Қоидаҳои имло. Мушкилот, таҳлил ва пешниҳодот

№63 (4169) 28.05.2020

Ҳамовозӣ ба суханронии Пешвои миллат бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (4–уми октябри соли 2019)

DSC_1925Воқеан, камбудӣ, духӯрагӣ ва возеҳу равшан набудани бисёр банди Қоидаҳои имлои забони тоҷикиро наметавон нодида гирифт. Бисёр масъалаи дар мавриди аввал осонфаҳм (албатта, барои мутахассисон) дар қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ворид нашудаанд, ки он боиси ба вуҷуд омадани мушкилот дар миёни ҷомеа гардидааст. Аз ин рӯ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир намуда, намояндагони аҳли зиё, маориф, илм, адаб ва фарҳанги кишварро барои таҳияи лоиҳаи мукаммали қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ муваззаф намуданд ва барои ислоҳи мушкилоти ҷойдошта ба Академияи миллии илмҳо, академияҳои соҳавӣ, Кумитаи забон ва истилоҳот, Вазорати маориф ва илм, Иттифоқи нависандагон ва сохторҳои марбутаи Дастгоҳи иҷроияи Президент дастур доданд.

Бо ин мақсад, баъзе аз мулоҳизоту пешниҳодотеро, ки ҳангоми таҳияи лоиҳаи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ аз ҷониби гурӯҳи корӣ соли 2017 анҷом ёфт (муаллифи ин сатрҳо низ узви гурӯҳи корӣ буд), ба назар гирифта, чанд мушкили дигари Қоидаҳои имлои забони тоҷикиро таҳлил намуда, баъзе аз пешниҳодотро манзур менамоям.

Мушкилоти 1. Мушкилоти нахустини Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ аз банди аввали он – «Алифбо ва тартиби номи ҳарфҳо» оғоз меёбад. Ба ин масъала, агар назари таърихӣ намоем, дар ҳар як мавриди қабулу тасдиқи алифбои забони тоҷикӣ (1941, 1954, 1972, 1998, 2011) номи ҳарфҳо иваз шудаанд. Аз ҷумла, дар алифбои нави забони тоҷикӣ, ки 21 – уми майи соли 1940 тасдиқ шуд, номи ҳарфҳо дар шакли «а, бэ, вэ, гэ, дэ, е, ё, жэ, зэ, и, й (и-и кӯтоҳ), ка, эл, эм, эн, о, пэ, эр, эс, тэ, у, эф, ха, цэ, че, ша, ъ (аломати сакта), ь (аломати ҷудоӣ), э, ю, я, ғэ, ӣ (ӣ-и дароз), қа, ӯ, ҳа, ҷе» қабул шудааст. Баъдан, соли 1955 ба алифбои забони тоҷикӣ ду ҳарфи нави забони русӣ – ҳарфҳои ы ва щ бо номҳои эры ва ща илова гардида, бо Қарори Совети Вазирони РСС Тоҷикистон тасдиқ мешавад. Сипас, соли 1998 «Имлои забони тоҷикӣ» бори чорум тасдиқ шуда, дар он миқдори ҳарфҳо кам гардида, номи ҳарфҳо ва тартиби онҳо шакли зерро мегирад: а, бе, ве, ге, ғе, де, йе, йо, же, зе, и, ӣ, йи, ке, қе, ле, ме, не, о, пе, ре, се, те, у, ӯ, фе, хе, че, ҷе, ше, ъе, э, йу, йа». Бори охир соли 2011 Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ қабул шуда, номи ҳарфҳо боз тағйир меёбанд: «а, бэ, вэ, гэ, ғэ, дэ, йэ, йо, жэ, зэ, и, и-и дароз, йот, ка, қэ, эл, эм, эн, о, пэ, эр, эс, тэ, у, у-и дароз, эф, ха, ҳэ, чэ, ҷе, ша, сакта, э, йю, йа».

Таҳлил: Гурӯҳи забоншиносоне, ки дар таҳияи лоиҳаи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ (2011) иштирок намудаанд, бо далели кириллиасос будани алифбои забони тоҷикӣ номи ҳарфҳоро дар шакли аслаш (яъне дар ҳамон асле, ки аз забони русӣ қабул шудааст) пешниҳод менамоянд ва бо ин амал онҳо ба ақидаи таҳиягарони лоиҳаҳои солҳои 1940 ва 1955 мувофиқ буданд. Аммо дар мавриди номи ҳарфҳои е, ё, ӣ, й, ӯ, ю, я андешаҳо гуногунанд. Хусусан, ҳарфҳои Ее ва Йй, ки дар қоидаҳои солҳои 1940 ва 1955 Ее (е) ва Йй (и-и кӯтоҳ) ном доштаанд, дар қоидаҳои солҳои 1998 ва 2011 номҳои Ее (йе), 1998 — Ее (йэ), 2011 — Йй (йи), 1998 — Йй (йот) — ро мегиранд. Ҳамин ҳолат нисбат ба номи ҳарфҳои Ӣӣ (и-и заданок) 1940, 1955, 1972, Ӣӣ 1998, Ӣӣ (и-и дароз) 2011 ва Ӯӯ (ӯ) 1940, 1955, 1972, 1998 ва Ӯӯ (у-и дароз) 2011 низ ба назар мерасад. Дар баробари дигар ҳарфҳо ин ҷо савол ба миён меояд, ки номи ҳарфи Йй чаро дар Қоидаҳои имлои соли 2011 йот шудааст, дар ҳоле ки он ҳарфи тоҷикӣ буда, чун дигар ҳарф­ҳо бояд номи он дар шакли талаффузи тоҷикӣ Йй (йе) бошад. Зикр бояд кард, ки ҳарф Йй ҳатто дар алифбои забони русӣ номи йот надорад. Ин ном таърихан аз забони юнонӣ ба хатти кириллиасос ворид мешавад, ки дар вақти табаддулот дар алифбои русии давраи Пётри 1 номи ин ҳарф дигар мешавад.

Дар ин ҷо баҳс миёни ҳарфҳои Ее ва Ээ ба амал меояд. Ҳарфи Ее дар забони тоҷикӣ ҳамчун яке аз ҳарфҳои йотбарсар (й+э) дар асоси алифбои забони русӣ қабул шудааст. Оё ягон калимаи забони тоҷикӣ мавҷуд ҳаст, ки бо йэ талаффуз шавад? Ҳаст, аммо танҳо як мавриди истифодаи он мавҷуд аст: 1) танҳо байни садонокҳо дар охири калима (он ҳам дар ҳолати артикл қабул кардан) йэ талаффуз шуда е (ҳамчун йотбарсар) навишта мешавад: хонае [хонайэ], бачае [бачайэ], доруе [доруйэ], оҳуе [оҳуйэ], садое, [садойэ], наво [навое], моҳие [моҳийэ], шолие [шолийэ], дӯстие [дӯстийэ]. Дар дигар маврид ҳамеша э талаффуз мешавад. Дар забони тоҷикӣ ҳамчун калимаи аслӣ калимае мавҷуд нест, ки он бо Ее оғоз шуда бошад. Яъне, дигар маврид калимаҳое, ки дар таркиб ҳарфи Ее доранд, дар забони тоҷикӣ ҳамеша чун э талаффуз мешаванд, ҳатто калимаҳои иқтибосӣ низ, масалан: объект [талаффузи тоҷикӣ: обэкт], Елена [талаффузи тоҷикӣ: Элена] на [йэлена] ё калимаҳои арабии бадоеъ, вақоеъ, саноеъ, моеъ низ бадойэ, вақойэ, санойэ, мойэ талаффуз мешаванд. Ба ҳамин хотир, дар банди 7 (в)-и Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ қоидаи зерро илова намудаанд: дар байн ва анҷоми калима ба ҷойи ҳарфи э ҳарфи е навишта мешавад: меҳр, се, шанбе, се ва ғайра.

Аз ин ҷо бармеояд, ки барои ифодаи овози э дар забони тоҷикӣ ду ҳарф: ҳарфҳои э ва е истифода мешаванд, ки дар чунин шакл он қобили қабул аст ва метавонанд як ном дошта бошанд.

Ҳамин гуна баҳс доир ба номи ҳарфи Ӯӯ (у-и дароз) низ мавҷуд аст. Чунонки дар боло қайд кардем, дар қоидаҳои имлои солҳои 1940, 1955, 1972 ва 1998 ин ҳарф дар алифбо бо номи ӯ сабт шудааст. Вале дар Қоидаҳои имлои соли 2011 он номи у-и дароз-ро гирифтааст. У-и дароз ном ниҳодан ба фонемае, ки хусусияти фонологиаш тамоман дигар буда, аз назари фонетикӣ ҷойи тавлид ва махраҷ дорад, ғалати академӣ аст. Ба ҳеҷ ваҷҳ ин ҳарф наметавонад номи у-и дароз дошта бошад, зеро дар ин ҳолат бояд ҷуфти он у-и кӯтоҳро низ зикр кардан зарур мешавад. Дар ҳоле ки чунин хусусиятро, яъне дарозию кӯтоҳии садонокҳоро дар забони тоҷикӣ грамматикаи академии забони тоҷикӣ рад менамояд. Шояд таҳиягарони қоидаҳои имлои соли 2011 методикаи таълимро ба назар гирифта, барои ҳарфи Ӯӯ у-и дароз ном ниҳодаанд, вале ин хилофи меъёрҳои грамматикии забони тоҷикӣ мебошад.

Дар мавриди номгузорӣ шудани ҳарфи Ӣӣ (и-и дароз) низ масъалаи мавҷудияти дарозиву кӯтоҳии садонокҳои тоҷикӣ пеш меоянд. Дарозиву кӯтоҳии овозҳои садонок дар ҳолате тасдиқ мешаванд, агар онҳо фонемаҳои ҷуфти калимасоз бошанд. Ҳарчанд дар хатти арабиасоси тоҷикӣ қисме аз калимаҳо бо йо-и мақсура навишта шаванд ҳам, монанди пир, шир, сир ва ғайра ин маънои дарозии садоноки и-ро надорад. Бо ин гуфта мавҷудияти дарозию кӯтоҳии садонокҳои таърихии забони тоҷикиро рад карданӣ нестем. Албатта, аз назари таърихӣ дар марҳилаи аввали инкишофи забони тоҷикӣ 6 садонок ва 4 дифтонг арзи ҳастӣ дошт, ки аз онҳо 3 садоноки дароз (ā, ī, ū,) ва 3 садоноки кӯтоҳ (a, i, u) ва дар марҳилаи дуюми инкишоф 5 садоноки дароз (ā, ī, ū, ō, ē) ва 3 садоноки кӯтоҳ (a, i, u) ва 2 дифтонг мавҷуд буд. Аммо дар давраи нави инкишофи забони тоҷикӣ, дар натиҷаи таҳаввулот, садонокҳо ҷуфтҳоро аз даст доданд. Аз ин рӯ, наметавонем номи ҳарфҳоро у-и дароз ё и-и дароз номем, ки ғалати маҳзи илмист. Дар қоидаҳои имлои солҳои 1940, 1956, 1972, 1998 шартан и-и заданок номгузорӣ шудани он мантиқан дурусттар аст, яъне ба истиснои бандакҳои феълӣ ва хабарии шахси дуюми танҳо дар дигар ҳолатҳо он ҳамеша заданок талаффуз мешавад.

Доир ба ҳарфи Ъъ таъкид бояд кард, ки дар Қоидаҳои имлои соли 2011 аз назари қоидаҳои фонетикии забони тоҷикӣ дуруст, яъне сакта номгузорӣ шудааст. Шахсоне ҳастанд, ки онро мехоҳанд ъе номгузорӣ намоянд, ки ғалат аст, зеро ъе талаффузи он буда, дар чунин шакл онро танҳо дар мавриди овонависӣ (транскрипсия) метавонем навишт, вале номи ҳарф сакта будан дурусттар аст. Бо чунин ном он метавонад ифодакунандаи ҳарфи айн ва аломати ҳамзаи калимаҳои иқтибосии забони арабӣ ва аломати сактаи калимаҳои иқтибосии забони русӣ бошад.

Иддае аз забоншиносон ҳарфҳои йотбарсарро дар алифбои забони тоҷикӣ ҳарфҳои зиёдатӣ меноманд ва зикр нашудани онҳоро дар алифбо дурусттар медонанд. Ин ақида боиси таваҷҷуҳ аст, аммо чун аз соли 1940 хатти кириллиасосро қабул кардем, то ҳол онҳо истифода мешаванд ва алҳол калимаҳоро бе онҳо навиштан ғайримуқаррарӣ менамояд, мисли Йаҳйо (Яҳё), дарйо (дарё), Йосуман (Ёсуман), Йунон (Юнон). Аз ин рӯ, зикр шудани ин ҳарфҳо дар алифбои кириллиасос ва истифода гардидани он дар навишт аз назари илмӣ ягон мухолифат надорад.

Пешниҳод: Бо дарназардошти таҳлили боло фикр мекунам, номи ҳарфҳо дар алифбои забони тоҷикӣ дар шакли зер навишта шаванд:

Аа   Бб   Вв   Гг   Ғғ   Дд  Жж  Зз  Ии  Ӣӣ   Йй

а  бэ  вэ  гэ  ғэ  дэ  жэ  зэ  и  (и-и заданок) йэ
Кк  Ққ  Лл  Мм  Нн  Оо  Пп  Рр   Сс  Тт  Уу  Ӯӯ
ка   қэ  лэ   мэ  нэ  о  пэ  рэ   сэ  тэ  у   ӯ
Фф  Хх  Ҳҳ  Чч  Ҷҷ  Шш  Ъъ  Ээ  Ее   Ёё  Юю   Яя
фэ хэ  ҳэ  чэ  ҷэ  шэ  сакта   э   э/йэ  йо   йу   йа

 Мушкилоти 2. Дар банди 2-и Қоидаҳои имло тарзи навишти ҳарфҳои а, о, у дода шудааст, ки маъмулан дар оғоз, байн ва анҷоми калима навишта мешаванд. Ин қоидаи фаҳмост ва касе дар мавриди навишти ин ҳарфҳо ғалат нахоҳад кард. Вале ғалатнависиро дар дигар мавриди навишти ин ҳарфҳо мебинем.

Таҳлил: Яъне, ҳангоми истифодаи пас­вандҳои -а, -гӣ (-вӣ), -ӣ садонокҳои а ва о чӣ гуна навишта мешаванд? Масалан, барои омма нофаҳмост, ки навишти калимаи хатоӣ дуруст аст ё хатогӣ, ҳамин гуна, доноӣ ё доногӣ, дороӣ ё дорогӣ, ошноӣ ё ошногӣ ва ғайра. Ҳамчунин, калимаҳои иқтибосӣ, ки аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ иқтибос мешаванд, аксарияти калимаҳо о хонда шуда, а навишта мешаванд (хусусияти забони русӣ): Москва, Новосибирск, компютер, конститутсия ва ғайра. Вале забони тоҷикӣ чунин хусусиятро надорад. Дар ин маврид қоида зарур аст. Забоншиносон бояд аз ин роҳи гурез наҷӯянд ва онро нодида нагиранд, нодида гирифтан ин маънои онро дорад, ки пас аз чанд сол боз масъалаи тағйири Қоидаҳои имло ба миён меояд.

Пешниҳод: Барои ҳарфи у банди алоҳида таъсис дода шавад ва банди 2 дар шакли зер навишта шавад:

2. Ҳарфҳои а, о дар мавридҳои зер навишта мешаванд:

- дар оғоз, байн ва анҷоми калима: абр, баҳор, замон, хона, дара, об, овоз, бол, бод, доро, тавоно ва ғайра.

- дар калимаҳои иқтибосӣ дар ин маврид навишти забони асл ба назар гирифта мешавад: Россия, Москва, Новосибирск, компютер, конститутсия ва ғайра.

- агар калима бо садоноки а (ё йотбарсари я) анҷом ёбад, ҳангоми калимасозӣ пасванди -гӣ (-вӣ), навишта мешавад: хонагӣ, кӯчагӣ, бачагӣ, рафтагӣ, оворагӣ, бечорагӣ, нокорагӣ, дилбастагӣ, бандагӣ, хастагӣ, даниягӣ, индонезиягӣ, соягӣ, ҳамсоягӣ, алоҳидагӣ, дусолагӣ, дуҳуҷрагӣ, барномавӣ, садамавӣ, мафкуравӣ, оммавӣ, операвӣ ва ғайра.

- агар калима бо садоноки о (ё йотбарсари ё) анҷом ёбад, ҳангоми калимасозӣ пасванди -ӣ навишта мешавад: хатоӣ, доноӣ, дороӣ,ошноӣ, тавоноӣ, дилрабоӣ, овоӣ, пӯёӣ, ёбоӣ, бобоӣ, устоӣ ва ғайра.

Мушкилоти 3. Дар қоидаҳои имлои соли 1998 дар навишти имлои ҳарфи у ва ӯ бо далелҳои илмӣ тағийрот ворид карда шуда, қоидаҳое, ки нисбат ба ҳарфи ӯ буданд, ботил шуданд. Мутаассифона, навишти дурусти ҳарфҳои у ва ӯ на дар қоидаҳои имлои соли 1988 ва на соли 2011 дода шуданд. Дар қоидаҳои имлои соли 2011 нисбат ба ҳарфи ӯ чунин қоида дода шудааст: 5) Ҳарфи ӯ (у-и дароз) дар байн ва анҷоми калима навишта мешавад: рӯз, гӯш, зӯр, дӯст, бӯ(й), рӯ(й), мӯ(й) ва ғайра. Ҳарфи ӯ маъмулан пеш аз ҳарфи й навишта мешавад. Эзоҳ. Ҳарфи ӯ дар оғози калима дар иқтибосҳои туркӣ навишта мешавад: ӯгай, ӯрда, ӯғур, ӯмоч ва ғайра.

Таҳлил: Аз банди мазкур маълум мегардад, ки доир ба навишти ҳарфи ӯ баъд аз ҳарфҳои ъ (сакта) ва ҳ, ки дар имлои соли 1972 роиҷ буд, чизе гуфта нашудааст. Чӣ гуна навиштани он барои мардум номаълум боқӣ мемонад, ки ин боиси бесарусомониҳо дар навишти ҳарфҳои у ва ӯ гардид. Вақте ки дар имло қоидаҳо ба таври возеҳ нишон дода намешаванд, духӯрагиҳо ба миён меоянд. Дар Қоидаҳои имлои соли 1972 барои навишти дурусти ҳарфи у дар охири калима банди алоҳида бо мисолҳои зер дода шуда буд: бону, ду, зону, каду, моку, олу, тарозу, ҷоду ва ғайра. Барои навишти ҳарфи ӯ дар аввал, байн ва охири калима як банд бо овардани мисолҳо дода шуда буд ва барои ӯ дар охири калима мисолҳои зер навишта шуда буданд: бӯ(й), гулӯ, мӯ(й), рӯ(й), шӯ(й), ҷӯ(й) ва ғайра. Аз мисолҳо маълум аст, ки танҳо калимаи гулӯ дар ин қатор бегона аст. Ҳамин ғалат дар имлои соли 2011 гӯё ислоҳ шудааст, аммо аз мисол овардани калимаи гулу бо кадом сабабе худдорӣ шудааст. Ҳамчунин, дар имлои ӯ банди қисман ғалати «Ҳарфи ӯ маъмулан пеш аз ҳарфи й навишта мешавад» оварда шудааст. Тибқи меъёрҳои фонетикӣ дар забони тоҷикӣ калимае нест, ки бо овози ӯ анҷом ёбад. Он ҳатман дар охир овози й қабул мекунад ва онҳо танҳо 9 калимаи решагианд: бӯй, гӯй, кӯй, мӯй, рӯй, сӯй, хӯй, ҷӯй, шӯй, ки аз онҳо дар забони тоҷикӣ қариб 300 калима сохта шудааст. Азбаски овози й дар охири калима ним овозро ифода мекунад, бинобар ин калимаҳои болозикр дар шакли бӯ, гӯ, кӯ, мӯ, рӯ, сӯ, хӯ, ҷӯ, шӯ низ талафуз мешаванд. Калимаҳои абру, бону, гулу, ду, зону, каду, моку, неру, олу, ору, оҳу, тарозу, ҷоду ва ғайра, ки таърихан дигар хусусият доранд, дар охир овози ӯ қабул карда наметавонанд. Масалан, калимаҳои абру ва обрӯ(й), агар ба баромади таърихашон назар намоем, бо ҳамин хусусиятҳояшон фарқ мекунанд.

Пешниҳод: Барои ҳарфҳои у ва ӯ банд­ҳои алоҳида бо қоидаҳои зер ихтисос шаванд:

3. Ҳарфи у дар мавридҳои зер навишта мешавад:

- дар оғоз ва байни калима: умед, усто, уд, уқоб, бузург, суруд, буз, хун, дуд, дуруд ва ғайра;

- дар анҷоми калима: абру, аду, бозу, бону, гесу, гулу, дору, зону, неру, неку, паҳлу, олу, орзу, оҳу ва ғайра;

- дар ҳиҷои аввали калимаҳои иқтибосии арабӣ пеш аз ҳарфҳои ҳ ва ъ: муҳтарам, муҳлат, шуъба, шуъла, муъмин, суҳбат, уҳда ва ғайра;

- дар калимаҳои иқтибосии арабӣ, ки бар вазни тафаъъул меоянд: таваҷҷуҳ, таҷаммуъ, таматтуъ, тарашшуҳ, тазарруъ, таваққуъ, табарруъ ва ғайра;

- дар ҳиҷои аввали калимаҳои аслан тоҷикӣ пеш аз ҳарфи ҳ: Суҳроб, нуҳ, куҳна//куҳан, гуҳар, муҳр, муҳра.

Истисно: ҳиҷои аввали калимаҳои тоҷикии кӯҳ, кӯҳон, кӯҳл, сӯҳон ва арабии Нӯҳ, рӯҳ, рӯъё ва лӯълӯъ бо ҳарфи ӯ навишта мешаванд.

4. Ҳарфи ӯ дар мавридҳои зер навишта мешавад:

- дар байни калимаҳои аслии тоҷикии навъи рӯз, гӯш, гӯшт, дӯш, дӯст, зӯр, кӯр, кӯза, мӯза, рӯза, сӯзан, шӯрбо, Наврӯз ва ғайра;

- дар калимаҳои тоҷикӣ пеш аз ҳарфи ҳ: кӯҳ, кӯҳон, кӯҳл, сӯҳон, пажӯҳиш, сутӯҳ, андӯҳ, анбӯҳ, гурӯҳ, шукӯҳ.

- дар ҳиҷоҳои дуюми навъи зери калимаҳои арабӣ пеш аз ҳарфҳои ҳ ва ъ: макрӯҳ, маҷрӯҳ, мавзӯъ, мамнӯъ, маснӯъ, вузӯъ, вуқӯъ, тулӯъ, руҷӯъ, шурӯъ, рукӯъ, лӯълӯъ ва ғайра;

- дар калимаҳои бӯй, гӯй, кӯй, мӯй, рӯй, сӯй, хӯй, ҷӯй, шӯй ва калимаҳои аз ҳамин решаҳо сохташуда пеш аз ҳарфи й: бӯйгирифта, гӯйбозӣ, гӯйиш, мӯйдароз, рӯйбардор, ҷӯйбор ва ғайра.

Эзоҳ:

- калимаҳои бӯй, гӯй, кӯй, мӯй, рӯй, сӯй, хӯй, ҷӯй, шӯй дар охир ду тарзи навишт доранд: бӯй/бӯ, гӯй/гӯ, кӯй/кӯ, мӯй/мӯ, рӯй/рӯ, сӯй/сӯ, хӯй/хӯ, ҷӯй/ҷӯ, шӯй/шӯ;

- ҳангоми бандаки изофӣ қабул намудан танҳо бо як тарз навишта мешаванд: донишҷӯ – донишҷӯйи фаъол, гуфтугӯ – гуфтугӯйи ошкоро, хӯ – хӯйи нек ва ғайра.

- калимаҳои бӯй ва рӯй дар байн низ ду тарзи навишт доранд: бӯйгир – бӯгир, рӯйбанд–рӯбанд; рӯйпӯш – рӯпӯш ва ғайра;

Мушкилоти 4. Дар банди 4 (зербандҳои г ва ғ) исмҳои хос ва ҷинси иқтибосие, ки бо ҳарфи и ба охир мерасанд, дар асоси забони асл навишта шудаанд: Леонардо да Винчи, Ганди, Ибарури, такси ва ғайра.

Таҳлил: Дар қоидаҳои имлои пеш ин гуна калимаҳо бо ҳарфи ӣ навишта мешуданд. Ба фикри инҷониб он маврид дурусттар буд. Зеро дар забони тоҷикӣ танҳо бандаки изофӣ ва баъзе аз ҳиссаҳои ёридиҳандаи нутқ дар охир бо ҳарфи и навишта мешаванд: кишвари ман, монанди, мисли, кошки, барои, ки, баъди, азбаски, агарчи ва ғайра. Агар ҳамин қоидаро риоя намуда, калимаҳое, ки иқтибос мешаванд, низ бо ҳарфи ӣ навишта шаванд, аз як тараф, ҳам барои омма осон аст ва ҳам барои сохтани барномаи компютерии санҷиши имлои забони тоҷикӣ. Аз тарафи дигар, агар калимаҳои иқтибосиро тибқи меъёрҳои забони асл қабул кунем, пас меъёрҳои забон куҷо мераванд? Далели дигар, исмҳои хос ва ҷинс, ки аз забони арабӣ ба забони тоҷикӣ иқтибос шудаанд, бо ҳарфи ӣ навишта мешаванд, дар ҳоле ки онҳо низ дар забони асл талаффузи дигар доранд. Чун дар хатти арабиасоси тоҷикӣ бо йо-и мақсура навишта мешуданд, дар хатти кириллиасоси забони тоҷикӣ низ бо ҳарфи ӣ навишта шудаанд: Алӣ, Валӣ, Лайлӣ (Лайло) ва ғайра. Ҳамчунин, исмҳои Винчӣ, Гандӣ, Ибарурӣ ва ғайра низ дар хатти арабиасос бо йо-и мақсура навишта мешаванд. Пас, чаро онҳо дар хатти кириллиасоси забони тоҷикӣ бо ҳарфи ӣ навишта нашаванд? Ин ҷо кадом меъёри дигар аст?

Пешниҳод: Исмҳои хос ва ҷинси иқтибосшуда, ки бо ҳарфи и анҷом меёбанд, дар забони тоҷикӣ тибқи қоидаи маъмул (яъне чун дигар исмҳои хос ва ҷинси тоҷикӣ) бо ҳарфи ӣ навишта мешаванд: Леонардо да Винчӣ, Индира Гандӣ, Паганинӣ, Ибарурӣ, Сочӣ, Урумчӣ, Тбилисӣ, Батумӣ, Миссисипӣ, таксӣ, туфлӣ ва ғайра.

Мушкилоти 4. Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷиикстон аз 3-юми сентябри соли 1998, №355 аз алифбои забони тоҷикӣ 4 ҳарфи русӣ (ц, щ, ы, ь) хориҷ карда шуданд. Аммо дар қоидаҳои имло танҳо муодили ҳарфи ц дар забони тоҷикӣ овада шуда, се ҳарфи дигар тамоман ба назар гирифта нашуданд ва ҳамин ҳолат дар қоидаҳои имлои соли 2011 низ такрор мешавад.

Таҳлил: Қоидаҳои имло, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мешавад, санади меъёрист, мутаассифона, дар он доир ба муодили ҳарфҳои щ, ы, ь чизе гуфта нашудааст. Мусаллам аст, ки ин ҳарфҳо солҳои зиёд дар алифбои тоҷикӣ истифода мешуданд ва бо онҳо дар баробари мероси хаттии адабию илмие, ки навишта шудаанд, ҳуҷҷатҳои зиёди расмию коргузорӣ низ сабт шудаанд. Мураттибони қоидаҳои имло ҳуҷҷатгузории расмиро сарфи назар намудаанд. Зеро дар ҳуҷҷатгузории расмӣ чунин ҳарфҳо мавҷуданд, аммо бо кадом ҳарфҳо онҳоро бояд иваз кард? Дар ин сурат барои ивази онҳо ягон санади меъёрию ҳуқуқӣ мавҷуд нест. Зикр бояд кард, ки бо ин мушкилот бештар кормандони бахшҳои Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва нуқтаҳои шиносномадиҳӣ мувоҷеҳ мешаванд, зеро онҳо бе ягон далели ҳуқуқӣ ҳаққи иваз намудани ягон ҳарфро дар ҳуҷҷатҳои расмӣ надоранд. Ғайр аз ин, калимаҳои зиёде аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ иқтибос мешаванд, ки дар таркиб ҳарфҳои зеринро доранд, аз он ҷумла, номҳои ашхос ва ҷойномҳо. Пас, ин гуна калимаҳоро аз назари қоида дар забони тоҷикӣ чӣ гуна нависем?

Пешниҳод: Аз ин рӯ, агар дар Қоидаҳои имло банди 11 тағйир ва банди нави 12 ба таври зер илова карда шавад, ба фоидаи кор хоҳад буд:

11. Дар калимаҳои иқтибосии русӣ ба ҷойи ҳарфи ц ҳарфҳои с ва тс дар маврид­ҳои зер навишта мешаванд:

- дар аввали калима пеш аз садонок с навишта мешавад: цемент – семент, цирк – сирк, Циолковский – Сиолковский ва ғайра;

- дар дохили калима пас аз ҳамсадо ва пеш аз садонок с навишта мешавад: концерт – консерт, Елцин — Елсин ва ғайра; — дар байни ду садонок ҳарфҳои тс навишта мешаванд: доцент – дотсент, милиция – милитсия, фармацевт – фарматсевт, конституция – конститутсия;

- баъд аз садонок ва пеш аз ҳамсадо ҳарфҳои тс навишта мешаванд: боцман – ботсман, Лукницкий – Лукнитский, Липецк – Липетск, Донецк — Донетск ва ғайра;

- дар охири калима баъд аз садонок тс навишта мешавад: плац – платс, Лившиц – Лившитс ва ғайра.

12. Ҳарфҳои кириллиасоси щ ва ы дар алифбои забони тоҷикӣ дар ҳама маврид мутаносибан бо ҳарфҳои ш ва и навишта шуда, аломати ҷудоӣ (ь) ҳангоми иқтибос навишта намешавад: Щербаков – Шербаков, Салтыков-Щедрин – Салтиков-Шедрин; Чынгыз-оғлы – Чингиз-оғлӣ, Ильич – Илич; Гоголь – Гогол, Суздаль – Суздал, июнь – июн, альбом – албом, рояль – роял, Харьков – Харков,Вильнюс — Вилнюс ва ғайра.

Охирсухан: Дар ҳар як банди Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, воқеан, камбудӣ ва духӯрагӣ зиёданд ва танҳо 4 мушкилоти аввалро, ки бисёр муҳим буданд, манзур намудем. Камбудиҳои дигарро гурӯҳи корӣ метавонад дар рафти кор ислоҳ намояд.

Бояд дар таҳияи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ аз муҳаққиқони пеш сабақ гирем ва кӯшиш намоем, ки ғалати ночизи онҳоро ислоҳ намоем, на ин ки дурусти онҳоро ғалат ҳисоб намуда, ба ғалатҳои нобахшиданӣ роҳ диҳем. «Қоидаҳои асосии имлои забони адабии тоҷик», ки соли 1972 тасдиқ шудааст, бо истиснои баъзе аз ғалатҳо беҳтарин Қоидаи имло мебошад. Зеро дар он ба хурдтарин ҷузъиёти имло диққат дода шудааст ва ҳар кас ба саволи худ дар он имло ҷавоб ёфта метавонист. Он қоидаҳо аз 67 банд ва зиёда аз 150 зербанд иборат буд, вале Қоидаҳои имлои соли 2011 дорои 54 банд ва тахминан 100 зербанд аст. Бисёр мавриде ҳастанд, ки омма ба одитарин савол дар имлои амалкунанда ҷавоб ёфта наметавонад. Аз ин рӯ, гурӯҳи корӣ бояд мақолаҳое, ки дар чанд сол доир ба имлои забони тоҷикӣ дар рӯзномаву маҷаллаҳои расмӣ нашр шудаанд, мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор диҳад. Омӯзиши ғалатҳо роҳ ба сӯйи муваффақият ва комёбиҳост. Ғалатро наомӯхта, чизи нав эҷод кардан ғайриимкон аст.

С. МАТРОБИЁН, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон