Ҷорӣ намудани хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ ва танҳо баъди адои хизмати ҳатмии ҳарбӣ додани аввалин рутбаи афсарӣ ба хатмкунандагони кафедраҳои ҳарбии назди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз ҷумлаи навовариҳои асосии он аст
Бистуми январи соли 2021 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.
РАИС: - Вакилони муҳтарам!
Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред.
Ҳоло дар толор 57 вакил ҳузур доранд.
Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.
Дар он Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Зариф, раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён, вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидӣ Юсуф Хайрулло, муовини якуми прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳикматуллозода Абдуғаффор, муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Суҳроб, сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Хуршед Абдураҳмон, сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидвализода Барно Саиднабӣ ва дигар даъватшудагон иштирок доранд.
Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:
1. Дар бораи Созишномаи грантӣ (амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд вобаста ба лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ»
2. Дар бораи Созишномаи грантӣ (маблағгузории беруна) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд вобаста ба лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ»
3. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ»
4. Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»
5. Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон»
6. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»
7. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»
8. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро».
РАИС: - Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем.
Оид ба масъала «Дар бораи Созишномаи грантӣ (амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд вобаста ба лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ» сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидӣ Юсуф Хайрулло дода мешавад. Марҳамат.
Маҷидӣ Юсуф Хайрулло:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд!
Ба маълумоти шумо мерасонем, ки маблағи умумии лоиҳа 34,65 млн. доллари амрикоӣ мебошад, ки аз он 30,0 млн. доллар аз ҳисоби гранти Бонки Осиёии Рушд, 1,5 млн. доллар аз ҳисоби гранти Хазинаи Ҷопон оид ба технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ва 3,15 млн. доллар ҳамчун саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври озодкунӣ аз андозҳо пешбинӣ гардидааст.
Лоиҳа тавассути ду созишнома амалӣ карда мешавад. Яъне, созишномаи грантии «Амалиёти махсус» — 30,0 млн. доллар аз ҳисоби маблағҳои Бонки Осиёии Рушд ва созишномаи грантии «Маблағгузории беруна» (бо дарназардошти аз Хазинаи Ҷопон ҳамчун манбаи беруна ҷалб гардидан) — 1,5 млн. долларро аз ҳисоби Хазинаи Ҷопон тавассути Бонки Осиёии Рушд ташкил медиҳад. Мақсади он беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имконияти бакортаъминшавии ҷавонон, занон ва муҳоҷирони меҳнатӣ дар бозори меҳнати дохилӣ ва беруна мебошад.
Дар доираи лоиҳа корҳои зерин пешбинӣ гардидаанд, аз ҷумла:
- сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии Маркази омӯзиши соҳаи туризм ва хизматрасонӣ дар шаҳри Душанбе, Маркази омӯзиши соҳаи энергетика дар шаҳри Роғун ва Маркази омӯзиши соҳаи агросаноатӣ дар ноҳияи Данғара, инчунин, се маркази хизматрасонии муҳоҷирон дар ноҳияи Восеъ, шаҳрҳои Бохтар ва Хуҷанд;
- идрорпулӣ барои занҳои танҳо, аз оилаҳои камбизоат, гурӯҳҳои осебпазир ва дигар табақаҳое, ки дар бозори меҳнат мавқеи ба кор таъминшавӣ надоранд;
- хариди ҳашт адад микроавтобус дар марказҳои омӯзишӣ барои хизматрасонии баҳрагирандагони лоиҳа ва чор воситаи нақлиёти хизматрасонии маъмурӣ;
- ташкили низоми нави иттилоотии бозори меҳнат тавассути таҷҳизоти иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ;
- омӯзиши ҳайати коргарон ва баҳрагирандагони лоиҳа оид ба рушди технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ;
- ташкили курсҳои касбомӯзӣ ва тақвияти рушди касбии муҳоҷирони меҳнатӣ;
- гузаронидани тадқиқотҳо аз рӯи соҳаҳои интихобшуда, таҳияи барномаҳои таълимӣ ва низоми нави таъмини сифат ва арзёбии малакаҳои касбӣ.
Дар маҷмӯъ, лоиҳа ва иқдоми пешбинигардида барои таҳкими минбаъдаи таҳсилоти касбӣ ва омодасозии мутахассисон манфиатовар мебошад.
Бо дарназардошти аҳамияти иҷтимоӣ доштани он, инчунин, ҷиҳати таъсиси инфрасохтори зарурии соҳавӣ, хоҳиш менамоям созишномаҳои грантиро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Назирӣ Гулбаҳор Назир дода мешавад. Марҳамат.
НАЗИРӢ Гулбаҳор Назир:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!
Созишномаи грантӣ (амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд вобаста ба лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ» 21 октябри соли 2020 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда, дар Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Онро кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои пешниҳоднамуда ҷонибдорӣ карданд. Зеро ба моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ мебошад.
Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишномаи грантӣ (амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд вобаста ба лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи Созишномаи грантӣ (маблағгузории беруна) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд вобаста ба лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ» оғоз мекунем. Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Назирӣ Гулбаҳор Назир дода мешавад. Марҳамат.
НАЗИРӢ Гулбаҳор Назир:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!
Созишномаи грантӣ (маблағгузории беруна) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд вобаста ба лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ» 21 октябри соли 2020 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Он, ки аз ҳисоби Фонди Япония бо дастгирии Бонки Осиёии Рушд маблағгузорӣ мегардад, ба беҳтарсозии дониш ва малакаҳо оид ба технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, таъмини таҷҳизот ва тақвияти низом ва махзани маълумоти бозори меҳнат равона шудааст. Созишномаи мазкур барои ҳалли масъалаҳои омода намудани муҳоҷирон ба воситаи низоми иттилоотии бозори меҳнат пеш аз сафар, ташкили курсҳои омӯзишӣ барои баланд бардоштани саводнокии техникиву рақамӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани онҳо мусоидат хоҳад кард.
Он дар Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар хулосаҳои кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷонибдорӣ ёфт.
Созишномаи грантӣ ба моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ мебошад. Аз ин рӯ, хоҳишандам онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишномаи грантӣ (маблағгузории беруна) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд вобаста ба лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо дода мешавад. Марҳамат.
Шералӣ Мирзо:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» аз ҷониби Вазорати мудофиа, дар партави иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 27-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллӣ ироа гардид, таҳия ва пешниҳод шудааст.
Мақсади он мукаммал гардонидани муносибатҳои ҷамъиятӣ вобаста ба даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ва бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта ба ҳисоб меравад. Ҳар сол дар асоси фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар маъракаи даъвати шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбӣ доир карда мешавад. Бо вуҷуди он ки нақшаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ҳар сол пурра иҷро мешавад, корҳое ба назар мерасанд, ки ба рафти ин маъракаи муҳим таъсири манфӣ мерасонанд. Сифатнок ташкил накардани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ, дуруст ба роҳ намондани бақайдгирии шаҳрвандони синни даъватӣ, муайян гардидани бемориҳои зиёд дар байни даъватшавандагон, аз ҷониби аъзои комиссияҳои даъватӣ ба таври зарурӣ иҷро накардани вазифаҳои хизматӣ, бемасъулиятии волидайн ва саркашӣ намудани ҷавонон аз хизмати ҳарбӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Лоиҳаи қонун дар заминаи меъёрҳои қонуни амалкунанда таҳия гардида, ворид намудани як қатор навовариро, аз ҷумла дар ҷараёни қайди ҳарбии шаҳрвандон, тартиби даъват ба хизмати ҳарбӣ, тартиби адои хизмати ҳарбӣ, баланд бардоштани масъулиятнокии шаҳрвандон, мушаххас намудани ваколатҳои мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ин самт пешбинӣ менамояд, ки барои сари вақт ва босифат гузаронидани маъракаҳои даъват ба хизмати ҳарбӣ равона шудаанд.
Навовариҳо дар лоиҳаи қонун дар асоси таҳлили таҷрибаи давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон, пешниҳод шудаанд. Яке аз навовариҳои асосӣ ворид кардани намуди нави хизмати ҳарбӣ — хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ ба ҳисоб меравад.
Ба ҳама маълум аст, ки шумораи шахсони синну соли даъватӣ нисбат ба талаботи воқеии Қувваҳои Мусаллаҳ бамаротиб зиёд мебошад ва ҳар сол танҳо 5-10 фоизи шаҳрвандони синни даъватӣ ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд. Боқимондаи онҳо тайёрии ҳарбӣ намегузаранд ва дар ҳолати зарурӣ сафарбар намудани онҳо ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ самарабахш намебошад. Ҷорӣ кардани чунин намуди хизмат имкон медиҳад, ки шумораи нисбатан зиёди шаҳрвандон тайёрии ҳарбиро гузашта, бо ёд кардани савганди ҳарбӣ ба ҳайати эҳтиётӣ ворид гарданд ва ҳангоми эълон намудани сафарбарӣ барои пуррагардонии қисму воҳидҳои ҳарбӣ ҷалб карда шаванд.
Зимни хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ шаҳрвандони синну соли даъватӣ, ки ҳуқуқи озод шудан ё ба таъхир гузоштани муҳлати даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, метавонанд ихтиёран ва бо пардохти маблағи муайян, ки андозаи он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад, бо роҳи гузаштани ҷамъомади ҳарбии якмоҳа уҳдадории ҳарбиро иҷро намуда, ба ҳайати захираҳои эҳтиётӣ ворид карда шаванд.
Дар баробари ин, бо мақсади сари вақт ва босифат омода кардани шаҳрвандони синни даъватӣ барои даъват ба хизмати ҳарбӣ, лоиҳаи қонуни мазкур гузаронидани чорабиниҳои омӯзиши пешаздаъватиро пешбинӣ менамояд. Дар асоси қарори раисони шаҳру ноҳияҳо комиссариатҳои ҳарбӣ то оғози маъракаи даъват омӯзиши пешакии шаҳрвандонро гузаронида, аз натиҷаи он барои гузаронидани чорабиниҳои табобатию солимгардонӣ, машғул шудан бо намудҳои варзиши ҳарбию амалӣ, омӯхтани ихтисосҳои бақайдгирии ҳарбӣ ба онҳо барои таҳсил дар муассисаҳои таълимии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа роҳхат медиҳанд. Чорабиниҳои мазкур аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ амалӣ карда мешаванд.
Лоиҳаи қонун, инчунин, пешбинӣ менамояд, ки ба хатмкунандагони кафедраҳои ҳарбии назди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ рутбаи аввалини афсарӣ танҳо баъди адои хизмати ҳатмии ҳарбӣ ба муҳлати 12 моҳ дода шавад. Чунин тартиб барои баланд бардоштани сатҳи омодагии касбии афсарони эҳтиётӣ мусоидат намуда, дар робита бо ин барномаи тайёр кардани афсарони эҳтиётӣ дар кафедраҳои ҳарбӣ бозбинӣ карда мешавад.
Шаҳрвандоне, ки муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро хатм намуда, дар кафедраҳои ҳарбӣ таҳсил накардаанд, инчунин ба муҳлати 12 моҳ ба хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок даъват гардида, баъди анҷоми хизмат ба онҳо рутбаи ҳарбии то сержант дода мешавад.
Дар ин замина, қайд кардан бамаврид аст, ки лоиҳаи қонуни мазкур муҳлатҳои зерини хизмати ҳарбиро муқаррар менамояд: хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок дар вазифаи сарбозон ва сержантҳо — 24 моҳ ва барои шахсони дорои таҳсилоти олии касбӣ — 12 моҳ; — хизмат дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ дар вазифаи сарбозон ва сержантҳо — 1 моҳ; — хизмат аз рӯи даъват дар вазифаҳои афсарон — 24 моҳ; — хизмат бо тартиби ихтиёрӣ дар вазифаҳои сержант, прапоршик ва барои хизматчиёни ҳарбии ҷинси зан — 3 сол; — хизмат бо тартиби ихтиёрӣ дар вазифаҳои афсарон — 5 сол; — хизмат барои афсароне, ки муассисаҳои таълимии ҳарбии таҳсилоти олии касбиро хатм намудаанд — 10 сол ва барои афсарони хатмкардаи чунин муассисаҳои сохтори амнияти миллӣ ва хадамоти махсус — на камтар аз 15 сол.
Бояд тазаккур дод, ки дар шароити ҳозира то 18 моҳ ё 12 моҳ кам кардани муҳлати хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок аз лиҳози нигоҳ доштани сатҳи баланди омодабошии ҷангӣ ва омилҳои иқтисодӣ ба мақсад мувофиқ намебошад. Дар кишварҳое, ки муҳлати хизмати ҳарбиашон 12 ё 18 моҳ мебошад, хизмати ҳарбии шартномавӣ ҷорӣ гардида, сатҳи омодабошии ҷангӣ аз ҳисоби ҳамин ҷузъу томҳо, ки зиёда аз 50 фоизи шумораи умумиро ташкил медиҳанд, нигоҳ дошта мешавад. Инчунин, то 18 моҳ кам кардани муҳлати хизмати ҳарбӣ, бо дарназардошти хусусиятҳои таъминоти ақибгоҳӣ (муҳлатҳои истифодабарии сарулибос ва дигар амволи шайъӣ), хароҷотро то 30 фоиз зиёд менамояд.
Дар лоиҳаи қонун ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои ҳарбӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, чорабиниҳои бақайдгирии ҳарбӣ ва омӯзиши пешаздаъватӣ, иштирок дар ҷамъомадҳои ҳарбӣ, муоинаи тиббӣ, ташхис ва табобат, тайёрии ҳатмӣ ба хизмати ҳарбӣ, гирифтани ихтисоси бақайдгирии ҳарбӣ ва машғул шудан бо намудҳои варзиши ҳарбию амалӣ тибқи роҳхати комиссариатҳои ҳарбӣ ройгон аз ҳисоби буҷетҳои дахлдор амалӣ карда мешаванд. Инчунин, нигоҳ доштани ҷои кор ва омӯзиш бо пардохти музди миёнаи меҳнат ва ҷуброни хароҷот вобаста ба сафар дар давраи иштирок дар ин чорабиниҳо, бо тартиби пешбининамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кафолат дода мешавад.
Лоиҳаи қонун доираи шаҳрвандонеро, ки аз даъват ба хизмати ҳарбӣ озод мебошанд, муайян намудааст. Шаҳрвандоне, ки бинобар вазъи саломатӣ ғайриқобили хизмати ҳарбӣ дониста шудаанд, дар дигар давлат хизмати ҳарбиро ё ба он баробаркардашударо, инчунин хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо кардаанд, бо ҳукми суд аз озодӣ маҳрум карда шудаанд, ба хизмати ҳарбӣ даъват карда намешаванд.
Шаҳрвандоне, ки падар (модар), бародар (хоҳарашон) ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ вафот кардаанд ё маъюби гурӯҳҳои 1 ва 2 гардидаанд, онҳое, ки дар оила писари ё писархонди ягона мебошанд, инчунин, шахсони дорои унвони номзади илм, доктори фалсафа, доктор аз рӯи ихтисос, доктори илм ва доктори ҳабилитат мебошанд, ҳуқуқ доранд аз даъват ба хизмати ҳарбӣ озод шаванд.
Ҳамчунин, муҳлати даъват ба хизмати ҳарбии шаҳрвандоне, ки муваққатан ғайриқобили хизмати ҳарбӣ дониста шудаанд, ба нигоҳубини узви оилаи ба кумак эҳтиёҷдошта машғул мебошанд, дар ҳолати набудани шахсони дигар, ки тибқи қонун уҳдадоранд ба нигоҳубин машғул шаванд, онҳое, ки дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таҳсил менамоянд, ба тарбияи кӯдаки аз модар маҳруммондаашон машғул мебошанд ва шахсоне, ки нисбат ба онҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст, то бартараф гардидани шартҳои зикргардида ба таъхир гузошта мешавад.
Инчунин, даъватшавандае, ки модараш ба ғайр аз ӯ боз ду фарзанди ноболиғро танҳо тарбия менамояд, вакилони маҷлиси маҳаллии вакилони халқ, донишҷӯёне, ки бори аввал дар шуъбаҳои рӯзонаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи дараҷаи бакалавр ё мутахассис таҳсил менамоянд, омӯзгороне, ки дорои маълумоти олии омӯзгорӣ буда, дар муассисаҳои таҳсилоти умумии деҳот ва онҳое, ки таҳсилоти олии тиббӣ дошта, дар муассисаҳои таҳсилӣ ё тиббии деҳот кор мекунанд, шаҳрвандоне, ки ду ва зиёда фарзанд доранд, барои ба таъхир гузоштани муҳлати даъват ба хизмати ҳарбӣ ҳуқуқ доранд.
Матни Савганди ҳарбӣ, ки қаблан дар Оинномаи хизмати дохилии Қувваҳои Мусаллаҳ дарҷ гардида буд, дар таҳрири нав оварда шуда, бо қонун тасдиқ карда мешавад.
Лоиҳаи қонун уҳдадории мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхона, муассиса ва ташкилотҳо, уҳдадории даъватшавандагон ва волидайни онҳоро оид ба иҷрои чорабиниҳои уҳдадории ҳарбӣ муқаррар намуда, дигар масъалаҳоро вобаста ба адои хизмати ҳарбӣ ба танзим медарорад.
Аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ»-ро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Кӣ ба вазири мудофиа савол дорад? Сухан ба вакил Усмонзода Саидҷаъфар дода мешавад. Марҳамат.
Усмонзода Саидҷаъфар: - Муҳтарам вазир, муносибатҳои ғариоинномавӣ дар қисмҳои ҳарбӣ, агар гӯем маъмулӣ шудааст, хато намекунем. Аз ин хусус зимни суҳбату мулоқот бо интихобкунандагон волидайне, ки фарзандонашон хизмати аскариро ба ҷой меоранд, изҳори ташвиш мекунанд. Аз ҷумла, чунин ҳолат дар қисми ҳарбии марбут ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, воқеъ дар ноҳияи Шаҳринав ва қисми ҳарбӣ, воқеъ дар шаҳри Душанбе, ба қайд гирифта шуда, шумо аз он огоҳед. Чунин мисолҳои муносибатҳои ғайриоинномавӣ дар дигар қисмҳои ҳарбӣ низ ҷой дошта, боис шудааст, ки ҷавонони синни даъват ба ҳар роҳ мекӯшанд аз хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сар печанд. Барои аз миён бардоштани чунин муносибатҳо чораҳои мушаххас андешидан зарур аст. Фикри шумо дар ин хусус чист?
Шералӣ Мирзо: - Мутаассифона, чунин ҳолат ҷой дорад. Вазорати мудофиа ҳама чораро меандешад, ки ба чунин вазъ хотима диҳад. Ҳарчанд теъдоди чунин вайронкуниҳо тӯли солҳои охир ду — се маротиба кам шудааст, вале то ҳол он хотима наёфтааст. Бо қабули қонун дар таҳрири нав ба масъалаи зикршуда боз ҳам бештар диққат дода хоҳад шуд.
РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Шоҳмурод Рустам дода мешавад. Марҳамат.
ШОҲМУРОД Рустам:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Дар тафовут аз қонуни амалкунанда, ки соли 2000 қабул шуд, он аз 10 боб ва 62 модда иборат мебошад. Лоиҳаи қонун муносибатҳои ҷамъиятӣ оид ба иҷрои уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро танзим карда, асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии қайди ҳарбӣ, ба хизмати ҳарбӣ омода намудани шаҳрвандон, тартиби даъват намудан, дохил шудан, адои хизмати ҳарбӣ ва рухсат шудан аз он, бақайдгирӣ дар ҳайати эҳтиётии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва уҳдадории ҳарбии шаҳрвандон, ваколатҳои мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин, субъектони дигари раванди ин муносибатҳоро муайян менамояд.
Кумитаҳо ва Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонунро бо пешниҳоди хулосаҳо ҷонибдорӣ намуданд. Дар маҷмӯъ, ба лоиҳа зиёда аз 195 таклиф пешниҳод гардид, ки онҳо ҳангоми такмили лоиҳа ба инобат гирифта шуданд.
Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният 14 январи соли 2021 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, сохторҳои Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунро баррасӣ намуда, қабули онро мувофиқи мақсад шуморид.
Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба моддаи 43 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» ва «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, мухолифат намекунад. Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Кӣ оид ба ин масъала сухан гуфтан мехоҳад? Аз рӯи масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Раҷабзода Равшан Муҳитдин дода мешавад. Марҳамат.
РАҶАБЗОДА Равшан Муҳитдин:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон лоиҳаи қонуни мазкурро дар хулосааш ҷонибдорӣ ва барои такмили он зиёда аз 20 таклифу пешниҳод манзур намуд. Зикр кардан бамаврид мебошад, ки лоиҳаи қонун сеюмин лоиҳае мебошад, ки дар давраи соҳибистиқлолии давлат қабул мегардад.
Он дар муқоиса бо Қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ҳам аз ҷиҳати мазмун ва ҳам ҳаҷм фарқи калон дошта, асосан амалияи татбиқи зиёда аз 20 — солаи мақомоти ваколатдори соҳа ба инобат гирифта шудааст.
Бо дарназардошти муҳимияти лоиҳаи баррасишаванда, аз мақомоти ваколатдори соҳа хоҳиш карда мешавад, ки пас аз қабули лоиҳаи қонун қабули саривақтии санади меъёрии ҳуқуқии зерқонунии соҳаро таъмин намоянд.
Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ»-ро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Боз кӣ оид ба ин масъала сухан гуфтан мехоҳад. Марҳамат, сухан ба вакил Абдуҳалим Ғаффоров дода мешавад.
ҒАФФОРОВ Абдуҳалим:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Лоиҳаи қонуне, ки ҳоло баррасӣ дорем, ба таҳкими мудофиавии ватанамон нигаронида шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон беш аз 1400 километр ва бо Ҷумҳурии Қирғизистон беш аз 900 километр хати марз дошта, ин ҳолати воқеӣ тақозо менамояд, ки артиши миллии тавоно дошта бошем, то ин ки ба ҳар гуна амалҳои тахрибкоронаи бадхоҳони миллат ҷавоби сазовор диҳем. Маҳз мавҷудияти ҳисси баланди ватандӯстӣ имкон медиҳад, ки ҷавонон, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмати Ватанро ба ҷой меоранд, дар дифои кишвар ҳамеша омода бошанд.
Масъалаи дигар механизми омӯзиши якҷояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва Консепсияи тарбияи насли наврас дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва қисмҳои ҳарбӣ мебошад. Пешниҳод менамоям, ки дар қисмҳои ҳарбӣ дарси адабиёт, баробар бо дарсҳои техникӣ, ба ҷадвали дарсӣ ворид карда шавад, то ин ки ҷавонон донишро дар бораи адабиёти давраи классикию муосир ҳар чӣ бештар сайқал диҳанд ва бо эҳсоси баланди ифтихор аз кишвари маҳбуб, дӯст доштани Ватан ҳамеша омодаи хидмат дар ҳифзи Ватан бошанд. Чуноне ҳаким Фирдавсӣ фармудааст:
Пароканда лашкар наояд ба кор,
Дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ»-ро дастгирӣ мекунам ва хоҳиш менамоям ба ҷонибдории он овоз диҳед.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» яклухт ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: - Роҷеъ ба масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо дода мешавад. Марҳамат.
Шералӣ МИРЗО:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар асоси супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар чорабинии тантанавӣ ба муносибати ҷашни рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардидаанд, таҳия ва пешниҳод шудааст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳавасманд гардонидани шаҳрвандон барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҷолибияти хизмати ҳарбӣ пайваста чораҳо меандешад. Аз ҷумла, ба шахсоне, ки баъди хизмати ҳарбӣ хоҳиши таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ доранд, зимни супоридани тест дар Маркази миллии тестӣ холҳои иловагӣ дода мешаванд. Инчунин, марказҳои шуғли аҳолии шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки онҳоро бо ҷои кор ва кумакпулӣ таъмин намоянд.
Мувофиқи лоиҳаҳои мазкур, минбаъд дар мақомоти судӣ, прокуратура, гумрук, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва хадамоти иҷро шахсоне ба кор қабул карда мешаванд, ки хизмати ҳатмии ҳарбии муҳлатнокро адо намудаанд. Зарурати ҷорӣ намудани чунин меъёр, ба ғайр аз асосҳои дар боло овардашуда, боз дар он аст, ки тибқи нақшаҳои мудофиаи давлат ва сафарбарӣ, мақомоти зикршуда дар давраи таҳдиди хатари ҷанг ё ҳолати ҷанг, доир ба ташкил ва таъмини мудофиаи давлат ва гузаронидани чорабиниҳои сафарбарӣ вазифаҳои мушаххас дошта, бояд кормандони онҳо дониши умумии ҳарбӣ ва маҳорату малакаи ҷангӣ дошта бошанд.
Дар он занҳо, инчунин, шаҳрвандони ҷинси мард, ки билети ҳарбӣ доранд, ба ғайр аз онҳое, ки хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо кардаанд, истисно шудааст, яъне, муқаррарот нисбат ба ин гурӯҳи шаҳрвандон татбиқ намегардад.
Қабули лоиҳаи қонун аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад. Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳиш менамоям онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Бобоҷониён Ранохон дода мешавад. Марҳамат.
БОБОҶОНИЁН Ранохон:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод шудааст.
Мақсад аз таҳия ва пешниҳод гардидани он баланд бардоштани тарбияи ватандӯстӣ, садоқат ба мардум ва дарёфти таҷрибаи зиндагӣ барои номзадҳое мебошад, ки ба вазифаи судя ва коромӯз-судя довталаб ҳастанд. Барои мардон, дар баробари ҳуқуқҳо, яке аз чор уҳдадорие, ки Конститутсия муқаррар кардааст, адои хизмати ҳарбӣ мебошад, ки лоиҳаи мазкури қонуни конститутсионӣ ба он дахл дорад.
Лоиҳаи зикршуда аз ду қисм иборат буда:
- ба қисми 2 моддаи 12 пас аз калимаҳои «забони давлатиро донад,» калимаҳои «хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнокро (ба истиснои занон, инчунин мардоне, ки билети ҳарбӣ доранд, ба ғайр аз онҳое, ки хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо кардаанд) адо карда бошад ва» илова карда мешаванд.
- ба қисми 2 моддаи 108 пас аз калимаҳои «забони давлатиро донад,» калимаҳои «хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнокро (ба истиснои занон, инчунин мардоне, ки билети ҳарбӣ доранд, ба ғайр аз онҳое, ки хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо кардаанд) адо карда бошад ва» илова карда мешаванд.
Тибқи моддаи 2 лоиҳа, муқаррароти моддаи 1 қонун нисбат ба шаҳрвандоне, ки то мавриди амал қарор додани он судя ё коромӯз-судя мебошанд, татбиқ намегардад.
Онро кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуданд. Унвонии кумита чор пешниҳод ирсол гардид, ки хусусияти услубӣ — грамматикӣ доранд.
Ҳамчунин, дар ҷаласаи васеи кумита бо иштироки намояндагони кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳа мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибдорӣ ёфт.
Хоҳиш менамоям лоиҳаи қонуни конститутсионии зикршударо ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: - Ба баррасии лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз менамоем. Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Мирзозода Мавлудахон Зайнӣ дода мешавад. Марҳамат.
МИРЗОЗОДА
Мавлудахон Зайнӣ:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Он бо ҳамбастагӣ ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» таҳия гардида, ба қисми якуми моддаи 53, ки талаботро нисбати шахсоне, ки ба мақомоти прокуратура ба кор қабул карда мешаванд, пешбинӣ намудааст. Дар асоси он минбаъд дар мақомоти прокуратура, шахс дар баробари танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро доштан, синнаш то 35 будан, дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ, сифатҳои зарурии касбӣ ва ахлоқӣ будан, забони давлатиро донистан ва аз рӯи вазъи саломатиаш вазифаҳои ба зиммагузоштаро иҷро карда тавонистан, инчунин, хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнокро (ба истиснои занҳо, инчунин мардоне, ки билети ҳарбӣ доранд, ба ғайр аз онҳое, ки хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо кардаанд) адо карда бошад, ба кор қабул карда мешавад.
Дар асоси моддаи 2 лоиҳа муқаррароти моддаи 1 нисбат ба шаҳрвандоне, ки то мавриди амал қарор додани он корманди мақомоти прокуратура мебошанд, татбиқ намегардад.
Лоиҳаи қонуни конститутсионии зикргардида расмиёти дохилиро гузашта, кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон онро ҷонибдорӣ намуданд. Он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: - Ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз мекунем. Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Назирӣ Гулбаҳор Назир дода мешавад. Марҳамат.
НАЗИРӢ Гулбаҳор Назир:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Он бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 октябри соли 2020 таҳти № 342 барои пешниҳоди хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигар ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Қобили зикр аст, ки тибқи моддаи 43 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрвандон мебошад. Аз ин лиҳоз, бо мақсади ҳавасманд намудани довталабон барои қабул шудан ба хизмати давлатӣ дар мақомоти гумрук ва ҷалби шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ба қисми 1 моддаи 483 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон иловаи зерин пешниҳод мегардад:
Моддаи 483. Қабул ба хизмат дар мақомоти гумрук
1. Корманди мақомоти гумрук он шахсе шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дорад, синнаш аз 20 кам ва аз 35 зиёд набошад, дорои таҳсилоти миёнаи махсус ё олӣ бошад, забони давлатиро донад, «хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнокро (ба истиснои занон, инчунин мардоне, ки билети ҳарбӣ доранд, ба ғайр аз онҳое, ки хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо кардаанд) адо карда бошад,» ва бо сифатҳои шахсӣ, ахлоқӣ, кордонӣ, касбӣ ва вазъи саломатӣ аз уҳдаи иҷрои вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда барояд.
Лоиҳаи қонуни зикргардидаро кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷонибдорӣ намуда, ҳамчунин, шаш таклиф пешниҳод намуданд.
Дар ҷаласаи васеи кумита 13 январи соли 2021 лоиҳаи қонун бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибдорӣ ёфт.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба моддаи 43 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Хоҳишмандам, онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Матробиён Саодатшо дода мешавад. Марҳамат.
МАТРОБИЁН Саодатшо:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Он бо мақсади ҳавасманд намудани довталабон барои қабул шудан ба хизмати давлатӣ дар мақомоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пас аз адо кардани хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок аз ҷониби онҳо ва мутобиқгардонии меъёрҳои он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонунро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷонибдорӣ намуданд. Аз кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон нуҳ таклиф пешниҳод гардида, дар маҷмӯъ, ба назар гирифта шуданд. Кумитаи масъул масъаларо 14 январи соли 2021 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор дод.
Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба моддаҳои 27 ва 35 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад. Хоҳиш менамоям ба ҷонибдории он овоз диҳед.
РАИС: - Кӣ оид ба ин масъала сухан гуфтан мехоҳад? Сухан ба вакили Маҷлиси намояндагон Усмонзода Саидҷаъфар Усмон дода мешавад. Марҳамат.
УСМОНЗОДА Саидҷаъфар:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намуд, аз ҷумлаи талаботи низоми давлатдории ҳозира мебошад, зеро ҷомеа дар ҳоли рушд буда, бо мурури вақт норасоиҳои он низ ҳувайдо мешаванд.
Қонунҳо ҷомеаро идора мекунанд. Ҷомеаи мо бошад, дар давраи гузариш қарор дорад. Ҳар кор дар аввал камбудӣ дорад. Аз ҷумла, қабули қонунҳое ба миён меояд, ки барои ҳалли онҳо мусоидат намояд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» маҳз барои бартараф намудани як зумра мушкилот равона шудааст. Аз ҷумла, қонун пешбинӣ менамояд, ки минбаъд дар мақомоти қудратӣ, суд ва прокуратура ҷавононе ба кор қабул карда мешаванд, ки хизмати ҳатмии муҳлатноки ҳарбиро адо карда бошанд.
Масалан, солҳои охир дар кори даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мушкилот пайдо шудааст: ҳар сол зиёда аз 60 ҳазор ҷавонписар синфи ёздаҳро хатм мекунанд, вале барои даъвати 20 ҳазор аскар ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ бар дӯши Вазорати мудофиа мушкилоти сангине бор мешавад. Қабули қонун имкон медиҳад, ки даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ба низом дароварда шавад.
Ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда талаботи рӯзмарраи ҷомеа буда, вобаста ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба қонунҳои амалкунанда баррасӣ ва ҷонибдорӣ кардем.
Яъне, қонун иншоот асту ниёз ба таъмир дорад. Бе анҷоми ин кор мушкилоти мардумро ҳал карда наметавонем. Аз шумо хоҳиш менамоям ба ҷонибдории лоиҳаи қонуни мавриди баррасӣ овоз диҳед.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» шурӯъ менамоем. Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин дода мешавад. Марҳамат.
ЗИЁӢ Баҳриддин
Саҳобиддин:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Лоиҳаи қонуни зикршуда бо мақсади ҳар чӣ бештар ҷалб кардани шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, иҷрои уҳдадории конститутсионӣ ва адои вазифаи муқаддаси шаҳрвандӣ, инчунин, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ватанпарастии шахсоне, ки ба мақомоти иҷро ба кор қабул карда мешаванд, таҳия шудааст.
Тибқи лоиҳа, ба қисми 1 моддаи 97 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» илова ворид мешавад ва минбаъд ба вазифаи иҷрочии мақомоти иҷро шахсе таъин мегардад, ки дар баробари талаботи пешбинигардида, ҳамчунин, хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнокро (ба истиснои занон, инчунин мардоне, ки билети ҳарбӣ доранд, ба ғайр аз онҳое, ки хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо кардаанд) адо карда бошад.
Ҳамчунин, мутобиқи муқаррароти моддаи 2 лоиҳаи номбаршуда талаботи зикргардида ба шаҳрвандоне, ки то мавриди амал қарор додани қонуни мазкур корманди мақомоти иҷро мебошанд, татбиқ намегардад.
Лоиҳаи қонун расмиётро тибқи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашта, аз ҷониби кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷонибдорӣ ёфт. Он ба моддаи 43 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мутобиқ мебошад.
Хоҳишмандем лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»-ро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: - Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!
Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа ворид гардиданд, баррасӣ шуданд. Ба ҳамаи шумо, вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ, барои фаъол буданатон миннатдорӣ баён мекунам. Бо ҳамин ҷаласаро пӯшида эълон менамоям.
Самариддин АСОЕВ,
Абдумаҷид МУРОДОВ,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ