28 феврали соли 2018 дар Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Қодирӣ ва муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Евгений Бушмин ҷаласаи якуми Кумитаи тадорукоти Форуми VI байнипарламентии «Россия — Тоҷикистон: неруи ҳамкориҳои байниминтақавӣ» баргузор шуд.
Дар он масъалаҳо доир ба Форуми VI байнипарламентии «Россия — Тоҷикистон: неруи ҳамкориҳои байниминтақавӣ», ки октябри соли 2018 дар шаҳри Москва доир мегардад, баррасӣ гардиданд.
Ҷонибҳо аз зарурати ҳамкориҳои нав дар самти гуногун, пеш аз ҳама, доир ба фароҳам овардани шароити мусоид барои муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳимояи ҳуқуқи онҳо, ташкили марказҳои муосири логистикӣ ва ҷойҳои нави корӣ, густариши робитаҳои бевоситаи тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарии байниминтақавӣ сухан ронда, омодагии хешро дар ҳалли масъалаҳо изҳор доштанд.
Ҳамчунин, масъалаи андешидани чораҳои мақсаднок ҷиҳати таъмини иҷрои созишномаҳои дуҷонибаи сатҳи гуногун, ки дар форумҳои қаблӣ ба тасвиб расидаанд, ибрози андеша шуд.
Дар иртибот ба ҳамкориҳои гуманитарӣ ҷониби Россия ба ҷониби Тоҷикистон барои пазироии самимии омӯзгорони рус изҳори сипос карда, оид ба зиёд намудани шумораи онҳо дар соли хониши 2018 — 2019 изҳори омодагӣ намуд.
Зикр гардид, ки ҷонибҳо барои дар сатҳи олӣ ва ҳадафрас доир намудани Форуми навбатӣ, ки дар таърихи муносибатҳои байнипарламентии Тоҷикистону Федератсияи Россия институти доимоамалкунанда мебошад, манфиатдор мебошад.
Инчунин, қайд шуд, ки ҷиҳати самарабахш ва дар сатҳи баланди ташкилию касбӣ доир гардидани Форуми навбатӣ, ки зери назари шахсии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев қарор дорад, тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд.
Барои дар сатҳи зарурӣ доир намудани Форуми навбатӣ минбаъд низ баргузор намудани ҷаласаҳои Кумитаи тадорукот зарур шуморида шуд.
Ҷонибҳо ба хотири таҳким бахшидан ба заминаҳои мавҷудаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии давлатҳо ҳадафманд ва тибқи тафоҳумот дар Донишгоҳи миллии тадқиқотии ҳастаӣ — «МИФИ»-и Федератсияи Россия баргузор намудани Форуми VI байнипарламентии «Россия–Тоҷикистон: неруи ҳамкориҳои байниминтақавӣ»- ро мувофиқ ба мақсад шумориданд.
Дар ҷаласаи якуми Кумитаи тадорукоти Форуми VI байнипарламентии «Россия — Тоҷикистон: неруи ҳамкориҳои байниминтақавӣ» аз ҷониби Тоҷикистон Абдураҳмон Қодирӣ — муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамраиси Комиссия оид ба ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов, роҳбари Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳоҷират дар Федератсияи Россия Мирзозода Зоҳир Тоҳир, намояндаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи илмҳои Федератсияи Россия Тилло Мансуров, узви Кумитаи тадорукот, намояндаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Мирализода Рустам, роҳбари Намояндагии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Ҷӯрабекзода Эраҷ Тоҷиддин, намояндаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Ёр Одинаев, намояндаи тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Мирсаид Саидов ва аз ҷониби Россия бештар аз 30 нафар намоянда ширкат варзиданд.
Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ,
раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти
Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия,
иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ