Бисту дуюми июни соли 2022 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.
РАИС: — Муҳтарам вакилон!
Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред.
Ҳоло дар толор 51 вакил ҳузур доранд.
Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.
Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Дар ҷаласа Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Зариф, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашуриён Музаффар Қурбонмуҳаммад, вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Саъдӣ Ғафор, муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло, муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Саиднақш Ҳаким, муовини якуми сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Сафаралӣ Нуралӣ ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.
Вакилони арҷманд!
Ба рӯзномаи ҷаласа 8 масъала пешниҳод шудааст. Доир ба он таклифу пешниҳоди дигар доред? Нест.
Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам ва хоҳишмандам нисбат ба рӯзнома мавқеатонро муайян намоед.
Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:
1. Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод намудани Нуралиев Ҷ. К.»
2. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз»
3. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
4. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ»
5. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат»
6. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»
7. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»
8. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама».
РАИС: — Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем. Доир ба масъала «Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод намудани Нуралиев Ҷ. К.» сухан ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Зариф дода мешавад. Марҳамат.
Зариф АЛИЗОДА Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат мекунад:
- «Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод намудани Нуралиев Ҷ. К.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Нуралиев Ҷамолиддин Камолович бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
шаҳри Душанбе, 10 июни соли
2022, № 397».
Хоҳиш менамоям фармони мазкурро дастгирӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод намудани Нуралиев Ҷ. К.» ба овоз монда, шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» оғоз менамоем. Сухан ба вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашуриён Музаффар Қурбонмуҳаммад дода мешавад. Марҳамат.
Музаффар АШУРИЁН: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони Маҷлиси намояндагон, ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» дар асоси банди 31 «Нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои расмиёти шарҳи универсалии даврӣ (даври дуюм) барои солҳои 2017-2020», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 июни соли 2017 таҳти №АП-901 тасдиқ шудааст, таҳия гардид. Лоиҳаи қонун асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии амалигардонии ҳуқуқ ва имкониятҳои баробарро барои ҳама шахс дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда, низоми ҳуқуқии пешгирӣ ва ҳифзи самаранок аз ҳама гуна шакли табъизро муқаррар менамояд.
Мутобиқи лоиҳаи қонуни мазкур, табъиз ҳама гуна фарқиятгузорӣ, истиснокунӣ, маҳдудсозӣ ё афзалиятдиҳӣ буда, ба аломатҳои нажод, ранги пӯст, пайдоиш, ҷинс, забон, дин ва эътиқод, мансубияти миллӣ ва ё этникӣ, маъюбият, вазъи саломатӣ, синну сол, шаҳрвандӣ, ақида, вазъи молумулкй ё ҳолати дигар асос меёбад ва мақсад ё оқибати он бад кардан, нобуд сохтан ва ё кам нишон додани ҳуқуқу озодиҳои эътирофшуда, истифода ё амалӣ намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон дар асоси баробарӣ мебошад.
Доираи амали қонун ба ҳама сохтори давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони мансабдор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва самти фаъолияти онҳо, паҳн мегардад. Ҳамчунин, дар лоиҳаи қонун шаклҳои табъиз, салоҳият ва ваколати мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба масъалаҳои таъмини баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шакли табъиз, ҳуқуқҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шакли табъиз пешбинӣ шудааст.
Мутобиқи лоиҳаи қонун, ҳар шахс ё гурӯҳи шахсоне, ки мавриди табъиз қарор гирифтаанд, ҳуқуқ доранд ба мақомоти судӣ ва мақомоти дигари давлатӣ барои ҳифзи ҳуқуқҳояшон муроҷиат намоянд, инчунин ба ҷуброни муносиб, одилона ва (ё) қонеъкунанда барои ҳар гуна зараре, ки дар натиҷаи табъиз расонида шудааст, ҳақ доранд.
Давлат ҳифзи ҳуқуқи баробар ва самаранок аз табъизро кафолат медиҳад ва барои пешбурди сиёсат ва барномаҳое, ки ба таъмини баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шакли табъиз равона шудаанд, чораҳо меандешад.
Эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Оид ба ҳамин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Бобоҷониён Раънохон Маҳмудзода дода мешавад. Марҳамат.
Раънохон БОБОҶОНИЁН:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ !
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии амалигардонии ҳуқуқ ва имкониятҳои баробарро барои ҳама шахс дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва низоми ҳуқуқии пешгирӣ, ҳифзи самаранок аз ҳама гуна шакли табъизро танзим ва муқаррар менамояд.
Лоиҳаи қонун дар асоси банди 31 «Нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон, тибқи расмиёти шарҳи универсалии даврӣ (даври дуюм) барои солҳои 2017-2020», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 июни соли 2007 таҳти №АП-901 тасдиқ ва аз ҷониби гурӯҳи кории байниидоравии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шакли табъиз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2022 таҳти № 83 маъқул дониста шуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Лоиҳаи қонун аз 5 боб ва 23 модда иборат мебошад. Боби 1 муқаррароти умумӣ, боби 2 салоҳият ва ваколати мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба масъалаҳои таъмини баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шакли табъиз, боби 3 ҳуқуқҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шакли табъиз, боби 4 ҳуқуқ ба ҳимоя аз табъиз бо тартиби судӣ ва боби 5 муқаррароти хотимавиро дар бар гирифтааст. Дар доираи лоиҳаи қонун аввалин бор мафҳумҳои нав, ба монанди табъиз (моддаи 1), табъизи бевосита ва бавосита (моддаи 5), таъқиби ҷинсӣ (моддаи 6), сегрегатсия (ҷудокунӣ — моддаи 8), ҳимоя аз виктимизатсия (моддаи 10), медиатсия (миёнҷигарӣ — моддаи 12), тамға ҳамчун намуди табъиз (моддаҳои 16 — 18) истифода шудаанд. Дар баробари ин, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини баробарӣ ва манъи ҳама гуна шакли табъиз муқаррар гардидааст (моддаи 13), ки аз ҷумла экспертизаи зиддитабъизии лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро мегузаронад. Дар масъалаи барҳам додани ҳама гуна шакли табъиз ҳамкории мақомоти давлатӣ, мақомоти шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ пешбинӣ мешавад (моддаҳои 16-18), ки барои аз байн бурдани табъиз бештар чорабиниҳои омӯзишӣ ва маърифатӣ мегузаронанд.
Бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 марти соли 2022 таҳти № 1088 лоиҳаи қонуни мазкур барои баррасӣ ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳукуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон онро 15 июни соли 2022 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, намояндаи бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, сардори шуъбаи ҳифзи кӯдаки Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Сарраёсати қонунгузории Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор доданд. Бо мақсади такмили лоиҳаи қонуни мазкур аз ҷониби кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон 108 таклифу пешниҳод манзур гардид, ки аз он 35 таклиф пурра ва 18 таклиф қисман қабул шуда, барои такмили лоиҳаи қонуни мазкур истифода гардиданд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» ба моддаи 17 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад. Аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Лоиҳаи мазкур қонуни мукаммал аст. Он мутобиқи банди 337 Дастури Маҷлиси намояндагон боб ба боб, модда ба модда баррасӣ шавад ё яклухт қабул карда шавад?
Пешниҳод аст, ки яклухт қабул карда шавад.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» яклухт ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: - Ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан ба муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Саиднақш Ҳаким дода мешавад. Марҳамат.
РАҲМОНЗОДА Саиднақш Ҳаким:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
- Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудааст. Мақсади таҳияи он аз баланд бардоштани самаранокии фаъолияти Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ дар таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, мустаҳкам намудани интизоми нақлиётӣ ва мувофиқ ба дараҷаи вазнинии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ муқаррар намудани ҷавобгарии маъмурӣ иборат мебошад.
Дар лоиҳаи қонун мутобиқ ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019 таҳти №108 «Дар бораи ворид намудани тағйир ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007 таҳти №546» барои идора намудани воситаҳои нақлиёт бо пардаҳои паҳлуӣ ва яклухти ақиб, шишаҳои оинагӣ, шишаҳои сиёҳу хира, инчунин барои бе категорияи дахлдори мувофиқ идора кардани воситаҳои нақлиёт ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ гардидааст. Мувофиқи тағйири воридгардида, ба қарори зикргардидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон варақаи иҷозати истифодаи воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хира вобаста ба қисмати (ҳиссаи) шишаҳои сиёҳу хиракардашуда, ба гурӯҳҳои «А», «В» ва «С» ҷудо карда шудаанд:
- «А» — иҷозат барои истифодаи воситаи нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хираи дарҳои паҳлуӣ ва шишаи қафо;
- «В» — иҷозат барои истифодаи воситаи нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хираи дарҳои паҳлуии қафо ва шишаҳои қафо;
- «С» — иҷозат барои истифодаи воситаи нақлиёт бо шишаи сиёҳу хираи қафо.
Бояд қайд кард, ки таи солҳои 2019-2021 ва се моҳи соли 2022 барои идора намудани воситаҳои нақлиёт бо пардаҳои паҳлуӣ ва яклухти ақиб, ки дар сохтори воситаҳои нақлиёт аз тарафи заводи истеҳсолкунанда пешбинӣ нашудаанд, бо шишаҳои оинагӣ, инчунин бидуни иҷозати махсуси мақомоти ваколатдори давлатӣ идора намудани воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хира, ки нургузарониашон ба меъёрҳои муқарраршудаи стандартҳои давлатй (ГОСТ) мутобиқат намекунад, 3537 далели ошкоркардашуда, новобаста аз мавҷуд будани иҷозати дахлдори мақомоти ваколатдори давлатӣ барои истифодаи воситаи нақлиёт бо қисмҳои алоҳидаи шишаҳои сиёҳу хиракардашуда, нисбати ронандагон мутобиқи қисми 2 моддаи 330 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷавобгарии маъмурӣ таъин шудааст.
Иловаҳои воридшаванда ба моддаи 330 Кодексы ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки назорати истифодаи воситаҳои нақлиётро вобаста ба қисмати шишаҳои сиёҳу хиракардашуда аз ҷониби кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ дар роҳ осон гардонида, баҳсҳои ҷойдоштаро дар ин маврид аз байн барад.
Қисми 2 лоиҳаи қонуни мазкур ба моддаи 336 илова намудани қисмҳои 4, 5 ва 6-ро пешбинӣ менамояд. Он ҳолатҳои татбиқи ҷазоҳои қисмҳои 1-3 моддаи 336-ро нисбати шахсе, ки воситаи нақлиётро бе ҳуқуқи ронандагӣ идора намудааст, ҳангоми надоштани танҳо категорияи мувофиқ аз байн бурда, вобаста ба дараҷаи вазнинии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷазоро муқаррар менамояд.
Тибқи моддаи 336, ҷавобгарӣ нисбати шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад, муқаррар карда шудааст ва дар ҳолати аз тарафи шахсе идора кардани воситаи нақлиёт ҳангоми надоштани танҳо категорияи дахлдори мувофиқ татбиқ намудани ҷавобгарии маъмурии қисмҳои 1-3 моддаи 336 баҳсу нофаҳмиҳоро ба миён оварда, татбиқи амалии моддаи мазкурро душвор гардонидааст, зеро дар он ҳолат ронанда ба шахси ҳуқуқи ронандагӣ надошта баробар карда шудааст.
Илова бар ин, дараҷаи хавфнокии идоракунии воситаи нақлиёт аз тарафи шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад, нисбат ба шахсе, ки воситаи бе категорияи дахлдори мувофиқро идора кардааст, бе ягон шакку шубҳа вазнинтар мебошад.
Бояд қайд кард, ки дар давраи солҳои 2018-2021 ва се моҳи аввали соли 2022 барои идора кардани воситаи нақлиёт аз тарафи шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад ва шахсе, ки категорияи дахлдори мувофиқ надорад, 4023 далел ошкор карда шудааст, ки аз ин шумора мутобиқан 29,8 фоиз ба соли 2018, 24 — ба соли 2019, 21,7 — ба соли 2020, 19,8 — ба соли 2021 ва 4,7 фоиз ба се моҳи аввали соли 2022 рост омада, 15 фоизи он далели идоракунии воситаи нақлиётро аз тарафи шахсе, ки категорияи мувофиқ надорад, ташкил менамояд.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надорад. Бинобар ин, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Усмонзода Мансур Салом дода мешавад. Марҳамат.
УСМОНЗОДА Мансур Салом:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани самаранокии фаъолияти Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ дар таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, мустаҳкам намудани интизоми нақлиётӣ ва мувофиқ ба дараҷаи вазнинии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мутобиқ ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019 таҳти №108 «Дар бораи ворид намудани тағйир ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007 таҳти №546» муқаррар намудани ҷавобгарии маъмурӣ барои идора намудани воситаҳои нақлиёт бо пардаҳои паҳлуӣ ва яклухти ақиб, шишаҳои оинагӣ, шишаҳои сиёҳу хира, инчунин бе категорияи дахлдори мувофиқ идора кардани воситаҳои нақлиёт таҳия шудааст.
Мақсади асосии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бе иҷозати махсуси мақомоти ваколатдори давлатӣ идора намудани воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хира, ки нургузарониашон ба меъёрҳои муқарраршудаи стандартҳои давлатӣ (ГОСТ) мутобиқат намекунад, инчунин аз тарафи ронанда идора намудани воситаи нақлиёт бе категорияи мувофиқ ва вогузоштани идоракунии воситаи нақлиёт ба шахсе, ки ҳуқуқи идоракунии категорияи дахлдори мувофиқро надорад, иборат мебошад.
Тибқи лоиҳаи қонун, ба моддаи 330 қисмҳои 3 ва 4 дар мафҳуми идора намудани воситаи нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хира, ки ба меъёрҳои муқарраршудаи стандартҳои давлатӣ (ГОСТ) мутобиқат намекунад, иловаҳо ворид мешаванд. Инчунин, ба моддаи 336 қисмҳои 4, 5 ва 6 оид ба масъалаи идоракунии воситаи нақлиёт бе категорияи мувофиқ ва вогузоштани идоракунии воситаи нақлиёт ба дигар шахсе, ки категорияи дахлдори мувофиқро надорад, иловаҳо ворид мешаванд. Дар ҳар як қисмҳои иловашаванда вобаста ба хусусияти ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷавобгарии маъмурӣ дар намуди ҷарима муайян карда мешавад.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар асоси қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон ва Дастури Маҷлиси намояндагон расмиёти дохилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро гузаштааст. Аз ҷониби кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкур мавриди омӯзиш қарор дода шуда, барои такмили он 10 таклиф пешниҳод гардид, ки аз онҳо 5 таклиф қабул шуд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба боби 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад.
Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳиш менамояд, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: - Ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ» шурӯъ мекунем. Сухан ба вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Саъдӣ Ғафор дода мешавад. Марҳамат.
КАРИМЗОДА Саъдӣ Ғафор:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими соҳаи чарогоҳҳои кишвар мувофиқ ба раванди рушди низоми қонунгузории ҷумҳурӣ таҳия шудааст.
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати танзими муносибатҳо вобаста ба истифодабарӣ ва ҳифзи чарогоҳҳо, инчунин мутобиқ намудани меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ» ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ»-ро таҳия ва тибқи тартиби муқарраргардида, пешниҳод намудааст.
Боиси зикр аст, ки меъёри қисми 2 моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ» истифодабарии бемуҳлат ва муҳлатноки чарогоҳҳоро муқаррар менамояд. Меъёрҳои Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, дар баробари истифодабарии бемуҳлат ва муҳлатнок, ҳамчунин истифодабарии якумраи меросии ҷарогоҳро муқаррар намудааст.
Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ҷиҳати мутобиқ намудани меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ» ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Мутобиқи лоиҳаи қонуни мазкур ба қисми 2 моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ» тағйирот пешбинӣ гардида, калимаҳои «бемуҳлат ва муҳлатнок» ба калимаҳои «бемуҳлат, муҳлатнок ва (ё) якумраи меросӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда мешаванд.
Лоиҳаи қонуни мазкур ҷиҳати танзими муносибатҳо вобаста ба истифодабарӣ ва ҳифзи чарогоҳҳо, инчунин дар оянда барои истифодаи самараноки чарогоҳҳо ва ҳифзи он барои рушди чорводорӣ, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти соҳа мусоидат менамояд. Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, аз буҷети давлатӣ маблағи иловагӣ талаб наменамояд. Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Қосимӣ Файзулло дода мешавад.
Файзулло ҚОСИМӢ:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст. Мақсади пешниҳоди лоиҳаи қонуни мазкур мутобиқ намудани меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ» ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар лоиҳаи қонун дар қисми 2 моддаи 16 иваз намудани калимаҳои «бемуҳлат ва муҳлатнок» ба калимаҳои «бемуҳлат, муҳлатнок ва (ё) якумраи меросӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод шудааст. Тағйироти мазкур ба таъмини истифодабарии самараноку оқилонаи чарогоҳ аз ҷониби хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) равона гардидааст.
Лоиҳаи қонуни мазкурро 16 июни соли 2022 дар ҷаласаи васеъ намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, намояндагони Вазорати кишоварзӣ ва Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода, қабули онро мувофиқи мақсад донистанд.
Лоиҳаи қонун расмиёти дохилиро тибқи Дастури Маҷлиси намояндагон гузаштааст. Дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ таклифҳои пешниҳодшуда баррасӣ ва дар асоси онҳо лоиҳа такмил дода шуд.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба талаботи моддаҳои 13 ва 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад. Аз ин рӯ, Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин хоҳиш менамояд, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: - Ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат» оғоз мебахшем. Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Ашурзода Ғиёсиддин Маҳмадмурод дода мешавад. Марҳамат.
АШУРЗОДА Ғиёсиддин Маҳмадмурод:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Аҳмадзода, Д. Раҳмон, Ш. Ҷумъазода ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. Зиёӣ таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Мақсад аз пешниҳоди он бартараф намудани норасоиву носаҳеҳии меъёрҳои алоҳидаи қонуни амалкунанда, инчунин мавриди танзими ҳуқуқӣ қарор додани муносибатҳои алоҳида мебошад.
Тибқи тағйиру иловаҳо, ба моддаи 22 ваколатҳои мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ такмил дода шуда, дар асоси он мақомот барои вайрон кардани талаботи қонунгузории зиддиинҳисорӣ метавонад ба суд бо аризаи даъвогӣ ҷиҳати барҳам додани шахси ҳуқуқии ғайридавлатӣ, қатъ кардани фаъолияти соҳибкори инфиродӣ ва бекор кардани иҷозатномаву ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ муроҷиат намояд.
Мутобиқи қисми 2 лоиҳаи қонун, қисми 2 моддаи 29 ҷумлаи якум дар таҳрири нав ифода ёфта, тибқи он, аз рӯзи ба суд барои баррасӣ ворид гардидани шикоят иҷрои фармоиши (қарор ва амрномаи) мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ то санаи эътибори қонунӣ пайдо кардани қарори суд боздошта мешавад.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонунро дар хулосаҳои пешниҳоднамудаашон ҷонибдорӣ намуда, 34 таклиф пешниҳод намуданд, ки аз онҳо 14 — тоаш пурра ва 13 — тоаш қисман қабул гардид.
Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида бо тартиби муқарраргардидаи Дастури Маҷлиси намояндагон баррасӣ шуда, расмиёти дохилиро гузашта, ба моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад.
Эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Аз рӯи масъала сухан ба муовини якуми сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Сафаралӣ Нуралӣ дода мешавад. Марҳамат.
ҚУРБОНЗОДАСафаралӣ Нуралӣ:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат» бо мақсади мукаммал намудани заминаи меъёрии ҳуқуқӣ дар самти муносибатҳои мақомоти зиддиинҳисорӣ бо мақомоти судӣ ва татбиқи қарорҳои мақомот, ки дар раванди баҳси судӣ бо субъектҳои хоҷагидор қарор доранд, таҳия гардидааст.
Бо мавриди амал қарор гирифтани қонуни мазкур шаффофият дар меъёрҳои танзимкунанда, таҳия ва қабули санадҳои дохилиидоравӣ вобаста ба танзими бозорҳои молӣ таъмин карда мешавад.
Бинобар ин, аз шумо, вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: - Ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» шурӯъ мекунем. Сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Содиқӣ Насиба Нуруллозода дода мешавад. Марҳамат.
СОДИҚӢ Насиба Нуруллозода:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини арҷманд!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» бо мақсади мутобиқгардонии қонуни мазкур ба талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Кодекси гражданӣ (қисми якум), қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», инчунин бартараф сохтани мухолифати дохилии меъёрҳои мушаххаси қонун ва такрорёбии меъёрҳо бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода, Дилшод Раҳмон, Фарҳод Раҳимӣ, Мадина Набизода ва Бурҳониддин Ҷабборӣ таҳия ва пешниҳод шудааст.
Мутобиқи лоиҳаи қонун, ба 26 моддаи он тағйиру иловаҳо ворид мегардад, ки тибқи он, такрорёбии меъёрҳо бартараф гардида, норасоиҳои ҷойдошта, истифодаи истилоҳу ибораҳо бо дарназардошти услуби ягонаи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ ва мантиқӣ, ҳуқуқӣ, мушаххасу саҳеҳ гардонидани меъёрҳои қонун амалӣ мегарданд.
Аз ҷумла, ба қисми 2 моддаи 6 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда мешавад: «Гирифтани таҳсилоти ройгон дар муассисаҳои таълимии ғайридавлатии таҳсилоти касбӣ метавонад тибқи оинномаи муассиса ё қарори муассиси (муассисони) онҳо сурат гирад.».
Ба моддаи 12 қисми 5 илова карда мешавад, ки мутобиқи он: «Муассисаҳои таълимӣ фаъолияти худро тибқи тартиби муайяннамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, оинномаи муассиса ва қарори муассис (муассисон) амалӣ менамоянд.».
Ба моддаи 48 сархати 9 илова мешавад, ки мувофиқи он: «Шахсоне, ки барои содир кардани ҷиноят нисбати ноболиғон якумра аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян маҳрум шудаанд, ба муассисаҳои таълимиву тарбиявӣ ба кор қабул карда намешаванд.».
Лоиҳаи қонун бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 феврали соли равон барои баррасӣ ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, барои такмили он 85 таклиф пешниҳод намуданд, ки 82- тои он пурра ва 2- тои дигар қисман қабул гардид.
Кумитаи масъул 16 июни соли 2022 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи васеъ таклифу пешниҳоди ироагардидаро баррасӣ намуда, бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо лоиҳаи қонунро ҷонибдорӣ намуд.
Он ба моддаи 41 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.
Бо дарназардошти ин, аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»-ро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Оид ба ин масъала сухан ба муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло дода мешавад. Марҳамат.
ҶӮРАЗОДАҶамшед Ҳабибулло:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гироми!
Дар даврони соҳибистиқлолӣ маорифпарварӣ яке аз самтҳои меҳварии давлатдорӣ буда, рушди илму маориф, омӯзиши техника ва технологияҳои нав, тақвияти неруҳои зеҳнӣ дар мақоми авлавият қарор дорад. Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани вазъи соҳаи маориф, таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ ва қабули барномаҳои давлатӣ барои рушди соҳа пайваста чораҷӯӣ менамояд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки қонунҳо мунтазам таҳлил ва амалишавии санадҳои меъёрӣ — ҳуқуқӣ мониторинг карда шаванд, инчунин сатҳи мутобиқати қонунгузории мамлакатро ба ҳадафҳои сиёсии пешбинигардида муайян намоянд, оид ба такмили қонунгузорӣ, инчунин баланд бардоштани самаранокии раванди татбиқи ҳуқуқ чораҳои судманд андешанд.
Бинобар ин, бо пешниҳоди лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» бо мақсади мутобиқгардонии қонуни мазкур ба талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода, Дилшод Раҳмон, Фарҳод Раҳимӣ, Мадина Набизода, ва Бурҳониддин Ҷабборӣ такрорёбии меъёрҳо бартараф гардида, норасоиҳои ҷойдошта, истифодаи истилоҳу ибораҳо бо дарназардошти услуби ягонаи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ ва мантиқӣ, ҳуқуқӣ, мушаххасу саҳеҳ гардонидани меъёрҳои қонун равона шудаанд.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд. Бо дарназардошти ин, аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳиш менамоям онро дастгирӣ намоед.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: - Ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» шурӯъ менамоем. Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Ҷавҳарӣ Муҷибахон дода мешавад. Марҳамат.
Муҷибахон ҶАВҲАРӢ:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ, ҳозирини арҷманд!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Аҳмадзода, Д. Раҳмон ва Ф. Раҳимӣ пешниҳод гардидааст, бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 феврали соли 2022 таҳти №1039 барои баррасӣ ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол шуд.
Он бо мақсади мутобиқгардонии қонуни амалкунанда ба талаботи Конститутсия ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва ба ин васила, бартараф намудани мухолифату норасоиҳои ҷойдошта, риояи имло, истифодаи истилоҳу ибораҳо бо дарназардошти услуби ягона, техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ ва мантиқи ҳуқуқӣ, ҳамчунин пешгирии экстремизм ва ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсии хурдсолону ноболиғон таҳия ва пешниҳод шудааст.
Яке аз бандҳои тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур чунинанд:
- Дар қисми 2 моддаи 8, қисми 8 моддаи 10, ном ва матни моддаи 12 калимаҳои «муассисаҳои таълими динӣ», «муассисаи таълими динӣ», «Муассисаҳои таълими динӣ» ва «муассисаҳои таълими динӣ» мувофиқан ба калимаҳои «муассисаҳои таълимии таҳсилоти динӣ», «муассисаи таълимии таҳсилоти динӣ», «Муассисаҳои таълимии таҳсилоти динӣ» ва «муассисаҳои таълимии таҳсилоти динӣ» иваз карда мешаванд.
Инчунин, «Шахсоне, ки ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ, ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, инчунин дигар ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнинро содир кардаанд, муассис ё ходимони иттиҳодияи динӣ шуда наметавонанд».
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, баҳри такмили он 15 таклифу пешниҳод манзур намуданд, ки 6 таклиф пурра ва 6 таклиф қисман қабул гардид.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад. Аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС:- Ба баррасии масъалаи охирин — Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» шурӯъ менамоем. Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Маликзод Парвина Иноятулло дода мешавад. Марҳамат.
МАЛИКЗОД
Парвина Иноятулло:
- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» ҳамчун лоиҳаи алоҳида, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 январи соли 2022 ва 31 январи соли 2022 барои баррасӣ ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
Дар асоси банди 301 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» ҳамчун лоиҳаи қонуни ягона муттаҳид гардид.
Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади тақвият бахшидан ба меъёрҳои танзимкунандаи соҳаи реклама, ба ҳам мутобиқ ва мукаммал намудани меъёрҳо, инчунин мушаххас намудани бархе аз муқаррароти қонуни амалкунанда ва рушди механизмҳои идоракунии соҳа таҳия ва пешниҳод шудааст.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, баҳри такмили он 44 таклиф манзур намуданд, ки аз онҳо 21 таклиф пурра ва 14 пешниҳод қисман қабул гардид.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз буҷети давлатӣ маблағи иловагӣ талаб намекунад.
Аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: - Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!
Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа ворид карда шуданд, баррасӣ гардиданд. Доир ба рафти ҷаласа ягон эроду пешниҳод ҳаст? Нест.
Ба шумо барои иштироки фаъолона изҳори миннатдорӣ намуда, ҷаласаро пӯшида эълон менамоям.
Самариддин АСОЗОДА,
Абдумаҷид МУРОДОВ,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ