25 ноябри соли 2015 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.
Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзномаи ҷаласаро, ки аз масъалаҳои зерин иборат буд, тасдиқ карданд:
1. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
2. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм»
3. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ».
РАИС:- Ба баррасии масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа шурӯъ менамоем. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Искандар дода мешавад.
Искандар СОЛЕҲЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Мақсади асосӣ аз таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур мутобиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва дигар қонунгузорӣ, инчунин бартараф намудани номутобиқатии дохилӣ ва такмили меъёрҳои он иборат мебошад.
Лоиҳаи қонуни мазкур имконият медиҳад, ки калимаву ибораҳои ғайрирасмӣ, лаҳҷавӣ, тазодҳои луғавӣ бартараф гардида, ваколату салоҳияти фармондеҳи қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарзи дуруст ба роҳ монда, тобеъ будани воҳиди мазкур ба сохтори вазорат муайян карда шавад.
Мувофиқи тағйироти пешниҳодгардида Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сохтори дастгоҳи марказии вазорати номбурда хориҷ карда шуда, он ба нақшаи идоракунии Вазорати корҳои дохилӣ ворид карда мешавад.
- Тағйироти пешбинишуда ба баланд бардоштани мақоми қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, такмили сохтори он, беҳдошти омодабошии сарбозону афсарон ва вазъи иҷтимоии онҳо мусоидат мекунад.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳои амалкунанда мухолифат надорад ва амалӣ намудани он аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб наменамояд.
Хоҳиш карда мешавад, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Зайнудин Сафаров дода мешавад.
Зайнудин САФАРОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст.
Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 ноябри соли 2015 таҳти №338 лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Лоиҳаи қонуни зикршуда бо мақсади мутобиқ намудани меъёрҳои он ба талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва «Дар бораи милитсия», инчунин барои мураттабсозӣ ва ба услубу қоидаҳои ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ намудани меъёрҳои дохилии қонуни мазкур таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Мувофиқи тағйироти пешниҳодгардида Раёсати Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сохтори дастгоҳи марказии вазорати номбурда хориҷ карда шуда, ба нақшаи идоракунии ҳамин мақомот ворид карда мешавад.
Мақсад аз тағйироти пешбинишуда баланд бардоштани мақоми қӯшунҳои дохилӣ, беҳдошти омодабошии сарбозону афсарон ва вазъи иҷтимоии онҳо мебошад.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Барои боз ҳам мукаммал гардидани матни лоиҳаи қонун аз ҷониби кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кумитаи масъул бист пешниҳод ворид гардид, ки даҳтои он қабул, дутои дигараш қисман қабул ва ҳашт пешниҳод қабул нашуд, ки сабаби қабул нагардидани онҳо дар ҷадвал нишон дода шудааст.
Кумита пешниҳодҳои Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуровро, ки дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи қонуни номбурда манзур шуда буданд, якҷоя бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ пурра омӯхт ва лоиҳаи қонуни мазкур бо дарназардошти онҳо такмил дода шуд.
Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надорад ва амалӣ намудани он аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад.
Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: - Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Суфиев Хайрулло Сабзаалиевич дода мешавад.
Хайрулло СУФИЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 ноябри соли 2015 таҳти № 336 лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Лоиҳаи қонуни зикршуда бо мақсади минбаъд дар қаламрави кишвар ва минтақаҳои ҷудогонаи он бо дархости субъекти асосии бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда муваққатан боздоштани хизматрасонии алоқаи барқӣ ва истифодабарии воситаҳои вобаста ба он дар минтақаи гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Аз кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаш таклиф пешниҳод гардид, ки ду пешниҳод қабул ва чор пешниҳоди дигар қабул нашуд.
Тазаккур бояд дод, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда имкон медиҳад, ки минбаъд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба анҷом расонидани амалиёти зиддитеррористӣ, дар минтақаи гузаронидани он, фазои иттилоотии қаламрави кишвар ва ё минтақаҳои ҷудогонаи он халалдор нагардад.
Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида, ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад.
Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: - Ба баррасии масъалаи охирини рӯзнома шурӯъ мекунем. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Бухориев Толибек Аҳмадович дода мешавад.
Толибек БУХОРИЕВ: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Лоиҳаи қонуни баррасишаванда бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 ноябри соли 2015 таҳти №337 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади такмили қонунгузории соҳа, инчунин ихтисор намудани теъдоди ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои фаъолияти соҳибкорӣ ва ба воситаи низоми электронӣ ба расмият даровардани беш аз 30 фоиз иҷозатдиҳӣ таҳия ва пешниҳод шудааст.
Мувофиқи лоиҳаи қонуни мазкур дар сархати шашуми банди 5, сархати сеюми банди 7 ва сархатҳои дуюм, нуҳум ва даҳуми банди 11 моддаи 29 қонуни зикргардида тағйирот ворид карда шуда, дар асоси он панҷ ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ бинобар такроршавии фаъолиятҳои иҷозатномашаванда ё набудани заминаи воқеӣ, аз ҷумла шаҳодатномаи тахассусии аудитори экологӣ, шаҳодатномаи тахассусии аудиторӣ, мувофиқакунии ташкили корҳои ченкунӣ ва банаворгирии зери пулҳо ва соҳилҳои дарёҳо, мувофиқакунии рондани чорво ба воситаи роҳҳои автомобилгард ва хулоса барои кушодани роҳҳои автомобилгарди муассисавӣ ва хусусӣ барои истифодабарии умумӣ аз номгӯйи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ хориҷ карда мешаванд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»- ро мавриди омӯзиш қарор дода, дар маҷмӯъ онро ҷонибдорӣ намуданд. Ҳамзамон ҷиҳати такмили лоиҳаи қонун аз ҷониби кумитаи масъул, кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният ва оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия панҷ таклиф пешниҳод гардид.
Кумитаи масъул рӯзи 19 ноябри соли 2015 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеъ гузаронид. Иштирокчиёни ҷаласа таклифҳои пешниҳоднамударо мавриди баррасӣ қарор дода, онҳоро пурра қобили қабул донистанд.
Бо назардошти таклифу пешниҳодҳо лоиҳаи қонуни мазкур такмил дода шуд. Аз ҷумла моддаи 1- уми лоиҳаи қонун пурра таҳрир гардид. Дар маҷмӯъ, лоиҳа ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ ва матни русии лоиҳа ба матни забони давлатӣ мутобиқ карда шуд.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мутобиқ буда, аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд.
Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.
Ҷумъахон НАБОТОВ, Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум». Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ