Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Қонун «Дар бораи истифодаи энергияи атомӣ» қабул гардид

№131 (4393) 22.10.2021

Он заминаи устувори ҳуқуқӣ барои истифодаи оқилонаи энергияи атомӣ маънидод шуд

DSC_1735Бистуми октябри соли 2021 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

РАИС: — Муҳтарам вакилон!

Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 59 вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Дар ҷаласа Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Зариф, муовини якуми раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфуллозода Шавкат, муовини раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Карим Мазиё, муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминзода Зокирҷон Тоҳир, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳсинзода Ғафур Муҳсин, директори Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мирсаидзода Илҳом ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.

Вакилони арҷманд!

Ба рӯзномаи ҷаласа шаш масъала пешниҳод шудааст. Доир ба он таклифу пешниҳоди дигар нест? Нест.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:

1. Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

2. Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»

3. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи энергияи атомӣ»

4. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»

5. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо»

6. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи стандартҳои иҷтимоии давлатӣ».

РАИС: — Ба баррасиии масъалаҳо шурӯъ менамоем. «Дар бораи лоиҳаи Қонуни конс­титутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Раҷабзода Равшан Муҳитдин дода мешавад. Марҳамат.

РАҶАБЗОДА

Равшан Муҳитдин:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конс­титутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Аҳмадзода, Р. Муқимӣ, Ф. Додхудо ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Мирзозода ва Р. Бобоҷониён таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Он ҷиҳати мусоидат ба татбиқи «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021» ва бо мақсади мутобиқгардонӣ ба талаботи Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи қонуни конститутсионӣ бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 21 июни соли 2021 таҳти № 756 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд ва онро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷонибдорӣ ва ҷиҳати такмил 38 таклифу пешниҳод манзур карданд, ки 18 таклиф пурра ва 18 таклиф қисман қабул гардид.

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба боби 8 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад. Аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳиш менамоям онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба овоз монда шуда, қонуни конститутсионӣ қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз менамоем. Аз рӯи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Раҷабзода Равшан Муҳитдин дода мешавад. Марҳамат.

РАҶАБЗОДА

Равшан Муҳитдин:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Р. Аҳмадзода, М. Мирзозода, М. Набизода, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Мирзозода ва Б. Зиёӣ таҳия ва пешниҳод гардидааст. Он ҷиҳати мусоидат ба татбиқи «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021» ва мутобиқ намудан ба талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», инчунин, бартараф сохтани мухолифат, норасоиву камбудиҳои ҷойдошта баҳри таъмини дарки амиқ, риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонуни конститутсионии амалкунанда мебошад.

Ба 8 қисми моддаи 1-и лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур, ба моддаҳои 18, 19, 37, 53, 113, 131 ва 135 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид карда мешаванд. Масалан, ба қонуни конститутсионии мазкур моддаи нав – моддаи 171 бо номи «Боздоштани ваколатҳои судя» илова мешавад, ки тибқи қисмҳои 1 ва 2 моддаи мазкур ҳолатҳои муваққатан боздоштани ваколатҳои судя ва аз ҷониби Коллегияи тахассусии судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ кардани ин ваколат пешбинӣ гардидааст.

Ҳамчунин, ба қисми 1 моддаи 113 сархати ҳаштум бо мазмуни зерин, яъне масъалаи муваққатан боздош­тани ваколатҳои судяро баррасӣ менамояд илова карда мешавад, ки ин ҳам давоми мантиқии иловаи моддаи 171 мебошад.

Лоиҳаи қонуни конститутсионӣ бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июни соли 2021 таҳти №757 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд ва онро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷонибдорӣ намуданд. Ҳамчунин, ҷиҳати такмил 17 таклифу пешниҳод манзур карданд, ки аз онҳо ҳашт таклиф пурра ва ҳашт таклиф қисман қабул гардид.

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба боби 8 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад. Аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳиш менамоям онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонуни конститутсионӣ қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии «Дар бораи қабул кардани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи энергияи атомӣ» шурӯъ мекунем. Аз рӯи масъала сухан ба президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикис­тон Раҳимӣ Фарҳод дода мешавад. Марҳамат.

РАҲИМӢ Фарҳод:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ, ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи истифодаи энергияи атомӣ» дар асоси зербанди «в» қисми 1 «Нақшаи миллии амали Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои Қатъномаи 1540 Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2016 таҳти №54 тасдиқ шудааст, таҳия гардидааст.

Вобаста ба ташаккул ёфтани муносибатҳои нави ҷамъиятӣ на ҳама ҷанбаи фаъолияти вобаста ба истифодаи энергияи атомӣ бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи энергияи атомӣ» танзим карда мешаванд. Аз ин лиҳоз, бо мақсади мукаммал намудани танзими муносибатҳои ҳуқуқии ҷойдошта лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи энергияи атомӣ» дар таҳрири нав таҳия гардид. Зимни таҳияи он таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ ва амнияти ядроӣ, инчунин, санадҳои дахлдори Агентии байналмилалии неруи атомӣ оид ба таъмини бехатарии реакторҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба назар гирифта шуд.

Қонун аз 7 боб ва 35 модда иборат буда, боби 1 бо моддаҳои 1 — 4 ба муқаррароти умумӣ, боби 2 бо моддаҳои 5-9 ба танзими давлатӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ, боби 3 бо моддаҳои 10-24 ба шартҳои фаъолият вобаста ба истифодаи энергияи атомӣ, боби 4 бо моддаҳои 25-27 ба экспертизаи бехатарии ядроӣ, радиатсионӣ ва амнияти ҷисмонии ядроӣ, аккредитатсияи ташкилотҳое, ки экспертизаи бехатарии ядроӣ, радиатсионӣ ва амнияти ҷисмонии ядроиро анҷом медиҳанд, боби 5 бо моддаҳои 28-30 ба ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, боби 6 бо моддаҳои 31-32 ба кафолатҳои ядроӣ ва боби 7 бо моддаҳои 33-35 ба муқаррароти хотимавӣ бахшида шудаанд.

Дар лоиҳаи қонун муқаррароти нав оид ба таъмини амнияти дастгоҳҳои ядроӣ дар марҳилаҳои ҳаётии истифодаи онҳо, аз ҷумла интихоби майдон ва лоиҳакашӣ, таъмини муҳофизати ҷисмонии дастгоҳҳо, муомилот бо сӯзишвории ядроӣ, таъмини кафолатҳои байналмилалӣ, талаботи тахассусӣ нисбат ба кормандони соҳа, гузаронидани экспертизаи бехатарии ядроӣ, радиатсионӣ ва амнияти ҷисмонии ядроӣ пешбинӣ шудааст.

Қабули қонун аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад. Он ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байнал­милалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Аз шумо хоҳиш менамоям онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Маҳмуд­зода Музафарҷон дода мешавад. Марҳамат.

МАҲМУДЗОДА Музафарҷон:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи энергияи атомӣ» бо мақсади мукаммал гардонидани танзими муносибатҳои ҳуқуқӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ ва ҷиҳати иҷрои «Нақшаи миллии амали Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба иҷрои Қатъномаи 1540 Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар таҳрири нав таҳия ва аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Кумитаи масъул 30 сентябри соли 2021 бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Қодири Қосим, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон масъаларо баррасӣ намуд. Вобаста ба он аз ҷониби кумитаҳо ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон таклифу пешниҳодҳои мушаххас манзур гардид, ки 50 — тои он пурра ва нуҳтояш қисман қабул гардид. Лоиҳаи қонун, бо дарназардошти таклифҳои кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва пешниҳодҳои Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 октябри соли ҷорӣ мукаммал гардонида шуда, номутобиқатии дохилӣ ва мухолифати он бо дигар санадҳои қонунгузории кишвар бартараф гардид.

Лоиҳаи қонун ба моддаҳои 7, 11, 12, 13 ва 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 1, 7, 40, 49, 50, 51, 55, 56 ва 58 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надошта, татбиқи он аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад. Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи масъала боз кӣ сухан гуфтан мехоҳад?. Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Баротзода Файзулло дода мешавад. Марҳамат.

БАРОТЗОДА Файзулло:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи истифодаи энергияи атомӣ» таъминкунандаи заминаи устувори ҳуқуқӣ доир ба истифодаи оқилонаи энергияи атомӣ ва танзими муваффақона барои рушди бемайлон ва боло бурдани имиҷи байналмилалии илми ватанӣ маҳсуб меёбад. Дар иртибот ба қабули он се ҷанбаи муҳимро зикр намудан мувофиқи мақсад аст.

Якум, қабули ин санади ҳуқуқӣ ҷиҳати татбиқи амалии ҳадафҳои эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва Озмуни умумиҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» барои насли ҷавони ҷумҳурӣ, бахусус дар муҳити имкониятҳои таҳқиқоти озмоишгоҳии муассисаҳои илмии АМИТ, уфуқҳои тозаро боз менамояд.

Дуюм, беҳтар намудани дастовардҳои илмӣ вобаста ба истифодаи энергияи атомӣ барои рушди саноати коркарди маъданҳои ранга ва кӯҳӣ, дорусозӣ ва бахшҳои гуногуни тиббу кишоварзӣ мусоидат менамояд.

Сеюм, имконият фароҳам меорад, ки масъалаи назорат ва мониторинги вазъи маҳфузгоҳҳо ва нуқтаҳои гӯронидани сӯзишвории ядроии истифодашуда ё партовҳои радиоактивӣ дар сатҳи зарурии илман асоснок баррасӣ шавад ва ҷалби сармоягузорӣ дар самти ҳифзи муҳити зист ва саломатии аҳолӣ беҳтар гардад. Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи истифодаи энергияи атомӣ» яклухт ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи энергияи атомӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» оғоз менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин дода мешавад. Марҳамат.

ЗИЁӢ Баҳриддин Саҳобиддин:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулзода Маҳмадшоҳ, Одилзода Дилбар ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии ­Тоҷикистон Маҷидзода Сарвиноз таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Тибқи Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» аз 20 апрели соли 2021 таҳти №1780, номи ин муассиса ҳамчун «Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» қабул шуд. Аз ин лиҳоз, ҷиҳати дуруст ифода гардидани номи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус ба қисми 1 моддаи 7, сархати даҳуми қисми 2 моддаи 9, ном ва матни моддаи 24, қисми 2 моддаи 31, қисми 1 моддаи 34, сархатҳои чорум ва шашуми қисми 4 моддаи 57, қисми 5 моддаи 62, қисмҳои 1 ва 4 моддаи 66, қисми 3 моддаи 69, сархати ҳаштуми қисми 4 моддаи 82, қисми 3 моддаи 84, қисми 2 моддаи 87, ном ва қисмҳои 1, 3 ва 4 моддаи 89, ном ва матни моддаи 91 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» тағйир ворид карда мешавад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»-ро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд ва ҳамчунин, ҷиҳати такмили он 15 таклифу пешниҳод манзур карданд, ки аз онҳо 11- тояш пурра ва се тои дигар қисман қабул гардид.

Бо пешниҳоди кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон қисмҳои 2 ва 3 лоиҳаи қонун хориҷ карда шуд.

Лоиҳаи қонун ба моддаҳои 1 ва 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад. Аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳиш менамоям онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ветеранҳо» шурӯъ мекунем. Аз рӯи масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Ашурзода Гулбаҳор Сангилло дода мешавад. Марҳамат.

АШУРЗОДА

Гулбаҳор Сангилло:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо» бо мақсади мутобиқгардонии меъёрҳои қонуни амалкунанда ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Дилрабо Мансурӣ, Сумангул Тағойзода ва Гулбаҳор Ашурзода таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Тибқи тағйироти пешниҳодгардида, муқаддима, ном ва қисми якуми моддаи 1, инчунин моддаҳои 2, 4, 5, 6, 10 ва 46, бо дарназардошти талабот ва меъёрҳои пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» дар таҳрири нав ифода карда шуданд. Инчунин, тағйироти пешниҳодгардидаи қисмҳои 6, 7, 10, 11, 12 ва 13 лоиҳа хусусияти таҳрирӣ, муайянкунанда ва мутобиқкунанда дошта, ҷиҳати бартараф намудани мухолифату норасоиҳои ҷойдошта, риояи имло, истифодаи истилоҳу ибораҳо, бо дарназардошти услуби ягона, техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ, мантиқи ҳуқуқӣ ва мутобиқгардонии онҳо ба талаботи дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ равона шудааст.

Лоиҳаи қонун расмиёти ҳуқуқиро мутобиқ ба Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар кумитаҳо ва раёсатҳои дахлдори Маҷлиси намояндагон гузашта, ҷиҳати такмили он 41 пешниҳод манзур гардид, ки аз онҳо 29 таклиф пурра ва ҳашт таклиф қисман қабул шуд.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба талаботи моддаҳои 14, 38 ва 39 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби панҷуми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» (Техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ) мутобиқ мебошад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, бо дарназардошти пешниҳодҳои кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳиш менамояд барои қабули он овоз диҳед.

РАИС: - Аз рӯи ин масъала сухан ба муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳсинзода Ғафур Муҳсин дода мешавад. Марҳамат.

МУҲСИНЗОДА Ғафур Муҳсин:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Маврид ба зикр аст, ки дар ­паёмҳо ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон пай­васта таъкид мегардад, ки нисбат ба категорияҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла собиқадорони ҷангу меҳнат, ғамхорию дастгириҳои доимӣ зоҳир гардад. Бо дарназардошти он ки теъдоди иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ сол то сол кам гашта, шумораашон то 1 апрели соли 2021 — ум 94 нафарро ташкил менамояд, зарур аст, ки дар пайравии иқдомҳои пайвастаи Сарвари давлат нисбат ба ин категорияи аҳолӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ гардад. Дар нуҳ моҳи сипаришудаи соли ҷорӣ 15 нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва 2007 нафар собиқадори меҳнат, пиронсолони яккаву танҳо ба хизматрасонии иҷтимоӣ фаро гирифта шуда, аз ҳисоби маблағҳои пешбинишудаи буҷетҳои маҳаллӣ, ҷалби муассисаву ташкилотҳо, соҳибкорону шахсони саховатпеша мунтазам дар арафаи ҷашну идҳои миллӣ ба онҳо кумаки хайриявӣ расонида мешавад.

Аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ташаббуси қонунгузорӣ ва бо мақсади мутобиқ намудани меъёрҳои қонунҳои амалкунанда ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо» амали саривақтӣ маҳсуб меёбад. Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи стандартҳои иҷтимоии давлатӣ» шурӯъ менамоем. Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Холмаҳмадзода Солеҳа дода мешавад. Марҳамат.

ХОЛМАҲМАДЗОДА Солеҳа:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи стандартҳои иҷтимоии давлатӣ» бо мақсади мутобиқгардонии меъёрҳои қонуни амалкунанда ба талаботи Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Гулзода, К. Ҳакимова, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳ. Одиназода ва С. Холмаҳмадзода пешниҳод гардидааст.

Тибқи тағйироти пешниҳодгардида, дар лоиҳа мукаммалгардонии моддаҳои 2, 3, 4, 10, 17 ва дар таҳрири нав ифода намудани сархат ва қисмҳои моддаҳо ба нақша гирифта шудааст.

Лоиҳаи қонун бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2021 барои хулоса ба Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд ва онро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷонибдорӣ намуданд. Ҳамчунин, ҷиҳати такмил 19 пешниҳод манзур карданд, ки аз онҳо 14 — тоаш пурра ва се таклиф қисман қабул шуд.

Кумитаи масъул 14 октябри соли 2021 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ таклифу пешниҳодҳои ироагардидаро баррасӣ намуд.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба талаботи моддаҳои 35, 37, 38 ва 39 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби панҷуми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» (Техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ) мутобиқ мебошад. Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи ҳамин масъала сухан ба муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳсинзода Ғафур Муҳсин дода мешавад. Марҳамат.

МУҲСИНЗОДА Ғафур Муҳсин:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи стандартҳои иҷтимоии давлатӣ», ки аз ҷониби як гурӯҳ аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бо мақсади мутобиқгардонии меъёрҳои дохилии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи стандартҳои иҷтимоии давлатӣ» бо Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонуну кодексҳо, аз ҷумла Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳия гардидааст, дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардида, ҷонибдорӣ ёфт.

Бо дарназардошти андешаҳои иброзгардида, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи стандартҳои иҷтимоии давлатӣ»- ро амали саривақтӣ дониста, қабули онро ҷонибдорӣ менамояд ва пас аз қабул ва ба интишор расидани ин санади меъёрии ҳуқуқӣ, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани он тадбирҳои мушаххасро амалӣ хоҳад кард.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи стандартҳои иҷтимоии давлатӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи стандартҳои иҷтимоии давлатӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!

Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа ворид карда шуданд, баррасӣ гардиданд. Доир ба рафти он ягон эроду пешниҳод ҳаст?

Ба ҳамаи шумо, вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ, барои иштироки фаъолона изҳори миннатдорӣ ва ҷаласаро пӯшида эълон менамоям.

Самариддин АСОЕВ,

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ