Ғолибони озмуни Маҷлиси намояндагон муайян ва қадрдонӣ шуданд

№15 (4598) 20.01.2023

DSC_0333Бистуми январи соли 2023 дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни ҷумҳуриявии матолиби беҳтарин дар мавзӯъҳои «Маърифати экологӣ» ва «Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим» баргузор шуд.

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Қодири Қосим гуфт, ки бо мақсади мусоидат ба ҳалли масъалаҳои экологӣ, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 21-уми декабри соли 2021 бармеоянд, инчунин барои ҷалби олимону мутахассисон, рӯзноманигорон, ҷомеаи шаҳрвандӣ, коршиносон, донишҷӯён, хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ,  татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, тақвияти маърифати экологии аҳолӣ Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмунҳои ҷумҳуриявии матолиби беҳтарин дар мавзӯъҳои «Маърифати экологӣ» ва «Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим» — ро эълон намуда буд. Озмунҳо аз якуми март то якуми декабри соли 2022 баргузор ва 20 январи соли 2023 ҷамъбаст шуданд.

Раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадраҳим Юсуфӣ изҳор дошт, ки ба унвони Комиссияи озмуни ҷумҳуриявии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба матолиби беҳтарин дар мавзӯи «Маърифати экологӣ» 57 нафар довталаб бо 115 мавод аз шаҳру ноҳия ва минтақаҳои ҷумҳурӣ асару мақола ва гузоришу нигоришҳо  бо забонҳои давлатӣ 102 адад, русӣ — 6, ӯзбекӣ — 5 ва англисӣ 2 адад пешниҳод карданд. Аз ҷумлаи иштирокчиёни озмун 26 нафар рӯзноманигорони касбӣ, 18 нафар олимони соҳаҳои гуногун, аз ҷумла 2 нафар доктори илм ва 9 нафар номзади илм, 6 нафар унвонҷӯёну аспирантон, 5 нафар магистрону донишҷӯёни муассисаҳои олӣ, 6 нафар омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва гимназияҳо, 8  нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, гимназияву муассисаҳои таълимии хонандагони лаёқатманд мебошанд.

Узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Фазлиддин Икромов иттилоъ дод, ки ба унвони Комиссияи озмуни ҷумҳуриявии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба матолиби беҳтарин дар мавзӯи «Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим» 56 нафар довталаб бо 171 мавод  аз шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ асару мақола ва гузоришу нигоришҳо  бо забонҳои давлатӣ 150 адад,  русӣ — 10, ӯзбекӣ — 4 ва англисӣ 3 адад пешниҳод карданд.

Аз ҷумлаи иштирокчиёни озмун 16 нафар рӯзноманигорони касбӣ, 21 нафар олимони соҳаҳои гуногун, аз ҷумлаи онҳо   1 нафар доктори илм ва 8 нафар номзадҳои илм, 4 нафар унвонҷӯёну аспирантон, 5 нафар магистрону донишҷӯёни муассисаҳои олӣ, 7 нафар мутахассисони соҳавӣ, 2 нафар омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва гимназияҳо, 4 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, гимназияву муассисаҳои таълимии хонандагони лаёқатманданд.

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим, раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадраҳим Юсуфӣ дар маросими тантанавӣ ба ғолибони озмун туҳфаҳои хотиравиро тақдим намуданд.

Ҳамин тариқ, дар номинатсияи «Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим» ҷои якум бо Дипломи дараҷаи I ва туҳфаи хотиравӣ ба  коршиноси масоили экологӣ, корманди Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон  Ҳасан Асоев барои нашри  китоб (монография) — и «НБО-и «Роғун» намунае аз иқтисоди сабзи минтақа» дода шуд.

Директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ, Илҳом Мирсаидзода барои асарҳои илмӣ,  ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва силсилаи мақолаҳо дар самти таъмини бехатарии экологӣ, рӯзноманигор — мудири шуъбаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Марзия Саидова барои силсилаи мақолаҳо ва гузоришҳо дар самти ҳифзи табиат ва экология ва номзади илмҳои техникӣ, муовини директор оид ба илм ва таълими Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  Номвар Қурбонов барои силсилаи асару мақолаҳо дар самти мутобиқшавӣ ва тағйирёбии иқлим ва масоили экологӣ сазовори ҷойи дуюм гардида, бо Дипломи дараҷаи II ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

DSC_0348Муҳаррири шуъбаи номаҳо, ахбор, муносибатҳои байнипарлумонӣ ва робита бо ҷомеаи рӯзномаи «Садои мардум» Шариф Атобуллоев барои силсилаи мақолаҳои оммавӣ  дар мавзӯи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, муҳаррири «Телевизиони Тоҷикистон» Фарзона Одинаева барои нашри гузоришу барномаҳо дар «Телевизиони Тоҷикистон», муовини сардори шуъбаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоқодир Қодирзода барои силсилаи асару мақолаҳо дар самти ҳифзи муҳити зист ва экология, сармутахассиси рӯзномаи «Ҷумҳурият» Оҳистамоҳ Гулбердиева, мудири кафедраи экологияи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Далерҷон Ҳоҷибоев барои силсилаи мақолаҳои илмӣ дар мавзӯи иқлим ва экология,  хонандаи синфи 10-и Мактаби президентии шаҳри Хоруғ,  аъзои маҳфили «Дӯстдорони табиат»-и Маркази  давлатии  муассисаҳои  таҳсилоти  иловагии  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Кибриё Хушназарова, муовини сардори шуъбаи қонунгузории Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоқодир Қодирзода сазовори ҷойи сеюм гардида, бо Дипломи дараҷаи  III ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр карда шуданд.

Дар номинатсияи «Маърифати экологӣ» ҷойи якум бо Дипломи дараҷаи I ва туҳфаи хотиравӣ ба муовини якуми директори «Телевизиони Тоҷикистон» Амрохон Тоҷов барои силсилаи намоишу барномаҳои телевизионӣ, ки дар мавзӯи маърифати экологӣ ва масоили  иқлим пешниҳод шудаанд, дода шуд.

Ба ҷои дуюм бо Дипломи дараҷаи II ва туҳфаҳои хотиравӣ муҳаррири шуъбаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии рӯзномаи «Омӯзгор» Ҳотам Ҳомидов, рӯзноманигор-эколог, сардори Маркази ахбори экологии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрухсор Тиллоӣ барои силсилаи барномаҳои телевизионии «Ахбори экологӣ» дар ТВ «Сафина», мудири бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Айнӣ Боқимуҳаммад Боқизода сазовор гардиданд.

Рӯзноманигор, Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати тарҷумаи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Камоли Қурбониён барои эссе дар мавзӯи «Маърифати экологӣ», омӯзгори фанни биология, номзади илми биология, устоди калони кафедраи биологияи тиббӣ бо асос­ҳои генетикаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Оимниссо Шахсуфбекова, ҳуқуқшинос, дотсенти кафедраи ҳуқуқи гражданӣ ва меҳнати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ғолибҷон Санавваров, номзади илмҳои фалсафа, и.в. профессори кафед­раи фанҳои гуманитарии Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб Мадисо Саъдуллоев,  муҳаррири телевизиони ВМКБ Мамадвафо Мамадлоиқов барои таҳия ва намоиши филми мустанади «Истифодаи оқилонаи захираи об» дар телевизиони вилоятӣ, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ, профессори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Ҳамид Маҷидов, барои силсилаи асару мақолаҳо оид ба ташаккули маърифати экологӣ сазовори ҷойи сеюм дониста шуда, бо Дипломи дараҷаи  III ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.

 Дар маҷмӯъ, 115 нафар иштирокчиёни озмун бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Аз рӯзномаи «Садои мардум», инчунин, муҳаррири шуъбаи сохтори давлатӣ, қонунгузорӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ Сайфиддин Суннатӣ ва хабарнигори шуъбаи номаҳо, ахбор, муносибатҳои байнипарлумонӣ ва робита бо ҷомеа Бурҳониддин Каримзода низ бо Сипосномаи Маҷлиси намояндагон ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Ш. СОЛЕҲ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ