Об ва Наврӯз — ду омили муттаҳидкунандаи башарият

№36 (4776) 20.03.2024

Бахшида ба рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо

Воқеист, ки чанд даҳсолаи ахир ҳалли масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва дастрасӣ ба захираҳои об яке аз мушкилоти муб­рами ҷаҳонӣ гаштааст. Барои дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо, ки яке аз Ҳадафҳои рушди устувор мебошанд, давлатҳои ҷаҳон корҳои зиёд анҷом дода истодаанд. Дар ин радиф Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи махсус дорад.

Аз солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ кишвари мо дар қатори дигар масъалаҳои ҳалталаби ҷаҳони муосир мушкилоти обу иқлимро, ки барои таъмини амну суботи ҳар як давлат рӯз ба рӯз аҳамияти бештар касб менамояд, фаъо­лона ба муҳокимаҳои сатҳи ҷаҳонӣ мебарорад.

Ҳанӯз октябри соли 1999 дар шаҳри Ню-Йорки ИМА дар ҷаласаи 54 Ассамблеяи генералии СММ зимни суханрониашон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла, чунин қайд намуданд: «Дар баробари ҷанбаи инсониятпарварӣ доштанаш муаммои об дорои ченакҳои бисёри дигар, аз ҷумла иқтисодӣ ва экологӣ, мебошад. Обро ҳамчун сарвати умум баҳо дода, ҷавобгарӣ барои нигоҳ доштани он ба манфиати наслҳои оянда бояд байни ҳамаи давлатҳо тақсим карда шавад».

Ҳамин тариқ, доираи шинохти об аз захирае, ки асосан барои қонеъ кардани талаботи маишии инсон, зироаткорӣ ва ё саноат истифода мешуд, васеътар гардид. Акнун захираҳои об дар ҳалли ­масъалаҳои вобаста ба муносибатҳои байналмилалӣ, амнияти миллию минтақавӣ ва мушкилоти дастрасӣ ба ­шароити одитарини зиндагӣ мавқеи калидиро касб намудааст.

Ҳамкориҳо дар бахшҳои гуногуни иқлим ва идоракунию истифодабарии захираҳои об байни ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ тавсеа ёфта, Тоҷикистон, аз ҷумла, ба қарор дар хусуси таъсиси Бунёди байналмилалии наҷоти Арал, Эъломияи Нуқус, созишномаҳо байни ҳукуматҳои давлатҳои Осиёи Миёна дар хусуси истифодабарии захираҳои обию энергетикии дарёҳои минтақа ҳамроҳ шуд.

Татбиқи сиёсати «дарҳои боз» ва ҳамкориҳои самаранок имкон дод, ки ташаббусҳои глобалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бавижа дар ҳалли мушкилоти марбут ба обу иқлим, аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди дастгирии аксарият қарор гирад.

Тоҷикистон дар заминаи роҳандозии ҳамкориҳои созанда дар доираи Созмони Милали Муттаҳид марҳила ба марҳила ба татбиқи босамари қатъномаҳои муҳими обию иқлимӣ, ки ташаббускори онҳо мебошад, ноил гардид. «Соли байналмилалии оби тоза – 2003», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои ҳаёт, 2005 – 2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об – 2013» ва Даҳсолаи байналмилалии «Об — барои рушди устувор, 2018-2028» аз ҷумлаи чунин иқдомҳост.

Тавассути ташаккули Гурӯҳи дӯстони об ва кумитаи роҳбарикунандаи он, инчунин, ба роҳ мондани фаъолияти Кумитаи байналмилалии машваратии «Раванди оби Душанбе» дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ба Тоҷикистон муяссар гардид, ки дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об саҳми муассир дошта бошад.

Ҳамаи қатъномаҳои Маҷмаи умумии СММ, ки бо ташаббусҳои Тоҷикистон қабул шудаанд, дорои ҳадафҳои созандаи ҳусни ҳамҷаворию сулҳҷӯёна буда, ба рушди ҳамаи кишварҳо нигаронда шудаанд.

Қобили зикр аст, ки дар баробари давлатҳои ботаҷриба ва дорои зарфиятҳои молии бузурги ҷаҳон ташаббускори қатъномаҳои Маҷмаи умумии СММ гардидан кори саҳл набуд. Вале, Тоҷикистон сарфи назар аз иқтидори маҳдуд, тавонист, ки ташаббускор ва пешбарандаи қатъномаҳои Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар ин самти ҳаётан муҳим гардад.

Дар зимн, дастоварди дигар он буд, ки дар раванди таҳияи Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор, маҳз бо саъю талошҳои хастанопазири ҷониби Тоҷикистон масъалаи об ва беҳдоштӣ дар қатори 17 Ҳадафҳои рушди устувор, ҳамчун ҳадафи 6 тасдиқ карда шуд.

Дар ниҳоят, қобили таъкид аст, ки моҳи декабри соли 2022 бо пешниҳоди Сарвари Тоҷикистон соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пир­яхҳо» эълон гардид.

Таваҷҷуҳ зоҳир кардан ба ­масъалаҳои марбут ба пир­яхҳо аз ҷониби Пешвои миллат борҳо таъкид гардидааст. Нахустин маротиба Пешвои миллат дар хусуси диққати ҷиддӣ додани ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳифзи пиряхҳо ва таъсиси хазинаи махсус моҳи июни соли 2009 дар Конфронси 15 ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим дар Копенгаген (Дания) даъват карда буданд. Баъдан моҳи июни соли 2012 дар ҷаласаи умумии Конфронси СММ оид ба Ҳадафҳои рушди устувор, дар шаҳри Рио-де-Жанейро (Бразилия), дигар конфронсу чорабиниҳои сатҳи СММ ва форумҳои обу иқлим дар Тоҷикистон, ИМА, Франсия, Япония, Туркия, Шотландия, Ҷумҳурии Арабии Миср, инчунин, ҷаласаҳои Панели сатҳи баланд оид ба обу иқлим, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон узви он мебошанд, ин масъала ба маркази таваҷҷуҳ гузошта шуд.

Натиҷаи ин талошҳо буд, ки дар баробари эълон дош­тани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» Маҷмаи умумии СММ ду қатъномаи махсусро дар робита ба ин масъала – эълон доштани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва таъсиси Фонди эътимодии ҳифзи пиряхҳо қабул намуд.

Ташаббуси навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи кишвари моро дар пешбурди сиёсатҳои ҷаҳонӣ боз ҳам таҳким бахшида, шинохт ва эътирофи ин Абармарди таърихиро ҳамчун лидери ҳалли масъалаҳои ҷаҳонии обу иқлим қавитар намуд.

Акнун Ҷумҳурии Тоҷикис­­тон дар ҳалли мушкилоти глобалии об аз иштирокчии канорӣ ба давлати пешоҳанг, муайянкунанда ва пешбарандаи сиёсати ҷаҳонии обу иқлим мубаддал гашта, мудирияти чорабиниҳои асосӣ ва бонуфузтарини сатҳи ҷаҳонии марбут ба ин масъалаҳоро ба зимма дорад.

Кишвари мо ба он ноил гашт, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти печидаи обу иқлим бештар ҷалб гардида, ин ду ҷанба, дарвоқеъ, ҳамчун бақои ҳаёти инсоният ва асоси рушди давлатҳо шинохта шаванд.

Вобаста ба ин як нуқтаро махсус бояд қайд кард: Дар маросими пӯшидашавии конфронси болозикр бо назардошти аҳамияти ҳамкориҳои байнидавлатӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон суханони таърихиро иброз доштанд: «Биёед, мо дар атрофи об муттаҳид бошем!».

Пиряхҳо, ки манбаи асосии ташаккули оби дарёҳои Осиёи Марказӣ мебошанд, бо ин даъвати таърихии Пешвои миллат ин сарвати бебаҳо на танҳо омили ташаккули об ҳамчун манбаи ҳаёт, балки омили муттаҳидкунандаи ҳамаи давлатҳои манфиатдор дар ҳалли мушкилоти гуногуни минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мегардад.

Ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз рост омадани Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ин худ рамзӣ мебошад. Яъне, обу Наврӯз, об ва эҳёи табиат, обу ҳаёт, об ва шурӯи зиндагӣ, бо ҳам тавъаманд, якдигарро мукаммал гардондаанд, балки боиси ҳастии мавҷудотанд. Об ва Наврӯз бо аҳамияти бебаҳои худ метавонанд ду омили муттаҳидкунандаи башарият бошанд ва зиндагии инсониятро сабзу хуррам ва зебову рангин созанд.

Ҳаёт ОДИНАЕВ,

Рустам ЛАТИФЗОДА,

вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон