӣ диққат дод.

Ҳамчунин зарур аст, ки ҷиҳати ба танзим даровардани нархномаи хизматрасонии санъаткорон Хадамоти зиддиинҳисорӣ якҷоя бо Кумитаи андоз чораҳо андешанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳаққи хизматрасонии санъаткорон ниҳоят гарон мебошад ва он вобаста ба категория аз 500 то 5000 долларро ташкил медиҳад. Ин фақат барои маросими зиёфат. Илова бар он, барои хизмат дар оши наҳор аз 500 то 2000 сомонӣ. Магар чунин нархнома аз рӯи адолат аст? Албатта, ин  иқтисодиёти бозаргонӣ аст ва ҳар кас мувофиқи имкони худ амал мекунад. Вале «ситора»- ҳои ҳунар ба ин васила андозаи нархи хизматрасонии ҳунармандони ҳаваскорро боло мебаранд, ки на ҳамеша аз рӯи инсоф мебошад. Фаъолияти қаҳвахона, ошхона, тарабхона ва тӯйхонаҳо низ назорати доимиро талаб менамояд. Алалхусус, сифати хизматрасонӣ, ҳолати санитарӣ, сифатнокии зарфҳои ошхона, нархномаи хизматрасонии онҳо бояд  мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор гирад, зеро дар ин ҷода камбудиҳои хеле ҷиддӣ вуҷуд доранд.

Вобаста ба меъёрҳои нав пешбинишуда оид ба гузаронидани расмиёти хатна дар муассисаҳои тиббии дахлдор (қисми 2, моддаи 9) ва оид ба уҳдадории шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар бораи хабардор намудан оид ба баргузории тӯйи домодию арӯсӣ ва маросими азодорӣ (моддаи 14) ба мақоми ваколатдори давлатӣ ва комиссияҳои доимии маҳаллӣ зарур аст, ки тартиботро тавре ба роҳ монанд, ки он ба мардум сабукӣ орад, на сарсону саргардон гардонад.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонунро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Бобоева Гулнора Исломовна дода мешавад.

 Гулнора БОБОЕВА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид, аз ҷониби аҳли ҷомеа хуш пазируфта шуд. 

Комиссияи босалоҳияте,ки бо супориши Президенти кишварамон аз ҳисоби кормандони сохтору мақомоти дахлдор таъсис шуд, дархости мақомоту ташкилот ва шаҳрвандонро ҳамаҷониба арзёбӣ намуда, хулосаҳои худро ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни амалкунандаи танзим пешниҳод кард.

Бо супориши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон тавассути телефонҳои боварӣ, почтаҳои электронӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма фикру дархост, таклифу пешниҳоди шаҳрвандони ҷумҳурӣ ҷамъ оварда шуд. Аз ҷониби онҳо фикру мулоҳизаҳои ҷолиб оид ба бандҳои алоҳидаи қонун вобаста ба  маросими азодорӣ, хонадоршавии ҷавонон, муайян кардани вақти баргузории маъракаҳо дар баъзе минтақаҳои кишвар вобаста ба мавсими сол, пурра аз байн бурдани баъзе расму оинҳои ба мардуми мо бегона, манъи забҳи чорво дар оши чил ва оши сол, кам кардани хароҷоти тӯю маъракаҳо, таъин  ва татбиқи ҷазо нисбат ба шахсоне, ки бандҳои алоҳидаи қонунро риоя намекунанд ва ғайра пешниҳод гардиданд.

Сарфаи умумӣ аз ҳамаи намуди маъракаву маросимҳо  дар тӯли 10 сол беш аз 18 миллиард сомониро ташкил кардааст. Маб­лағҳои сарфашударо шаҳрвандон барои  беҳтар намудани шароити зиндагӣ, бунёду обод гардонидани манзилҳои истиқоматӣ, харидории воситаҳои нақлиёт ва асбобу таҷҳизоти рӯзгор, инчунин таълиму тарбияи фарзандон равона карданд.

Бо қабули лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда метавон роҳи ҳалли бисёр мушкилоти ҳаётан муҳими аҳли ҷомеаро пайдо кард.

Аз вакилони гиромӣ хоҳишмандам лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоянд.

РАИС: - Сухан оид ба ин масъала  ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Усмонзода Саидҷаъфар Усмон дода мешавад.

 Усмонзода Саидҷаъфар Усмон:

 - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини  арҷманд!

Яке аз вазифаҳои асосии Давлат ва Ҳукумат ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ба шумор меравад. Расму анъана ва ҷашну маросимҳо низ аз ҷумлаи арзишҳои фарҳангӣ  маҳсуб меёбанд. Дар давраҳои гуногуни таърихӣ тағйироте, ки дар ҷомеа зуҳур мекунад, дар шакли трансформатсия ба зиндагии мардум ворид мешавад ва  шакл мегирад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», пеш аз ҳама, сиёсати  мардумсолории роҳбарияти Давлату Ҳукуматро ифода мекунад. Бинобар ин, баъзе моддаҳои қонун характери тавсиявӣ низ доранд, зеро  метавонад барои мардум сабуктар бошад. Яке аз сабабҳои асосии қабули ин қонун  даҳ сол қабл аз он иборат буд, ки дар давоми 20- 25 соли охир мардуми мо суннатгаройиро ба ҳадди иғроқ расониданд, ки илоҷи дигаре ба ғайр аз  пеши роҳи онро гирифтан вуҷуд надошт. Бинобар ин, қабули қонун он вақт зарурати бебаҳс буд ва ҳоло бо гузашти 10 сол татбиқи амалии он нишон дод, ки баъзе моддаҳои қонуни мазкур ба тағйиру иловаҳо ниёз доранд ва заминаи лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда асосан аз ҳамин иборат аст.

Ба ҳамаи мо  маълум аст, ки то ба ҳол аксари оилаҳо  маблағҳои солҳо ҷамъкардаашонро барои баргузории хатнасуру тӯйи домодиву арӯсӣ сарф мекунанд. Бо назардошти ин,  ҳамчун маъракаи оилавӣ унвон гирифтани хатнасур ва манъ  кардани якчанд ҷузъи нолозими  таркибии тӯйи домодиву арӯсӣ ва маблағҳои аз ин ҳисоб сарфашавандаро барои тарбияи  фарзанд ва беҳтар сохтани шароити зисти оилаҳои ҷавон равона кардан аз омилҳои муҳим ба ҳисоб меравад.

Зарур аст, ки мақомоти ваколатдор якҷо бо мақомоти  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ татбиқи қонуни мазкурро назорат намуда, корҳои фаҳмондадиҳиро дар ин самт тақвият бубахшанд.

Лоиҳаи қонуни баррасишавандаро ҷонибдорӣ менамоям ва аз  шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоҳишмандам онро дастгирӣ намоед.

РАИС: - Муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон! Яке аз  масъ­алаҳои муҳим дар ҷараёни амалишавии қонуни мазкур маросими азодорӣ аст, ки аз қаъри садсолаҳо омадааст. Дар иҷлосияи имрӯза раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррами Абдуқодирзода иштирок доранд. Ман фикр мекунам, ки дар  иҷрои маросими азодорӣ саҳми имомхатибон, муллоҳои масҷидҳои  панҷвақтаи шаҳру навоҳию деҳот бисёр муҳим аст. Баъди қабули тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур  нашавад, ки дар  маросими серӯзагӣ ё «чил» ва ё «сол»- и шахси фавтида касе ӯро ёд накунад. Ба дари хонаи вай касе наравад.

Ҳоло вобаста ба ин масъала ва масъалаҳои дигари ба лоиҳаи қонун дахлдошта суханро ба раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррами Абдуқодирзода медиҳам. Марҳамат.

 Саидмукаррами АБДУҚОДИРЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Мо — ходимони дин ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем, зеро ибтикору пешниҳодоташон ҳамеша ба дастгирии  мардум ва беҳдошти зиндагии онҳо нигаронида шудааст.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну  маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар давоми солҳои татбиқи амалиаш дар беҳбуди шароити зиндагии мардум нақши муҳим гузошт. Ҳоло тағйиру иловаҳое, ки ба ин қонун  пешниҳод шудаанд, низ ҳамин мақсадро ба дунбол доранд.

Дини мубини ислом танҳо зиёфатро садақа намегӯяд, чеҳра кушодан, табассум карданро низ садақа мешуморад. Ҳар некӣ садақа аст ва ҳар подоше низ садақа. Дар аксарияти кулли олами ислом ёдоварии марҳум бо роҳи дуои хайру фотеҳа бе додани зиёфат маъмул мебошад.

Таърихшиносон бояд маълум созанд, ки  ин маросимҳо, аз қабили «се», «чил», «сол» аз кадом қарнҳо зуҳур кардаанду чӣ моҳияте доштанд. Аммо дар умум ташнаеро об додан ё зиёфат кардан, ки амри  подош дорад, шояд дар ҳамин асос­ҳо аз асрҳои пешин то ба имрӯз расида, маъмул шуда бошад.  Бинобар ин, ба тартиб даровардан ва танзиму риояи расму оин ва анъанаҳои миллӣ дар зиндагии имрӯзаи мардум вобаста ба таҳаввулоти бавуқӯъпайваста хеле муҳим буда, аҳамияти қонуни мавриди баррасиро ба маротиб боло мебарад.

Аз лаҳзаи қабул шуданаш ин қонун ба мардум сабукӣ овардааст ва минбаъд низ  чунин хоҳад буд. Мутобиқи тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда, минбаъд «хатнасур» чорабинии оилавӣ маҳсуб ёфта, даъвати одамони зиёд ба он пешбинӣ нашудааст. Дар ислом низ чунин аст. Он танҳо маъракаест барои хурсандии  хонавода. Илова бар ин, минбаъд маблағҳое, ки ба ин мақсад ҷамъ оварда шудаанд, барои тарбияи  фарзанд сарф мешаванд, ки  савоби ниҳоят зиёд хоҳад дшт.

Ва ниҳоят, иброз медорам, ки оромию  пешравии миллати мо ба  якмазҳабии мардуми кишвар (маҳзаби ҳанафия) вобастагии  ногусастанӣ дорад ва моро ба мақсадҳои некамон мерасонад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  тасдиқ гардид.

РАИС:- Вакилони арҷманд!  Мо имрӯз ба нахустин қонуни миллии кишвар — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки ба ташаккули низоми ҳуқуқи миллӣ ва рушди қонунгузории халқамон такони ҷиддие бахшидааст, тағйиру иловаҳо ворид намудем.

Мо хуб медонем, ки қонуни мазкур яке аз ташаббусҳои нодири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ҳанӯз  10 сол муқаддам ба ислоҳоти вазъи маънавии ҷомеа оғоз бахшид.  Қонун  ислоҳоти ҳаёти иҷтимоӣ ва тартиби гузаронидани ҷашну маъракаҳои мардумиро  масъалагузорӣ намуда, дар кори озод шудани оилаҳо аз хурофот ва одатҳои вазнин хидмати арзанда кард.

Қобили зикр аст, ки ин қонун мутобиқ ба муқаррароти ислом ва фарҳанги миллӣ буда, дар доираи арзишҳои пурғановати ниёгонамон тарҳрезӣ гардидааст. Амри воқеист, ки ҳар як қонун ё санади меъёрии  ҳуқуқии ба ҳаёт ва рӯзгор пайванд бо тақозои замон ва дигаршавии шароити зиндагӣ ба тағйиру иловаҳо эҳтиёҷ пайдо мекунад. Таҷрибаи даҳсолаи амали қонун собит менамояд, ки вобаста ба рушди ҷомеа ва ҳимояи манфиатҳои шаҳрвандон зарурати такмили он ба вуҷуд омадааст.

Ғояти зарурати ворид намудани тағйирот ба қонуни мазкур талабу дархости шаҳрвандони кишвар ва ҳанӯз ҳам боқӣ мондани баъзе маросими азодории серодам, гузаронидани тӯю маъракаҳои серхароҷот ва бемаврид ба хотири худнамоиву шуҳратпарастӣ мебошад, ки ба фарҳанги миллӣ ва табиати асили дини мубини ислом номутобиқ мебошанд. Вобаста ба ин масъала, бо супориши Пешвои миллат фикру дархостҳои шаҳрвандони ҷумҳурӣ, олимони соҳа ва намояндагони қишрҳои мухталифи  ҷомеа тавассути воситаҳои ахбори омма гирд оварда шуданд. Маълум гашт,  ки аксари шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки мо аз онҳо дар парламенти касбӣ намояндагӣ менамоем, ҷонибдори такмил бахшидани воситаҳои ҳуқуқии таъсиррасонии ҷашну маъракаҳо буда, боз ҳам сабуктар намудани онҳоро хоҳонанд. Бо ин мақсад бо пешниҳоди Президенти мамлакат гурӯҳи кории босалоҳият аз ҳисоби ҳуқуқшиносон бо иштироки намояндагони парламент таъсис ёфт.

Дар асоси дархосту пешниҳодҳои шаҳрвандон такмили меъёрҳои қонун дар самти танзими маъракаи  хатнасур, маросими азодорӣ, пешгирӣ кардани хароҷоти зиёдатӣ дар маъракаю маросими оилавӣ, таҳким бахшидани вазифаҳои комиссияҳои доимию ҷамъиятӣ, вазнин намудани ҷавобгарии ҳуқуқии вайронкунандагони қонун, бахусус шахсони мансабдор, кам кардани забҳи чорво масъалагузорӣ гардида, ба моддаҳои дахлдори қонун тағйиру иловаҳо пешниҳод шуданд.

Инак,  имрӯз мо пас аз баррасии ҳамаҷониба барои қабули ин санади бениҳоят муҳими меъёрии  ҳуқуқӣ овоз додем. Бовар дорам, ки мо бо ин иқдоми худ як амали бузурги таърихиро дар раванди қонунгузорӣ иҷро кардем, ки он бабеҳбуд бахшидан ба сатҳу сифати зиндагии ҳар як сокини Ватани азизамон ҷиҳати ҳифз кардани ҷашну маросимҳои мардумӣ аз хурофот ва  мутобиқ ба манфиатҳои халқамон гиромӣ доштани урфу одатҳо нигаронида шудааст.

Тағйироти воридшуда тағйироти одӣ ба қонун  набуда,  балки  қадами навбатии ислоҳот ба раванди муътадили рушди ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат аст, ки  мақсад ва ҳадафи аслиаш беҳтар кардани маданияти маъракаороӣ ва шароити зиндагии мардуми Тоҷикистон аст. Аз ин рӯ, мақомоти ваколатдор ва масъулини соҳаро зарур аст, ки корҳои фаҳмондадиҳиро дар самти мақсад ва вазифаҳои тағйироти пешниҳодшуда, ки ҳамагӣ ба манфиати мардуми кишваранд, тақвият бахшида, ҳар чӣ зудтар тартиби баргузории маросимҳои азодориро мутобиқ ба арзишҳои динӣ ва миллиамон тибқи талаботи қонун омода намоянд.

Дар тартиб бояд нозукиҳои гузаронидани маросими азодорӣ, мувофиқ ба мазҳаби ҳанафӣ вазифаи масъулини  динӣ ва комиссияҳои доимию ҷамъиятӣ муайян карда шавад. Ҳамзамон, тартиб ва ташкили таъзия, гузаронидани маросими «се», «чил» ва «сол» бе додани таом ва забҳи чорво мушаххас карда шавад. Мо бояд кӯшиш намоем, ки соҳибони майит ва шаҳрвандони кишвар дар қабули таъзия ва фирис­тодани дуо ва салавот ба арвоҳи гузаштагонашон мутобиқ ба талаботи шаръӣ душворӣ накашанд.

Ҳамзамон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки мутобиқи талаботи қисми 2- юми моддаи 9 ҳар чӣ зудтар тартиби иҷрои маросими хатнаро омода карда, масъалаҳои ташкилиро ҳал  ва муассисаҳои тиббии дахлдорро дар шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот муайян намояд.

Шумо, вакилони гиромиро низ эҳтиромона даъват менамоям, ки зимни сафарҳои хидматӣ дар дидору гуфтугӯҳо бо шаҳрвандон ҳар як нукта ва талаботи қонунро сареҳан  фаҳмонед, дар иҷро ва татбиқи он намунаи ибрат бошед.

Дар охир ба ҳамаатон  ва  хусусан ба онҳое, ки дар амалӣ шудани  сиёсати созандаи Пешвои миллат дар низоми қонунгузорӣ заҳмат кашиданд, изҳори миннатдорӣ менамоям.

Мутмаинам, ки бо гузашти солҳо халқи азизамон аз манфиати ин инқилоби маънавӣ ба таври рӯзафзун баҳра бардошта, ҳамаи моро бо некӣ ёд хоҳанд кард.

Ба баррасии масъалаи нав­батӣ – «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба  ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» шурӯъ  менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид дода мешавад.

 Саид Нуриддин Саид:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» бо мақсади иҷрои банди 23 Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми апрели соли 2017, №4 ва банди 11 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷараёни сафари корӣ ба ноҳияи Данғара ва мулоқот бо фаъолони вилояти Хатлон рӯзҳои 12 — 13 майи соли 2017 баён доштанд, таҳия гардида, ба моддаи 21 иловаҳои зерин ворид карда шуд:

- ба қисми 11 сархати нуҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«- ба муассисаи таълимӣ омадан бо идора намудани воситаҳои нақлиёти механикӣ;».

- ба қисми 16 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«Дар сурати бо идора намудани воситаҳои нақлиёти механикӣ ба муассисаҳои таълимӣ омадани донишҷӯ бе ҳуқуқи барқарор шудан ба муҳлати се сол аз муассисаи таълимӣ хориҷ карда мешавад.».

Тағйирот ба қонуни мазкур бо мақсади ба танзим даровардани рафтуомади донишҷӯён ба муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ, таъмини устувори раванди таълиму тарбия, пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ва баланд бардоштани масъулияти донишҷӯёни муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ амалӣ карда мешавад.

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро  дастгирӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Раҷабова Лутфия Нусратовна дода мешавад.

Лутфия РАҶАБОВА :

- Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон аз 16 августи соли 2017, №1325 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон барои хулоса ирсол гардида буд.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи маориф, такмили қонунгузории соҳа,  устувории раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, пешгирӣ ва коҳиш додани қонуншиканиҳо дар самти идораи воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои кишвар ва баланд бардоштани масъу­лияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд таҳия гардидааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонунро мавриди баррасӣ қарор дода, барои такмили он 4 таклиф пешниҳод намуданд, ки онҳо ҷонибдорӣ шуданд.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон лоиҳаи қонуни мазкурро 18 августи соли 2017 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуд. Тағйиру иловаҳои воридгардида ба лоиҳаи қонун аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласа дастгирӣ ёфтанд.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ»-ро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул ва вобаста ба он Қарори Маҷлиси намояндагон тасдиқ гардид.

РАИС: — Оид ба масъалаи нав­батӣ — «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» сухан ба вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид дода мешавад.

 САИД Нуриддин Саид:

 - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» бо мақсади иҷрои банди 23 Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми апрели соли 2017, №4 ва банди 11 Нақшаи чорабиниҳо  оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷараёни сафари корӣ ба ноҳияи Данғара ва мулоқот бо фаъолони вилояти Хатлон рӯзҳои 12-13 майи соли 2017 баён доштанд, таҳия гардидааст. Тибқи тағйирот ба қисми 5 моддаи 19 сархати дуюм бо мазмуни зерин илова карда шудааст:

«- бо идора намудани воситаҳои нақлиёти механикӣ ба муассисаи таълимӣ наоянд. Дар сурати риоя накардани талаботи меъёри мазкур таълимгирандагон бе ҳуқуқи барқарор шудан ба муҳлати як сол аз муассисаи таълимӣ хориҷ карда мешаванд;».

Тағйирот ба қонуни мазкур бо мақсади ба танзим даровардани рафтуомади донишҷӯён ба муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ, таъмини устувори раванди таълиму тарбия, пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ва баланд бардоштани масъулияти донишҷӯёни муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ амалӣ карда мешавад.

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкур дастгирӣ карда шавад.

РАИС:- Сухан оид ба ин масъала  ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон  Миралиён  Қиёмиддин Абдусалимзода дода мешавад.

 МИРАЛИЁН Қиёмиддин Абдусалимзода:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ, ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо мақсади такмили қонунгузории соҳа, таҳкими заминаҳои таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани масъулияти ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахусус оила, дар таълиму тарбияи наврасон ва ҷавонон ва пешгирии қонунвайронкуниҳо вобаста ба идораи воситаҳои нақлиёт бо иштироки ҷавонон, пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 августи соли 2017, №1326 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг  ва сиёсати ҷавонон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хулоса ирсол карда шуд. Аз рӯи масъалаи мазкур 18 августи соли 2017 ҷаласаи васеи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон баргузор гардид. Дар ҷараёни баррасии лоиҳа намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми ваколатдори давлатӣ, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Барои такмили лоиҳаи қонуни мазкур 5 таклифу пешниҳод манзур  гардид, ки аз онҳо  се пешниҳод қабул шуд.

Хоҳиш мекунам, лоиҳаи қонунро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул ва вобаста ба он Қарори Маҷлиси намояндагон тасдиқ шуд.

РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ» сухан ба вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид дода мешавад.

 САИД Нуриддин Саид:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ» бо мақсади иҷрои банди 23 Протоколи Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми апрели соли 2017, №4 ва банди 11 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷараёни сафари корӣ ба ноҳияи Данғара ва мулоқот бо фаъолони вилояти Хатлон рӯзҳои 12-13 майи соли 2017 баён доштанд, таҳия гардидааст. Мутобиқи он ба моддаи 19 қисми чорум бо мазмуни зерин илова шуд:

«Ба хонандагон бо идора намудани воситаҳои нақлиёти механикӣ ба муассисаи таълимӣ омадан манъ аст. Хонандагоне, ки бо идора намудани воситаҳои нақлиёти механикӣ ба муассисаи таълимӣ меоянд, аз муассисаи таълимӣ хориҷ карда мешаванд.».

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала  ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Қодирова Мусалам Асомидиновна дода мешавад.

 Мусалам ҚОДИРОВА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод шудааст. Лоиҳа бо мақсади такмили қонуни зикргардида, устувории раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, пешгирӣ ва коҳиш додани қонуншиканиҳо дар самти идораи воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои автомобилгарди кишвар, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва таҳкими раванди идоракунии ҳокимияти давлатӣ таҳия гардидааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур тибқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон аз 16 августи соли 2017, №1327 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон  оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон барои пешниҳод намудани хулоса ирсол гардида буд. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, барои такмил додани он чор таклифу пешниҳод ирсол намуданд, ки 3-тои он қабул шуд.

Аз шумо — вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул ва вобаста ба он Қарори Маҷлиси намояндагон тасдиқ гардид.

РАИС: — Оид ба масъалаи нав­батӣ – «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» сухан ба вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид дода мешавад.

 САИД Нуриддин Саид:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» бо мақсади иҷрои банди 23 Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми апрели соли 2017, №4 ва банди 11  Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷараёни сафари корӣ ба ноҳияи Данғара ва мулоқот бо фаъолони вилояти Хатлон рӯзҳои 12-13 майи соли 2017 баён доштанд, таҳия гардидааст. Тибқи тағйирот ба қисми 10 моддаи 16 пас аз калимаҳои «амалҳои ғайриқонунӣ» калимаҳои «, ба муассисаи таълимии таҳсилоти умумӣ  бо идора намудани воситаҳои нақлиёти механикӣ  омадан»  илова карда шудааст.

Тағйирот ба қонуни мазкур бо мақсади ба танзим даровардани рафтуомади хонандагон ва таълимгирандагон ба муассисаи таълимӣ, таъмини устувори раванди таълиму тарбия, пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ва баланд бардоштани масъулияти таълимгирандагон ва хонандагони муассисаи таълимӣ амалӣ карда мешавад.

Мутобиқи лоиҳаи қонуни мазкур  дар сурати бо мошинҳои шахсӣ ба муассисаи таълимӣ ба дарс омадан ва раванди таълимро халалдор намудан, хонандагон аз муассисаи таълимӣ хориҷ карда мешаванд.

Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Раҷабова Лутфия  Нусратовна дода мешавад.

 Лутфия РАҶАБОВА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», ки бо истифода аз тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади устувории раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, пешгирӣ ва коҳиш додани қонуншиканиҳо дар самти идора намудани воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои кишвар ва баланд бардош­тани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд таҳия ва пешниҳод гардидааст, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон аз 16 августи соли 2017, №1328 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон барои хулоса ирсол гардида буд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, барои такмили он 3 таклиф пешниҳод намуданд, ки қобили қабул дониста шуданд.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон лоиҳаи қонуни мазкурро 18 августи соли 2017 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳои дигар, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуд. Тағйиру иловаи воридгардида ба лоиҳаи қонун аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласа дастгирӣ ёфт.

Аз шумо, вакилони муҳтарам,  эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»-ро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда,  қонун қабул ва вобаста ба он Қарори Маҷлиси намояндагон тасдиқ шуд.

РАИС: — Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» сухан ба вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро дода мешавад.

 РАҲИМЗОДА Рамазон Ҳамро:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ !

Иқдому ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон ва шахсони мансабдори давлатӣ вобаста ба 10- солагии амалӣ гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба пурзӯр намудани ҷавобгарии маъмурӣ нисбат ба ҳуқуқвайронкунандагон, алалхусус шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатӣ, таъмини адолату риояи бечунучарои қонунгузорӣ, амният ва ҳифзи ҳаёту саломатии шаҳрвандон ва манфиатҳои аҳолии мамлакат равона гардидааст.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки новобаста аз тадбирҳои андешида ҷиҳати пешгирӣ намудани қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ, вазъи содиршавии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бо оқибати марговар ташвишовар боқӣ мемонад. Дар 10 соли охир дар ҷумҳурӣ зиёда аз 15 ҳазор садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа қариб 5 ҳазор нафар ҳалок ва зиёда аз 17 ҳазору 700 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Аз ин шумора 518 садамаи нақлиётӣ дар ҳолати мастӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷаи он 160 нафар ҳалок ва қариб 600 нафар захмӣ гардидаанд.

Дар ин давра қариб 2 ҳазору 500 садамаи нақлиётӣ аз тарафи шахсоне, ки бе ҳуҷҷати ронандагӣ нақлиётро идора менамуданд, рух додааст, ки дар натиҷа ба ҳалокати 831 нафар ва ҷароҳат бардоштани зиёда аз 2 ҳазору 800 нафар боис гардидааст.

Ба ин хотир, яъне пурзӯр намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ нисбат ба ронандагоне, ки дар ҳолати мастӣ ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ воситаҳои нақлиётро идора намуда, ба садамаи марговари нақлиётӣ роҳ медиҳанд, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо пешниҳод шуданд.

Қисми 2 дар матни моддаи 50-уми қонуни амалкунанда чунин аст:

«Маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян барои қасдан содир намудани ҷиноят аз як то даҳ сол ва барои ҷинояти аз беэҳтиётӣ содиршуда аз як то панҷ сол ба сифати ҷазои асосӣ ва ба муҳлати аз як то панҷ сол ба сифати ҷазои иловагӣ барои қасдан ё аз беэҳтиётӣ содир намудани ҷиноят муқаррар карда мешаванд».

Пешниҳод шудааст, ки қисми 2-юми моддаи мазкур бо тариқи зайл ифода карда шавад: «маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян аз як то бист сол муқаррар карда мешавад».

Ба моддаи 212 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмҳои 4 ва 5 илова карда мешаванд.

Қисми 4-уми моддаи мазкур дар лоиҳа чунин пешниҳод шудааст:

«Кирдорҳои пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, ки аз тарафи шахси дар ҳолати мастӣ қарордошта ё шахсе, ки ҳуқуқи идора кардани воситаи нақлиётро надорад, содир карда шуда, аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё расонидани зарари вазнин ба саломатии инсон гаштааст, -

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то даҳ сол бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати даҳ сол ҷазо дода мешавад».

Қисми 5-уми моддаи мазкур дар лоиҳа чунин пешниҳод мешавад:

«Кирдорҳои пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, ки аз тарафи шахси дар ҳолати мастӣ  қарордошта ё шахсе, ки ҳуқуқи идора кардани воситаи нақлиётро надорад, содир карда шуда, аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ва зиёда шахсон гардидааст, -

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз даҳ то понздаҳ сол, бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати аз даҳ то бист сол ҷазо дода мешавад».

Идора кардани воситаи нақлиёт аз тарафи шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад ва дар ҳолати мастӣ қарор дорад, дар моддаи 212 прим 2 чунин омадааст:

«Идора кардани воситаи нақлиёт аз тарафи шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад ва дар ҳолати мастӣ қарор дорад, инчунин аз тарафи ин шахс барои идоракунӣ додани воситаи нақлиёт ба шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад ва дар ҳолати мастӣ қарор дорад, агар дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ барои чунин кирдор содир шуда бошад, -

ҷазо дар намуди ба корҳои ҳатмӣ ба муҳлати аз сад то яксаду панҷоҳ соат ё бо ҷарима ба андозаи то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол ҷазо татбиқ мегардад».

Дар матни нав бошад, «бо ҷарима ба андозаи аз 500 то 1000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (25 000-50 000 сомонӣ) ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад».  

Тағйироту иловаҳое, ки ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешаванд, масъулияти соҳибони воситаҳои нақлиётро зиёд намуда, онҳоро водор менамоянд, ки талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро риоя ва дар амал татбиқ намоянд.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Сафарзода Бахтовар Амиралӣ дода мешавад.

 САФАРЗОДА Бахтовар Амиралӣ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади пурзӯр намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои дар ҳолати мастӣ ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ идора намудани воситаҳои нақлиёт ва дар ин ҳолатҳо содир намудани ҷиноят пешниҳод шудааст.

Тавре аз маълумотҳо бармеояд, ҳар сол дар роҳҳои ҷумҳурӣ бар асари садамаҳои нақлиётӣ шумораи зиёди шаҳрвандон ба ҳалокат мерасанд ва аз он бештар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ мебардоранд. Ҳолатҳои аз тарафи ронандагон дар ҳолати мастӣ ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ идора намудани воситаҳои нақлиёт ва содир намудани садамаҳои нақлиётӣ низ зиёд ба қайд гирифта шудааст.

Бо назардошти ин ҳолатҳо, ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо пешниҳод шудааст, ки онҳо барои пурзӯр намудани ҷавобгарӣ дар ин самт равона гардидаанд. Аз ҷумла мувофиқи тағйироте, ки ба моддаи 212 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, барои дар ҳолати мастӣ вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё расонидани зарари вазнин ба саломатии инсон гаштааст, ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то даҳ  сол  бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати даҳ сол пешбинӣ карда мешавад.

Агар ҳамин кирдор боиси марги зиёда аз ду шахс гардад, он гоҳ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз даҳ то понздаҳ сол бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян  ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати аз даҳ то бист сол пешбинӣ шудааст.

Мувофиқи лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда, санксияи моддаи 2122 дар таҳрири нав ифода мегардад, ки он барои идора кардани воситаи нақлиёт аз тарафи шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад ва дар ҳолати мастӣ қарор дорад, инчунин аз тарафи ин шахс барои идоракунӣ додани воситаи нақлиёт ба шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад ва дар ҳолати мастӣ қарор дорад, агар дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ барои чунин кирдор содир шуда бошад, ҷазои ҷиноятиро пурзӯр намуда, онро дар намуди ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то ду сол пешбинӣ менамояд.

Дар баробари ҷазоҳои асосӣ, меъёр дар бораи аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт то 20 сол маҳрум кардани шахсоне, ки дар ҳолати мастӣ воситаи нақлиётро идора намудаанд, ба моддаи 50 Кодекси ҷиноятӣ пешниҳод гардидааст.

Аз ҷониби кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ҷонибдорӣ гардида, ҷиҳати такмили он 5 таклифу  пешниҳод манзур карда шудааст, ки 2-тои он қабул гардид.

Кумитаи масъул  18 декабри  соли 2017 бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон Азизӣ Абдуҷаббор, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ таклифу пешниҳодҳои ироагардидаро муҳокима намуд ва бо назардошти таклифу пешниҳодҳо, лоиҳаи қонуни мазкур такмил дода шуд.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо  ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул ва вобаста ба он Қарори Маҷлиси намояндагон тасдиқ гардид.

РАИС: — Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро дода мешавад.

РАҲИМЗОДА Рамазон Ҳамро:

-  Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Мақсад аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурзӯр кардани ҷавобгарӣ, коҳиш додани қоидавайронкуниҳо дар роҳ, масъулияти ҷиддӣ эҳсос намудани соҳибони воситаҳои нақлиёт ва ҳифзи ҳаёту саломатии шаҳрвандон мебошад.

Дар 10 соли охир дар ҷумҳурӣ нисбати қариб 70 ҳазор нафар ронанда дар ҳолати мастӣ, нисбати зиёда аз 380 ҳазор нафар бе ҳуҷҷати ронандагӣ ва нисбати беш аз 30 ҳазор нафар дар ҳолати мастӣ ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Аз ин рӯ, ҷиҳати пурзӯр намудани ҷавобгарии маъмурӣ барои дар ҳолати мастӣ ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ идора намудани воситаҳои нақлиёт ва барои идоракунӣ додани воситаи нақлиёт ба шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад ва дар ҳолати мастӣ қарор дорад, дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо пешниҳод шуданд.

Дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои ҷудогона, аз ҷумла, моддаҳои 37, 42, 332, 336, 337 ва 342 тағйирот ворид карда, дар онҳо муҳлати аз ҳуқуқи махсус — ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум намудан аз ду то даҳ сол зиёд ва ҷазоҳои пешбинигардида вазнин карда шудаанд.

Қисми 1 — уми моддаи 37 дар таҳрири нав омадааст: «Огоҳӣ, ҷаримаи маъмурӣ, ҳабси маъмурӣ, маҳрум кардани шахси воқеӣ аз ҳуқуқи махсус, боздошти маъмурии амали иҷозатнома, маҳрум кардан аз иҷозатнома, боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият танҳо ба сифати ҷазои маъмурии асосӣ муқаррар ва татбиқ мешавад».

Тибқи таҳрири нав, калимаҳои «маҳрум кардани шахси воқеӣ аз ҳуқуқи махсус» хориҷ карда мешавад.

Дар қисми 1- уми моддаи 42  қонуни амалкунанда омадааст:

«Шахси воқеӣ аз ҳуқуқи махсус (ҳуқуқи идора кардани воситаҳои нақлиёт, шикор, нигоҳ доштан, бо худ гирифта гаштани силоҳи оташфишон, истифодаи воситаҳои радиоэлектронӣ ва ё дастгоҳи баландбасомад, истифодаи қитъаи замин ва ғайра), ки ба ӯ дода шудааст, барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қисми махсуси кодекси мазкур бинобар дағалона ё ба таври мунтазам риоя накардани қоидаҳои истифодаи он маҳрум карда мешавад. Маҳрум кардан аз ҳуқуқи махсус ба муҳлати аз ду моҳ то ду сол муқаррар мешавад».

Тибқи таҳрири нав «Маҳрум кардан аз ҳуқуқи махсус ба муҳлати аз ду моҳ то даҳ сол муқаррар карда мешавад».

Дар қисми 2  моддаи 42 Кодекси амалкунанда омадааст: «Ҷазои маъмуриро судя дар намуди маҳрум кардан аз ҳуқуқи махсус таъин мекунад».

Дар таҳрири нав бошад, пешниҳод гардидааст: «Қарорро оид ба таъин намудани ҷазои маъмурӣ дар намуди маҳрум кардан аз ҳуқуқи махсус судя қабул мекунад».

Барои идора намудани воситаҳои нақлиёт дар ҳолати мастӣ, инчунин вогузоштани идораи воситаи нақлиёт ба шахсе, ки дар ҳолати мастӣ қарор дорад, танҳо ҷазои маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт ба муҳлати ду сол дар моддаи 32 пешбинӣ шуда буд, мувофиқи пешниҳод ҷазо вазнин карда шуда, барои ин «ба андозаи 300 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (15 000 сомонӣ) ҷарима ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати понздаҳ шабонарӯз бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати панҷ сол таъин карда мешавад».

Аз тарафи шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад, идора кардани воситаи нақлиёт ва ё ба шахси ҳуқуқи ронандагӣ надошта барои идоракунӣ додани воситаи нақлиёт, ки моддаи 336 онро ба танзим медарорад, дар қисматҳои татбиқи ҷазо дар қисмҳои 1, 2 ва 3 чунин тағйирот пешбинӣ мешавад:

Қисми 1- уми моддаи 336:

«Барои аз тарафи шахси ҳуқуқи ронандагӣ надошта идора кардани воситаи нақлиёт ба андозаи аз 3 то 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (150-250 сомонӣ) ҷарима пешбинӣ шудааст».

Ҳоло бошад, «ба андозаи 250 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (12 500 сомонӣ) ҷарима таъин карда мешавад».

Қисми 2- юми моддаи 336 пешбинӣ мекард, ки барои ба шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад, вогузош­тани идоракунии воситаи нақлиёт ба андозаи аз 5 то 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (250-350 сомонӣ) ҷарима ситонда мешавад».

Дар таҳрири нав бошад, «ба андозаи 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (10 000 сомонӣ) ҷарима бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати 5 сол  ҷазо таъин карда мешавад.

Қисми 3- юми моддаи 336:

«Барои содир намудани кирдоре, ки дар қисми 1- уми ҳамин модда пешбинӣ шудааст ва боиси расонидани зарар ба воситаҳои нақлиёт, бор, роҳ, иншооти роҳ ва дигар иншоот ё дигар молу мулк гаштааст, ҷазо дар намуди ба андозаи аз 7 то 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (350-500 сомонӣ) ҷарима таъин мегардад».

Ҳоло бошад, ҷазо «ба андозаи 300 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (15 000 сомонӣ) ҷарима таъин карда мешавад».

Дар моддаи 337 омада буд:

«Барои идора кардани воситаи нақлиёт аз тарафи шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад ва дар ҳолати мастӣ қарор дорад, инчунин аз тарафи ин шахс барои идоракунӣ додани воситаи нақлиёт ба шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад ва дар ҳолати мастӣ қарор дорад, инчунин дар натиҷаи ин кирдор зарар дидани воситаҳои нақлиёт, бор, роҳ, иншооти роҳ ва дигар иншоот ё дигар молу мулк, — ҷазо дар намуди ба андозаи аз 50 то 70 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (2500-3500 сомонӣ) ҷарима таъин мегардад».

Дар матни нав бошад, ҷазо «ба андозаи 400 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (20 000 сомонӣ) ҷарима бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати 10 сол таъин карда мешавад».

Дар моддаи 342 омада буд:

«Барои ба идора кардани воситаҳои нақлиёт роҳ додани ронандагоне, ки дар ҳолати мастӣ мебошанд ё шахсоне, ки ҳуқуқи идора кардани воситаҳои нақлиётро надоранд, — ҷазо ба шахсони мансабдор ба андозаи аз 30 то 40 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (1500-2000 сомонӣ) ҷарима таъин мегардад».

Акнун ҷазо «ба шахсони мансабдор ба андозаи 300 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (15 000 сомонӣ) ҷарима таъин карда мешавад».

РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Сулаймон Пирхон дода мешавад.

 ДАВЛАТЗОДА Сулаймон Пирхон:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Мардум дар баромадҳои худ тавассути воситаҳои ахбори омма ва дар вохӯриҳо изҳор медоштанд, ки риоя нагардидани талаботи қонуни мазкур бештар дар миёни шахсони мансабдор, хизматчиёни давлатӣ, сарватмандон, соҳибкорон ва ходимони дин ба мушоҳида мерасад. Бо назардошти ин ҳолат, ба моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот пешниҳод гардидааст, ки мувофиқи он барои риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷавобгарии шахсони мансабдор ва шахсони ҳуқуқӣ пурзӯр карда, андозаи ҷарима нисбати шахсони мансабдор аз 250-270 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне  аз 12500-13500 сомонӣ то 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 25 ҳазор сомонӣ баланд бардошта шудааст. Нисбати шахсони ҳуқуқӣ низ андозаи ҷарима аз 500-520 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 25-26 ҳазор сомонӣ  то 700 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 35 ҳазор сомонӣ баланд бардошта шудааст.

Барои содир намудани ҳамин кирдор ба соҳибкорони инфиродӣ, ходимон ва уламои дин ба андозаи 700 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 35 ҳазор сомонӣ ҷарима таъин карда мешавад.

Барои дағалона ё такроран вайрон намудани тартиби гузаронидани анъана ва ҷашну маросим низ  ҷавобгарӣ пешбинӣ гардидааст, ки ҳангоми содир намудани онҳо ба шахсони воқеӣ ба андозаи шашсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 30 ҳазор сомонӣ, ба шахсони мансабдор ба андозаи ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 40 ҳазор сомонӣ  ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 50 ҳазор сомонӣ ҷарима таъин карда мешавад.

Аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳиш менамоям, ки ба ҷонибдории лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида овоз диҳед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Мирзозода Мавлудахон Зайнӣ дода мешавад.

 МИРЗОЗОДА Мавлудахон Зайнӣ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади таъмини иҷрои талаботи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», пешгирӣ ва коҳиш додани қонуншиканиҳо дар ин самт ва дар самти идораи воситаҳои нақлиёт таҳия шудааст, ки дар ин бора вазири корҳои дохилӣ ва раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти пурра доданд.

Аз ҷониби кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ гардида, ҷиҳати такмили он 13 таклифу пешниҳод манзур шуд, ки қариб ҳамаи онҳо пурра ва қисман маъқул дониста шуданд.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: «Ҳадафи ниҳоии қонунҳои зикршуда, бешубҳа, беҳтар гардонидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва ба камол расидани насли шоистаи миллат, яъне ояндаи осудаи мову шумост».

Аз ин лиҳоз, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки ба ҷонибдории лоиҳаи  қонуни мазкур овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул ва вобаста ба он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: — Ба муҳокимаи масъалаи ниҳоии рӯзнома- «Дар бораи Ёддошти тафоҳум ва ҳамкорӣ байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба амалӣ гардонидани асосноккунии техникиву иқтисодии лоиҳаҳои сохтмони «Бинои нави парламент ва маҷмааи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода дода мешавад.

 Неъматулло Ҳикматуллозода:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Ба манзури шумо Ёддошти тафоҳум ва ҳамкорӣ байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба амалӣ гардонидани асосноккунии техникиву иқтисодии лоиҳаҳои сохт­мони «Бинои нави парламент ва маҷмааи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои тасдиқ пешниҳод мегардад.

Лозим ба ёдоварист, ки Ёддош­ти тафоҳуми мазкур бо мақсади татбиқи лоиҳаи сохтмони бинои парламент ва маҷмааи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз ҳисоби маблағҳои кумакҳои техникии Ҷумҳурии Халқии Хитой бо истифода аз амсилаи баробарҳуқуқи мутақобилаи ҳар ду ҷониб таҳия ва дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2017, №172 ба имзо расонида шудааст.

Фармоишгари лоиҳаҳои мазкур  Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Барои сохтмони биноҳои нави парламент (ба масоҳати 42874 м2) ва маҷмааи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (ба масоҳати 44070 м2) аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой дар доираи кумакҳои техникӣ 1,5 млрд. юан ҷудо мегардад. Арзиши аслии биноҳо дар натиҷаи таҳияи асосноккунии техникию иқтисодӣ муайян карда мешаванд.

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба ҳамкориҳои  техникию иқтисодӣ доир ба пешниҳоди кумаки бебоз­гашт дар ҳаҷми 300 млн. юан аз соли 2014 – ум, 350 млн. аз соли 2015 ва 400 млн. юан аз соли 2016 барои сохтмони  биноҳои мазкур ба имзо расонида шудааст. Бо мақсади омӯзиши лоиҳа ва таҳияи асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаҳои сохтмони биноҳои нави парламент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати коршиносони «Институти меъмории Хитой ва шимолу шарқ оид ба тадқиқоти лоиҳаҳо» моҳи декабри соли 2015 ба шаҳри Душанбе ташриф оварда, бо мутахассисони ватанӣ машваратҳои корӣ гузарониданд.

Тибқи муқаррароти Ёддошти тафоҳуми мазкур, ҳангоми тарҳрезии лоиҳаҳо нақши асосиро ҷониби Тоҷикистон ва зимни сохтмон ҷониби Хитой мебозад. Ҷиҳати омода намудани асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаҳо ҷониби Хитой гурӯҳи коршиносонро ба Тоҷикистон мефиристонад, ки он бо ташкилоти лоиҳавие, ки аз ҷониби Тоҷикистон таъин  карда мешавад, машварат гузаронида, қарори мувофиқашударо оид ба ҳаҷм, дараҷаи корҳои ороишӣ, номгӯй ва миқдори ҳаҷми маблағгузории лоиҳаҳо қабул мекунад.

Ҳамчунин, ҷонибҳо бо мақсади таъмини амалисозии муваффақи лоиҳаҳо, барои анҷоми саривақтии корҳои зерин вазифадор мебошанд:

Вазифа ва уҳдадориҳои ҷониби Хитой:

-  ташкили кор оид ба амалисозии ҳар ду лоиҳа, аз ҷумла таъмини техникаи зарурӣ барои амалисозии лоиҳаҳо, мошин, таҷҳизот ва масолеҳи сохтмонӣ, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристодани ҳайати муҳандисию техникии зарурӣ ҷиҳати иҷрои корҳо дар сохтмони иншоот, насб ва ба кор андохтани таҷҳизоти техникӣ;

- сохтмони иншоот тибқи лоиҳаи тасдиқшуда;

- иҷрои корҳои сохтмонӣ тибқи меъёр ва стандартҳо;

- ҳамчунин, барои корҳои умумӣ оид ба идоракунии лоиҳаҳо ширкати хитойӣ ҷавобгар мебошад.

Ҷониби Тоҷикистон вазифадор мебошад:

- намояндаи фармоишгари худро ҷиҳати мусоидат намудан ба ширкати идоракунии лоиҳаҳои ҷониби Хитой муайян намояд;

- тоза намудани майдони сохтмон то оғози сохтмони иншоот ва барасмиятдарории ҳуҷҷатгузорӣ барои ҳуқуқи истифодабарии замин ва иҷозатнома барои сохтмон ва тамоми хароҷоти вобаста ба онҳоро амалӣ намояд;

- барои дастрасӣ ва пайвастшавӣ ба иншооти коммуналӣ — об, барқ, газ ва роҳҳо, ки барои амалисозии лоиҳаҳо заруранд, чора андешад;

- барои гирифтани раводид, бақайдгирӣ ва иҷозатномаи корӣ барои ҳайати кории Хитой мусоидат намояд;

- барасмиятдарории гумрукиро оид ба воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмонӣ, ки аз ҷониби Хитой пешниҳод мегардад, сари вақт анҷом диҳад;

- тибқи тартиби муқарраргардида, барои таъмини амнияти ҳайати Хитой, таҷҳизот ва масолеҳи сохтмонӣ дар давоми сохтмони иншоот тадбирҳо андешад;

- ҷониби Хитойро аз пардохти гумрукӣ, андоз аз арзиши иловашуда ва дигар пардохтҳои воридоти техникаи зарурӣ, таҷҳизот, масолеҳ вобаста ба амалисозии лоиҳаҳои зикргардида озод намояд.

Аз шумо, муҳтарам вакилони  Маҷлиси намояндагон, хоҳиш менамоям, ки ба тасвиб расидани Ёддошти тафоҳуми мазкурро дастгирӣ намоед.

РАИС: Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода дода мешавад.

 

Шариф РАҲИМЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Ёддошти тафоҳум ва хамкорӣ байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба амалӣ гардонидани асосноккунии техникиву иқтисодии лоиҳаҳои сохтмони «Бинои нави парламент ва маҷмааи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 1 майи соли 2017 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод шудааст.

Ёддошти тафоҳуми мазкур бо мақсади татбиқи лоиҳаи сохтмони бинои нави парламент ва маҷмааи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои грантии Ҷумҳурии Халқии Хитой бо истифода аз амсилаи баробарҳуқуқии мутақобилаи ҳар ду ҷониб таҳия гардидааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкардаи худ Ёддошти зикргардидаро ҷонибдорӣ намуданд.

Ҳабдаҳуми августи соли 2017 дар ҷаласаи кумита Ёддошти тафоҳум бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Абдуҷаббор Азизӣ, намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода, тасдиқи он мувофиқи мақсад  дониста шуд.

Аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки Ёддошти тафоҳуми пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Ёддошти тафоҳум ва ҳамкорӣ байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба амалӣ гардонидани асосноккунии техникиву иқтисодии лоиҳаҳои сохт­мони «Бинои нави парламент ва маҷмааи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Вакилони муҳтарам!

Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи Иҷлосияи дуюми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ворид гардида буданд, баррасӣ шуданд.

Ҳоло сухан ба раиси Котиботи иҷлосия дода мешавад.

Раиси котибот: — Муҳтарам Раис, дар ҷараёни кори иҷлосия барқия, мактуб ё пешниҳод ворид нашудааст.

РАИС: - Доир ба рафти иҷлосия эрод ё пешниҳод ҳаст? — Нест.

Кори Иҷлосияи дуюми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати панҷумро пӯшида эълон менамоям.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).

 Неъматулло Солеҳов,

Абдумаҷид Муродов,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло Алиев