Даҳуми июни соли 2015 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.
Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:
1. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ»
2. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015»
3. Дар бораи Созишнома дар шакли мубодилаи ёддоштҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи пардохти андоз аз даромади шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти меҳнатиро дар Дафтари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд.
РАИС: — Ба муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» сухан ба вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳмурод Рустам дода мешавад.
Рустам Шоҳмурод: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», ки бо ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст, пешниҳод мешавад.
Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади ошкоро ва оммавӣ будани фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҷорӣ намудани механизми шаффофи маблағгузории фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва назорати он таҳия гардидааст.
Бояд тазаккур дод, ки дар ҷумҳурӣ низоми дақиқи баҳисобгирӣ ва назорати сарфаи маблағҳои бебозгашт, ки ба иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ аз хориҷ ва дохили кишвар пешниҳод мегардад, мавҷуд нест. Ин дар навбати худ хатарҳои муайянеро, аз қабили маблағгузории терроризм, қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, мудохила ба масъалаҳои дохилӣ ва ҳаёти сиёсии давлат ва монанди инҳоро ба бор меорад.
Муқаррар намудани чорчӯбаи ҳуқуқии ба танзим овардани тартиби маблағгузории ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ дар тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба шустани пул (ФАТФ) дарҷ гардидаанд.
Тибқи лоиҳа пардохтҳои ихтиёрӣ ва хайрияҳо, грантҳо, молу мулке, ки аз тарафи давлатҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқии хориҷӣ, шахсони ҳуқуқие, ки бо иштироки субъектҳои хориҷӣ таъсис ёфтаанд, ташкилотҳои байналмилалӣ бевосита ва ё аз ҷониби онҳо ба воситаи дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ворид шудаанд, аз тарафи мақоми бақайдгиранда дар Феҳристи махсуси ёрии башардӯстона сабт карда мешаванд.
Ба иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ зарур мегардад, ки қабл аз татбиқи барномаҳои аз ҷониби субъектҳои мазкур маблағгузоришаванда мақомоти бақайдгирандаро оид ба манбаи маблағгузории хориҷӣ огоҳ намоянд. Тартиби пешбурди Феҳристи махсуси ёрии башардӯстонаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Масъалаи дигаре, ки бо қабули қонуни мазкур ҳалли худро меёбад, ин муайян намудани тартиби санҷиши фаъолияти оинномавии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ мебошад. Бояд зикр намуд, ки фаъолияти оинномавии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва тартиби санҷиши он хусусиятҳои ба худ хос дошта, аз санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор фарқ менамояд. Дар ин самт низ ягон санади меъёрии ҳуқуқӣ мавҷуд нест, ки дар амалия ба баъзе нофаҳмиҳо оварда мерасонад.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.
Хоҳишмандем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС:- Аз рӯи ин масъала сухан ба раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба одоби вакилон Давлатов Муродулло Исматович дода мешавад.
Муродулло ДАВЛАТОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Ба ҷаласаи навбатии Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум барои баррасӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Ҳадафи асосии лоиҳаи қонуни мазкур таҳкими қонунгузории миллӣ дар соҳаи танзими ҳуқуқии шаффофияти маблағгузории хориҷӣ ба иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ буда, меъёрҳои дар он пешниҳодгашта асосҳои демократии ҷомеаи шаҳрвандиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкамтар менамоянд.
Қобили таъкид аст, ки ягон хел маблағгузорӣ, аз ҷумла маблағгузории хайриявии хориҷӣ, бе қайду шарт буда наметавонад ва аз ин ҷиҳат танзими ҳуқуқии он воситаи муҳими таъмини волоияти арзишҳои демократӣ ва татбиқи принсипҳои ҷомеаи мутамаддин мебошад.
Бо ин мақсад лоиҳаи қонуни мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуда буд. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо амиқ ва ҳаматарафа омӯхта, онро асосан дастгирӣ карданд ва ҳамзамон ҷиҳати мукаммал намудани он 14 таклиф пешниҳод карданд. Дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул таклифҳои пешниҳодшуда баррасӣ гаштанд, ки аз онҳо 12-тоашон қабул, яктоаш қисман қабул гардида, яктои дигараш қабул нашуд.
Зимнан шоёни таъкид аст, ки дар таҳрир ва такмили лоиҳаи қонуни мазкур эроду таклифҳои Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров, ки дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 июни соли 2015 ироа шуда буданд, ба инобат гирифта шуданд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ мухолифат надорад ва аз Буҷети давлатӣ маблағҳои иловагиро талаб намекунад.
Хоҳиш менамоем, ки зарурат ва мубрамияти қабули лоиҳаи қонуни мазкурро ба назар гирифта, барои қабули он овоз диҳед.
РАИС: — Муҳтарам Шоҳмурод Рустам! Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд ташкилотҳои ҷамъиятӣ фаъолият доранд ва маблағе, ки онҳо истифода менамоянд, чӣ қадар мебошад?
Рустам Шоҳмурод: - Теъдоди ташкилотҳои ҷамъиятие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд, 2602 ададро ташкил медиҳанд. Мутобиқи таҳлилҳои аз ҷониби мо ба анҷомрасида, соли гузашта маблағҳои дарёфткардаи ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар маҷмӯъ 4,5 млрд. сомониро ташкил додааст.
РАИС: — Доир ба ин масъала савол доред? Марҳамат.
Шариф РАҲИМЗОДА: — Ба қонуни мазкур ворид намудани тағйиру иловаҳо зарурат дорад. Агар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ оиннома дошта бошанд, пас шахсони ҳуқуқӣ ҳисобида мешаванд.
Дар ин ҳолат онҳо танҳо дар доираи оиннома фаъолият мекунанд. Вале дар лоиҳаи қонуни мазкур санҷиши фаъолияти оинномавии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ омадааст. Магар онҳо фаъолияти ғайриоинномавӣ низ доранд?
Рустам Шоҳмурод: — Санҷиши фаъолияти оинномавии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ аз санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор фарқ дорад. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар доираи самтҳои муайяннамудаи худ бояд фаъолият намоянд ва мақоми бақайдгиранда Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар ин самт санади умумиҳатмӣ қабул мешавад.
Лутфия РАҶАБОВА: - Дар давлатҳои хориҷӣ ҳалли ин масъала чӣ гуна сурат мегирад?
Рустам Шоҳмурод: - Амалияи давлатҳои хориҷӣ дар ин масъала гуногун мебошад. Масалан, дар Федератсияи Россия ташкилотҳои ҷамъиятие, ки кумаки хориҷӣ мегиранд, ҳамчун агенти хориҷӣ эътироф мешаванд. Низоми махсуси назорати фаъолияти онҳо ва сарфи маблағҳо ҷорӣ шудааст.
Умуман, низоми ягонаи назорати фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ вуҷуд надорад. Онро ҳар давлат дар доираи талаботи қонунгузории худ татбиқ менамояд.
Ҷурахон МАҶИДЗОДА: - Дар лоиҳаи қонун ибораи «ҳаракатҳои ҷамъиятии байналмилалӣ» омадааст. Оё чунин ҳаркатҳо низ вуҷуд доранд? Оё мумкин нест он ба ибораи «созмонҳои ҷамъиятӣ» иваз карда шавад?
Рустам Шоҳмурод: - Ин ибора, ки дар лоиҳаи қонун ворид шудааст, дар санадҳои байналмилалӣ истифода мешавад.
Абдулғаффор РАҲМОНЗОДА: — Механизми татбиқи меъёри мазкур оё ворид намудани тағйиру иловаҳо ба дигар қонунҳои амалкунандаро дар назар надорад?
Рустам Шоҳмурод: - Айни ҳол оид ба ин масъала дар қонунгузории ҷорӣ ворид кардани тағйиру иловаҳо пешбинӣ нашудааст.
Ҷамшед МУРТАЗАҚУЛОВ: - Аз 2602 иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, чандтои он байналмилалӣ мебошад?
Рустам Шоҳмурод: - Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 98 адад филиал ва намояндагии ташкилотҳои хориҷӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар маҷмӯъ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 137 ташкилотҳои ҷамъиятии мақоми байналмилалидошта фаъолият мекунанд.
РАИС: — Доир ба ин масъала кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Марҳамат.
Рустам ЛАТИФЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Ҷомеа, Давлат, Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мо — вакилон моҳияти фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, саҳми бузурги онҳоро дар рушди ҷомеаи демократӣ, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт хуб дарк мекунем.
Мисоли ин гуфта ҳамкории Ҳукумат, ташкилотҳои байналмилалӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар ташкил ва баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҷамъбасти раванди татбиқи амалии Даҳсолаи амалиёти «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005 -2015) мебошад, ки дар рафти он мо кумаки иттиҳодияҳои ҷамъиятиро хуб ҳис карда истодаем. Чунин ҳамкориҳо дар ҳама самтҳо бисёранд ва бешубҳа, ба нафъи ҷомеа мебошанд. Лоиҳаи қонун ба танзими муносибатҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва давлат, ҷорӣ кардани тартиби муайян равона гардида, аз як тараф кумак ба фаъолияти онҳо низ мебошад. Аз ин рӯ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаҳои худ амал мекунанд, бояд ягон ташвише аз қабули ин тағйиру иловаҳо надошта бошанд.
Шояд андешае пайдо шавад, ки бюрократия зиёд мешавад, вале вазъи ҷаҳони муосир, хусусан воқеаҳои солҳои охир дар Миср, Тунис, Ливия, Ироқ, Сурия ва Украина водор месозад, ки нисбати амнияти кишвар, тинҷию осудагии мардум ва ҳифзи он аз ҳама таъсироти номатлуб чораҳо андешем.
Лоиҳаи қонун дар кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фраксияҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, пешниҳодоти вакилон ба инобат гирифта шуданд.
Аз вакилони иззатманд хоҳиш дорем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоянд.
Абдуҳалим ҒАФФОРОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Масъалае, ки мавриди баррасии мо, вакилон, қарор дорад, басо муҳим ба ҳисоб меравад. Қонун мураттаб гардонидани фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назар гирифтааст.
Аз 2602 иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд, тибқи ҳисоботи дар рӯзномаҳо нашргашта маблағҳои истифодабурдаи онҳо 5,1 млрд. сомониро ташкил медиҳад, ки қариб аз се як ҳиссаи Буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар мегирад. Дар иттиҳодияҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз 11 ҳазор нафар кор мекунанд. Ин барои кам кардани сатҳи камбизоатӣ кумак расонда метавонад.
Ба танзим даровардани маблағҳои ба ташкилотҳои ҷамъиятӣ воридгашта барои амнияти давлат низ зарур мебошад.
Хоҳишмандам, барои қабули қонуни мазкур овоз диҳед.
Акрамшо ФЕЛАЛИЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромиқадр ва ҳозирини арҷманд!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» дар баъзе аз воситаҳои ахбори омма ва сомонаҳои интернетӣ ҳамчун лоиҳаи нигаронкунанда ва пурбаҳс ном бурда мешавад.
Ташкилотҳои ҷамъиятии дохиливу хориҷӣ аз он нигаронӣ доранд, ки дар ҳолати қабули тағйиру иловаҳои мазкур дастрасии созмону ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба грантҳои хориҷӣ маҳдуд мегардад.
Дар маъракаҳои пешазинтихоботӣ низ намояндагони ташкилоту созмонҳои ғайридавлатӣ ба мо ҳамчун номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон бо чунин саволҳо муроҷиат карда буданд. Дар асл қабули лоиҳаи қонуни мазкур нигаронкунанда нест ва набояд ҷойи баҳс бошад, зеро ба қисми 1 моддаи 24 илова намудани сархати нав, баръакс, ҳуқуқҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятиро боз ҳам васеътар менамояд, яъне, онҳо ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ кумаки моддиро дар шакли молумулк ва маблағ қабул намоянд.
Дар баробари ин, мақсади ташкилотҳои ғайридавлатӣ чӣ дохиливу чӣ хориҷӣ асосан бояд кумак ба халқ, барои рушди давлату миллат бошад. Аз ҳама муҳимаш, фаъолияти онҳо дар соҳаи экология, иқтисодиёт, сиёсат, илм, иҷтимоиёт бояд пеш аз ҳама, шаффоф ва беғараз бошад.
Илова намудани қисми 2 ба моддаи 27-уми лоиҳаи қонуни мазкур танҳо бо мақсади ошкоро ва оммавӣ будани механизми шаффофи маблағгузории фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва назорати он пешниҳод шудааст.
Тоҷикистон давлати демократӣ аст, аз ин лиҳоз, ҳазорҳо ташкилоту созмонҳои ғайридавлатӣ дар ҳудуди он бе ягон монеа фаъолият карда истодаанд. Ҳамзамон Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд аст ва ҳамаи намудҳои фаъолияти ташкилотҳо, аз ҷумла фаъолияти молиявии онҳо низ бояд дар доираи қонунгузории кишвар амалӣ карда шавад.
Зикр кардан бамаврид аст, ки лоиҳаи қонун баъди қабул ба фаъолияти ташкилоту созмонҳои ҷамъиятӣ ягон мушкилӣ ва монеаро пеш намеорад, зеро мақсади ҳамаи мо чӣ ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ якҷоя созмон додани як ҷомеае аст, ки дар он фазои дӯстӣ ва бародарӣ фароҳам бошад. Аз ин лиҳоз, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамкории зич бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, сафоратҳо ва сохторҳои дигар давлатҳо ҳавасманд аст, лекин бояд манфиатҳои милливу давлатии мо аз ҳама боло бошад.
Бо дарназардошти ин нукот, хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Ҷаббор АХМЕДОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ яке аз рукнҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, дар ташаккулёбии он саҳми арзанда доранд. Алалхусус фаъолияти онҳо дар соҳаи муқовимат ба савдои одамон, хушунат дар оила, ҳифзи сиҳатии оила, баланд бардоштани маърифатнокии сиёсӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон назаррас мебошад. Гуфтан мумкин аст, ки онҳо дар амал шарики иҷтимоии давлатамон ба ҳисоб мераванд.
Бояд зикр намуд, ки мутобиқи моддаи 34-уми қонуни амалкунанда мақомоти бақайдгиранда дорои ваколати назорати фаъолияти оинномавии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ мебошад. Меъёри лоиҳаи қонун пешбинӣ намудааст, ки минбаъд Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби санҷишро тасдиқ намояд, то он як низоми муайян дошта, даврияти санҷиш, муҳлати он, тартиби огоҳонидан, мазмуни санҷиш ва ғайраҳо муқаррар карда шаванд. Ин омилҳо шаффофиятро дар ин ҷода пешбинӣ менамояд.
Дар сурати қабули қонуни мазкур ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст, ки ҳангоми муайян намудани тартиби санҷиши фаъолияти оинномавии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ манфиатҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятиро набояд сарфи назар созад ва хуб мешуд, ки тартиби санҷиш бо дарназардошти гуфтаҳои боло, мушаххас карда шавад. Ҳамчунин хуб мешуд, шакли огоҳнома сода ва барои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дастрастар карда шаванд. Бояд шаклҳои огоҳнома гуногун бошанд: хаттӣ, электронӣ то ба иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки дар шаҳру ноҳияҳои дурдаст аз макони ҷойгиршавии мақоми бақайдгиранда фаъолият доранд, мушкилӣ ба вуҷуд наоварад. Пас аз қабули чунин тартибот иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бояд эҳсос намоянд, ки давлат мисли пештара ҳимоятгар ва шарики онҳост.
Лоиҳаи қонуни баррасишавандаро дастгирӣ менамоям ва боварии комил дорам, ки вакилони гиромӣ ба ҷонибдории он овоз медиҳанд.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» сухан ба муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзод Умед дода мешавад.
Умед ДАВЛАТЗОД: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» ҷиҳати қонеъ гардонидани зарурияти барқарорсозӣ ва таъмири пойгоҳҳои обкашӣ барои обёрӣ намудани майдонҳои кишти хоҷагиҳои кишоварзӣ таҳия гардидааст.
Мақсад аз таҳияи лоиҳаи пешниҳодшуда бо об таъмин гардонидани майдонҳои кишти хоҷагиҳои кишоварзӣ ва дар ин замина зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ҷиҳати таъмини корхонаҳои коркард бо ашёи хоми ватанӣ ва амнияти озуқавории кишвар мебошад.
Дар мавриди татбиқи лоиҳаи қонуни мазкур пешбинӣ мешавад, ки аз тарафи Ширкати муштараки Хитой — Тоҷикистон «Ҷунтай — Хатлон Синсилу» 15 ҳазор гектар замин ва ҶДММ «Иттиҳоди аграрии «Водии Заррин» 9,0 ҳазор гектар замин обёрӣ карда шавад.
Ширкати муштараки Хитой — Тоҷикистон «Ҷунтай — Хатлон Синсилу» дар ноҳияи Данғара калонтарин корхонаи ресандагӣ бунёд менамояд, ки дар оянда барои коркарди нахи пахта то маҳсулоти ниҳоӣ, ташкили ҷойҳои корӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва зиёд намудани иқтидори содиротии мамлакат мусоидат менамояд.
Тибқи Созишномаи басташуда, сармояи хориҷии Ширкати муштараки Хитой — Тоҷикистон «Ҷунтай — Хатлон Синсилу» 200 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, таъсиси 30 000 ҷойи нави корӣ дар назар дошта шудааст (15 000 гектар х 2= 30 000) (дар як гектар замин ду коргар вобаста карда мешаванд).
Ширкати муштараки Хитой — Тоҷикистон «Ҷунтай — Хатлон Синсилу» тасмим гирифтааст, ки таҷҳизоти муосири истеҳсоли Ҷумҳурии Халқии Хитойро бо маблағи умумии 4 878 048 доллари ИМА (30 млн. юан, бо қурби 6,15 юан нисбат ба 1 доллари ИМА) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намояд.
Мувофиқи ҳисобҳои пешакӣ имтиёзҳои андозӣ вобаста ба воридоти таҷҳизотҳо аз ҷониби Ширкати муштараки Хитой — Тоҷикистон «Ҷунтай — Хатлон Синсилу» 1 121 951 доллари ИМА-ро ташкил медиҳанд.
Дар мавзеи Қарадуми ноҳияи Қумсангир аз ҷониби ҶДММ «Иттиҳоди аграрии «Водии Заррин» ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани 9,0 ҳазор гектар замин оғоз гардида, барои обёрӣ намудани он дастгоҳҳои обкашӣ ва қубурҳои пластикӣ зарур мебошанд.
Мувофиқи маълумоти аз ҷониби сармоягузорон пешниҳодшуда, ба истифода додани пойгоҳҳои обкашӣ имконияти истифодаи 4,5 ҳазор гектар заминро барои кишти пахта, 2 ҳазор гектар заминро барои кишти шолӣ, 1 ҳазор гектар заминро барои парвариши картошка ва 1,5 ҳазор гектар заминро барои кишти пиёзу сабзӣ ва дигар сабзавоту мева фароҳам меорад, ки дар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми муносиб хоҳад гузошт.
Сармояи хориҷии ҶДММ «Иттиҳоди аграрии «Водии Заррин» 100 млн. сомониро ташкил дода, таъсиси 18 000 ҷойи нави корӣ дар назар дошта шудааст. (9 000 гектар х 2 = 18 000) (дар як гектар замин ду коргар вобаста карда мешаванд).
Дар ин раванд ҶДММ «Иттиҳоди аграрии «Водии Заррин» тасмим гирифтааст, ки таҷҳизоти муосири истеҳсоли Ҷумҳурии Халқии Хитойро бо маблағи умумии 3 251 275,71 доллари ИМА ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намояд.
Мувофиқи ҳисобҳои пешакӣ, имтиёзҳои андозӣ вобаста ба воридоти таҷҳизотҳо аз ҷониби ҶДММ «Иттиҳоди аграрии «Водии Заррин» 747 793,4 доллари ИМА-ро ташкил медиҳанд.
Дар маҷмӯъ, маблағи имтиёзҳои ҳар ду ширкат 1869744,4 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Бо дарназардошти муҳимияти масъалаи баррасишаванда, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи пешниҳодшударо тарафдорӣ намоед.
РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Комил Салимзода дода мешавад.
Комил САЛИМЗОДА: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 майи соли 2015 таҳти № 120 лоиҳаи қонуни мазкур барои додани хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади дастгирии соҳаи кишоварзӣ ва зиёд намудани истеҳсоли маҳсулот дар ҷумҳурӣ ҷиҳати аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани воридоти қубурҳои пластикӣ, насосҳои обкашӣ ва қисмҳои эҳтиётии онҳо, ки аз ҷониби Ширкати муштараки Хитой — Тоҷикистон «Ҷунтай-Хатлон Синсилу» барои бо об таъмин намудани 15 ҳазор гектар замини кишти пахта дар ноҳияҳои вилояти Хатлон мебошад.
Инчунин аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани воридоти қубурҳои пластикӣ, насосҳои обкашӣ, таҷҳизоти барқӣ, зеристгоҳи барқӣ, қисмҳои эҳтиётии насосҳои обкашӣ аз ҷониби ҶДММ «Иттиҳоди аграрии «Водии Заррин» барои 9,0 ҳазор гектар замин дар мавзеи Қарадуми ноҳияи Қумсангир ворид карда мешаванд, пешниҳод шудааст.
Бо пешниҳоди субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба лоиҳаи қонуни мазкур пас аз калимаҳои «насосҳои обкашӣ» калимаҳои «, таҷҳизоти барқӣ, зеристгоҳи барқӣ» илова карда шуданд.
Лоиҳаи қонуни мазкурро ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуда, ҳамзамон баҳри такмили он даҳ таклиф пешниҳод намуданд.
Дар ҷаласаи васеи кумита лоиҳаи қонуни зикргардида бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз таклифҳои пешниҳодгардида 6-тоаш қабул ва 4-тоаш қабул нагардиданд. Таклифҳои қабулгардида ба лоиҳаи қонун ворид карда шуданд.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.
Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба тарафдории он овоз диҳед.
Вобаста ба муҳлати ба истифода додани заминҳои кишт, истеҳсоли навъҳои зироатҳои кишоварзӣ, истифодаи нуриҳои минералӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав ва ғайра вакилон Пӯлод Муҳиддиниён, Ҷамшед Муртазақулов, Ҳилолбӣ Қурбонзода, Баҳром Абдуалимов, Гулнора Бобоева, Сад-риддин Шарипов, Саидҷаъфар Исмонов саволҳо дода, аз масъулони соҳа посух гирифтанд.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Дар бораи Созишнома дар шакли мубодилаи ёддоштҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи пардохти андоз аз даромади шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти меҳнатиро дар Дафтари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд, сухан ба муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Давлатзода дода мешавад.
Парвиз ДАВЛАТЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!
Ба баррасии шумо лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси тасдиқи Созишнома дар шакли мубодилаи ёддоштҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи пардохти андоз аз даромади шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти меҳнатиро дар Дафтари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд, пешниҳод карда мешавад.
Мақсад аз бастани Созишномаи зикршуда ин маъмурикунонии андоз нисбати кормандони маҳаллии Дафтари САҲА ба ҳисоб меравад. Бино ба маълумоти мавҷуда, дар Дафтари САҲА дар Тоҷикистон тақрибан 140 корманди маҳаллӣ фаъолият менамоянд.
Бояд ёдовар шуд, ки гуфтушунид бо Дафтари САҲА оид ба андозбандии кормандони маҳаллии Дафтари мазкур дар сатҳи коршиносон ва роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари САҲА аз соли 2012, яъне аз марҳилаи қабули Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав, оғоз гардида буд ва нуқтаи ниҳоӣ дар ҳалли масъалаи мазкур моҳи январи соли ҷорӣ гузошта шуд.
Тибқи банди дуюми моддаи 158 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулии давлатҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои созмонҳои байналмилалӣ кор мекунанд, вазифадоранд андоз аз даромадро дар муҳлати муқаррарнамудаи қонунгузорӣ пардохт намоянд.
Дафтари САҲА дар асоси Созишномаи мазкур пардохти андоз аз даромади кормандони маҳаллиро барои солҳои 2014 ва солҳои минбаъда, тибқи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд.
Тибқи маълумоти пешакии шуъбаи молияи Дафтари САҲА дар Тоҷикистон, андозҳо аз даромади солонаи кормандони маҳаллӣ тақрибан 140000 (яксаду чил ҳазор) евроро ташкил хоҳанд кард.
Роҷеъ ба ҳифзи иҷтимоии кормандони маҳаллии Дафтари САҲА мехоҳам ба таваҷҷуҳи шумо расонам, ки мувофиқи моддаи 13-уми Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар бораи шартҳои будубоши Дафтари САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 июни соли 2011, ки бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 724 аз 4 апрели соли 2012 тасдиқ шудааст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони маҳаллӣ дар низоми суғуртаи иҷтимоии САҲА иштирок карданро иҷозат додааст. Яъне, суғуртаи иҷтимоии кормандони маҳаллии Дафтари САҲА аз ҷониби низоми суғуртаи иҷтимоии Созмони мазкур таъмин мегардад. Суғуртаи тиббӣ низ пешбинӣ шудааст.
Бояд ёдовар шуд, ки пеш аз ба расмият даровардани Созишномаи мазкур дар шакли мубодилаи ёддоштҳо, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалияи мавҷудаи Дафтари САҲА дар дигар кишварҳоро омӯхт ва таҳлил намуд.
Таҳлилҳо нишон доданд, ки кормандони маҳаллии ниҳодҳои САҲА дар Австрия (Котибот, Намоянда оид ба озодии ВАО), Полша (Дафтари САҲА оид ба ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон) ва Нидерланд (Комиссари олӣ оид ба аққалиятҳои миллӣ) аз супоридани андоз аз даромад пурра озод шудаанд ва ҳифзи иҷтимоии онҳо тибқи низоми суғуртаи иҷтимоии САҲА таъмин карда мешавад.
Омӯзиши мавзӯи мазкур дар кишварҳои ИДМ инчунин нишон дод, ки кормандони маҳаллии дафтарҳои САҲА дар Туркманистон, Молдова ва Арманистон, Қирғизистон ва Украина аз пардохти андоз аз даромад пурра озод буда, суғуртаи иҷтимоии онҳо тибқи низоми суғуртаи иҷтимоии Созмони мазкур сурат мегирад. Кормандони маҳаллии дафтарҳои САҲА, ки дар Қазоқистон, Гурҷистон ва Ӯзбекистон фаъолият менамоянд, танҳо пардохти андоз аз даромадро таъмин менамоянд. Суғуртаи иҷтимоии онҳо тибқи низоми САҲА таъмин карда мешавад.
Дар асоси омӯзиши амиқ ва ҳамаҷонибаи масъалаи мазкур Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори ҷумҳурӣ пешниҳод намуд, ки Созишнома оид ба пардохти андоз аз даромади кормандони маҳаллӣ дар шакли мубодилаи ёддоштҳо ба расмият дароварда шавад.
Бо дарназардошти нукоти зикргардида, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки тасдиқи Созишнома дар шакли мубодилаи Ёддоштҳо ҷонибдорӣ карда шавад.
РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Азимзода Толибхон Ситамурод дода мешавад.
АЗИМЗОДА Толибхон Ситамурод: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Созишнома дар шакли мубодилаи ёддоштҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2015 оид ба масъалаи пардохти андоз аз даромади шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти меҳнатиро дар Дафтари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааcт.
Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2015 таҳти № 135 Созишномаи мазкур барои додани хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Лоиҳаи қарор оид ба тасдиқи Созишномаи мазкур бо мақсади ба анҷом расонидани расмиёти дохилидавлатӣ ҷиҳати эътибор пайдо намудани Созишнома дар шакли мубодилаи ёддошти зикршуда омода карда шудааст.
Созишномаи мазкур имтиёзи андозбандиро пешбинӣ наменамояд ва тибқи муқаррароти он андоз аз даромади кормандони маҳаллӣ, ки барои солҳои 2012 — 2013 пардохт нашудааст, ситонида намешавад.
Дафтари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар асоси Созишномаи мазкур пардохти андоз аз даромади кормандони маҳаллиро, ки дар соли 2014 дар ин Созмон фаъолияти меҳнатӣ кардаанд ва солҳои минбаъда фаъолият мекунанд, тибқи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамоянд.
Тибқи моддаи 214 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсони воқеӣ, ки ба намояндагиҳои ташкилотҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси шартномаҳои меҳнатӣ ё гражданӣ — ҳуқуқӣ кор иҷро мекунанд ва хизмат мерасонанд, маблағи музди меҳнат, пардохтҳо, ҳамчун манбаи андоз муайян карда мешавад.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкардаи худ қарор ва Созишномаи зикргардидаро ҷонибдорӣ намуда, ҳамзамон баҳри такмили қарор 12 таклиф пешниҳод намуданд.
Сеюми июни соли 2015 дар ҷаласаи васеи кумита бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз таклифҳои пешниҳодгардида 4-тоаш қабул ва 8-тоаш қабул нагардиданд. Таклифҳои қабулгардида ба лоиҳаи қарор ворид карда шуданд.
Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.
Тибқи моддаи 7-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шартномаҳои байналмилалӣ аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегарданд.
Аз ин лиҳоз, хоҳиш менамоем, ки Созишномаи мазкурро тарафдорӣ намоед.
Дар хусуси тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.
Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.
Ҷумъахон НАБОТОВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум».
Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ