Обуҳавошиносон бо дастгоҳҳои замонавӣ таъмин мегарданд

№81 (4343) 22.06.2021

DSC_2959Ҳаждаҳуми июни соли 2021 таҳти раёсати муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Мавзуна Шамсиддинзода оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи Созишномаи маблағгузории (гранти D3620-TJ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд барои лоиҳаи «Навсозии хизматрасонии обуҳавошиносӣ дар Осиёи Марказӣ» (маблағгузории иловагӣ) ҷузъи «С» муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид.

Дар он вакилони Маҷлиси намояндагон, масъулини Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва директори иҷроияи лоиҳаи «Навсозии хизматрасонии обуҳавошиносӣ дар Осиёи Марказӣ» (маблағгузории иловагӣ), ҷузъи «С» ширкат варзиданд.

Мавзуна Шамсиддинзода доир ба зарурати баррасии масъалаи мавриди назар изҳор дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таъкид карданд, ки баробари фаъолиятро дар самти муқовимат ба таҳдиду буҳронҳо ­тақвият бахшидан, бояд ба ­пайомадҳои тағйирёбии иқлим омодагии ҳаматарафа дошта бошем.

Баҳисобгирии муосири маълумот дар бораи тағйирёбии ҳарорати ҳаво ва боришот имкон медиҳад, ки пешгӯии тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон барои даҳсолаҳои оянда тартиб дода шавад. Дар асоси чунин пешгӯиҳо дар миёнаи асри XXI болоравии ҳарорати солона дар ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна 3-4 дараҷаро ташкил хоҳад дод. Гармшавии ҳаво бештар дар давраи зимистон ба миён омада, дар давраи гармии сол тағйирёбии иқлим кам ба назар мерасад. Тағйир­ёбии минбаъдаи иқлим оқибатҳои табиӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дошта, яке аз онҳо тағйирёбии самтҳои истифодаи захираҳои об ва замин ба ҳисоб мераванд.

DSC_2957Бино ба гуфти ӯ, татбиқи лоиҳаи «Навсозии хизматрасонии обуҳавошиносӣ дар Осиёи Марказӣ» барои беҳбуд бахшидани хизмат­расонии обуҳавошиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардида, иқтидори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақвият мебахшад. Дар доираи лоиҳа такмили шабакаи гидрологӣ, таҳкими шабакаи метрологӣ ва агрометерологӣ, таҳвили таҷҳизоти муосир барои пир­яхҳо дар назар аст.

Директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловаршо Дӯстзода доир ба тат­биқи созишномаи зикршуда маълумот дод. Зикр гардид, ки арзиши умумии ҷузъи 3-и лоиҳа 3 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки то якуми июни соли 2021-ум 626 ҳазор доллари он аз худ шудааст.

Бино ба гуфти масъулин, татбиқи пурраи лоиҳа имкон медиҳад, ки сифати кори Агентии обуҳавошиносӣ беҳтар гардида, сатҳи пешгӯии вазъи обу ҳаво низ баландтар шавад.

Дар хотима вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид­ҷаъфар Усмонзода, Зафар Файзуллозода ва Зоир Раҳмонзода ба масъулин ҷиҳати беҳтар тат­биқ намудани лоиҳа чанд пешниҳод манзур карданд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ