24 феврали соли ҷорӣ ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия баргузор шуд.
Рӯзномаи ҷаласа фарогири масъалаҳои зерин: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» буд.
Раиси кумита Амирзода Раҳмоналӣ Амир зарурату моҳияти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои мавҷударо муфассал шарҳ дод ва аъзои кумита фикру мулоҳизаҳои худро баён карданд.
Дар фарҷом оид ба масъалаҳои баррасишуда хулосаҳо қабул ва ба Иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум». Суратгир А. Исоев