Нуралӣ Риоев вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шуд

№75 (3869) 19.06.2018

18 июни соли 2018 зимни баргузории ҷаласа Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи моддаҳои 12, 54 ва 56 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дар асоси протоколи Комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Ванҷ №40 интихоботи миёнадавриро дар ҳавзаи интихоботии зикргардида баргузоршуда ҳисоб намуд.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ Риоев Нуралӣ Раҳмоналиевичро бо гирифтани 98,7 фоизи овози интихобкунандагон ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Ванҷ №40 ба қайд гирифта, ваколати вакилии ӯро  тасдиқ  намуд.

Комиссия,  инчунин дар бораи ташкили Комиссияи санҷишӣ оид ба муайян намудани сатҳи донистани забони давлатӣ  аз ҷониби номзадҳо ба аъзогии  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази аъзои хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  №1 ва Суғд №2 қарор қабул кард.

Ҷ. САБОҲИДДИН,

«Садои мардум»