Об боигарии миллӣ буда, моҳият, арзиш ва истифодаи оқилонаи он дар асноди меъёриву ҳуқуқии кишвар дарҷ гардидааст. Аз ҷумла, дар моддаи 13 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, оламии набототу ҳайвонот ва дигар боигарии табиӣ моликияти истисноии давлат мебошад ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад».
Нависандаи фаронсавӣ Антуан де Сент Экзаюперт навиштааст: «Об! Ту на таъм, на ранг, на бӯй дорӣ, туро тасвир кардан натавон, чӣ буданатро надониста кас аз ту ҳаловат мебарад. Ту ҳамин тавр барои ҳаёт зарурӣ, худи ту ҳаёт ҳастӣ. Бо ту ҳама мавҷудот ҳузуру ҳаловат мебарад, ки онро бо қувваи эҳсоси мо фаҳмонда намешавад. Ту ба мо қувва ва хосиятеро бармегардонӣ, ки мо аз онҳо кайҳо дасту дилро шустаем. Бо лутфи ту аз сари нав чашмаҳои хушкидаи дил кушода мешавад. Ту дар ин дунё сарвати бузургтарин ва боз бобақотарини, ту ҳамчунон дар қаъри замин тозаӣ».
Олими рус Б. К. Терлитский гуфтааст: «Об ин ҳақиқатан ҳам роҳбалади маданият аст. Ин ҳамон хуни зинда аст, ки дар як ҷойи хушку холӣ ҳаётро офарид».
Миллати тоҷик аз қадим онро арҷ мегузошт, эҳтиром ва тараннум мекард:
Об асту ҳаёт пойдор аст,
Об асту замину киштукор аст.
Маҳсули ҳама ҷаҳони ҳастӣ,
Аз ҳастии оби файзбор аст.
***
Об оғози номи ободист,
Об покию сабзию шодист.
Обро мояи ҳаёт бидон,
Неъмате ҳаст додаи Яздон.
Вожаи об дар ҳикмату афкори халқ васеъ истифода мешавад, ба мисли: «Он ҷо ки об аст, ҳаёт аст», «Замин хазина, об-тилло», «Об-зар, деҳқон — заргар», «Бо об биёбон — гулистон», «Об хуни замин, замин дили ӯст», «Об — сарчашмаи ҳаёт», «Обу ободӣ», «Об-рӯшноӣ» ва ҳатто бузургсолон касеро дуои хайр диҳанд, мегӯянд: «Фарзандам, умри обро бинӣ!».
Об дар фаҳмиши адёни гуногун ба сифати муъҷизаи осмонӣ ва баёнгари қудрати илоҳӣ, чун ашёи муқаддас, ҳаётбахш ва поксозии инсон мақоми баландро соҳиб аст. Дар китоби «Авесто» мақоми об дар зиндагии инсон хеле равшан баён гардидааст.
Дар «Қуръон»-и азимушаън об дар сайри офариниш мартабаи муҳим дошта, тибқи фармудаи он аз ҷониби Худованд пештар аз ҳамаи дигар ансори олам офарида шудааст. Дар китоби «Таърихи Табарӣ»-и Балъамӣ омадааст: «Пас Худои азза ва ҷала… олам ҳама яксар аз об офарид. Баъд аз он ки осмон аз об офарида шуд, оби зери осмон аз ҳафт ҷой ҷӯшид ва каф баровард… ва аз он кафи дарё заминро офарид. Ва аз ин ба баъд кори замин ҳамеша пайваста ба об аст…».
Агар ба саҳифаҳои адабиёти пурғановати миллат назар афканем, мебинем, ки ба мавзӯи об поягузори назми тоҷику форс устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир намуда буд:
Бӯи ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме,
Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме,
Реги Омӯву дуруштиҳои ӯ,
Зери поям парниён ояд ҳаме.
Ин мавзӯъ дар ашъори шоирони тавоно чун Фирдавсӣ, Ибни Сино, Носири Хусрав, Умари Хайём, Саъдӣ, Соиб, Ҳофиз, Камол, Мавлавӣ, Ҷомӣ, Бедил, Сайидо ва дигарон мавриди ситоиш қарор гирифтааст. Дар осори адибони замони шӯравӣ мавзӯи об ва истифодаи босамари он идома ёфт. Шуарои он замон ҳамеша кушодани каналҳо, омадани об ба даштҳои бекорхобида, сохтмонҳои неругоҳҳо, афзудани маҳсулот, бунёди боғотро ба риштаи тасвир кашиданд.
Дар рӯзгори пурсаодати мо таҳти роҳбарии ғамхоронаву оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон об ва истифодаи пурсамари он ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфта, ду даҳсола аст, ки Тоҷикистон кишвари обҳои поку мусаффо ташаббускори ҷаҳонии ҳалли масоили глобалӣ дар соҳаи об эътироф гардид. Дастгирӣ ёфтани ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон намудани соли 2003 — «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005-2015 «Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об — барои ҳаёт», солҳои 2018-2028 «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор» гувоҳи гуфтаҳои болоанд. Боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бояд бошад, ки пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе маркази баргузории симпозиуму чорабиниҳои дигари байналмилаливу ҷумҳуриявӣ вобаста ба ин масъалаи муҳим гардид.
Шоирони бузург Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир ва даҳҳои дигар мавзӯи обро ба риштаи тасвир кашида, дар воситаҳои ахбори омма низ ин мавзӯъ ба таври васеъ инъикос мегардад. Ҳазорҳо деҳа дар кишвар дар доираи барномаҳои гуногун бо оби ошомиданӣ таъмин гаштанд.
Тибқи маълумоти сарчашмаҳо, айни ҳол аз ҳар даҳ сокини олам чор нафар мунтазам аз беобӣ ё камбудии об азият мекашад. Мувофиқи маълумоти Институти захираҳои ҷаҳонӣ, оби тозае, ки барои инсон қобили истеъмол аст, як дарсади захираҳои оби сайёраи моро ташкил медиҳад.
Суол ба миён меояд, ки барои истифодаи пурсамар ва тозаву бехавфу хатар нигоҳ доштани захираҳои об чӣ бояд кард?
Шоҳиди ҳол ҳастем, ки мудохилаи нодурусти инсон ба гардиши табиии об, ҳамчунин, истифодаи исрофкоронаи миқдору сифати онро тағйир додааст.
Хатари экологии гидросфера худ дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ андешидани тадбирҳои таъхирнопазирро оид ба амнияти зисти сокинони сайёра ба миён меоварад. Маълум аст, ки ягон давлат дар танҳоӣ, ҳатто бо андешидани тадбирҳои қатъӣ низ, дар мубориза бо таҳдидҳои экологӣ музаффару муваффақ шуда наметавонад. Аз ин рӯ, ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт дар оянда бояд рушд ёбанд, қабули стратегияи экологӣ, аз ҷумла, консепсия ва барномаҳои амалиёти муштарак аз ҷониби кишварҳо зарур мебошад.
Зарур аст, ки барномаи сатҳи ҷаҳонӣ «Дар бораи амният ва мудофиаи об» таҳия шавад, то тамоми ҷанбаро фаро гирад. Бояд дасти ҳам гирифта, захираҳои оби кишварро ҳифз ва идоракунии пурсамари онҳоро ҷорӣ намоем, то дар оянда сатҳи дастрасии он беҳтар шавад. Бузургон барҳақ фармудаанд, ки:
Об бошад гавҳари қиматтар аз лаълу гуҳар,
Покии ҳар қатраи он покии хайр-ул-башар.
Файзулло НАҶМИДДИНИЁН,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон