Оғози сафари корӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон

№138-141(4721-4724) 17.11.2023

387478141_875433430955687_6048913775662903527_n-800x44516-уми ноябри соли 2023 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам ­Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯро ва ҷаласаи 56-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон ташриф оварданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Бишкек Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро муовини Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизис­тон, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қиғизистон, Котиби генералии Шӯрои  Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон ва дигар шахсони расмӣ самимӣ истиқбол гирифтанд.