Номзадии Алишер Мирзонабот ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардид

№ 25.07.2022

Мирзонабот22 июли соли равон иҷлосияи ғайринавбатии ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даъвати шашум баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар додааст.

Нахуст муовини раиси вилоят Умедҷон Носирзода иттилоъ дод, ки 18 июл дар иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шуғнон масъалаи пешбарии номзад ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази узви хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ оид ба интихоби узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ВМКБ №1 мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Мутобиқи моддаи 32 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ба ивази узви хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии ВМКБ №1 номзадии раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардида, вакилон пешниҳодро якдилона маъқул донистанд ва дар ин бора қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шуғнон таҳти № 75 ба тасвиб расид.

Умедҷон Носирзода лоиҳаи қарори Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ-ро доир ба қарори Маҷлиси вакилони халқи ­ноҳияи Шуғнон ҷиҳати пешбарии номзадии Алишер Мирзонабот ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба ивази узви хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ оид ба интихоби узви Маҷлиси миллӣ аз ВМКБ, №1 барои овоздиҳӣ ва қабули қарори дахлдор ба вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят пешниҳод намуд, ки он якдилона қабул гардид.

Таҳияи Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»