АҲАМИЯТИ ОБ ДАР ТАБИАТ ВА ИҚТИСОДИЁТ
Об навъи аз ҳама бештар истеъмолшавандаи сарватҳои табиӣ буда, аз рӯи ҳаҷми истифодаи солона аз вазни ҳама навъи дигари сарватҳои истихроҷшаванда ба маротиб зиёд аст. Инсон дар рафти истифодаи захираҳо ва ашёи хом ҳар сол тахминан 300 млрд. тонна хок ва ҳар гуна ҷинсҳоро аз як ҷо ба ҷои дигар мекӯчонад. Дар муқоиса аз сарчашмаҳои гуногуни об ҳар сол бештар аз 4 ҳазор км3 об (4х1012 тонна) берун гирифта мешавад, ки аз рӯи вазн аз ҳама сарвати табиии боқимонда, дар маҷмӯъ, хеле зиёд аст.
Инчунин, инсон дар фаъолияти хоҷагидорӣ оби зиёдро мавриди истифода қарор медиҳад. Нахуст объектҳои обиро ҳамчун низомҳои транзитӣ ва тозакунӣ барои партовҳо, ҳамчунин барои гӯронидани онҳо истифода мебарад. Ҳаҷми партофти глобалии обҳои ғализ бузургии тахминан 2 ҳазор км3, дар як солро ташкил медиҳад. Барои то ба сатҳи табиӣ расонидани сифати об дар объекти табиие, ки ҳамчун қабулкунандаи обҳои ғализ истифода бурда мешавад, ҳатто баъд аз тозакунӣ барои омезиши обҳои ғализ ба андозаи 10 — 50 маротиба ва бе тозакунӣ то 100 — 1000 маротиба зиёдтар об лозим мешавад. Амалан, ҳамаи ҳаҷми эмиссия (партофт)-и моддаҳои заҳрнок ба атмосфера дар сатҳи сайёра дар намуди боришоти хушк ва намнок таҳшин мешавад. Қисмати аз ҳама бештари ин моддаҳо бевосита ё тавассути таҳмил бо маҷрои об ба объектҳои обӣ ворид мегардад (таркиби онҳоро тағйир медиҳад). Тибқи баъзе маълумот, дар миёнаи солҳои 1990 (аз он давра вазъ тағйир наёфтааст) то 17 ҳазор км3 об ифлос мегардид, ки ба нисфи бузургии максималии ҳаҷми обе, ки барои истифода дастрас буд, баробар аст.
Дуюм, инсон обро барои иншоотҳои обие, ки ба таври сунъӣ бунёд шудаанд, истифода мебарад. Захираҳои обе, ки дар обанборҳо ва ҳавзҳо ҷамъ оварда шудаанд, барои мақсадҳои гуногун, аз ҷумла истеҳсоли энергия, обёрикунии заминҳо, нақлиёти дарёӣ, моҳидорӣ ва моҳипарварӣ, рекреатсия ва ғайра истифода бурда мешаванд. Ҳаҷми умумии захираҳои об, ки дар обанборҳои ҷаҳон бо ғунҷоиши на камтар аз 0,1 км3 ҷамъоварӣ шудаанд, тахминан ба 6330 км3 ва теъдоди обанборҳо дар миқёси ҷаҳон ба се ҳазор баробар шудааст. Нигоҳдории ҳаҷм ва сифати оби ин объектҳо барои устувории экосистемаҳои обӣ, таъмини аҳолӣ бо оби тоза, истеҳсоли энергия, озуқаворӣ ва дигар функсияҳо хеле мусоид аст.
Сеюм, объектҳои обӣ ҳамчун муҳити зисти моҳиҳои шикорбоб ва дигар гидробионтҳо, ки қисмати муҳими ратсион (меъёри хӯрока) ва дар баъзе аз кишварҳо қисмати афзалиятноки онро ташкил медиҳанд, хизмат мекунанд.
Чорум, дар шароити ҳозира технологияҳои бозгардони об (обтаъминкунии такрорӣ ва гардон) низ васеъ истифода бурда мешаванд. Дар ҷаҳон умуман дар ҳудуди 10 дарсад аз ҳаҷми ҳарсолаи сарчашмаҳои табиии об мавриди равандҳои бозгардон қарор гирифтаанд.
Панҷум, корхонаҳои кишоварзие, ки технологияҳои обёрикунии сунъиро татбиқ намекунанд, низ бояд ҳамчун истеъмолкунандагони об баррасӣ карда шаванд. Ҳамаи он ҳаҷми обе, ки рустаниҳои обёришаванда фурӯ мебаранд, амалан аз ҷониби чунин истеҳсолот пурра истеъмол карда мешавад.
ФУНКСИЯҲОИ АСОСИИ ОБ
Об се функсияи барои инсоният муҳимтаринро иҷро менамояд: истеҳсоли озуқаворӣ, истеҳсоли энергия ва маҳсулоти саноатӣ, истеъмоли об дар рӯзгор ва қонеъгардонии эҳтиёҷоти санитарӣ — гигиенӣ (ба истиснои функсияҳои нақлиётӣ, рекреатсионӣ, эстетикӣ ва дигар функсияҳо). Аён аст, ки афзоиши бемаҳдуди ҳаҷм ва миқёси иқтисодиёти ҷаҳонӣ дар асри ХХ, таркиши демографӣ ва мувофиқан, болоравии сарбории антропогенӣ ба экосистемаҳо ва объектҳои обии табиӣ сабабҳои асосии пайдоиш ва пурзӯршавии камбуди об дар аксар минтақаи ҷаҳон гардиданд. Албатта, инсон ба камбуди об бар асари таъсири омилҳои ҷуғрофӣ ҳанӯз аз давраҳои пайдоиш шинос аст, лекин миқёси имрӯзаи он беандоза бузург ва беназир эътироф шудааст.
Яке аз муҳимтарин функсияҳои об аз лиҳози меъёрҳои табиӣ иштироки он дар равандҳои нигоҳдории тавозуни табиӣ (экологӣ) мебошад. Гирдгардиши табиии об устувории мавҷудият ва фаъолияти экосистемаҳоро дар табиат (сайёраи Замин) таъмин намуда, ба миқёси такрористеҳсол ва ҷараёни аксар равандҳои геологӣ, химиявӣ, физикӣ, биологӣ ва ғайра таъсири ҷиддӣ мерасонад. Захираҳои об ҳамчун унсури муҳимтарини неруи ассимилятсионии табиат низ баромад менамояд. Фурӯбарӣ ва ҳалкунии ҳар гуна ифлосиҳо ва партовҳо ба хотири нигоҳдорӣ ва беҳдошти сатҳу сифати муҳити зист ва хизматрасониҳои экосистемавӣ бе иштироки фаъоли захираҳои об ғайриимкон аст.
ҲОЛАТИ ИСТЕЪМОЛИ ОБ ДАР ҶАҲОН
Бештар аз 70 фоизи сатҳи кураи Заминро захираҳои об ташкил медиҳанд. Лекин танҳо тақрибан ду фоизи ҳаҷми имконпазири ҷаҳонии об ба гурӯҳи обҳои тоза (нӯшокӣ) мансубанду халос. Мутаассифона, имкони истифодабарии захираҳои об дар миқёси ҷаҳон бар асари таъсири омилҳои табиӣ, аз ҷумла омилҳои экологӣ, хеле маҳдуд аст. Ҳаҷми бузурги об дар уқёнусҳо сатҳи баланди шӯрӣ (ба ҳисоби миёна 35%) дорад. Захираи оби нӯшокӣ дар пиряхҳо бар асари дурӣ (дастнорас будан) ва ҳолати онҳо дар шакли сахтӣ, инчунин, яхҳои зеризаминии таркиби ҷинсҳое, ки муҳлати дурудароз дар ҳолати яхбаста қарор доранд, дастрасии маҳдуд доранд. Қисмати бештари обҳои зеризаминӣ бо минералҳо омезиш ёфта, дар чуқуриҳои зиёд ҷойгир шудаанд, нисфи оби кӯлҳо низ шӯр шудаанд. Бинобар ин, ҳаҷми оби нӯшокӣ, ки барои истеъмол дастрас аст, ҳамчунин дар муқоиса бо эҳтиёҷоти ҳозираи тамаддун хеле маҳдуд мебошад.
Ҳаҷми оби нӯшокӣ дар ҳама объектҳои табиӣ ба 35 ҳазор км3 баробар аст, ки тахминан 2,5 дарсад аз ҳаҷми захираҳои умумии обро ташкил медиҳад. Лекин обҳои дарёҳо захираҳои барқароршавандаанд. Барои барқароршавии онҳо ба ҳисоби миёна 16 рӯз лозим мешавад. Маҷрои миёнаи солонаи дарёҳои олам тақрибан ба 50 ҳазор км3 баробар аст. Захираи обҳои нӯшокӣ, аз ҷумла обҳои зеризаминӣ, ки дар як вақт барои истифода дастрасанд, тахминан дар ҳаҷми 24 ҳазор км3 муайян шудаанд.
Сатҳи бо об таъмин будани кишварҳои ҷаҳон (ҳаҷми захираҳои об ба ҳар як сокини сайёра) аз 0,0 м3 то ба 78 ҳаз. м3 тағйир меёбад. Ин нишондиҳанда дар оғози солҳои 2000-ум нисбат ба соли 1970 тақрибан ду маротиба кам шуд. Лекин тибқи дурнамо, пастшавии сатҳи он дар соли 2050 назар ба соли 2002 ба андозаи якуним маротиба пешгӯӣ карда мешавад.
Тибқи баъзе аз сарчашмаҳо, тайи 50 соли охир ҳаҷми истеъмоли об дар ҷаҳон бештар аз ду маротиба афзудааст. Зиёда аз ин, тақрибан 60 фоизи экосистемаҳои табиии ҷаҳонӣ, ки ба ин ё он тарз бо захираҳои об (объектҳои обӣ) алоқаманданд, бар асари таъсири (сарбориҳои) антропогенӣ харобгардида маҳсуб мешаванд. Ин ҳолат ба ҳаҷм, ҳолат ва сатҳи самаранокии истифодабарии захираҳои оби истифодашаванда, пеш аз ҳама, обҳои нӯшокӣ таъсири хеле ногувор мерасонад.
МУШКИЛОТИ КАМБУДИ ОБИ НӮШОКӢ
Дар шароити ҳозира камбуди оби нӯшокӣ ба яке аз омилҳои маҳдудкунандаи дурнамои рушди минтақаҳо ва умуман ҷаҳон табдил ёфтааст. Котиби генералии СММ дар баромадаш бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити атроф соли 2003 чунин хотиррасон кард: «Ду миллиард инсон ногузир ба оби нӯшокӣ эҳтиёҷ доранд». Илова бар ин, инчунин тақрибан ду миллиард одами дигар ба ҳолатҳои камбуди об дар ҳаёт амалан дучор омадааст. Тибқи далелҳои Бонки ҷаҳонӣ, ба тағйирёбии ҷиддии вазъият дар тӯли 50 соли наздиктарин умед бастан ғайриимкон аст. То миёнаи асри ХХI аллакай 40 фоизи аҳолии Замин ба камбуди об дучор шуда, 20 фоизи он аз чунин камбудӣ ба таври ҷиддӣ азият хоҳанд кашид. Аслан, зимни чунин дурнамои ногувор ҳолат ва оқибатҳои имконпазири тағйирёбии глобалии иқлим, ки эҳтимолан метавонад вазъро хеле шиддатнок гардонад, ба назари эътибор гирифта нашудааст. Ҳамчунин, ҳар гуна пешгӯиҳои сар задани муноқишаҳои «обӣ» ва лоиҳаҳои миқёсан хеле бузурги азнавтақсимкунии маҷрои дарёҳо доимо дар доираҳои илмӣ ва матбуоти даврӣ мавриди баҳсҳо қарор доранд. Ба таври фаъол на танҳо чораҳо оид ба бартараф кардани камбуди об, ки аз ҳудуди иқтисоди миллӣ берун намебароянд, балки инчунин чораҳои сатҳи байналмилалӣ низ ба таври васеъ баррасӣ карда мешаванд. Маҳз барои ҳамин ҳам об предмети ҷиддии баҳсу мунозираҳо дар доираи ҳамоишҳои калонтарини сайёра дар тӯли 25 соли охир, оғоз аз Конфронси байналмилалӣ оид ба муҳити атроф ва рушд, (Рио-де-Жанейро, соли 1992) гардидааст.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки агар равандҳои харобшавии экологӣ боздошта нашаванд, бешубҳа, раванди камбуди оби нӯшокӣ тамоюли болоравӣ дорад. Аз ин ҷо чунин хулоса бармеояд: шарти зарурии ҳалли мушкилоти камбуди оби нӯшокӣ то сатҳи безарар паст кардани таъсироти антропогенӣ ба муҳити атроф, экологизатсияи истеҳсолот ва истеъмолот, нигоҳдорӣ ва барқарорсозии миқдори экосистемаҳои ҳанӯз солим мебошад, ки барои таъмини устувории тавозуни экологӣ хеле заруранд.
Фаромӯш набояд кард, ки маҳз талаботи аҳолии афзояндаи ҷаҳон ба озуқаворӣ (ва энергия) ва кӯшишҳои қонеъгардонидани он тавассути татбиқи технологияҳои кишоварзии обёрии заминҳо яке аз сабабҳои асосии раванди глобалии тағйирёбии маҷрои аксари дарёҳо бо харобшавии экосистемаҳои табиӣ ва ивазкунии онҳо ба низомҳои техникӣ, фаъолшавии равандҳои обгирӣ аз сарчашмаҳои барқароршаванда, азнавтақсимкунии маҷрои обҳои рӯизаминӣ, харобшавии экосистемаҳои обӣ ва поёнобӣ, вайрон шудани тавозуни обии қабатҳои зеризаминӣ дар марзҳои миқёсан васеъ эътироф гардидааст. Раванди харобшавии экосистемаҳои обӣ, пеш аз ҳама, заминҳои обӣ — ботлоқӣ (ветландҳо), ки дорои сатҳи баланди гуногуншаклии биологӣ мебошанд, бо суръати баланд давом дорад. Ҳоло дар ҷаҳон тақрибан нисфи майдонҳои обӣ-ботлоқӣ талаф ёфтаанд, дар натиҷа, бештар аз 20 фоиз аз 10 ҳаз. навъи дар олам маълуми рустаниҳои обӣ нобуд шудаанд. Бар асари ин дар аксар минтақаи ҷаҳон захираҳои об дигар дар ҳаҷм ва сифати пештара дар ҳудуди афзоиши табиӣ барқарор нашуда истодаанд, яъне онҳо пайваста ба захираҳои барқарорнашаванда табдил ёфта истодаанд.
ЗАМИНАҲОИ РУШДИ УСТУВОР ДАР БАХШИ ОБ
Инсон дар тӯли фаъолият асосан дар асри ХХ ва оғози асри ҷорӣ, аз як ҷониб, ба туфайли татбиқи васеи дастовардҳои илмию технологӣ шароити арзандаи зиндагӣ фароҳам оварда бошад ҳам, аз ҷониби дигар, дар ин муддат дучори мушкилии зиёд гардид, ки характери минтақавӣ ва глобалӣ пайдо карда, ба раванди мавҷудияти ҳаёти инсон, дигар мавҷудот ва экосистемаҳои сайёра ба таври ҷиддӣ таҳдид мекунанд. Аз ҷумла, рушди бемайлони технологияҳо дар саноат ва кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо, афзоиши шумораи аҳолӣ, истифодабарии ноустувору ғайриоқилонаи сарватҳои табиӣ ва харобшавии аслан бебозгашти бархе аз экосистемаҳои сайёра бар асари фаъолияти техногении инсон боиси пайдоиш ва мураккабшавии мушкилоти ҷиддии глобалӣ дар соҳаи экология ва ҳифзи муҳити атроф гардидаанд.
Дар байни мушкилоти глобалӣ норасоии об, пеш аз ҳама, оби тозаи нӯшокӣ ва харобшавии экосистемаҳои об торафт бештар аҳамияти ҷиддию ҳалкунанда пайдо карда истодаанд. Афзоиши талабот ба об ва тағйирёбии иқлим шиддатнокии мушкилотро торафт бештар ва номуайян гардонида истодаанд.
Ҳамчунин, муҳимияти об барои ҳаёт ва сайёраи Замин ҳоло ба аксиома табдил ёфтааст, ки ба исбот кардан зарурат надорад. Сабаби асосии тезутунд шудани масоили об аз лиҳози таъмини рушди устувор ба далелҳои зерин алоқаманд аст:
- об қисми таркибӣ ва хеле арзишманди сармояи табиӣ буда, он дар аксар равандҳои табиӣ, технологӣ ва иқтисодӣ фаъолона ширкат меварзад;
- тақсимоти нобаробари захираҳои об дар сатҳи ҷуғрофии олам норасоии онро дар минтақаҳои гуногун пурзӯр намудааст;
- тахминан 1,5 млрд. нафар одам дар кишварҳои Осиё, Африқо ва Амрикои Лотинӣ аз норасоии ҷиддии оби нӯшокӣ азият мекашанд;
- истеъмоли оби тоза дар ҷаҳон дар 50 соли охир тахминан се маротиба зиёд шуда, норасоии оби нӯшокӣ дар аксар мамолики рушдёбанда, тибқи маълумоти СММ, то ҳол ба таври нобаробар боқӣ мондааст;
- то соли 2030 дар сурати андешида нашудани чораҳои зарурӣ тақрибан 5 млрд. нафар (қариб 67 фоизи аҳолии сайёра) аз дастрасӣ ба оби тоза маҳрум хоҳанд шуд;
- мушкилоти об ба яке аз омилҳои муҳим ва хеле таъсирбахш ба сатҳи рушди иқтисод, иҷтимоиёт, таъмини амнияти миллӣ, минтақавӣ ва глобалӣ табдил ёфтааст;
- рушди иқтисод, афзоиши шумораи аҳолӣ ва харобшавии экосистемаҳои обӣ омилҳои асосии афзоиш ва шиддатнокии мушкилоти норасоии оби нӯшокӣ дар ҷаҳон мебошанд ва ғайра.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015 аз минбари СММ таъкид карданд: «Дар ин шароит, ба ақидаи мо, зарур аст, ки ба таври ҷиддӣ усулҳои ҳозираи идоракунии захираҳои об ва истифодабарии онҳо аз нав бознигарӣ карда шаванд, то ин ки мутобиқшавии мувофиқ бо назардошти на танҳо омили иқлимӣ, балки инчунин, афзоиши минбаъдаи аҳолӣ ва иқтисодиёт дар ҷаҳон, инчунин норасоии захираҳои оби нӯшокӣ таъмин карда шавад».
Дар «Рӯзнома барои асри ХХ1», ки ҳанӯз дар Конференсияи байналмилалии СММ оид ба муҳити атроф ва рушд (соли 1992, Рио — де — Жанейро) таҳия гардида буд, ҳафт бахши барномавии марбут ба ҳифзи захираҳои обҳои нӯшокӣ пешниҳод гардида, зарурати тағйирот дар амалияи идоракунии захираҳои об таъкид гардида, ба дарки он ки захираҳои об ҳамчун асоси рушди устувори ҷаҳон мебошанд, мусоидат намуд.
Солҳои навадуми асри гузашта ба масоили идоракунӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои об дар миқёси минтақавӣ ва глобалӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид. Аз ҷумла, бо таклифи Шӯрои умумиҷаҳонӣ оид ба об (соли таъсисёбӣ — 1996) ҳар сол ба амалияи ташкил ва гузаронидани ҳамоишҳои умумиҷаҳонии об асос гузошта шуд.
Илова бояд кард, ки то соли ҷорӣ 9 ҳамоиши глобалӣ дар соҳаи об (Марокаш — 1996, Гаага — 2000, Киото — 2003, Мехико — 2006, Истанбул — 2009, Марсел — 2012, Тэгу — Кёнджу — 2015, Бразилиа — 2018, Дакар — 2021) гузаронида шуданд. Дар онҳо динамикаи устувори дарки муҳимият ва камбуди захираҳои об арзёбӣ шуда, нақши афзояндаи захираҳои об аз лиҳози таъмини рушди устувор таъкид гардида, таваҷҷуҳи ҳукумат ва ташкилотҳои байналмилалӣ ба мушкилоти харобшавии экосистемаҳои об ва ифлосшавии захираҳои он ҷалб карда шуда, муҳимияти такмили асосҳои институтсионалӣ ва беҳдошти инфрасохтори дастгирии бахши об таъкид гардид.
Дар «Рӯзнома то соли 2030», ки дар Иҷлосияи 75 Маҷмаи умумии СММ соли 2015 қабул шуд, «Ҳадафҳои рушди устувор» эълон гардиданд. Дар 17 ҳадаф (Ҳадафи рушди устувор)-е, ки 169 вазифаи мушаххасро дар бар мегиранд, ба масоили андешидани чораҳои комплексӣ оид ба ҳавасмандгардонии фаъолият дар бахшҳои фавқулода муҳим — одамон, сайёра, пешравӣ, сулҳ ва ҳамкориҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд. Самти муҳими рушди стратегӣ ин ҳаракат аз самти ҳалли масоили маҳви камбизоатӣ дар ҳама шакли он ба сӯи ҷанбаи мубориза бар зидди нобаробарӣ ва ҳалли мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим ва таъмини дастрасӣ ба оби тоза эътироф гардид.
Дар байни онҳо ду ҳадафи муҳим — «Ҳадафи 6 — Таъмини мавҷудият ва истифодабарии оқилонаи захираҳои об ва беҳдошт барои ҳама» ва «Ҳадафи 14 — Нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи уқёнусҳо, баҳрҳо ва захираҳои баҳрӣ ба манфиатҳои рушди устувор» пурра ба масоили об бахшида шуда, дар айни ҳол ба ҷанбаҳои экологӣ аҳамияти афзалиятнок дода шудаанд.
Барои ноил гардидан ба Ҳадафи 6 амалӣ намудани 8 вазифаи асосӣ зарур шуморида мешавад:
- то соли 2030 дастрасии ҳама ба оби нӯшокии бехатар ва нисбатан арзон таъмин гардад;
- то соли 2030 дастрасии ҳама ба воситаҳои мақбули санитарӣ — гигиенӣ таъмин гардида, ба талаботи занҳо, духтарон ва шахсоне, ки дар ҳолати осебпазир қарор доранд, таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шавад;
- то соли 2030 сифати об тавассути коҳиши ифлосшавӣ, маҳви ҷойгиркунонии партовҳо ва минималӣ гардонидани партови моддаҳо ва маводи химиявии хатарнок, ду маротиба кам кардани ҳиссаи обҳои тозанашуда аз соҳаи маишӣ ва афзудани миқёси гирдгардиш ва истифодаи такрории бехатари обҳои ғализ дар ҷаҳон баланд бардошта шавад;
- то соли 2030 самаранокии истифодабарии захираҳои об дар ҳама бахш баланд бардошта шуда, обгирӣ ва пешниҳоди муътадили оби нӯшокӣ барои ҳалли мушкилоти норасоии об ва коҳиш додани шумораи одамоне, ки аз норасоии об азият мекашанд, таъмин шавад;
- то соли 2030 идоракунии комплексии захираҳои об дар ҳама сатҳ, аз ҷумла зимни зарурат дар асоси ҳамкориҳои фаросарҳадӣ, таъмин шавад;
- то соли 2020 ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳои марбут ба об, аз ҷумла, кӯҳҳо, ҷангалзорҳо, заминҳои обӣ — ботлоқӣ, дарёҳо, қабатҳои обдор ва кӯлҳо таъмин карда шавад;
- то соли 2030 ҳамкории байналмилалӣ ва дастгириҳо дар бахши таҳкими неруи кишварҳои рӯ ба тараққӣ нисбат ба татбиқи фаъолият ва барномаҳо дар соҳаи таъминоти об ва санитария, аз ҷумла, ҷамъоварии обҳои рӯизаминӣ, истеҳсоли оби нӯшокӣ, баланд бардоштани самаранокии истифодабарии захираҳои об, тоза кардани обҳои ғализ, татбиқи технологияҳои бозгирдгардиш ва истифодабарии такрорӣ тақвият бахшида шаванд;
- иштироки ҷамоатҳои маҳаллӣ дар беҳдошти хоҷагии об ва санитария дастгирӣ ва мустаҳкам карда шавад.
Илова мебояд кард, ки ҳамаи ин вазифаҳо барои Тоҷикистон аҳамияти амалӣ дошта, нақши онҳо чӣ аз лиҳози нигоҳдории гуногуншаклии биологӣ ва ҳифзи муҳити атроф ва чӣ аз нуқтаи назари ташаккулёбӣ ва пешниҳоди хизматрасониҳои муҳими экосистемавӣ хеле бузург ва нодир аст.
Дар Эъломия оид ба рушди устувор, ки соли 2002 дар Ҳамоиши умумиҷаҳонӣ оид ба рушди устувор (шаҳри Йоханнесбург, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ) қабул шуд, таъкид гардид, ки об қисмати ҷудонашавандаи рушди устувор буда, хоҳу нохоҳ бо 5 мушкилоти асосии рушди ҷаҳонӣ зич алоқаманд аст: об ва шароити беҳдошт (санитария), энергия, тандурустӣ, кишоварзӣ ва гуногунии биологӣ. Дар айни ҳол қайд шуд, ки рушди устувор бе ҳалли мувофиқи мушкилот дар бахши об аслан ғайриимкон аст. Аз ҳама муҳимаш зикр гардид, ки қашшоқиро бе ҳалли мушкилоти истифодабарии захираҳои об, алалхусус дар деҳот, бартараф кардан номумкин мебошад.
Воқеан, дар байни захираҳои об ва имконияти таъмини амният, пеш аз ҳама, амнияти экологӣ, робитаи хеле зич вуҷуд дорад. Аслан, таъмини амнияти озуқаворӣ, энергетикӣ ва экологӣ бе истифодаи захираҳои об ғайриимикон аст. Ҳалли ин мушкилот таҳияи механизми хеле оқилона ва одилонаи танзими истифодабарии захираҳои маҳдуди обро бо пояи эътирофи манфиатҳои кишварҳо, минтақаҳо ва ҷаҳон тақозо менамояд.
Бо дарназардошти ҷанбаҳои мазкур дар раванди гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистон ба модели рушди устувор бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби СММ ташаббусҳои зерини глобалӣ дар соҳаи об қабул ва мавриди амал қарор дода шуданд:
- Соли байналмилалии оби тоза, соли 2003;
- Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои ҳаёт», солҳои 2005-2015;
- Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, соли 2013;
- Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор» солҳои 2018-2028.
Қайд кардан зарур аст, ки ташаббуси чоруми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қабули Қатъномаи Маҷмаи умумии СММ аз 21 декабри соли 2016 дар бораи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028 ба тавсеаи ҳамаҷонибаи раванди такмили минбаъдаи низоми мукаммали ҳамкориҳо, ҳамгироӣ ва тақвияти неруи кишварҳо, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ нигаронида шуда, ҷиҳати татбиқи бештар воқеии принсипҳо ва ғояҳои консепсияи рушди устувор то соли 2030 нақши хеле бузург дорад. Қабули қатъномаи мазкур бори дигар исбот намуд, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол ҳамеша ҷонибдори ҳалли оқилонаю адолатноки мушкилоти глобалӣ, хусусан, таъмини аҳолии сайёра бо оби тозаи ошомиданӣ буда, ҷомеаи ҷаҳониро пайваста ба таҳкими ҳамкориҳои ҳамаҷониба дар ин самт даъват менамояд.
Дар радифи ин Қатънома 6 — 9 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор» солҳои 2018 — 2028 баргузор мегардад, ки ба ҷалби доираи васеи ҷонибҳои ҳавасманд, иттиҳодияҳо ва гурӯҳҳои асосии осебпазир барои ширкат дар раванди таҳия ва баррасии возеҳу равшан ва ошкорои роҳҳою самтҳои ноил гардидан ба ҲРУ ва дигар ҳадафҳои марбут ба об, инчунин беҳдошти сатҳи бо иттилооти воқеӣ таъмин будани ҳама қишри ҷомеа нигаронида шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Саммити чоруми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором аз 23 апрели соли 2022 таъкид карданд, ки «захираҳои об дар мутобиқшавӣ ва устуворият ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим нақши калидӣ доранд. Дар ин замина, Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли пешвоёни Эътилофи обу иқлим ҷиҳати пешбурди ҳамгироишудаи масъалаҳои обу иқлим дар рӯзномаи ҷаҳонӣ саъй менамояд». Инчунин, қайд карданд, ки конфронси дуюми байналмилалии дарпешистода дар шаҳри Душанбе «ҳамчун ҳалқаи асосӣ барои пайвастани занҷираи чорабиниҳои гуногуни ҷаҳонӣ хизмат карда, дар раванди омодагӣ ба конфронси соли ояндаи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор» нақши калидӣ хоҳад дошт».
Умуман, аз соли 2000-ум Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббускори қабули 8 қатъномаи Маҷмаи умумии СММ гардид, ки ба ҳалли мушкилот дар соҳаи об бахшида шудаанд. Ин ташаббусҳо дар фаҳмиши дурусти мушкилоти об дар сатҳи минтақавӣ ва глобалӣ саҳми арзанда гузошта, ба ҳалли онҳо дар таъмини рушди иҷтимоӣ — иқтисодӣ, таъмини устувории экологӣ, ноил шудан ба сулҳ ва осоиштагӣ ва рушди устувор мусоидат кард.
ДУРНАМОИ РУШДИ УСТУВОР ДАР БАХШИ ОБ
Ҳалли масоили об ва рушди устувор хеле маблағталаб буда, тавсеаи ҳамкории ҳаматарафаро дар самтҳои марбут ба об тақозо менамояд. Ҳаҷми умумии сармоягузориҳо танҳо дар бахши таъминот ба об ва хизматрасониҳои манзилию коммуналӣ то соли 2050 ба андозаи 6,7 трлн. доллари ИМА пешгӯӣ карда мешавад.
Барои дар амал татбиқ намудани Ҳадафҳои руши устувор дар бахши об ва санитария таҳия ва татбиқи чорабиниҳои муфид дар самтҳои зерин мувофиқи мақсад мебуд:
- ҷустуҷӯи роҳҳо ва усулҳои оқилонаи таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ бо дарназардошти афзалиятҳои ҳифзи экосистемаҳои обӣ, татбиқи технологияҳои каммасраф дар саноат ва кишоарзӣ, ҳавасмандгардонии усулҳои муосири сарфа ва ҳифзи захираҳои об;
- андешидан ва иҷрои маҷмӯи чорабиниҳои комплексӣ дар соҳаи обу беҳдошт бо мақсади таъмини қобили қабули амнияти озуқаворӣ, энергетикӣ ва экологӣ дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ;
- гузариш ба стратегияи «рушди сабз» (иқтисоди сабз) бо мақсади бунёди ҷойҳои нави корӣ, рушди иҷтимоӣ — иқтисодии кишварҳо, минтақаҳо ва ҷаҳон дар пояи технологияҳои аз лиҳози экологӣ тоза. Дар назар бояд гирифт, ки модели анъанавии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба андозаи хеле ҷиддӣ ҷанбаҳои экологӣ ва манфиатҳои наслҳои ояндаро дар бар намегирад. Дар парадигмаи «рушди сабз» об ҳамчун омили ҳалкунанда дар таъмини эҳтиёҷот ба озуқа, энергия, ҳифзи табиат ва рушди иҷтимоӣ эътирофи умум пайдо намудааст;
- ҳамгироии ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, бахши хусусӣ, ҳукуматҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар раванди ноил гардидан ба Ҳадафи 6 СММ;
- баланд бардоштани сатҳи воқифияти шахсоне, ки дар қабули қарорҳо масъуланд, инчунин доираи васеи ҷомеа оид ба ҳолати захираҳои об, қабули чораҳо ҷиҳати беҳдошти дастрасӣ бо обтаъминкунӣ ва беҳдошт (санитария), таҳияи маърӯзаҳо оид ба пешравиҳо (дурнамои рушд) дар раванди ноил гардидан ба ҲРУ;
- баргаштан ба таҷрибаи таҳия ва татбиқи «Схемаҳои истифодабарии комплексӣ ва ҳифзи объектҳои обӣ» дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ;
- таъсиси кафедраи тахассусии «Иқтисодиёт ва идоракунии захираҳои об» дар сохтори факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллӣ ба хотири омода кардани мутахассисони сатҳи олӣ дар соҳаи иқтисод ва идоракунии захираҳои об;
- эълони озмунҳо (лоиҳаҳои илмӣ) оид ба таҳқиқи ҳолатҳои (мушкилоти) мушаххаси истифодабарии захираҳои об, нигоҳдорӣ ва ҳифзи экосистемаҳои об дар ҷумҳурӣ ва минтақа;
- таъсиси кластерҳои обӣ-энергетикӣ дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ, пеш аз ҳама, дар ноҳияҳои наздисарҳадии кишварҳои минтақа ба хотири аз байн бурдани мухолифатҳои (зиддиятҳои) боқимонда байни соҳаҳои гидроэнергетика ва кишоварзӣ, ҷустуҷӯ ва истифодабарии оқилонаи шаклҳои муосири неруи дарёҳои фаросарҳадии Осиёи Марказӣ бо мақсади таъмину таҳкими амнияти озуқаворӣ, энергетикӣ ва экологӣ дар минтақа ва ғайра.
- омодасозӣ ва манзури пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ташкил ва гузаронидани яке аз Форумҳои навбатии глобалии об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Тибқи тартиби муқарраршудаи гузаронидани ҳамоишҳо (як маротиба ҳар се сол) ва бо дарназардошти муҳлати анҷомёбии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди уствор» то (соли 2028) баргузории он дар соли 2027 бештар мувофиқи мақсад мебуд.
Ҳамин тариқ, татбиқи муваффақонаи ҲРУ марбут ба об зарурати таҳия ва татбиқи сиёсати мукаммали экологӣ — иқтисодӣ — иҷтимоӣ дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ, таҳкими шароити Тоҷикистон дар баррасӣ ва ҳалли мушкилоти минтақавӣ ва ҷаҳонии экологӣ бо дарназардошти истифодаи афзалиятҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти беҳдошти самаранокии рушди иқтисод ва гузариши он ба модели рушди устуворро ба хотири нигоҳдории захираҳои об, ҳифзи экосистемаҳои об ва риояи манфиатҳои Тоҷикистон ва наслҳои ояндаро дар бахши об тақозо менамояд.
Ҳаёт ОДИНАЕВ,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
доктори илмҳои иқтисодӣ,
профессор