Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идораи Тоҷикистонро президентӣ муқаррар намудааст. Тибқи моддаи 64-уми ин санади муқаддасу тақдирсози миллат Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдорию бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.
Дар таърихи навини тоҷикон санаи 16-уми ноябр ҳамчун рӯзи муайянкунандаи ояндаи миллату давлат дарҷ гардидааст, зеро дар ин санаи муборак соли 1992 Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онро иҷлосияи тақдирсоз медонем, дар қасри Арбоби вилояти Суғд ба кори худ шурӯъ намуд. Маҳз, интихоби дуруст ва қарорҳои қабулнамудаи ин иҷлосия оташи ҷанги шаҳрвандиро дар Тоҷикистон хомӯш намуда, роҳи сулҳу ваҳдат ва рушду равнақро пеш гузошт. Инчунин, дар ҳамин рӯзи таърихӣ, яъне 16-уми ноябри соли 1994 бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди халқу Ватан савганд ёд карданд. Аз ин хотир, дар асоси моддаи 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Ҷашни Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷомеаи навини тоҷик, дар шинохти арзишҳои давлатӣ ва баланд бардоштани ҳувияти миллӣ пураҳамият буда, умеду орзуҳои миллиро дар худ таҷассум менамояд.
Президенти кишвари мо сиёсатмадори пурфазилат ва дорои хислатҳои наҷиби инсонӣ ҳастанд. Нақши калидии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар барқароркунии сулҳи тоҷикон, пешрафту шукуфоии Тоҷикистон такрор ба такрор гуфтан, насли наврасро воқиф кардану калонсолонро аз он рӯйдодҳо ёдрас намудан, вазифаи ҳар як шахси дурандешу меҳанпараст ба ҳисоб меравад, зеро мо дар замоне умр ба сар мебарем, ки хатар аз ҳар сӯ ба амнияти кишвару минтақа ва ҳатто тамоми инсоният таҳдид менамояд. Пеш аз ҳама, тезутунд шудани муносибатҳои кишварҳои абарқудрат, бархӯрди манофеи онҳо ин хатарҳоро афзунтар кардааст. Пӯшида нест, ки ин бархӯрд омили асосии таҳдидкунанда ба амнияти кишварҳо гардида, ба раванди сиёсӣ ва идеологии онҳо таъсир расонида, боиси барангехтани низоъҳои нав мегардад.
Нигоҳ доштани осудагӣ ва сулҳу салоҳ душвортар аз собиқа гардида, танҳо таҳаммулпазирию дурандешӣ, ҷасорату ҳақгӯию якрӯии сиёсатмадори ҳушманду соҳибтаҷриба метавонад дар ин айёми беҳад ҳассос кишварро аз таҳдидҳои замони муосир эмин дорад. Муҷиби хушнудию иқболи баланди тоҷикистониён аст, ки мо чунин Сарвари давлатро дорем. Сарваре, ки заковату башардӯстияшонро на танҳо тоҷикистониён, балки аҳли башар дарёфтаанд. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пешниҳодҳои судманду суханрониҳои муассири хеш аз минбарҳои баланд имрӯз на танҳо манфиати миллати худ, балки тамоми инсониятро меандешанд.
Ҳаллу фасли масоили экологӣ, ҳимояи дину мазҳаб, аз ҷумла дини мубини ислом, амнияту субот дар минтақа, бештар намудани ҳаҷми кумакҳои башардӯстона ба мардуми азияткашидаи Афғонистон, аз ҷумлаи масоиле буданд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханрониашон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 78-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид 20- уми сентябри соли 2023 таъкид намуда, ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳамоҳангсозӣ, ҳамгироӣ ва таҳаммулгароӣ даъват намуданд.
Муносибат бо ҳамсоякишварҳо дар ташаккули робитаҳои байналмилалӣ нақши муҳимро мебозад ва ба сиёсат, иқтисод ва амнияти кишвар таъсири барҷаста дорад. Аз ин хотир, нигоҳдории иртиботи хуби ҷонибҳо боиси муваффақиятҳо, рушди иқтисодиёт ва баланд рафтани сатҳи зиндагии мардуми кишварҳо мегардад. Дар Консепсияи сиёсати хориҷии Тоҷикистон низ омадааст, ки дар низоми муносибатҳои байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кишварҳои ҳамсоя ва минтақа мақоми авлавиятнокро ишғол менамоянд. Тоҷикистон ҷонибдори минбаъд вусъат бахшидани таҷрибаи мусбат, бисёрасра ва созандаи ҳамзистии дӯстонаи мардумони Осиёи Марказӣ мебошад. Маҳз, аз ҳамин хотир, Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нигоҳ доштани муносибатҳои хайрхоҳона ва дӯстонаро бо ҳамсоякишварҳо муҳим шуморида, нумӯи дӯстии байни халқҳоро талқин мекарданд. Пешвои миллат тааммули тақдири ояндаи кишварҳоро мекунанд, зеро дорои таҷрибаи бузурги давлатдорию хислатҳои наҷиби инсонӣ ҳастанд, ки боиси ифтихору сарфарозии ҳар як тоҷикистонии ҳушманд аст. Ба хотири нигоҳ доштани оромию осудагӣ дар кишвар ва минтақа, дӯстию рафоқат бо ҳамсоякишварҳо, Пешвои миллат борҳо масоили ҳалталаби минтақавӣ, бахусус вобаста ба мушкилоти Афғонистонро, бо шуҷоат ва аёнан баён кардаанд, ки на ҳар сарвар ин маҳоратро дорад.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамасола мардуми шарафманди Тоҷикистон бо рӯҳияи баланду қаноатмандӣ аз сиёсати оқилонаю сулҳпарварона ва ғамхоронаи Сарвари кишварамон ҷашн мегиранд. Маром аз ҷашн гирифтани ин рӯзи муборак дар он аст, ки Ватани азизамон бо мардуми меҳнатқарину шукргузораш зери пуштибонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша обод, озод ва хушиқбол бошад.
Парвиз ШОДИЗОДА,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон