Об ва хун. Бо кадом асос онҳо шабеҳанд?

№40 (4460) 29.03.2022

DSC_9898Тоҷикистон манбаи оби тоза аст. Қариб ҳама обе, ки  дар кишвар ташаккул меёбад, барои ошомидан ва истифода дар соҳаи кишоварзӣ мувофиқ мебошад. Манбаи асосии об дар кишвар пирях ва барфу борон ба ҳисоб меравад. 947 рӯди хурду бузург, 1300 кӯл бо захираи 46,3 километри мукааб об, ки 20 километри мукааби он оби ширин мебошад, 11 обанбор бо ҳаҷми муфиди 7,5 километри мукааб об ва зиёда аз 10 ҳазор пирях манбаи асосии оби на танҳо Тоҷикистон, балки кишварҳои Осиёи Марказӣ аст.

Бино бар ҳисоби мутахассисон, ҳаҷми оби зеризаминии мамлакат 18,7 километри мукааб дар сол аст, ки аҳолӣ аз он низ самаранок истифода мебарад. Бо вуҷуди чунин захираи бузург Ҳукумати мамлакат нисбат ба мушкилоти норасоии об бетараф нест. Ҳанӯз охири солҳои навадуми асри гузашта Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Созмони Милали Муттаҳид (СММ) таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба норасоии оби тоза ҷалб карда, доир ба ин масъала дар давоми зиёда аз 20 соли охир силсилаи иқдомҳоро пешниҳод намуданд.

Хусусан, якуми октябри соли 1999 дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи умумии СММ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод намуданд, ки  соли 2003 Соли оби тоза эълон шавад. Дар асоси он ташаб­бус 20 сентябри соли 2000 дар иҷлосияи 55-уми Маҷмаи умумии СММ соли 2003 Соли байналмилалии «Оби тоза» эълон шуда, 29 август-1 сентябри соли 2003 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба оби тоза баргузор гардид.

Дар ҳамон форум Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дигар масъалаҳои вобаста ба об, аз ҷумла обшавии аз меъёр зиёди пиряхҳо, низ дахл карда, ҳушдор доданд, ки агар ин раванд идома ёбад, бо дарназардошти зиёдшавии аҳолӣ  дар оянда масъалаи таъминоти аҳолӣ бо оби тоза бамаротиб мушкил мегардад.

 «Мо бояд захираҳои оби худ­ро маҳфуз дорем ва идоракунии пурсамари онҳоро омӯзем, то ин ки дар оянда сатҳи таъминот ва дастрасии инсоният ба оби тоза ва ташкили зиндагӣ аз рӯйи меъёрҳои санитарӣ баланд бардошта шавад», — таъкид намуданд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Роҳбари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин зикр карданд, ки мушкилоти оби тоза дар як сол ҳал намешавад ва оянда низ яке аз ҳассостарин масъалаҳо боқӣ мемонад. Аз ин рӯ, солҳои 2005 — 2015 — ро даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои ҳаёт» пешниҳод намуданд.

Ҳамин тариқ, солҳои 2005 — 2015 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои ҳаёт» эълон гардид.

Таъмин намудани кишварҳои Осиёи Марказӣ бо оби тоза тавассути таъсис додани Консорсиуми байналмилалӣ доир ба истифодаи оби кӯли Сарез, Бунёди байналмилалии  ҳифзи пиряхҳо, ки ин масъала аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми сеюми ҷаҳонӣ доир ба иқлим 31 август — 4 сентябри 2009 дар шаҳри Женева, сипас, дар Конфронси 15-уми ҷонибҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйироти иқлим дар Копенгаген  7-8 декабри соли 2009 пешниҳод гардид ва эълон намудани соли 2013 — «Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об» (20 декабри 2010) идомаи мантиқии ин раванд мебошад.

Пешниҳоди дигари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки соли 2017 аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, эълони Даҳсолаи байналмилалии «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» мебошад. Дар доираи ташаббусҳои пешниҳодшуда дар мамлакатҳои гуногун конфронсу симпозиумҳои сатҳи ҷаҳонӣ баргузор гардиданд.

ҲИССАИ ОБ ДАР ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ НИЁЗИ АВВАЛ

Обро ба хуни табиат ташбеҳ медиҳанд, ки бесабаб нест, зеро ҳамон қадар, ки норасоии хун дар организм инсонро ба хатари марг рӯ ба рӯ мекунад, норасоии об низ ба маҳви табиати зинда боис мегардад. Имсол чорабинии солонаи «Blog Action Day» ба масоили об бахшида шудааст.

Барои истеҳсоли як дона афлесун, ки 100 грамм вазн дорад, 50 литр об сарф мешавад. Аз ин бармеояд, ки барои рӯёнидани 1 кило афлесун 500 литр об лозим аст.

Себ яке аз меваҳои маъмул дар кишвар мебошад. Шояд аксарият огоҳ набошанд, ки барои истеҳсоли як дона себ 140 литр об истифода мешавад. Барои парвариши 1 кило себ бошад, вобаста ба навъ тақрибан 700 литр об лозим аст.

Ҳамин тариқ, барои як хӯшаи ҷуворимакка 450 литр об лозим мешавад.  Дар ҷаҳон ҳар сол барои парвариши ҷуворимакка 550 миллиард метри мукааб об истифода мешавад, ки 8 фоизи ҳаҷми умумии оби дар зироаткорӣ истифодашаванда мебошад.

Гандум низ яке аз маҳсулоти ниёзи аввал мебошад, ки барои истеҳсол шудани 1 килои он ба ҳисоби миёна 1000 литр об сарф мешавад.

Барои истеҳсоли гандум дар ҷаҳон ҳар сол 790 миллиард метри мукааб об сарф мешавад, ки ин 12 дарсади ҳаҷми умумии оби дар зироаткорӣ истифодашаванда мебошад.

Барои парвариши ҳайвоноти хонагӣ низ оби зиёд сарф мегардад. Масалан, чӯҷаро дар давоми 10 ҳафта парвариш мекунанд, аз лошааш 1,8 кило гӯшт гирифта мешавад. Он дар давоми умраш 33 килограмм ғалла хӯрда, 20 литр об менӯшад ва 10 литри дигар барои тоза нигоҳ доштани ӯ сарф мешавад. Яъне, барои парвариши як чӯҷа тақрибан 7000 литр об лозим меояд.

Барои парвариши буз дар давоми ду сол, ки аз лошааш 20 килограмм гӯшт мегиранд, 55 килограмм ғалла, 165 килограмм хӯроки дурушт, 2 метри мукааб об лозим аст. 1,5 метри мукааби дигар барои тоза нигоҳ доштани он сарф мешавад.

Шолӣ аз маҳсулоте мебошад, ки барои парваришаш оби зиёд сарф мегардад. Барои парвариши 1 кило шолии худрӯй ба ҳисоби миёна 2400 литр об лозим аст. Барои коркарди минбаъдаи саноатӣ 1100 литр об масраф мешавад. Майдони шолии ҷаҳон дар як сол тақрибан 1350 миллиард метри мукааб обро истифода мебаранд, ки 21 дарсади ҳаҷми умумии оби барои парвариши зироатҳо сарфшударо ташкил медиҳад.

ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ  ВА ХАТАРИ ОН БА МАНБАЪҲОИ ОБ

maxresdefaultТағйирёбии иқлим мушкилоти глобалии замони муосир аст. Олимон сабаби онро дар зиёд шудани партови газҳои гулхонаӣ ба атмосфера ва кам шудани масоҳати ҷангалзорҳо арзёбӣ мекунанд. Воқеан, ҳар ду омили зикршуда бо таъсири бевоситаи инсон ба вуҷуд омадааст. Масалан, 100 сол пеш зиёда аз 30 дарсади масоҳати Тоҷикистонро заминҳои ҷангалпӯш ташкил мекарданд. ҳоло бошад, ин рақам то се дарсад коҳиш ёфтааст. Аз ин рӯ, дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Роҳбари давлат бо қабули барномаҳо барқарор ва бунёди ҷангалзорҳоро ба роҳ монданд, зеро ҷангал таъсири газҳои гулхонаӣ ва омилҳои дигари ба табиат таъсири манфӣ расонандаро коҳиш медиҳад.

Газҳои гулхонаӣ хусусияти баланди фурӯбарии гармиро дошта, дар равшанӣ дорои ранги шаффоф ҳастанд, ки миқдори энергияро дар сайёра зиёд ва иқлимро аз будаш гармтар мекунанд. Онҳо аз оғози пайдоиш дар атмосфера ба миқдори хеле ночиз (қариб 0,1%) ҳузур доштаанд. Ин нишондиҳанда барои нигоҳ доштани тавозуни гармии Замин дар сатҳи муносиб барои зиндагӣ аз ҳисоби таъсири гулхонаӣ кофӣ буд. Зуҳури табиии газҳои гулхонаӣ ягон зарра ба сайёра ва башарият хатар надорад, зеро миқдори умумии газҳои гулхонаӣ аз ҳисоби гардиши табиат дар як сатҳ нигоҳ дошта мешаванд. Вале афзоиши консентратсияи газҳои гулхонаӣ дар атмосфера тайи дусад соли охир ба баланд шудани таъсири гулхонаӣ ва вайрон шудани тавозуни гармии Замин оварда расонид. Тибқи таҳқиқоти олимон, дар як сол тақрибан 22 миллиард тонна партови газҳои гулхонаӣ ба атмосфера ихроҷ мешавад.

Бино ба иттилои мавҷуда, фақат дар даҳсолаи охир партови газҳои гулхонаӣ дар атмосфера 29 дарсад афзудааст, ки он ҳам «самара»-и инсон ба ҳисоб меравад.

Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ (26 декабри соли 2019) изҳор доштанд, ки кишвари мо аз ҳисоби нишондиҳандаи партови газҳои гулхонаӣ дар ҷаҳон ҷойи 135-умро ишғол менамояд, ки ин мақоми хеле баланд ва саҳми арзишманди Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти глобалӣ мебошад.Ин маънои онро дорад, ки ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ дар Тоҷикистон ба ҳар як нафар аҳолӣ дар миқёси минтақа камтарин буда, саҳми муносиби мо дар беҳдошти вазъи экологии минтақа ва сайёра мебошад.

Бо пурра ба кор даромадани Неругоҳи барқи обии «Роғун» Тоҷикистон дар миқёси олам ба қатори се кишвари аввали тавлидкунандаи «энергияи сабз» шомил мегардад».

Бино ба таъкиди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кишвари мо имкон дорад, ки баъди ба кор андохтани иқтидорҳои нав, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии «Роғун», аз лиҳози фоизи истеҳсоли неруи барқ аз манбаъҳои таҷдидшаванда дар ҷаҳон ба ҷойи дуюм ё сеюм барояд.

Дар кишвар 13 ҳазор пиряхи хурду бузург мавҷуд буда, масоҳати умумии онҳо шаш дарсади кишварро ташкил медиҳанд. Дар чил соли охир беш аз 1000 пирях об шуда, пурра аз байн рафтааст. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи асосии оби кишварҳои минтақа мебошанд.  Аз обе, ки ҳар сол дар кишвар ташаккул меёбад (қариб 60 дарсади оби минтақаи Осиёи Марказӣ), миқдори камаш (ҳамагӣ 10 дарсад) барои эҳтиёҷоти Тоҷикистон истифода мегардад. Тибқи маълумоти Кумитаи ҳифзи муҳити зист, дар ҷумҳурӣ ба таври умумӣ болоравии ҳарорат, бардавомии хушкии ҳаво ва ҳодисаҳои фавқулодаи табиат ба мушоҳида мерасад. Обшавии пиряхҳо, ки дарёҳои минтақаи Осиёи Марказиро бо об таъмин мекунанд, метавонад соҳаҳои энергетика ва кишоварзиро дар мамлакат ва минтақа таҳти хатар қарор диҳад. Аз ин рӯ, сохтори зиддахл дар самти коҳиш додани газҳои гулхонаӣ ва дигар ҳолатҳое, ки раванди тағйир­ёбии иқлимро ба самти манфӣ мерасонанд, бояд бетаъхир тадбир меандешад.

Муҳаммадраҳим Юсуфӣ,

раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон