Бисту дуюми феврали соли 2017 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор ва бо дарбаргирии масъалаҳои зерин ба рӯзномаи он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:
1. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ»
2. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон баровардани Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ»
3. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ»
4. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии сейсмикӣ».
РАИС: — Ба баррасии масъалаи аввал — «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ» шурӯъ менамоем.
Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ, ки яке аз вакилони фаъоли Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ва вазифаи муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсонро бар уҳда дошт, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудааст.
Аз ин рӯ, хоҳиш менамоям, лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагонро оид ба ин масъала ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
Дар робита ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон баровардани Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ» низ Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.
Сипас, Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ барои фаъолияти пурмаҳсул дар мақомоти олии қонунгузорӣ бо Ифтихорномаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.
РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатӣ — «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ» шурӯъ менамоем.
Сухан аз рӯи ин масъала ба вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳмурод Рустам дода мешавад.
ШОҲМУРОД Рустам: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
15 марти соли 2015 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ» дар таҳрири нав қабул гардид. Моддаи 1-уми қонуни мазкур мафҳуми «Сармоягузор»-ро пешбинӣ намудааст, ки тибқи он сармоягузор шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин, ташкилот бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти сармоягузориро амалӣ менамояд, ба ҳисоб меравад.
Қонуни амалкунанда аз 19 марти соли 2013 мафҳуми сармоягузорро дар шакли дигар пешбинӣ намудааст. Бо мақсади аз байн бурдани номутобиқатии мазкур ва ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ намудани он лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ» таҳия гардидааст.
Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Раҷабов Сафаралӣ Худоёрович дода мешавад.
Сафаралӣ РАҶАБОВ: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 феврали соли 2017 барои додани хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Мақсад мутобиқ намудани он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ» мебошад. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонунро мавриди омӯзиш қарор дода, дар хулосаҳои пешниҳоднамуда онро ҷонибдорӣ карданд.
Кумитаи масъул 15 феврали соли 2017 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ лоиҳаи қонунро баррасӣ карда, қабули онро маъқул донистанд.
Аз шумо, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ» ба овоз монда шуда, қонун ва дар робита ба он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъалаи охири рӯзнома — «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии сейсмикӣ» шурӯъ мекунем.
Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Абдуалимов Баҳром Абдулазимович дода мешавад.
Баҳром АБДУАЛИМОВ - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии сейсмикӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимӣ Фарҳод ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидзода Ҷӯрахон Зоир пешниҳод гардидааст.
Дар он, ки бори аввал дар кишвар таҳия гардид, таҷрибаи давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил истифода шудааст.
Лоиҳаи қонун аз 7 боб ва 29 модда иборат буда, мақсади асосии он таъмини бехатарии сейсмикии аҳолӣ дар кишвар мебошад. Он муносибатҳои ҳуқуқию ташкилӣ дар соҳаи баҳодиҳии хатари заминҷунбӣ, сохтмони бино ва иншооти ба заминҷунбӣ тобовар, огоҳкунии пешакии аҳолӣ бо мақсади ҳифзи шаҳрвандони дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунандаро ба танзим медарорад.
Муҳтавои лоиҳаи қонун ҳадафҳои зеринро дар бар мегирад:
- таъмин намудани бехатарии сейсмикӣ дар ҷумҳурӣ;
- барҳам додани оқибатҳои заминҷунбӣ дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин;
- пешгӯйии заминҷунбӣ вобаста ба натиҷаҳои мониторинги сейсмикӣ;
- таъмин намудани қобилияти тобоварии биноҳо ва иншоот ба заминҷунбӣ.
Доир ба лоиҳаи қонуни мазкур аз кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 85 таклифу пешниҳод ворид шуд, ки аз он 69 — то пурра, 8 -тои дигар қисман қабул ва 8 пешниҳод қабул нашуд.
Дар ҷаласаи кумитаи масъул, ки 2 феврали соли 2017 баргузор гардид, иштирокчиён ҷонибдории худро нисбат ба қабули лоиҳаи қонуни мазкур изҳор намуданд.
Аз ин лиҳоз, аз вакилони гиромӣ эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии сейсмикӣ»-ро ҷонибдорӣ намоянд.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Оймаҳмадзода Илҳомҷон Султон дода мешавад.
ОЙМАҲМАДЗОДА Илҳомҷон Султон: - Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!
Бехатарии сейсмикӣ бо роҳи риоя намудани меъёрҳои ҳуқуқӣ, муҳандисӣ – техникӣ ва талаботи ҳифзи сейсмикӣ, инчунин гузаронидани чорабиниҳои муайян ҷиҳати паст кардан ё ин ки амалан бартараф намудани омилҳои осебпазир ва маҳдуд намудани таъсири манфии омилҳои ноустувори таъсири заминҷунбӣ ба аҳолӣ, объектҳои кишоварзӣ ва муҳити зист дар минтақаҳои эҳтимолии ҳолатҳои фавқулодаи характери сейсмикидошта таъмин карда мешавад.
Барои ноил шудан ба таъмини бехатарии сейсмикӣ як қатор корҳои комплексии пешгӯйикунанда, муҳандисӣ — техникӣ, сейсмомуҳофизавӣ ва чорабиниҳои махсусро, ки ба пешгирикунӣ ва паст намудани хатари таъсири манфидошта ба одамон, хоҷагии қишлоқ ва муҳити зист равона карда шудааст, анҷом додан лозим меояд.
Баамалбарории лоиҳаи қонуни мазкур имкон медиҳад, ки асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шаванд. Дар лоиҳаи қонун самтҳое, ки ба бехатарии сейсмикии Тоҷикистон равона шудааст, дарҷ гардидаанд. Онҳо, пеш аз ҳама, асосҳои таъмин намудани бехатарии сейсмикӣ, мақсад ва принсипҳои бехатарии сейсмикӣ, танзими бехатарии сейсмикӣ (ҳифзи ҳаёти одамон, биноҳо ва иншоот, низоми таъмини ҳаёт ҳангоми заминҷунбӣ, аз тарафи мақомоти давлатӣ иҷро кардани чорабиниҳо оид ба паст намудани хатар барои ҳаёт ва молу мулки одамон аз заминҷунбӣ), пешгӯйии эҳтимолии заминҷунбӣ, баҳодиҳии хатари сейсмикӣ ва огоҳкунии пешакӣ аз заминҷунбӣ, таъмини чораҳо оид ба бехатарии сейсмикӣ ва дигар масоили мубрамро дар бар мегиранд.
Олимон ва мутахассисони соҳаро зарур аст, ки коркарди илмиро дар соҳаи сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар дар сатҳи баланд иҷро намуда, роҷеъ ба он ва коҳиши хавфи сейсмикӣ барнома ва лоиҳаҳои мақсадноки байниидоравӣ ва байнидавлатиро таҳия намоянд.
Дар лоиҳаи қонун вазифаҳои муассисаҳои махсусгардонидашудаи давлатӣ дар соҳаи сейсмология ва сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар, аз қабили гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ, мушоҳидаҳо, назорати вазъ, пешгӯйӣ ва огоҳкунӣ оид ба хавфи заминҷунбӣ, амалигардонии мониторинги сейсмикии доимӣ, мушоҳидаҳои геофизикӣ, гидродинамикӣ статсионарӣ ва сайёр, ташкили махзани маълумот оид ба мушоҳидаҳои заминҷунбии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷудомада ва пешгӯйии онҳо, гузаронидани тадқиқоти макросейсмикӣ дар минтақаи эпимарказӣ бо мақсади баҳодиҳии деформатсияи сатҳи замин, дараҷаи вайроншавии биною иншоот, иҷрои барномаҳои давлатӣ дар соҳаи сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар, хавфи сейсмикӣ ва ғайра муайян гардидааст.
Қабули лоиҳаи қонуни мазкур барои ба низом даровардани корҳо оид ба бехатарии сейсмикӣ ва рушди илми сейсмология мусоидат хоҳад кард.
Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Вакилони Маҷлиси намояндагон
- Т. Ҷобирзода, Г. Бобоева, М. Ахмедов ва А. Раҳмонзода оид ба хусусиятҳои байналмилалии барномаҳо, иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият, мушкилфаҳм будани мафҳумҳо дар қонун, риояи талаботи тобоварии биноҳо ба заминҷунбӣ ҳангоми сохтмон ва пешгӯйии эҳтимолии заминҷунбӣ савол доданд.
Ҳамчунин, доир ба масъала вакилони Маҷлиси намояндагон
Ҷ. Маҷидзода, О. Сафаров, Р. Қудратов, Б. Сафарзода ва Ҷ. Саидов мулоҳизаронӣ карданд.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло ба баъзе нуктаҳои лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии сейсмикӣ» равшанӣ андохт.
Лоиҳаи қонун модда ба модда, боб ба боб ва яклухт ба овоз монда шуда, қонун ва вобаста ба он қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.
Самариддин АСОЕВ,
Бурҳониддин КАРИМОВ,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ