Солҳои 80-90-уми асри ХХ дар заминаи буҳрони ҷанги Афғонистон ва суст шудани пояҳои идеологияи давлатӣ на танҳо дар байни пайравони ислом, балки дар миёни муътақидони дину мазҳабҳои амалкунандаи дигари ҷомеаи шӯравӣ ҳам ривоҷу равнақи бесобиқаи боло рафтани ҷаҳонбинии динӣ шиддат гирифт.
Баъди берун овардани неруҳои Иттиҳоди Шӯравӣ аз Афғонистон даъвои қудратхоҳӣ ва мавқеъгирии сиёсию динӣ дар фаъолияти аксар ҳизбу созмонҳои исломӣ аз рӯи мазмуну муҳтаво тағйир ёфта, зери таъсири вазъияти сиёсию иҷтимоии Эрону Афғонистон дар ҷумҳуриҳои мусулмоннишини Иттиҳоди Шӯравӣ низ овози ҳаводорону пуштибонони исломи сиёсӣ баланд шудан гирифт. Ба арсаи сиёсат даромадани ҷараёнҳои динию мазҳабӣ дар ду ҷумҳурии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ — Озарбойҷон ва Тоҷикистон ҳам обрӯю эътибори исломро коста кард ва ба иттиҳоди миллӣ ва пайвандҳои суннатию таърихии ҳар ду миллат зарбаи ҷонкоҳ зад.
Вазъияте, ки дар оғози истиқлолияти ҷумҳурӣ ба даст омад, ба ҳукми тақдир ё тасодуф бо омилҳои таназзули давлати Сомониён монандӣ пайдо кард. Дар ҳамон даврони дур ҳам арбобони давлатию шахсиятҳои рӯҳонӣ ба ҷойи он, ки ҳиммат ва заҳматро барои ҳаллу фасли масъалаҳои миллию давлатӣ ва бартараф кардани ошӯбҳо ва ҳамлаю ҳуҷумҳои душманони хориҷӣ сафарбар кунанд, баръакс ҳар кадом мубталои ғаразҳои шахсӣ ва манфиатҳои иҷтимоӣ шуданд. Шигифтовар он аст, ки ин ҳақиқати талхи таҷрибаи рӯзгор солҳои 90-уми асри ХХ дар шаклу муҳтавои андаке дигаргун боз гиребонгири давлати ҷавони Тоҷикистон шуд. Раванди кашмакашҳои дохилӣ ва эълони озодиҳои демократӣ ба шаклгирии тафаккури исломи сиёсӣ замина муҳайё сохт ва тадриҷан ба таъсиси ҳизби динӣ оварда расонид. Ҳизб арзишҳои воло ва муқаддасоти диниро танҳо ва танҳо барои расидан ба ғаразҳои сиёсӣ ва хоҷагон истифода мебурд ва аз нигоҳи дин асоснок менамуд, вале тасаввуроти бисёрҳизбию ҷаҳонбиниии дигарро эътироф намекард. Мутаассифона, пешвоёни созмонҳои ҳизбӣ тавонистанд дар мағзи ҷавонон ақидаи ботилеро ҷойгузин намоянд, ки маҳз таъсиси давлати исломӣ ва арзишҳои қурунивустоӣ роҳи беҳтарини ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ дар зиндагии онҳо пазируфта шавад. Ҳамин тариқ, солҳои 90-уми садаи сипаришуда дар кишвар хатару таҳдиди ҷиддӣ барои бархӯрди бардавоми мусаллаҳона ва аз байн бурдани давлати миллии тоҷикон вуҷуд дошт, зеро гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолиф ташнаи хуни якдигар буданд. Қумондонҳои саркаш аслан ба сухани касе эътибор намедоданд ва дар асоси дастуру супоришҳои «устодону падарони маънавӣ» амалиёт мебурданд. Аз ҷониби дигар, бояд донист, ки баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ва таъсиси Комиссияи оштии миллӣ ҳам пешгӯӣ кардани вазъияти сиёсӣ ва ояндаи ҷумҳурӣ норавшану мураккаб боқӣ монд. Вазифаи нахустин дар чунин вазъият аз тафаккури шаҳрвандон ва насли ҷавон берун андохтани андешаи ботили тафриқаангезӣ буд ва консепсияи Ваҳдати миллии тоҷикон ҳамин рисолати бузурги таърихӣ ва тақдирсозро сарбаландона иҷро карда тавонист.
Тибқи назарияи яке аз ҷомеашиносони машҳури асри ХХ Арнолд Тойнби, давраҳои ҳассос дар қишри роҳбарии ҷомеа бояд «ақаллияти созанда (creative minority)» пайдо шавад, ки қудрати посухи муносиб ва саривақтӣ додан ба ҳар гуна чолишу хатарҳои дохилию беруниро дошта бошад. Маҳз чунин ақаллияти фаъолу созанда бақо ва пойдории давлату фарҳанги миллиро таъмин карда метавонад. Хушбахтона, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи беҳтарини сарвари ҳамин гуна ақаллияти созанда дар марҳилаи тақдирсози миллат гардиданд, ки новобаста аз таҳдиди хатарҳо тавонистанд масъулияти сангини посух додан ба муаммоҳои барои давлати ҷавони миллии тоҷикон ҳалокатборро ба дӯш гиранд. Дар шахсияти Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон се сифати қавианосир барои меъмори сулҳи тоҷикон будан таҷассум гардид: 1) ҷасорати ба дӯш гирифтани масъулият ва фидокорӣ дар марҳилаи муайяни таърихӣ, 2) эътимоди қишру табақаҳои гуногуни минтақаҳои ҷумҳурӣ ба маҳорати сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 3) эътирофи роҳбари нави давлати тоҷикон аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ва неруҳои сиёсии минтақавию ҷаҳонӣ. Ҳамин тариқ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки ҳам оқибатҳои ҷанги шаҳрвандиро бо мушкилоти вобаста ба он ҳаллу фасл ва бартараф намояд ва ҳам ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва хоҷагии халқи ҷумҳуриро ба маҷрои созгор ба талаботи нав равона созад. Дуруст муайян кардани стратегия ва дурнамои рушд, бунёди давлати навин, ҳифзи манфиатҳои миллӣ-фарҳангӣ, динӣ-эътиқодӣ ва зина ба зина бартараф кардани монеа ва хатарҳои пешрафт миллати тоҷикро ба рӯзи ваҳдату якдилӣ ва имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон расонид. Аз ин ҷиҳат, 27 июни соли 1997, инчунин тасдиқи дигарбораи Истиқлолияти давлатӣ ва якпорчагии онро ҳам собит намуд. Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардид.
Ҳарчанд кишвар ҳоло дар шароити сулҳу субот ва истиқрори миллӣ кору фаъолият мекунад, вале таъсири нооромиҳои солҳои 90-уми қарни гузашта дар рушди сиёсӣ ва иқтисодӣ то ҳанӯз эҳсос мешавад. Ин ҳолат аз ҳама бештар дар осебпазирии насли ҷавон ба раванду ҷараёнҳои номатлуб ва гароиши онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ зоҳир мегардад. Ҳоло муборизаҳои геосиёсии кишварҳои бузурги олам, ба таъбири Пешвои миллат, дар шакли «моҷароҳои вазнини сиёсӣ, ҷангу хунрезиҳои зиёди мазҳабӣ, инқилобу муноқишаҳои бешумори сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ» зуҳур карда истодааст. Илова бар ин, пандемияи сироятии марговар балои дигареро зам кард, ки дар тафсиру баёни он низ андешаронии динию эътиқодӣ таъсиргузор шудааст. Дар матни геополитикаи ҷаҳонӣ омили динӣ, алалхусус дини мубини исломро ба зербинои таҳрикдиҳанда ва абзори асосии ҳар гуна нооромӣ табдил дода истодаанд. Бадбахтона, эътиқодоти динӣ василаи таҳмил ва содироти иҷбории арзишҳои бегона, харобкунандаи пояҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ёдгориҳои таърихи куҳани инсоният шудааст, ки аксар дар кишварҳои мусулмонӣ ба мушоҳида мерасанд.
Дар фазои иттилоотии мамлакат то ҳанӯз кӯшишҳои нигаҳдории ҷаҳонбинии динӣ ва тарғиби равандҳои номатлуби исломи сиёсӣ вуҷуд дорад. Ҳолатҳои истифода аз навъҳои ғайрирасмии таълими динӣ бошад, заминаи хатарноки ташаккули идеяҳои ифротӣ шуда метавонад. Дар чунин марҳилаи масъули ташаккули миллатсозӣ ва давлатсозӣ танҳо мутахассисону кадрҳои баркамолу худшинос ва худогоҳу соҳибмаърифат ё ба таъбири маъмул, «аз нигоҳи сиёсӣ озмудашуда», ормонҳои озодихоҳӣ ва ватандории садсолаҳо дар замири мардум нуҳуфтаро соҳибӣ карда метавонанд. Бо зоҳирпарастию шиорбозӣ ба ганҷи мақсуд расидан номумкин аст, чун миллату давлат дар пояи андешаҳои созандаи илму ҳикмат сохта мешавад, на бар мабнои арзишҳои тахайюлию хурофотӣ.
Гумони ғолиб бар он аст, ки дар ташаккули расидан ба санаи фараҳбахши сулҳи деринтизор ва Ваҳдати миллии тоҷикон ба назар гирифтани омилҳои зерин ҷойгоҳи калидӣ дорад:
1. Ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Ин интихоб ба раванди ҳар лаҳза тағйирёбандаи сиёсӣ ва амалияи зуд-зуд иваз кардани роҳбари аввали ҷумҳурӣ хотима бахшид. Гузашти айём нишон дод, ки ҳамин қарори иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олӣ оғози истиқрори сиёсии бардавом ва заминаи поягузории рушди устувори иқтисодиёт ва иҷтимоиёт дар ҷумҳурӣ гардид.
2. Бояд дуруст фаҳмида шавад, ки Созишномаи сулҳ байни Ҳукумати қонунии Тоҷикистон ва Иттиҳоди неруҳои оппозитсияи Тоҷикистон ба имзо расидааст. Бартарӣ додан ба амалкарди фавқулодаи ин ё он гурӯҳ ва ҳизби алоҳидаи сиёсӣ дар баргузории давраҳои музокирот аз рӯи адолат ва одобу инсоф нахоҳад буд. Ва ҳеҷ ниҳоди ҷамъиятию сиёсӣ ҳуқуқи маънавӣ надорад, ки дастоварди умумимиллиро натиҷаи фаъолияти маҳдуд баҳогузорӣ намояд.
3. Ҷамъбасти фаъолияти Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расидан ба мусолиҳаи миллӣ истеъдоди баланди роҳбарӣ ва сазовори унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат буданро ҳанӯз дар ҳамон вазъияти ниҳоят сарбастаи ҳаёти сиёсӣ ошкор намуд. Ҳеҷ кас дар он вақт барои пешгӯӣ кардани ояндаи Тоҷикистон ҷуръат намекард. Вале боварӣ ба мардум ва иродаи дар муҳити хидмати ҳарбии неруҳои баҳрӣ обутобёфтаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сифатҳои таҳаммулпазирӣ, мушкилнописандӣ, масъулиятшиносӣ ва таваккал бар Худо карданро дар шахсияти он кас гӯё барои уқдакушоии муаммои таърихи навтарини миллат захира карда буд. Сарвари давлат на танҳо тавонистанд, ки гурӯҳи ҳамфикрони созандаро дар ҳайати роҳбарии олии сиёсии кишвар муттаҳид созанд, балки инчунин аз байни анбӯҳи неруҳои мухолифин ақаллияти конструктивиро пайдо карда, онҳоро ба ҳамкорӣ сафарбар намоянд.
4. Суннати миллии гузашт ва афв кардани ҳамдигар дар фарҳанги мардумсолории ниёгон низ барои таҳкими пояҳои сулҳу Ваҳдат сахт мусоидат кард. Таҳкими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозгашти наслҳо ба рӯзгори аслиро осон гардонид, эҳсоси худшиносӣ ва ватандӯстии шаҳрвандон боло рафт ва фалсафаи пурҳикмати «сулҳ беҳ аз ҷангу доварӣ»-ро устувор кард. Ва бояд ҷомеаи ҷаҳони мутамаддин бидонад, ки дар ҳамон солҳои мудҳиши 1992-1997 миллати тоҷик масъулияти мубориза бар зидди экстремизм ва терроризми диниро тани танҳо ба дӯш гирифта, бар ивази қурбониҳои ҷонӣ ва хисороти бузурги иқтисодию молиявӣ садди роҳи раванди номатлуб шуд ва паҳншавии онро дар минтақа ва дигар кишварҳои аъзои ИДМ муваффақона пешгирӣ кард. Насли ҷавон бояд аз ин ҳақиқати талх огоҳ бошад, ба қадру манзалаташ бирасад ва онро арҷгузорӣ намояд.
Фарҳанги Ваҳдати миллӣ ҳоло ба хотири ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ ва пойдории сулҳу субот бояд рисолати сиёсию иҷтимоиро ба маъраз гузорад ва аз нигоҳи илмию назариявӣ собит намояд, ки таъмини бомароми стратегияи рушди устувори иқтисодиёт ва иҷтимоиёти кишвар орзуи беш аз ҳазор сол дар замири поки ниёгон нуҳуфта аст ва ҳеҷ гуна қувват, ҳатто бемории сироятӣ ҳам, садди роҳи расидан ба он нахоҳад шуд. Баръакс, бояд саъю талошро бар он равона созем, ки андарзи пандомези устоди зиндаёд Мирзо Турсунзода «То тавонӣ дӯстонро гум макун» дар шакли густурдаи ҳамкории ҷомеаи ҷаҳонӣ бо мамлакат татбиқ ва тавсеаи бештар пайдо кунад ва некӯ дарёфтани ҳикмати гуҳарбори «Ваҳдати халқи ҷаҳонро гум макун» бароямон насиб ва манфиатбахш гардад.
Файзулло БАРОТЗОДА, раиси Комиссия оид ба одоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагон