Бисту якуми декабри соли 2017 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.
РАИС: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Тибқи маълумоти пешниҳодгардида, аз 31 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ 31 нафар дар толор иштирок доранд.
Баҳри дақиқ намудани шумораи ширкаткунандагон аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳиш менамоем, ки бо истифода аз системаи электронӣ бори дигар аз қайд гузаред. Дар толор 31 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ ҳузур доранд.
Дар Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, раиси Палатаи ҳисоб, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма низ ҳузур доранд.
РАИС: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Мутобиқи моддаи 20 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро кушода эълон менамоям.
(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Мутобиқи моддаи 25 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст, ки шумора ва ҳайати котиботи Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро баррасӣ ва қабул намоем. Лоиҳаи қарор оид ба масъалаи зикршуда ба шумо пешниҳод гардидааст. Нисбат ба он таклифҳои иловагӣ бошад, марҳамат изҳор намоед. Чӣ гуна пешниҳодҳо доред?
Бо инобати пешниҳоди баёнгардида, лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи котиботи Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум»- ро ба овоз мемонам. Қарор қабул гардид.
Ҳамин тариқ, ба ҳайси раиси котибот муҳтарам Шоҳиён Нуралӣ Набот ва аъзои котибот муҳтарам Алибердиева Қиматгул Худобердиевна ва Сафарзода Хайрулло Амиралӣ интихоб гардиданд. Аз ҳайати котибот хоҳиш менамоем, ки ҷойҳои муқарраргардидаи худро ишғол намоянд.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба мо лозим аст, ки рӯзномаи Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро баррасӣ ва тасдиқ намоем.
Лоиҳаи қарор иборат аз 48 масъала манзури шумо гардидааст.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» бо дарбаргирии масъалаҳои зерин ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
4. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон»
5. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
6. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
7. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
8. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ»
9. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ»
10. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»
11. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия»
12. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи навъҳои растанӣ»
13. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи оби нӯшокӣ ва таъмини он»
14. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»
15. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи театр ва фаъолияти театрӣ»
16. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон»
17. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ»
18. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он»
19. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак»
20. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
21. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти эҳсонкорӣ»
22. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
23. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон»
24. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон»
25. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»
26. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама»
27. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»
28. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси ба категорияи шаҳрак мансуб донистани маркази ноҳия – деҳаи Тоҷикободи ноҳияи Тоҷикобод»
29. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси ба категорияи деҳа мансуб донистани маҳалли аҳолинишини Работи деҳоти Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб»
30. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон»
31. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот»
32. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ»
33. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таърихи қарз (кредит)»
34. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он»
35. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ»
36. Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Исҳоқӣ А.Н.»
37. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Расулзода Н.Ғ.»
38. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Пӯлодӣ Ш.Т.»
39. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Абдураҳимов С.»
40. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Абдуллозода З.Ф.»
41. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Комилӣ Ф.»
42. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Исҳоқӣ А.Н.»
43. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Аланазарзода Ш.»
44. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Аҳмадзода Ҷ.А.»
45. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Комилзода И.С.»
46. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Тағозода А.С.»
47. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Комилӣ Ф.»
48. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи сохтор, рӯйхати вазифаҳо, шумораи кормандони Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сметаи хароҷоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018».
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии масъалаи аввали рӯзнома — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ дода мешавад. Марҳамат.
РАҲМОН Озода Эмомалӣ:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии шумо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод карда мешавад.
Қонуни мазкур бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 ноябри соли 2017 қабул намудааст. Ин қонун мувофиқи нақшаи чорабиниҳои татбиқи Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сохтори давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, мудофиа ва амният барои солҳои 2012 – 2015 қабул гардида, баҳри мутобиқсозӣ ба стандартҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон, аз ҷумла Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва дигар санадҳо нигаронида шудааст. Ҳамчунин, бо ба вуҷуд омадани таҳаввулоти куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва хориҷии кишвар, муносибатҳои ҷамъиятӣ низ мутаносибан ба тағйироти зиёд дучор шуда, зарурати ба талаботи имрӯза мутобиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки соли 1996 қабул гардидааст, ба миён омад.
Қонуни мазкур аз муқаддима, 5 боб ва 37 модда иборат буда, вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, тартиби будубош, инчунин ҳуқуқу уҳдадориҳои онҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Боби 1 муқаррароти умумиро дар бар гирифта, мафҳумҳои асосӣ, вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, уҳдадориҳо, тартиби будубоши доимӣ ва муваққатии онҳо оид ба риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин масъалаҳои паноҳгоҳи сиёсиро, инъикос менамояд.
Дар боби 2 ҳуқуқҳо ба фаъолияти меҳнатӣ, истироҳат, ҳифзи саломатӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, манзил, молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкӣ, таҳсил, истифодаи дастовардҳои фарҳангӣ, иштирок дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, озодии виҷдон, муносибатҳои оилавӣ, дахлнопазирии шахс ва манзил, ҳифзи ҳуқуқи онҳо, масъалаҳои андозсупорӣ, боҷ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, хусусиятҳои муносибат ба хизмати давлатӣ, ҳарбӣ ва ҳуқуқи интихоботӣ танзим ёфтаанд.
Масъалаҳои воридшавӣ ба ҳудуд ва баромадан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузаштани транзитӣ ва муқаррар намудани чунин қоидаҳо, назорати будубош дар боби 3 танзим шудаанд.
Боби 4 масъалаҳои ҷавобгариро барои амалҳои зиддиҳуқуқӣ, масъулият барои риоя накардани қоидаҳои будубош, кам кардани муҳлати будубош, бо роҳи маъмурӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон берун кардани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд фаро гирифтааст.
Боби 5 ба масъалаҳои имтиёзҳо ва масунияти роҳбарон ва кормандони намояндагиҳои давлатҳои хориҷӣ ва шахсони дигар, танзими будубоши кормандони намояндагиҳои хориҷӣ ва ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи ин қонун бахшида шудааст.
Қонун ба меъёрҳои Конститутсия, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад ва аз шумо хоҳиш менамоям, ки қонуни пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ дода мешавад. Марҳамат.
РАҲМОН Озода Эмомалӣ:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии шумо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод мешавад.
Қонуни мазкур бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 октябри соли 2017 қабул намудааст. Ин қонун бо мақсади мутобиқ намудани меъёрҳои Кодекси ҷиноятӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз байн бурдани мухолифати қонунгузорӣ, таҷдиди тартиби ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахсоне пешниҳод шудааст, ки бадқасдона аз супоридани алимент саркашӣ менамоянд. Ҳамчунин, он ба ҳифзи манфиатҳои қонунии фарзандони ноболиғ ва падару модари ғайри қобили меҳнат, инчунин иҷрои санадҳои судӣ, нигаронида шудааст.
Тибқи қонуни мазкур, ба моддаҳои 177 ва 178 Кодекси ҷиноятӣ барои такроран содир намудани ҷиноят ҷавобгарӣ пешбинӣ гардидааст. Ҳамчунин, ба моддаи 178-уми Кодекси ҷиноятӣ эзоҳ илова карда шуда, мафҳуми «бадқасдона саркашӣ намудан», ки дар моддаҳои 177 ва 178 нишон дода шудааст, шарҳ дода мешавад. Яъне, таҳти мафҳуми бадқасдона саркашӣ намудани падару модар аз таъминоти фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат аз таъминоти падару модари ғайри қобили меҳнат, кирдорҳои қарздор фаҳмида мешавад, ки ба иҷро нагардидани ҳуҷҷати иҷро (напардохтан, рӯйпӯш намудани даромад, тағйири ҷои истиқомат ё ин ки ҷои кор бидуни огоҳонидани иҷрочии суд ва ғайра) равона гардидааст ва он боиси ба вуҷуд омадани қарздорӣ, новобаста аз давраи пардохт, дар ҳаҷме, ки он дар маҷмӯъ, маблағи муқарраргардидаи пардохтро барои се моҳ ташкил медиҳад, мегардад.
Тағйироти дигаре, ки ба қисмҳои 1, 2, 3, 4, 6, 9, 10, 11 ва 12 ворид карда шудааст, хусусияти таҳрирӣ ва мутобиқсозӣ доранд.
Қонун ба меъёрҳои Конститутсия, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, кумита нисбати он эрод надорад ва аз шумо хоҳиш менамоем, ки қонуни пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз бахшида, идомаи суханро ба муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ вомегузорем. Марҳамат.
РАҲМОН Озода Эмомалӣ:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии шумо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод мегардад.
Қонуни мазкур бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 декабри соли 2017 қабул намудааст.
Қонуни зикршуда бо мақсади пешгирӣ кардани татбиқи духӯраи меъёрҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва пурзӯр намудани ҷавобгарӣ барои вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ аз сухтор, ки боиси марги одамон гардидааст, пешниҳод шудааст. Айни ҳол, барои такроран дар давоми як соли таъини ҷазои маъмурӣ вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ҳам ҷавобгарии маъмурӣ ва ҳам ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст, ки дар таҷрибаи ҳуқуқтатбиқкунӣ боиси ба миён омадани омилҳои коррупсионӣ ва татбиқи нодурусти меъёрҳои мазкур мегардад.
Бо ин мақсад моддаи 192 Кодекси ҷиноятӣ дар таҳрири нав ифода карда, фарқияти меъёрҳои кодексҳо мушаххас карда шуд. Минбаъд барои вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ҷавобгарии ҷиноятӣ дар ҳолате фаро мерасад, ки агар кирдорҳо боиси расонидани зарар ба ҳаёт ва саломатии инсон гардида бошанд. Ин талабот масъулияти шахсонеро, ки ба зиммаашон риояи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор вогузор шудааст, баланд мебардорад.
Ғайр аз ин, аз беэҳтиётӣ боиси расонидани зарари миёна ё вазнин ба саломатӣ, боиси расонидани зарари вазнин ба саломатии ду ва зиёда шахсон ё боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин ва боиси марги ду ва зиёда шахсон гардидааст, ҷазо пурзӯр карда мешавад.
Қонун ба меъёрҳои Конститутсия, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ аст. Аз шумо, хоҳиш менамоям, ки қонуни пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии масъалаи навбатӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан ба муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ дода мешавад. Марҳамат.
РАҲМОН Озода Эмомалӣ:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии шумо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод мешавад.
Қонуни мазкур бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 октябри соли 2017 қабул намудааст. Ҳадафи қонуни мазкур мутобиқ гардонидани меъёрҳои Кодекси мурофиавии гражданӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои қонунгузорӣ ва ҳамчунин, таъмини иҷрои саривақтии санадҳои судӣ мебошад.
Тибқи тағйирот ба меъёрҳои моддаи 130 кодекс, минбаъд фармонҳои суд дар бораи рӯёнидани маблағҳои пулӣ ва талаб карда гирифтани молумулки манқул аз қарздор дар баробари дигар маълумот, инчунин рӯз, моҳ, сол, маҳалли таваллуд ва ҷойи кори қарздор нишон дода мешаванд. Ҳамчунин, бо ҳамин мақсад қисми 2 моддаи 231 кодекс низ дар таҳрири нав ифода ёфтааст.
Қонун ба меъёрҳои Конститутсия, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, аз шумо хоҳиш менамоям, ки қонуни пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз менамоем. Сухан ба муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ дода мешавад. Марҳамат.
РАҲМОН Озода Эмомалӣ:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии шумо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод мегардад.
Қонуни мазкур бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 октябри соли 2017 қабул намудааст. Тағйироте, ки ба қисмҳои дахлдори кодекси мазкур ворид карда мешавад, бо мақсади мутобиқ намудани истилоҳоти кодекс ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Қонун ба меъёрҳои Конститутсия, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад ва аз шумо хоҳиш менамоям, ки қонуни пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
Раис: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Сухан оид ба ин масъала ба муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ дода мешавад. Марҳамат.
РАҲМОН Озода Эмомалӣ:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии шумо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» манзур мегардад.
Қонуни мазкур бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 октябри соли 2017 қабул намудааст.
Тағйироту иловаҳое, ки ба қисмҳои 1 ва 2- юми қонуни мазкур қабул карда шудаанд, хусусияти мутобиқсозӣ дошта, меъёрҳои Кодекси мазкурро ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ менамоянд.
Қисмҳои 4 ва 5-уми қонуни мазкур салоҳияти мақомоти судӣ ва корҳои дохилиро вобаста ба баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии дар моддаҳои 336 ва 337 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда мушаххас мегардонад.
Қонун ба меъёрҳои Конститутсия, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, кумита нисбат ба он эрод надорад ва аз шумо хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
Раис: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ мекунем. Сухан оид ба ин масъала ба муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ дода мешавад. Марҳамат.
РАҲМОН Озода Эмомалӣ:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии шумо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод карда мешавад.
Қонуни мазкур бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи узви Маҷлиси миллӣ, як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 ноябри соли 2017 қабул намудааст.
Тағйиру иловаҳое, ки ба моддаҳои 7, 31, 37, 47, 87, 92, 223, 343, 406, 415, 468, 521, 587, 594 ва 685 ворид карда мешаванд, хусусияти мутобиқсозӣ ва таҳрирӣ дошта, барои истифодаи шакли дурусти истилоҳоти ҳуқуқӣ равона гардидаанд. Ҳамчунин, тағйироту иловаҳои ба моддаҳои 409, 422, 446 ва 447 воридшаванда барои риоя накардани қоидаҳои фаъолияти меъморию шаҳрсозӣ ва сохтмон, риоя накардани тартиби ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмон, қабул намудани қарор бе риояи нақшаи генералии тасдиқшудаи меъморию шаҳрсозӣ ва риоя накардани тартиби додани иҷозатнома ва ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ дар соҳаи фаъолияти меъморию шаҳрсозӣ ва сохтмон санксияи ҷавобгарии маъмуриро баланд бардошта, доираи субъектони як қатор ҳуқуқвайронкуниҳои маъмуриро васеътар менамоянд.
Қонун ба меъёрҳои Конститутсия, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, кумита нисбат ба он эрод надорад ва аз шумо хоҳишмандам, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» оғоз менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ дода мешавад. Марҳамат.
РАҲМОН Озода Эмомалӣ:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии шумо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» пешниҳод мегардад.
Ин қонун бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 октябри соли 2017 қабул намудааст.
Қонуни мазкур ҷиҳати барқарор намудани ҳуқуқҳои хизматчиёни ҳарбие, ки бо сабаби тағйироти ташкилию штатӣ аз хизмат озод шудаанд, инчунин роҳ надодан ба барқароршавии онҳое, ки бо кирдори худ ба шаъни баланди рутбаи ҳарбӣ иснод овардаанд, қабул шудааст. Бо ин мақсад ба қисми 4 моддаи 29 -уми қонуни амалкунанда тағйирот ворид шуда, тибқи он, минбаъд хизматчиёни ҳарбие, ки бо асоси паст задани шаъни баланди рутбаи ҳарбӣ аз хизмати ҳарбӣ озод шудаанд, дар замони осоишта такроран наметавонанд ба хизмати ҳарбӣ дохил шаванд. Мувофиқи ин тағйирот, нисбат ба хизматчиёни ҳарбие, ки бо сабаби чорабиниҳои ташкилию штатӣ рухсат шудаанд, маҳдудияти зикршуда татбиқ намегардад.
Қонун ба меъёрҳои Конститутсия, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад ва аз шумо хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» шурӯъ менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ дода мешавад. Марҳамат.
РАҲМОН Озода Эмомалӣ:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии шумо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» пешниҳод мегардад.
Қонуни мазкур бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 октябри соли 2017 қабул намудааст. Як қисми тағйироту иловаҳои воридшаванда хусусияти мутобиқсозӣ ва таҳрирӣ дошта, барои истифодаи шакли дурусти истилоҳоти ҳуқуқӣ пешниҳод шудааст. Бо ҳамин мақсад аз муқаддима, қисми 2 моддаи 1, қисми 5 моддаи 3, матни моддаи 4, қисми 1 моддаи 8 ва сархати дуюми моддаи 24 калимаи «Сарқонуни» хориҷ карда шуда, дар қисмҳои 5 ва 8 моддаи 2, қисми 1 моддаи 7, қисми 8 моддаи 10, қисми 2 моддаи 12, қисми 11 моддаи 14, қисми 2 моддаи 15, сархати якуми қисми 1, сархати дуюми қисми 2, қисмҳои 4, 5, 9 моддаи 18 ва қисми 1 моддаи 20 калимаҳои «қаламрави» ва «қаламрав» мувофиқан ба калимаҳои «ҳудуди» ва «ҳудуд» иваз карда шуданд.
Мувофиқи қисми 7 моддаи 10- уми қонуни амалкунанда, айни ҳол рухсатии асосӣ танҳо ба хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро бо тартиби ихтиёрӣ адо менамоянд, тибқи хоҳиши онҳо қисм ба қисм дода мешавад. Бо мақсади рӯҳбаланд ва ҳавасманд кардани хизматчиёни ҳарбие низ, ки хизмати ҳарбиро тибқи даъват адо менамоянд, ин меъёр ворид карда мешавад.
Ҳамин тариқ, хизматчиёни ҳарбие, ки дар ақди никоҳи ба қайди давлатӣ гирифташуда қарор доранд, рухсатии асосӣ, тибқи тартиби муқарраргардида, қисм ба қисм, вале на камтар аз як маротиба дар шаш моҳ дода мешавад.
Қонун ба меъёрҳои Конститутсия, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, аз шумо хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Масъалаи навбатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» мебошад. Сухан аз рӯи ин масъала ба муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ дода мешавад. Марҳамат.
РАҲМОН Озода Эмомалӣ:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии шумо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» пешниҳод карда мешавад.
Қонуни мазкур бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи узви Маҷлиси миллӣ, як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 октябри соли 2017 қабул намудааст. Қонуни зикршуда хусусияти мутобиқсозӣ дошта, ҳамчунин, бо дарназардошти фарҳангу суннатҳои миллии ниёгон, муқаррар кардани санаи таҷлили баъзе аз рӯзҳои ид қабул шудааст.
Мувофиқи тағйиру иловаҳое, ки ба моддаи 2 қонуни амалкунанда ворид карда шудаанд, минбаъд таҷлили иди Сада — 30 январ, иди Меҳргон ва рӯзи кормандони соҳаи кишоварзӣ — 15 октябр ва рӯзи кормандони мақомоти судӣ — 26 октябр муқаррар карда мешавад.
Қонун ба меъёрҳои Конститутсия, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад ва аз шумо хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ дода мешавад. Марҳамат.
РАҲМОН Озода Эмомалӣ:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии шумо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» пешниҳод мешавад.
Қонуни мазкур бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 ноябри соли 2017 қабул намудааст. Қонуни пешниҳодшуда бо мақсади такмили меъёрҳои қонуни амалкунанда ва самаранок ба роҳ мондани истеҳсолоти иҷро қабул шудааст. Бо ин мақсад, ба қисми якуми моддаи 10- уми қонуни амалкунанда банди нав илова карда шуд, ки мутобиқи он, минбаъд мақомоти корҳои дохилӣ вазифадор мегардад, ки дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истеҳсолоти иҷро қарздор, молумулки ӯ ё кӯдакро кофтуков намояд.
Қонуни мазкур ба меъёрҳои Конститутсия, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад ва аз шумо хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
- Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи навъҳои растанӣ» шурӯъ мекунем. Сухан оид ба масъалаи зикршуда ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология муҳтарам Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ дода мешавад. Марҳамат.
ГУЛМАҲМАДЗОДА Давлатшоҳ Қурбоналӣ:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи навъҳои растанӣ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ Д. Гулмаҳмадзода, Х. Сафарзода, Ҷ. Ғаффор ва вакилони Маҷлиси намояндагон Р. Латифзода, М. Ахмедов Б. Садриддинов, Б. Авзалшоева ва М. Сабурзода пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 октябри соли 2017 қабул намудааст.
Қонуни мазкур бо мақсади тақвият бахшидан ба заминаи ҳуқуқии фаъолият дар соҳаи селексияи растаниҳо, танзими муносибатҳо оид ба гирифтани ҳуқуқи селексионер, муайян намудани вазъи ҳуқуқии вориси ӯ, тартиби додани Шаҳодатномаи ҳуқуқи селексионер ва интишори иттилооти расмӣ, инчунин мутобиқгардонии қонуни амалкунанда ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистон, қабул гардидааст. Инчунин, ба як қатор моддаҳои қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шудааст, ки онҳо хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд. Ҳамчунин, моддаи 6 — уми қонуни амалкунанда мукаммал гардонида шуда, дар он заминаи ҳуқуқии тасдиқи ҳуқуқи селексионер, тартиби гирифтани подош барои офаридан ё кашф намудан, такмил додани навъи нави растанӣ аз ҷониби селексионер ифода ёфтааст.
Илова бар ин, ба қонуни амалкунанда моддаи нави 121 ворид карда шудааст, ки мутобиқи он минбаъд асосҳои ҳуқуқии додани Шаҳодатномаи ҳуқуқи селексионер ба селексионер (селексионерҳо), вориси ӯ (ворисони онҳо), корфармо ва дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар дархости ба мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳоднамудаи селексионер нишон дода шудааст, дода мешавад. Аз ҷумла, ба қисми дуюми моддаи 14-уми қонуни амалкунанда тағйирот ворид шудааст, ки барои ҳаммаъно ифода намудани истилоҳот дар қонуни амалкунанда дар иртибот ба Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳифзи растанӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқат намояд.
Дар моддаи 29 интишори расмӣ дар бораи ба қайди давлатӣ гирифтани навъи растанӣ мушаххас пешбинӣ шудааст.
Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда мутобиқ буда, кумита нисбати он эрод надорад ва аз шумо хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи навъҳои растанӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
Раис: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи оби нӯшокӣ ва таъмини он» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муҳтарам Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ дода мешавад. Марҳамат.
ГУЛМАҲМАДЗОДА Давлатшоҳ Қурбоналӣ:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи оби нӯшокӣ ва таъмини он» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби узви Маҷлиси миллӣ Н. Шоҳиён ва вакилони Маҷлиси намояндагон Ф. Шарифӣ, Б. Абдуалимов ва Ҷ. Саидов пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 октябри соли 2017 қабул намудааст.
Зарурат ва мақсади қабули қонуни мазкур аз такмил додан ва мутобиқ намудани он ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад. Аз ҷумла, бо дарназардошти талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», моддаи 1 — уми қонуни амалкунанда такмил дода, мафҳуму ибораҳои дар он баёнгардида бо ҳам мутобиқ карда шудааст.
Ҳамчунин, бо мақсади мутобиқнамоӣ дар сархати сеюми моддаи 4, ном ва матни моддаи 6, ном ва қисми якуми моддаи 7, қисми чоруми моддаи 15- уми қонуни амалкунанда калимаи «салоҳияти» мувофиқан ба калимаи «ваколатҳои» иваз карда шудаанд.
Ба моддаи 5- уми қонуни амалкунанда сархати нави панҷум илова шудааст, ки тибқи он ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи сиёсати ягонаи нархгузорӣ оид ба таъмини оби нӯшокӣ дохил мегардад. Ғайр аз ин, бо мақсади ба талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ гардонидан ба моддаҳои 2, 5, 9, 10, 12 ва 18- уми қонуни амалкунанда як қатор тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шудааст, ки он хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ дорад.
Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда мутобиқ буда, кумита нисбати он эрод надорад ва аз шумо хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи оби нӯшокӣ ва таъмини он» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» мебошад. Сухан оид ба масъалаи зикршуда ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа муҳтарам Раҳимӣ Фарҳод дода мешавад. Марҳамат.
РАҲИМӢ Фарҳод:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 октябри соли 2017 қабул намудааст.
Мақсади дар таҳрири нав қабул намудани қонуни мазкур аз такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, танзими фаъолият оид ба истеҳсол, воридоту содирот ва фурӯши маҳсулоти тамоку ва бо ин васила ҳифзи саломатии аҳолӣ ва пешгирии бемориҳо иборат мебошад.
Қонуни мазкур аз 3 боб ва 10 модда иборат буда, асосҳои ташкилию ҳуқуқии маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку, инчунин, муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба истифода, истеҳсол, воридот, содирот ва фурӯши маҳсулоти тамоку танзим менамояд.
Боби 1 қонуни мазкур ба «Муқаррароти умумӣ» бахшида шуда, аз 2 модда таркиб ёфтааст, ки дар он мафҳумҳои асосии дар қонун истифодашаванда, санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку мушаххас муайян шудааст.
Боби 2 «Танзими фаъолият оид ба маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» ном дошта, моддаҳои 3-7-ро дар бар мегирад. Моддаҳои 3 ва 4 муносибатҳоро дар самти иҷозатномадиҳӣ ва танзими фаъолият оид ба истеҳсол, воридот, содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи маҳсулоти тамоку муқаррар намуда, моддаҳои 5, 6 ва 7 тартиби манъи фурӯши маҳсулоти тамоку, тадбирҳои аз таъсири маҳсулоти тамоку ҳифзкунанда ва инчунин, тарғиб намудани хусусияти зарарнокии истифодаи маҳсулоти тамокуро пешбинӣ менамояд.
Боби 3 «Муқаррароти хотимавӣ» ном дорад ва бо дарбаргирии моддаҳои 8-10 ҷавобгарӣ барои риоя накардани муқаррароти қонуни мазкур, тартиби аз эътибор соқит донистани қонуни амалкунанда дар ин соҳа ва мавриди амал қарор додани онро муайян менамояд. Кумита ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» эрод надорад ва аз шумо хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи театр ва фаъолияти театрӣ» оғоз мебахшем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муҳтарам Раҳимӣ Фарҳод дода мешавад. Марҳамат.
РАҲИМӢ Фарҳод:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи театр ва фаъолияти театрӣ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Достизода, Ҳ. Холиқов, А. Ғаффоров ва Ҷ. Муртазоқулов пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 октябри соли 2017 қабул намудааст.
Мақсади ворид намудани тағйирот ба қонуни амалкунанда аз такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқ намудани меъёрҳои он ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузорӣ иборат мебошад.
Тағйироти ба моддаҳои 1, 2, 4, 7, 8, 18, 20, 21, 26 ва 27-уми қонуни амалкунанда воридгардида хусусияти мутобиқкунанда, муайянкунанда ва таҳрирӣ дошта, ҷиҳати аз байн бурдани номувофиқатӣ байни меъёрҳои санадҳои қонунгузорӣ ва истифодаи якхелаи истилоҳоти ҳуқуқӣ пешбинӣ гардидааст. Чунончӣ, калимаҳои «мақомоти худидораи маҳаллӣ», «мақоми ваколатдори худидораи маҳаллӣ», «мақомоти худидоракунии маҳаллӣ» «мақоми худидораи маҳаллӣ», мувофиқан ба калимаҳои «мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», калимаҳои «шаҳрвандони бетабаа» ба калимаҳои «шахсони бешаҳрванд», калимаи «васоити» ба калимаи «воситаҳои» иваз карда шудааст.
Ҳамчунин, бо мақсади такмили фаъолияти театрӣ сархати 11 моддаи 1 дар таҳрири нав ифода карда шудааст:
«- таҳиягар - (режиссёр-таҳиягар, балетмейстер-таҳиягар, дирижёр-таҳиягар, хормейстер-таҳиягар, рассом-таҳиягар) шахсе, ки мустақилона намоиши театрӣ ё қисми алоҳидаи онро амалӣ мегардонад.».
Илова ба ин, қисми сеюми моддаи 10 дар таҳрири нав ифода шудааст, ки тибқи муқаррароти он, иҷрои оммавии намоишномаи театрӣ, дигар намудҳои истифодаи он, инчунин чопи маълумоти иттилоотӣ ва рекламавӣ танҳо дар асоси ҳалномаи суд дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда мешавад.
Кумита қонуни мазкурро баррасӣ намуда, ба он эрод надорад ва аз шумо хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи театр ва фаъолияти театрӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» мебошад. Сухан аз рӯи ин масъала ба муҳтарам Раҳимӣ Фарҳод дода мешавад. Марҳамат.
РАҲИМӢ Фарҳод:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Раҳимӣ, М. Имомзода ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон З. Исмоилзода пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 октябри соли 2017 қабул намудааст.
Қонуни амалкунанда муносибатҳои вобаста ба низом ва идоракунии таҳсилоти калонсолон, ташкили раванди таълим, таъминоти илмию методӣ ва кадрӣ, инчунин фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ ва заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолонро танзим менамояд. Бо мақсади такмили он як қатор тағйиру илова ворид карда шудааст, ки хусусияти таҳрирӣ, муайянкунанда ва танзимкунанда дошта, матни онро мукаммал менамоянд. Вобаста ба ин, ба моддаи 13, ки муқарраротро нисбат ба оинномаи муассиса пешбинӣ намудааст, сархати нав илова ва қисми 2- юми он дар таҳрири зерин ифода шудааст:
«2. Оинномаи муассисаи таълимии таҳсилоти калонсолонро муассис (муассисон) таҳия ва тасдиқ мекунад ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирии давлатии муассисаи мазкурро таъмин менамояд.».
Қонуни пешниҳодгардида ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад ва аз шумо хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
Раис: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» мебошад. Сухан оид ба масъалаи зикршуда ба муҳтарам Раҳимӣ Фарҳод дода мешавад. Марҳамат.
РАҲИМӢ Фарҳод:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 октябри соли 2017 қабул намудааст.
Қонуни мазкур дар иртибот ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2014, №788 «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 марти соли 2017, №851 «Дар бораи ба Бонки миллии Тоҷикистон вогузор кардани ваколати назорати суғуртавӣ» таҳия ва пешниҳод гардидааст. Вобаста ба ин, ба моддаи 1 сархати дуюм бо мазмуни зерин илова шудааст:
«- мақоми назорати суғуртавӣ – Бонки миллии Тоҷикистон, ки вазифаҳои танзиму назоратро дар соҳаи фаъолияти суғуртавӣ анҷом медиҳад;». Инчунин, қисми 2 моддаи 33 ва қисми 3 моддаи 34 дар таҳрири нав ифода гардиданд, ки тибқи муқаррароти он, минбаъд танзиму назорати фаъолияти суғуртавиро Бонки миллии Тоҷикистон таъмин менамояд.
Ҳамчунин, ба қисм ва сархатҳои моддаҳои 1, 4, 5, 7, 8, 9, 12, 13, 24, 25, 26, 27, 28, 29, 31, 32, 34, 35, 36, 37- уми қонуни амалкунанда тағйироти зарурӣ пешниҳод гардидааст, ки онҳо ба ҷараёни ислоҳоти фаъолияти суғуртавӣ ва таҷдиди мақоми танзимкунандаи назорати суғуртавӣ замина мегузоранд.
Қонуни пешниҳодгардида ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, кумита нисбат ба он эрод надорад ва аз шумо хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муҳтарам Раҳимӣ Фарҳод дода мешавад. Марҳамат.
РАҲИМӢ Фарҳод:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби узви Маҷлиси миллӣ Р. Шораҳматов ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳ. Қурбонзода, Р. Раҷабов, М. Достизода ва Ҳ. Холиқов пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 октябри соли 2017 қабул намудааст.
Мақсади ворид намудани тағйироту илова ба қонуни амалкунанда мутобиқ намудани меъёрҳои он ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мебошад.
Тағйироти пешниҳодгардида ба номи боби 4, ба қисм, банд ва сархатҳои моддаҳои 3, 4, 5, 9, 10, 11, 13, 14, 15, 16, 17, 18, 22, 24, 25, 26, 30, 36, 37, 39, 40, 41, 42, 43, 44, 45, 46 ва 47 хусусияти мутобиқкунанда, муайянкунанда ва таҳрирӣ дошта, ҷиҳати аз байн бурдани номувофиқатӣ байни меъёрҳои санадҳои қонунгузорӣ ва истифодаи якхелаи истилоҳоти ҳуқуқӣ пешбинӣ гардидааст. Чунончӣ, калимаҳои «амволиро», «амволӣ», «ғайриамволии», «ғайриамволӣ», «амволии», «амволие», «қаламрави» ва «байналхалқии» мувофиқан ба калимаҳои «молумулкиро», «молумулкӣ», «ғайримолумулкии», «ғайримолумулкӣ», «молумулкии», «молумулкие», «ҳудуди» ва «байналмилалии» иваз карда шудаанд.
Ҳамчунин, бо мақсади мукаммал намудани қонуни амалкунанда моддаи 2 оид ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он дар таҳрири нав ифода гардида, моддаи 481 бо мазмуни зерин илова шудааст:
«Моддаи 481. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.».
Кумитаи мо ба қонуни мазкур эрод надорад ва аз шумо хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» мебошад. Сухан оид ба масъалаи зикршуда ба муҳтарам Раҳимӣ Фарҳод дода мешавад. Марҳамат.
РАҲИМӢ Фарҳод:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 ноябри соли 2017 қабул намудааст.
Қонуни мазкур бо мақсади мутобиқ намудани меъёрҳои он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушаххас кардани доираи кӯдаконе, ки аз имтиёзҳои муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» бархӯрдор мегарданд, таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Тағйироти пешниҳодгардида ба моддаҳои 2, 4 ва 24 дорои хусусияти мутобиқкунанда буда, хориҷ намудани калимаи «Сарқонун» ва иваз намудани калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди»-ро пешбинӣ менамояд.
Ҳамчунин, ба моддаҳои 37, 39 ва 42 — юми қонуни амалкунанда, ки кафолати давлатии амалӣ намудани ҳуқуқҳои кӯдакони ятим ва бепарасторро ба манзил, таҳсил ва нақлиёт пешбинӣ менамоянд, иловаҳо ворид карда шудааст, ки тибқи онҳо, минбаъд имтиёзу кафолатҳои дар қонун муқарраргардида танҳо ба ятимону бепарастороне, ки таҳти таъминоти пурраи давлат қарор доранд, афзалият дода мешавад.
Қонуни пешниҳодгардида ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад ва аз шумо хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба муҳтарам Раҳимӣ Фарҳод дода мешавад. Марҳамат.
РАҲИМӢ Фарҳод:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 ноябри соли 2017 қабул намудааст.
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, ташкилӣ ва молиявии суғуртаи ҳатмӣ ва ихтиёрии тиббии шаҳрвандонро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Мақсади пешниҳоди тағйир ин тамдид намудани муҳлати амали қонуни мазкур, бинобар мушкилоти молиявӣ вобаста ба буҳрони молиявии ҷаҳонӣ, мебошад.
Дар моддаи 22 — юми қонуни номбурда рақами «2017» ба рақами «2022» иваз карда шудааст, ки мувофиқи ин тағйирот, мавриди амал қарор гирифтани муқаррароти қонуни номбурда ба 1 январи соли 2022 гузаронида шудааст.
Қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва аз шумо хоҳиш менамоем онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Масъалаи навбатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти эҳсонкорӣ» мебошад. Сухан аз рӯи ин масъала ба муҳтарам Раҳимӣ Фарҳод дода мешавад. Марҳамат.
РАҲИМӢ Фарҳод:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти эҳсонкорӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Г.Бобоева, Ҷ. Саидов ва М. Рӯзадор пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 ноябри соли 2017 қабул намудааст.
Қонуни мазкур бо мақсади мутобиқ намудани меъёрҳои он ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Бо ин мақсад ба номи боби 2, қисм ва сархатҳои моддаҳои 1, 2, 3, 8, 12, 15, 17, 21, 23, 24 — уми қонуни амалкунанда тағйирот ворид карда шудааст, ки хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ дошта, номувофиқатии меъёрҳои дар қонун ҷойдоштаро аз байн мебаранд. Ба монанди, калимаи «(Сарқонун)» хориҷ карда шуда, калимаҳои «маҳаллӣ», «ҳокимияти маҳаллӣ», «барпо», «обектҳои», «ифодакунии», «ба тартиби», «бачаҳое», «бачагона», «бачагонро», «пенитенциарӣ (ислоҳотӣ)», «маҳкумон», «Ташкилдиҳӣ», «барпо кардан», «қаламрави», «тасдиқ шудан», «баланси», «бовариномае», «Манбаҳои», «манбаҳое», «лотореяҳо, ауксионҳо» ва «шаҳрвандони бетабаа» мувофиқан ба калимаҳои «мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», «ташкил», «объектҳои», «ихтиёрдории», «бо тартиби», «кӯдаконе», «кӯдакона», «кӯдаконро», «ислоҳӣ», «маҳкумшудагон», «Таъсис», «таъсиси», «ҳудуди», «тасдиқгардида», «тавозуни», «ваколатномае», «Манбаъҳои», «манбаъҳое», «лотореяҳо, музоядаҳо» ва «шахсони бешаҳрванд» иваз карда шудаанд.
Ҳамчунин, бо мақсади мукаммалгардонии меъёрҳои қонуни мазкур номи моддаи 1, қисми якуми моддаи 4 ва моддаи 9 дар таҳрири нав ифода шудааст, ки дар он масъалаҳои марбут ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти эҳсонкорӣ, ҳуқуқ барои фаъолияти эҳсонкорӣ ва таъсиси ташкилоти эҳсонкорӣ пешбинӣ гардидаанд.
Қонуни мазкур ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, кумита нисбат ба он эрод надорад ва аз шумо хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти эҳсонкорӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан оид ба масъалаи зикршуда ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ муҳтарам Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ дода мешавад. Марҳамат.
ИМОМЗОДА Муҳаммадюсуф Саидалӣ:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 октябри соли 2017 қабул намудааст, мавриди баррасӣ қарор дод.
Қонуни конститутсионии мазкур бо мақсади мутобиқ намудани он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, талаботи имлои забони тоҷикӣ, бартараф намудани ихтилофоти қонунгузорӣ ва мукаммал намудани раванди шаклгирии низоми ҳуқуқӣ таҳия ва пешниҳод гардидааст. Аз ҷумла, тибқи тағйиру иловаҳо, ба номи қонун, дар шаш боб ва бисту нуҳ моддаи қонуни мазкур калимаҳои «марзиву маъмурӣ», «марзиву маъмуриро», «марзиву маъмурии», «марзиву маъмурие» мувофиқан ба калимаҳои «маъмурию ҳудудӣ», «маъмурию ҳудудиро», «маъмурию ҳудудии», «маъмурию ҳудудие» иваз шуда, аз матни моддаи 2 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ ва ба матни моддаи 1 пас аз калимаи «Қонуни» калимаи «конститутсионии» илова карда шудааст.
Ҳамчунин, дар номи моддаи 8, қисми 4 моддаи 23 калимаҳои «марзӣ» ба калимаҳои «ҳудудӣ» иваз карда шудаанд. Дар қисми 1 моддаи 7 калимаи «мамнӯъгоҳҳо» ба талаботи имлои забони тоҷикӣ мутобиқ гардонида шудааст. Сархати якуми моддаи 9 низ дар таҳрири нави зерин пешниҳод гардидааст: «- таъсис, тағйир, барҳам додани воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ, муқаррар намудани маркази маъмурӣ ва ба ҷои дигар кӯчонидани онҳоро муайян менамояд;»
Тибқи тағйиру иловаҳо ба қонуни конститутсионии мазкур, дар замимаи он низ тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шудаанд.
Қонуни конститутсионии мазкур ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои қонунгузорӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мухолифат надорад ва аз шумо хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Масъалаи навбатӣ — Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» мебошад. Сухан оид ба ин масъала ба муҳтарам Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ дода мешавад. Марҳамат.
ИМОМЗОДА Муҳаммадюсуф Саидалӣ:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» — ро, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амрихудои Дамдор, Абдуғаффор Раҳмонзода ва Муҳаббатшо Рӯзадор пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 октябри соли 2017 қабул намудааст, мавриди баррасӣ қарор дод.
Қонуни конститутсионии мазкур бо мақсади мутобиқгардонии меъёрҳои он ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва имлои забони тоҷикӣ таҳия ва пешниҳод гардидааст. Бо ин мақсад, тибқи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз қисми 2 моддаи 1 ва матни моддаҳои 3 ва 4 калимаи (Сарқонуни) хориҷ карда шуда, дар моддаҳои 2, 7, 8, 9 ва 13 калимаҳои «марзиву маъмурӣ» ва «марзиву маъмурии» ба калимаҳои «марзию ҳудудӣ» ва «марзию ҳудудии» иваз карда шуданд.
Барои мувофиқакунонӣ бо имлои забони давлатӣ дар моддаҳои 11, 12, 13 ва 18 калимаи «кӯмаки» ба калимаи «кумаки» иваз карда шудааст. Инчунин, дар лоиҳаи қонуни конститутсионии номбурда бо мақсади баланд бардоштани масъулияти субъектони ҳуқуқӣ моддаи нави 191 «Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонуни конститутсионӣ» илова карда шудааст: «Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи қонуни конститутсионии мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд».
Қонуни конститутсионии мазкур ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои қонунгузорӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мухолифат надорад. Бинобар ин, аз шумо хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба муҳтарам Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ дода мешавад. Марҳамат.
ИМОМЗОДА Муҳаммадюсуф Саидалӣ:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 октябри соли 2017 қабул намудааст, мавриди баррасӣ қарор дод.
Қонуни мазкур бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони сокинони шаҳри Душанбе, ки 15 феврали соли 2017 баён доштанд, инчунин мувофиқ намудани мақоми ҳуқуқии пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди низоми ҳуқуқии кишвар ва мутобиқ гардонидани функсияву вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба талаботи рӯзафзуни иқтисодию иҷтимоии пойтахти кишвар таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав таҳия шуда, аз муқаддима, 4 боб, 18 модда, 28 қисм ва 39 сархат иборат аст ва вазъи ҳуқуқии пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар намуда, хусусиятҳои идоракунӣ ва шартҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии фаъолияти онро муайян мекунад.
Боби 1 «Муқаррароти умумӣ» номгузорӣ шуда, дар он мафҳуми мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, кафолатҳои таъмини функсияҳои пойтахтро амалӣ намудани шаҳри Душанбе, мусоидати мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба шаҳри Душанбе дар иҷрои функсияҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳудуди шаҳри Душанбе ва маҳдудиятҳо дар истифодабарии ҳудуди пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда шудаанд.
Тибқи қонуни нав, пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе на танҳо маркази сиёсӣ ва иқтисодӣ, инчунин маркази иҷтимоӣ, таълимию тарбиявӣ, таърихию фарҳангӣ эътироф шуда, ҷойгиршавии қароргоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дафтардории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ ва дигар намояндагиҳои дипломатӣ дар он расман эълон шудааст. Аз ҳама муҳим, пойтахт чун маркази ҷумҳурӣ, маҳалли нигоҳдошти нусхаи аслии Конститутсия ва макони тайёр кардани шаклҳои аслии рамзҳои давлатии Тоҷикистон муайян шудааст.
Боби 2 ба масъалаҳои хусусиятҳои идоракунии мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар пойтахт бахшида шудааст. Дар ин боб дар ваколатҳои Маҷлиси вакилони халқ ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бар иловаи он ваколатҳое, ки Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» пешбинӣ намудааст, вобаста ба хусусиятҳои хоси пойтахт ваколатҳои иловагӣ пешбинӣ шудаанд.
Дар қонун (моддаҳои 9 ва 10) ваколати Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар пойтахт ҷудо карда шуда, мутобиқи ин тақсимбандӣ, масъалаҳои муҳим, аз қабили нақшаҳои батанзимдарории сохтмон дар шаҳр, шаҳрсозӣ, ободонии пойтахт, банақшагирӣ ва таъмини стратегияи рушди маҷмӯавии иҷтимоию иқтисодии пойтахт, тартиби вуруди нақлиёти дигар шаҳру ноҳияҳо ба пойтахт, тартиби ҳаракати автомашинаҳои боркаш дар шаҳри Душанбе ба ваколати Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дода шудааст.
Масъалаҳои хизматрасонӣ бо таъмини замин, бино, иншоот, хизмати манзилию коммуналӣ ва дигар масъалаҳои ташкилию будубоши мақомоти ҳокимияти давлатӣ, намояндагиҳои дипломатӣ, гузаронидани чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ, нигаҳдорӣ ва рушди воситаҳои алоқа, қоидаҳои таъмири биноҳои истиқоматии шаҳри Душанбе ба ваколати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вогузор гардидааст.
Боби 3 ба хусусиятҳои таъминоти моддӣ ва молиявии пойтахт бахшида шудааст.
Боби 4 муқаррароти хотимавӣ буда, ҷавобгарӣ барои риоя накардани қонуни мазкур ва тартиби мавриди амал қарор додани онро танзим менамояд.
Қонуни мазкур ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои қонунгузорӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мухолифат надорад. Аз шумо хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии масъалаи навбатӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муҳтарам Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ дода мешавад. Марҳамат.
ИМОМЗОДА Муҳаммадюсуф Саидалӣ:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 октябри соли 2017 қабул намудааст, мавриди баррасӣ қарор дод.
Қонуни мазкур бо мақсади мутобиқ намудани меъёрҳояш ба қонунгузории кишвар ва талаботи имлои забони тоҷикӣ таҳия ва пешниҳод шудааст. Аз ҷумла, дар қисми ҳафтуми моддаи 2 калимаи «аносири» ба калимаи «унсурҳои», дар қисми дувоздаҳуми ҳамин модда калимаҳои «фамилия» ва «мӯҳлати» мувофиқан ба калимаҳои «насаб» ва «муҳлати», дар қисми якуми моддаи 3 калимаҳои «як» ва «овеза» мувофиқан ба рақами «I» ва калимаи «заррин» иваз карда шудааст.
Қисми дуюми моддаи 4 дар таҳрири зерин ифода карда шудааст:
«Нусхаи Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, қароргоҳи зисти доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қароргоҳҳо дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми таҷлили ҷашнҳои давлатӣ, қабули шахсони расмии давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаранд, супоридани мукофотҳои давлатӣ, қабули расмӣ аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар вохӯрию мулоқотҳои расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воситаҳои нақлиёти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохта мешавад.».
Дар моддаи 5 калимаи «иҷлосияи» ба калимаи «ҷаласаи» иваз карда шуда, пас аз калимаҳои «иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» калимаҳои «ки бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаранд,» илова карда шудааст.
Қисми сеюми моддаи 7 дар таҳрири зерин ифода карда шудааст:
«Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.».
Қонуни мазкур ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои қонунгузорӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мухолифат надорад. Аз шумо хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» мебошад.
Сухан оид ба масъалаи мазкур ба муҳтарам Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ дода мешавад. Марҳамат.
Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама»-ро, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 октябри соли 2017 қабул намудааст, мавриди баррасӣ қарор дод.
Қонуни мазкур бо мақсади мутобиқгардонӣ ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардидааст. Аз ҷумла, ба қисми чоруми моддаи 14 қонуни мазкур тағйироти зерин пешниҳод гардидааст: «Андозаи меъёри пардохт барои паҳн намудани рекламаи берунӣ бо тартиби пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» муайян карда мешавад.».
Қонуни мазкур ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои қонунгузорӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мухолифат надорад. Аз шумо, хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» оғоз менамоем. Сухан роҷеъ ба ин масъала ба муҳтарам Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ дода мешавад. Марҳамат.
ИМОМЗОДА Муҳаммадюсуф Саидалӣ:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»-ро, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 декабри соли 2017 қабул намудааст, мавриди баррасӣ қарор дод.
Қонуни мазкур бо мақсади мутобиқ сохтани қонунгузории соҳа ба тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар масъалаҳои озодии виҷдон ва эътиқоди динӣ, таъмини амнияти ҷамъиятӣ ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Тағйиру иловаҳоро ба қонуни мазкур аз рӯи моҳият ва арзиш метавон гурӯҳбандӣ намуд. Як гурӯҳ тағйиру иловаҳо бо мақсади мукаммал гардонидани механизми иҷрои меъёрҳои қонун, таҳкими ҳуқуқии фаъолияти мақомоти ваколатдор, мутобиқсозӣ ба санадҳои ҳуқуқии амалкунанда пешниҳод гардидааст. Масалан, дар моддаи 4 қисми 3 калимаи «вайрон кардан» ба калимаи «риоя кардан», дар моддаи 5 қисми 2, сархати 2, қисми 3 сархатҳои 2 ва 3, моддаи 9, қисми 4 калимаҳои «маҳаллиро», «маҳаллӣ» мувофиқан ба калимаҳои «шаҳрак ва деҳот», дар моддаи 10 қисми 2 калимаи «шудааст» ба калимаи «мешавад», қисми 12 ҳамин модда пас аз калимаи «сол» калимаи «то 31 декабр», дар моддаи 11 қисми 6 калимаи «имомхатибон» ба калимаҳои «сархатибон, имомхатибон» иваз карда шудаанд.
Гурӯҳи дигари тағйиру иловаҳо моҳиятан чунинанд: Баъзе қисмҳо ва сархатҳои моддаҳои гуногун дар таҳрири нав пешниҳод шудаанд, ки миқдори онҳо панҷ адад мебошад. Инҳо моддаи 4 қисми 7, моддаи 5 қисми 2, моддаи 11 қисми 5, моддаи 13 қисми 2, моддаи 19 сархати 2.
Бахши дигари тағйиру иловаҳо аз илова кардани қисмҳо ва сархатҳои нав ба моддаҳои мувофиқи қонун иборат мебошанд, ки дар маҷмӯъ 9 иловаро ташкил додаанд: дар моддаи 5 қисми 4, моддаи 6 сархатҳои 6 ва 7, моддаи 7 сархати 1, моддаи 11 қисми 7, моддаи 13 қисмҳои 9 ва10, моддаи 19 сархати 4, моддаи 32 қисми 6. Бештари ин тағйиру иловаҳо бо мақсади эътироф ва танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ оид ба ҳуқуқи инсон ба озодии виҷдон, масъулияти шаҳрвандон, иҷро, таҳкиму такмили қонун, ҳимояи арзишҳои милливу давлатдорӣ, идеологиву фарҳангии мардуми кишварамон пешниҳод шудаанд.
Масалан, дар моддаи 5 ҷумлаи якум дар таҳрири зерин пешниҳод гардидааст: «2. Мутобиқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад.». Ин мазмуни нав, пеш аз ҳама, ба ҳимояи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ нигаронида шудааст. Дар таҳким ва идомаи ҳамин консепсия дар моддаи 5 як банди нав, яъне қисми 4 илова шудааст, ки ҳам масъулияти иҷрои қонуни мазкур ва ҳам ҳимояи арзишҳои миллии давлатдории моро таъмин менамояд: «4.Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст.»
Бо мақсади такмили ҳуқуқии қисми 4 моддаи 5, дар моддаи 19 «Уҳдадориҳои иттиҳодияҳои динӣ» сархати дувум ва чорум дар таҳрири нави зерин ифода карда шудааст: «- бо дархости мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин маълумот дар бораи сарчашмаҳои даромад, номгӯйи молумулк, хароҷоти маблағҳо ва молумулки дигар, ҳайати кормандон ва пардохти музди меҳнати онҳо, маблағи андозҳои супоридашуда ва иттилооти дигари зарурӣ пешниҳод намоянд;»
Тағйироти мазкур дар замони муосир ба хотири ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва давлатдории мо аз дахолати кишварҳои беруна муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ мегардад.
Қисмати дигари тағйиру иловаҳо сохтмони бинои масҷид, фаъолияти онҳо, бақайдгирии давлатии ташкилотҳои динӣ, механизми азнавбақайдгирии ташкилотҳои динӣ дар сурати гум кардани шаҳодатнома (моддаи 11 қисмҳои 5, 7, моддаи 13 қисмҳои 2, 9, 10, моддаи 32 қисми 6) ва дигар ҳолатҳоро танзим менамояд.
Қонуни мазкур ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои қонунгузорӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мухолифат надорад. Аз шумо, хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гарид.
РАИС: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Масъалаи навбатӣ лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси ба категорияи шаҳрак мансуб донистани маркази ноҳия – деҳаи Тоҷикободи ноҳияи Тоҷикобод» мебошад. Сухан аз рӯи ин масъала ба муҳтарам Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ дода мешавад. Марҳамат.
Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Тоҷикобод дар хусуси ба категорияи шаҳрак мансуб донистани маркази ноҳия — деҳаи Тоҷикободи ноҳияи Тоҷикобод»-ро, ки таҳти №410 аз 29 августи соли 2017 ворид гардидааст, мавриди баррасӣ қарор дод.
Тибқи пешниҳоди мазкур, таклиф ба миён гузошта шудааст, ки деҳаи Тоҷикободи ноҳияи Тоҷикобод ба категорияи шаҳрак мансуб дониста шавад.
Мувофиқи сарчашмаҳои боэътимоди таърихӣ, Ҷамоати деҳоти Қалъаи лаби об таърихи беш аз 2500 — сола дошта, дар маркази ноҳия ҷойгир мебошад. Ҷамоати деҳот 10 деҳа, 1610 хоҷагӣ ва 11432 нафар аҳолиро дар бар мегирад. Аҳолии деҳаи Тоҷикобод бошад, ба 2547 нафар расидааст.
Дар деҳаи Тоҷикобод теъдоди зиёди корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ, ташкилоту муассисаҳо, корхонаву идораҳо ва дигар муассисаҳои хусусию ғайридавлатӣ ҷойгир гардида, зиёда аз 2 ҳазор нафар шаҳрвандон дар маркази ноҳия бо кори доимӣ машғул мебошанд.
Симои маркази ноҳия — деҳаи Тоҷикободро биноҳои хуштарҳу муосир оро дода, марказҳои фарҳангиву фароғатӣ, муассисаҳои таълимию табобатӣ, бозору дӯконҳо, гулгашту роҳравҳо, хизматрасонии коммуналӣ ба ҳусни он таровати тоза мебахшанд, ки барои ба маркази ноҳия — деҳаи Тоҷикобод додани категорияи шаҳрак имкониятҳои мусоид фароҳам овардаанд.
Шумораи ташкилоту муассисаҳои дар маркази ноҳия ҷойдошта ба 61 адад расида, литсейи касбӣ-техникӣ, филиали омӯзишгоҳи тиббии ноҳияи Рашт, маркази таълимии калонсолон, кӯдакистон, беморхонаи марказӣ, маркази саломатӣ, идораи санитарӣ-эпидемиологӣ, варзишгоҳи марказии ноҳия, шабакаи барқ, кохи ҷавонон, биноҳои маъмурии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, биноҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шуъбаҳои кишоварзӣ ва молия, ҳифзи муҳити зист, маориф, интернати наздимактабӣ, бойгонӣ, китобхонаи ноҳиявӣ, кохи фарҳанг, телеком, почта, нозироти андоз, бозори марказии «Сомониён», филиалҳои «Тоҷиксодиротбонк», «Агроинвестбонк», «Тоҷпромбонк», Дафтари Оғохон ва ғайраҳо аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Масоҳати умумии фонди манзил 21832 м2 -ро ташкил медиҳад. Масоҳати шаҳраки таъсисёбанда мувофиқи ҳуҷҷатҳои кадастрии ноҳия то 1 январи соли 2017-ум, ба 50 гектар баробар аст. Дар натиҷаи таъсис додани шаҳрак майдони он 140 гектарро ташкил хоҳад дод.
Масофаи дарозии роҳ аз маркази ноҳия то маркази шаҳри Душанбе — то муҷассамаи Исмоили Сомонӣ 228 км ва то истгоҳи роҳи оҳани пойтахт 225 км-ро ташкил медиҳад.
Буҷети тахминии шаҳрак бо дарназардошти пардохти музди меҳнат ва ҳама намуди хизматрасониҳо аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 166060 (Яксаду шасту шаш ҳазору шаст) сомонӣ муайян шуда, бинои маъмурии шаҳрак дар маркази ноҳия бо масоҳати 200 м2 пешбинӣ гардидааст.
Пешниҳоди мазкур мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардида, ба дигар қонунҳои ҳамин муносибатҳоро танзимкунанда мухолифат надорад.
Маводи зарурӣ тибқи Номгӯйи ҳуҷҷатҳо оид ба ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурӣ аз ҷониби Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Тоҷикобод ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Кумита пешниҳоди мазкурро қобили дастгирӣ меҳисобад ва аз шумо, хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси ба категорияи шаҳрак мансуб донистани маркази ноҳия – деҳаи Тоҷикободи ноҳияи Тоҷикобод» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси ба категорияи деҳа мансуб донистани маҳалли аҳолинишини Работи деҳоти Варзоб-Қалъаи ноҳияи Варзоб» оғоз мебахшем. Сухан оид ба ин масъала ба муҳтарам Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ дода мешавад. Марҳамат.
ИМОМЗОДА Муҳаммадюсуф Саидалӣ:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб дар хусуси ба категорияи деҳа мансуб донистани маҳалли аҳолинишини Работи деҳоти Варзоб-Қалъаи ноҳияи Варзоб»-ро мавриди баррасӣ қарор дод.
Тибқи пешниҳоди мазкур, таклиф ба миён гузошта шудааст, ки маҳалли аҳолинишини Работи деҳоти Варзоб-Қалъаи ноҳияи Варзоб ба категорияи деҳа мансуб дониста шавад.
Маҳалли аҳолинишини номбурда дар шафати шоҳроҳи нақлиёти Душанбе-Хуҷанд ҷойгир буда, дар он 150 хоҷагӣ ва зиёда аз 1000 нафар аҳолӣ зиндагонӣ менамоянд. Аҳолии маҳалли аҳолинишин асосан дар корхонаҳои шаҳри Душанбе фаъолият дошта, қисман ба боғдорӣ машғул ҳастанд ва ба онҳо ду мағозаи тиҷоратӣ хизмат мерасонад.
Барои мувофиқ гардонидани шароити зист зарурати сохтмони мактаб, китобхона, майдончаи варзишӣ ва дигар инфрасохторҳо ба миён омадааст, вале бинобар сабаби надоштани категорияи деҳа аҳолӣ наметавонад, ки ба идораҳои дахлдор муроҷиат намояд.
Дар ҷамъомади умумии аҳолии деҳа дар хусуси номгузорӣ намудани маҳалли аҳолинишини мазкур масъала ба миён гузошта шуда, аҳолӣ якдилона ба маҳалли аҳолинишин номи «Работ»-ро дастгирӣ намуда, онро пазируфтанд. Сабаби чунин номгузорӣ шудани ин мавзеъ бо назардошти эҳё намудани номҳои қадима ва маскуншавии қисмати зиёди аҳолӣ аз мавзеъҳои баландкӯҳи ноҳияи Варзоб мебошад.
Пешниҳоди мазкур мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардида, ба дигар қонунҳои ҳамин муносибатҳоро танзимкунанда мухолифат надорад. Маводи зарурӣ тибқи Номгӯйи ҳуҷҷатҳо оид ба ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурӣ аз ҷониби Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Кумита пешниҳоди мазкурро қобили дастгирӣ меҳисобад ва аз шумо, хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси ба категорияи деҳа мансуб донистани маҳалли аҳолинишини Работи деҳоти Варзоб-Қалъаи ноҳияи Варзоб» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» шурӯъ менамоем. Сухан оид ба масъалаи зикршуда ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад. Марҳамат.
АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 октябри соли 2017 қабул намудааст.
Қонуни мазкур бо мақсади мутобиқгардонии меъёрҳои он ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба меъёрдарории техникии Тоҷикистон» ва «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» қабул гардидааст.
Вобаста ба ин, ба моддаи 7-уми қонуни амалкунанда қисми нави панҷум илова карда шудааст, ки мутобиқи он, минбаъд истеҳсолкунанда (фурӯшанда, иҷрокунанда) барои муқаррар намудани муҳлатҳои хизмат, коршоямӣ ва кафолати мол (кор) уҳдадор аст, ки дар муҳлатҳои зикршуда талаботи онҳо қонеъ гардонида шавад. Аз тарафи дигар, муқаррар намудани муҳлати кафолати иловагӣ истеъмолкунандаро дар харид ва истифодаи мол (кор) ҳавасманд мегардонад.
Дар моддаи 9-уми қонуни амалкунанда сархати ҳаштум дар таҳрири нав ифода карда шудааст, ки мутобиқи он, маълумоти тамғаи маҳсулоти хӯрокворӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бастабандӣ шуда, инчунин маҳсулоти хӯроквории воридотӣ бояд ба талаботи регламентии техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ» мутобиқ бошад.
Ҳамчунин, моддаи 13 дар таҳрири нав ифода карда шудааст, ки мутобиқи он, минбаъд фурӯшанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда) барои риоя накардани ҳуқуқи истеъмолкунанда тибқи қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шартнома ҷавобгар мебошад.
Ба қонуни амалкунанда моддаи нави 391 илова карда шудааст, ки мутобиқи он, фаъолияти минбаъдаи хизматрасонии молиявии ташкилотҳои қарзӣ ва суғуртавиро Бонки миллии Тоҷикистон ба танзим медарорад.
Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад.
Кумита нисбат ба қонуни мазкур эрод надорад ва аз шумо хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии масъала навбатӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот» оғоз мекунем. Сухан оид ба ин масъала ба муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад. Марҳамат.
АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 октябри соли 2017 қабул намудааст.
Қонуни мазкур бо мақсади такмил додану мукаммал сохтани қонуни амалкунанда ва мутобиқ гардонидани он ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст.
Бо ин мақсад, моддаи 2 дар таҳрири нав ифода гардидааст, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, мутобиқ гардонида шудааст. Аз ҷумла, моддаи 21 «Амали Қонуни мазкур» дар таҳрири нав ифода гардидааст.
Мутобиқи моддаи нави 21,амали қонуни мазкур нисбат ба машруботе, ки шахси воқеӣ на барои фурӯш истеҳсол кардааст ё спирти этилие, ки шахси ҳуқуқӣ ё шахсони ҳуқуқӣ дар асоси шартнома аз ашёи хоми гуногун истеҳсол карда, онро дар ҷараёни технологӣ ҳангоми тайёр кардани маҳсулоти ғайримашруботӣ истифода мебаранд, татбиқ намегардад.
Ба қонуни амалкунанда моддаи нави 15 илова карда шудааст, ки мутобиқи он, минбаъд «Ҷавобгарии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро дар ҳолати риоя накардани талаботи қонуни мазкур» пешбинӣ менамояд.
Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Бо дарназардошти нишондодҳои дар боло зикргардида, аз шумо хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ» шурӯъ менамоем. Сухан роҷеъ ба ин масъала ба муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад. Марҳамат.
АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби узви Маҷлиси миллӣ Н. Шоҳиён ва вакилони Маҷлиси намояндагон Б. Абдуалимов, Ҷ. Саидов ва Ф. Шарифӣ пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 октябри соли 2017 қабул намудааст.
Қонуни мазкур бо мақсади бартараф намудани ихтилофоти дохилии қонун ва мутобиқ намудани меъёрҳои он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст.
Ба моддаи 1-уми қонуни амалкунанда мафҳумҳои нав — «ҷинсҳои таҳдоб» (асос) ва «объектҳои обӣ» илова шудааст, ки мафҳуми «ҷинсҳои таҳдоб» (асос) бо мақсади дақиқ намудани ҳолати иншооти гидротехникӣ ва хосиятҳои физикию техникии сатҳи поёнии иншооти гидротехникиро дар худ инъикос менамояд. Инчунин, мафҳуми «объектҳои обӣ» сохти онро нишон дода, маълум менамояд, ки ин гуна иншоот ба тарзи табиӣ пайдо гашта, дар бисёр ҳолат ба таври сунъӣ сохта мешавад ва бо реҷаи муайян барои нигоҳдории об истифода мегардад.
Ҳамчунин, ба моддаҳои 2, 4, 5, 9, 11, 12 ва 15-уми қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳои дахлдор ворид шудааст, ки онҳо хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд.
Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад.
Бо дарназардошти нишондодҳои зикргардида аз шумо хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии масъалаи навбатӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таърихи қарз (кредит)» оғоз менамоем. Сухан роҷеъ ба масъалаи зикршуда ба муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад. Марҳамат.
АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таърихи қарз (кредит)» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 октябри соли 2017 қабул намудааст.
Қонуни мазкур бо мақсади ба роҳ мондани низоми самараноки баҳисобгирии таърихи қарз, кам намудани арзиши қарз ва хавфи он, инчунин рушди қарзҳои истеъмолӣ ва ипотекӣ, қарздиҳӣ ба соҳибкорони хурд ва дар маҷмӯъ, барои васеъ намудани имконияти қарздиҳии ташкилоти қарзӣ ба қишрҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ ва рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст. Бо ин мақсад, матни моддаи 7 қисми якум ҳисобида шуда, сархати якуми он хориҷ шудааст.
Ба қонуни амалкунанда қисми дуюм илова карда шудааст, ки тибқи он, минбаъд мақоми ваколатдор метавонад санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор оид ба масъалаҳои ташкили фаъолияти Бюрои таърихи қарзро қабул намояд. Ҳамчунин, ба моддаҳои 16, 18, 19, 22, 24, 25, 26 ва 28-уми қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шудааст, ки хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд.
Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Бо дарназардошти нишондодҳои зикргардида, аз шумо хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таърихи қарз (кредит)» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС : — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Масъалаи навбатӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» мебошад. Сухан аз рӯи ин масъала ба муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад. Марҳамат.
АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 октябри соли 2017 қабул намудааст.
Қонун бо мақсади такмил додану мукаммал сохтани қонуни амалкунанда ва мутобиқ гардонидани он ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи додани «Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ» қабул гардидааст.
Ба моддаи 12-уми қонуни амалкунанда сархатҳои нави чорум, панҷум, шашум ва ҳафтум илова шудааст, ки мутобиқи онҳо ба салоҳияти мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ тасдиқи қоидаҳо, тартиби бақайдгирӣ, пешбурд ва шаклҳои варақаи бақайдгирӣ, парвандаи бақайдгирӣ, муқаррар намудани тартиби анҷомдиҳии амалиёти бақайдгирии давлатӣ берун аз бинои ташкилоти бақайдгирии давлатӣ, инчунин тасдиқи шакли намунавии шартномаи иҷораи қитъаи замин дохил мегардад.
Ба моддаи 14-уми қонуни амалкунанда қисми нави 3 илова шудааст, ки мутобиқи он, минбаъд ташкилоти минтақавии бақайдгирии давлатӣ оид ба масъалаҳои ислоҳи хатоҳои хусусияти техникинадошта ё беэътибор донистани бақайдгирӣ, ба суд муроҷиат менамоянд.
Ба қонуни амалкунанда моддаи нави 391 «Рақамҳои кадастрӣ» илова шудааст, ки мутобиқи он, мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ ба ҳар як молу мулки ғайриманқул рақами кадастрӣ медиҳад, ки дар тамоми давраи мавҷудияти ин молу мулк нигоҳ дошта мешавад. Ҳамчунин, ин рақамҳо рақамҳои такрор ва ивазнашаванда буда, тағйирёбии онҳо дар ҳолатҳои ҳамроҳшавӣ ва тақсимшавӣ ба амал меояд.
Инчунин ба қонуни амалкунанда моддаҳои нави 441 «Асосҳо барои бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқули шахси фавтида», 491 «Барӯйхатгирии техникии молу мулки ғайриманқул», 601 «Хусусиятҳои бақайдгирии пайдоиши ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудан дар бозори аввалияи замин», 602 «Хусусиятҳои бақайдгирии пайдоиши ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он дар бозори дуюмдараҷаи замин» ва 681 «Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур» илова карда шудааст.
Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад.
Кумита бо дарназардошти нишондодҳои зикргардида, нисбат ба қонуни мазкур эрод надорад ва аз шумо хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии масъалаи навбатӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад. Марҳамат.
АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон С. Раҷабов, Ҳ. Одинаев ва Б. Акрамзода пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 октябри соли 2017 қабул намудааст.
Мақсад аз қабули қонуни мазкур мутобиқ гардонидани меъёрҳои он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни моделӣ «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» мебошад.
Ба моддаи 8-уми қонуни амалкунанда қисми нави 5 илова карда шудааст, ки мутобиқи он, минбаъд аудити ҳатмии ҳарсола на дертар аз 30 июни соли баъд аз соли ҳисоботӣ гузаронида мешавад.
Ба қисми 1 моддаи 10-уми қонуни амалкунанда сархати нави чорум илова карда шудааст, ки мутобиқи он, минбаъд ташкилоти аудиторӣ ва аудитори инфиродӣ ҳуқуқ дорад ҳангоми бақайдгирии дороию уҳдадориҳои фармоишгари аудит иштирок намоянд.
Ғайр аз ин, ба қисми 2 моддаи 10 сархатҳои нави сеюм ва чорум илова шудааст, ки тибқи он, ташкилоти аудиторӣ ва инфиродӣ уҳдадоранд баҳисобгирии шартномаҳои басташуда оид ба хизматрасонии аудиториро амалӣ карда, хизматрасонии босифати аудиторӣ ва касбиро иҷро намоянд.
Ҳамчунин, ба моддаи 24 қисми нави 7 илова карда шудааст, ки мутобиқи он, ташкилоти аудиторӣ ва аудитори инфиродӣ барои додани хулосаи носаҳеҳ ва ё бардурӯғ масъул мебошад.
Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Кумитаи мо нисбати қонуни мазкур эрод надорад. Аз шумо хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии масъалаи навбатӣ — лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Исҳоқӣ А. Н.» оғоз мебахшем. Сухан оид ба ин масъала ва баъзе аз масъалаҳои минбаъда ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло дода мешавад. Марҳамат.
Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қироат менамояд:
- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Исҳоқӣ Амирхон Нусратулло ирсол мегардад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Исҳоқӣ А. Н.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Масъалаи навбатӣ — лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Расулзода Н. Ғ.» мебошад. Сухан ба муҳтарам Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло дода мешавад.
Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат менамояд:
- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Расулзода Нуриддин Ғафор ирсол мегардад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд кардани Расулзода Н.Ғ.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Масъалаи навбатӣ лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Пӯлодӣ Ш.Т.» аст. Сухан ба муҳтарам Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло дода мешавад.
Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат менамояд:
- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Пӯлодӣ Шараф Тиллозода ирсол мегардад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Пӯлодӣ Ш.Т.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Масъалаи навбатӣ лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Абдураҳимов С.» мебошад. Сухан ба муҳтарам Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло дода мешавад.
Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат менамояд:
- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Абдураҳимов Сафаралӣ ирсол мегардад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Абдураҳимов С.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: - Масъалаи навбатӣ лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Абдуллозода З. Ф.» аст. Сухан ба муҳтарам Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло дода мешавад.
Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло пешниҳоди Проезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат менамояд:
- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод дар бораи аз вазифаи муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Абдуллозода Зебонисо Файзулло ирсол мегардад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Абдуллозода З.Ф.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: - Масъалаи навбатӣ — лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Комилӣ Ф.» мебошад. Сухан ба муҳтарам Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло дода мешавад.
Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат менамояд:
- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Комилӣ Файзалӣ ирсол мегардад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Комилӣ Ф.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Масъалаи навбатӣ лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Исҳоқӣ А. Н.» аст. Сухан ба муҳтарам Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло дода мешавад.
Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат менамояд:
- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод дар бораи ба вазифаи муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Исҳоқӣ Амирхон Нусратулло ирсол мегардад.
Исҳоқӣ Амирхон Нусратулло 28 декабри соли 1961 таваллуд шудааст. Дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ ва зиёда аз 36 солу 4 моҳ собиқаи корӣ мебошад. Аз соли 1995 дар мақомоти судӣ фаъолият дошта, дар вазифаҳои раиси Суди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, судяи Суди вилояти Хатлон, муовини раиси Суди вилояти Хатлон, муовини раиси Суди вилояти Суғд, муовини якуми раиси Шӯрои адлия, раиси Суди ноҳияи Б. Ғафурови вилояти Суғд кор кардааст.
Аз 17 апрели соли 2015 судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Номзадии Исҳоқӣ Амирхон Нусратулло ба талаботи моддаи 85 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқат мекунад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Исҳоқӣ А.Н.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: - Масъалаи навбатӣ лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Аланазарзода Ш. аст. Сухан ба муҳтарам Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло.
Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат менамояд:
- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод дар бораи ба вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Аланазарзода Шароф ирсол мегардад.
Аланазарзода Шароф 25 июни соли 1979 таваллуд шудааст. Дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ ва зиёда аз 15 сол собиқаи корӣ мебошад. Аз соли 2002 дар мақомоти судӣ фаъолият дошта, дар вазифаҳои судяи Суди шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон, судяи Суди ноҳияи Рӯдакӣ, судяи Суди вилояти Суғд кор кардааст.
Аз 22 октябри соли 2015 судяи Суди шаҳри Душанбе мебошад.
Номзадии Аланазарзода Шароф ба талаботи моддаи 85 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқат мекунад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Аланазарзода Ш.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Масъалаи навбатӣ лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Аҳмадзода Ҷ. А.» мебошад. Сухан ба муҳтарам Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло.
Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат менамояд.
- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод дар бораи ба вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Аҳмадзода Ҷамшед Анвархон ирсол мегардад.
Аҳмадзода Ҷамшед Анвархон 22 сентябри соли 1980 таваллуд шудааст. Дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ ва зиёда аз 14 сол собиқаи корӣ мебошад. Аз соли 2003 дар мақомоти судӣ фаъолият дошта, дар вазифаҳои судяи Суди шаҳри Кӯлоб, муовини раиси Суди шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон кор кардааст.
Аз 17 феврали соли 2017 муовини раиси Суди вилояти Хатлон мебошад.
Номзадии Аҳмадзода Ҷамшед Анвархон ба талаботи моддаи 85 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқат мекунад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Аҳмадзода Ҷ. А.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Масъалаи навбатӣ лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Комилзода И. С.» мебошад. Сухан ба муҳтарам Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло.
Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат менамояд:
Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод дар бораи ба вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Комилзода Илҳом Сайдаҳмад ирсол мегардад.
Комилзода Илҳом Сайдаҳмад 31 августи соли 1977 таваллуд шудааст. Дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ ва зиёда аз 12 сол собиқаи корӣ мебошад. Аз соли 2005 дар мақомоти судӣ фаъолият дошта, дар вазифаҳои судяи Суди шаҳри Кӯлоб, муовини раиси Суди шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, муовини якуми раиси Суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд кор кардааст.
Аз 22 майи соли 2015 раиси Суди ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд мебошад.
Номзадии Комилзода Илҳом Сайдаҳмад ба талаботи моддаи 85 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқат мекунад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Комилзода И.С. ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: - Масъалаи навбатӣ — лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Тағозода А. С.» мебошад.
Сухан ба муҳтарам Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло дода мешавад.
Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат менамояд:
- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод дар бораи ба вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Тағозода Абдуқаҳҳор Саидмурод ирсол мегардад.
Тағозода Абдуқаҳҳор Саидмурод 3 феврали соли 1982 таваллуд шудааст. Дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ ва зиёда аз 14 сол собиқаи корӣ мебошад. Аз соли 2003 дар мақомоти судӣ фаъолият дошта, дар вазифаҳои судяи Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, судяи Суди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон кор кардааст.
Аз 22 августи соли 2012 раиси Суди шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон мебошад.
Номзадии Тағозода Абдуқаҳҳор Саидмурод ба талаботи моддаи 85 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқат мекунад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Тағозода А. С.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Масъалаи навбатӣ лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Комилӣ Ф.» мебошад. Сухан ба муҳтарам Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло дода мешавад.
Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат менамояд:
- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод дар бораи ба вазифаи муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Комилӣ Файзалӣ ирсол мегардад.
Комилӣ Файзалӣ 3 июли соли 1964 таваллуд шудааст. Дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ ва 25 сол собиқаи корӣ мебошад. Аз соли 1991 дар мақомоти судӣ фаъолият дошта, дар вазифаҳои судяи Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ (собиқ Октябр), судяи Суди ноҳияи Фирдавсӣ (собиқ Марказӣ), муовини раиси Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Аз 17 майи соли 2016 судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Номзадии Комилӣ Файзалӣ ба талаботи моддаи 85 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқат мекунад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Комилӣ Ф.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Масъалаи ниҳоии рӯзнома — лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи сохтор, рӯйхати вазифаҳо, шумораи кормандони Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сметаи хароҷоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» мебошад.
Роҷеъ ба ин масъала сухан ба роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсзода Абдуҷаббор Саймумин дода мешавад.
ШАМСЗОДА Абдуҷаббор Саймумин:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Мутобиқи қисми 2 моддаи 16 Дастури Маҷлиси миллӣ, ба баррасии шумо лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи сохтор, рӯйхати вазифаҳо, шумораи кормандони Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сметаи хароҷоти вобаста ба фаъолияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» мувофиқи маълумоти замимашуда, пешниҳод мешавад.
Дар Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ котибот, 8 шуъба ва 1 бахш фаъолият намуда, шумораи умумии кормандон 52 нафар мебошанд.
Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» сметаи хароҷот барои фаъолияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018-ум 3 миллиону 129 ҳазору 30 сомониро ташкил медиҳад.
Аз шумо хоҳиш менамоям лоиҳаи қарори мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи сохтор, рӯйхати вазифаҳо, шумораи кормандони Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сметаи хароҷоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Соли 2017 Маҷлиси миллӣ ҷамъ 122 қонун, аз ҷумла Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 13 қонуни мукаммал, 106 қонунро оид ба такмили қонунгузории кишвар ҷонибдорӣ намуда, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ»-ро ҷонибдорӣ накард.
Аз шумораи умумии қонунҳои баррасишуда 26 қонун бо ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ пешниҳод шудааст, ки бо истифода аз фурсат ба онҳо изҳори сипос менамоем.
Дар 5 иҷлосияи доирнамуда 33 пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла 32 пешниҳод оид ба интихоб ва бозхонд намудани судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва 1 пешниҳод нисбат ба машваратчиёни халқии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ карда шуданд.
Ҳамчунин, 6 пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Маҷлиси миллӣ баррасӣ ва вобаста ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул намуд.
Инчунин, дар доираи салоҳияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 супориши протоколӣ дар сатҳи иҷлосия ва 1 супориши протоколии Шӯрои Маҷлиси миллӣ қабул гардид, ки дар иҷрои ҳар кадоми онҳо аъзои Маҷлиси миллӣ ва Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ саҳми босазо гузоштанд.
Қобили зикр мебошад, ки роҳбарияти Маҷлиси миллӣ, раисони кумитаву комиссия, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста дар чорабиниҳое, ки аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалию байниминтақавии парламентӣ гузаронида мешаванд, фаъолона ширкат варзида, Ватани маҳбубамонро ҷонибдори арзишҳои умумибашарӣ ва узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуда, баҳри боз ҳам тақвияту тавсеаи ҳамкориҳои парламентӣ заминаҳои мусоид фароҳам месозанд. Ин самти фаъолият минбаъд низ густариш хоҳад ёфт.
Мутмаинем, ки дар рӯҳияи созандагӣ ва бо ибрату масъулияти баланди ватандӯстию шаҳрвандӣ бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, дар Соли нав низ баҳри боз ҳам таҳким бахшидан ба заминаҳои ҳуқуқӣ ва такмилёбии қонунгузории амалкунанда, инчунин ҷиҳати татбиқи онҳо дар ҷойҳо оид ба таъмини волоияти қонун нақши муассир хоҳед гузошт.
Ҳамчунин, дар доираи салоҳият тавассути пайваста ва пайгирона ба роҳ мондани муҳокимаҳои парламентӣ ҷанбаҳои муҳиму масъалаҳои мубрами ҷомеаро ба талаботи қонун мутобиқ кардан ба риштаи таҳлил кашида, оид ба таҳкими низоми қонуният тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамоед.
Бо чунин орзуву таманниёти нек ба аъзои Маҷлиси миллӣ ва ба ҳозирини гиромӣ фарорасии Соли нави мелодии 2018-ро самимона шодбош гуфта, ба ҳар яки шумо саломатӣ, саодатмандӣ ва фараҳмандӣ орзу менамоям.
Бо ҳамин Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро пӯшида эълон менамоям.
(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).
Самариддин АСОЕВ,
Абдумаҷид МУРОДОВ,
Сайфиддин СУННАТОВ,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ