Норасоии йод — заминаи зуҳури бемориҳо

№151 (4734) 14.12.2023

DSC_4792Чанде пеш дар меҳмонхонаи «Ҳилтон» бо ибтикори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии созмонҳои ЮСАИД ва ЮНИСЕФ оид ба иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ғанигардонидашуда (йодноккунии намаки ошӣ) суҳбати мизи гирд баргузор шуд. Дар он вакилони Маҷлиси намояндагон, масъулони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ, олимон, роҳбарони муассисаҳои тиббӣ ва рӯзноманигорон ширкат намуданд.

- Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди соҳаи иҷтимоӣ корҳои зиёд ба сомон расидааст. Бо мақсади таъмини аҳолӣ бо ғизои солим ва хушсифат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда» қабул гардида, дар иртибот ба он аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ як қатор стратегия ва барномаҳо амалӣ гардида истодаанд, — гуфт зимни ифтитоҳи чорабинӣ муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ.

Зикр гардид, ки дар баробари дастовардҳо, нишондиҳандаҳои баъзе бемориҳои ба ғизо алоқаманд ташвишовар боқӣ мемонанд. Хусусан, дар мамлакат шумораи зиёди аҳолӣ аз норасоии йод азият мекашанд. Аз ин ҷост, ки тӯли даҳсолаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи йодноккунии намак ҳамчун стратегияи самарабахш роҳандозӣ гардидааст. Роҳбарияти корхонаю озмоишгоҳҳои ватанӣ барои баланд бардоштани талабот ба намаки ба таври мувофиқ ғанигардонидашуда, тавассути чорабиниҳои оммавӣ, аз ҷумла баланд бардоштани зарфиятҳои истеҳсолкунандагони намак, нозироти давлатӣ ҷиҳати истеҳсоли намаки ба таври кофӣ ва босифат йоднокшуда, инчунин, бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин намудани корхонаю озмоишгоҳҳо пайваста саъю талош менамоянд.

Сафири фавқулода ва мухтори ИМА дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти мубориза бо норасоии йод самарабахшу муваффақ арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки ЮСАИД тӯли се даҳсола дар ин самт бо Тоҷикистон ҳамкорӣ дорад.

Роҳбари намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Артур ван Дисен норасоии йодро яке аз масъалаҳои ҳалшаванда дар ҷумҳурӣ арзёбӣ кард. Таъкид гардид, ки ҳалли масъалаи мазкур метавонад бемориҳои зиёдеро аз байн бибарад. Хазинаи кӯдакони СММ имрӯз ҳам ҳамкориро бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дода, масъалаи йодноккунии намакро пайгирӣ менамояд.

Профессор Григорий Герасимов, ҳамоҳангсози минтақавӣ барои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Шабакаи «Глобалии йод» (IGN), ки борҳо меҳмони ҷумҳуриамон гардида, вазъи норасоии ­йодро дар Тоҷикистон мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор додааст, дар суҳбати гирди миз маҷозӣ иштирок ва суханронӣ намуд. Ӯ низ тадбирҳои андешидаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва парлумони мамлакатро дар самти мубориза бо норасоии йод қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиш арзёбӣ кард.

Н. НИЗОМӢ,

«Садои мардум».

Суратгир Н. АЛИЕВ