Дуюми ноябри соли 2016 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.
Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:
1. Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба ҳавопаймоии гражданӣ
2. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
3. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
4. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»
5. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ»
6. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ»
7. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма»
8. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
9. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон».
РАИС: — Ба муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем. «Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба ҳавопаймоии гражданӣ» сухан ба вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон дода мешавад.
ГАНҶАЛЗОДА Шералӣ Раҳмон: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Соҳаи нақлиёт воситаи аввалиндараҷаи мусоидат ба савдои дохилӣ ва берунӣ буда, омили асосии рушди муносибатҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии байналмилалии кишвар ба ҳисоб меравад. Яке аз бахшҳои он авиатсияи гражданӣ мебошад, ки дар 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадриҷан рушд меёбад.
Дар самти таъмини алоқаи нақлиёти ҳавоӣ айни ҳол Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 22 кишвари хориҷи дуру наздик созишнома ба имзо расонида, расмиёти дохилидавлатии тасдиқкунонии онҳоро гузаронидааст, аз ҷумла 7 адад бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (Федератсияи Россия, Беларус, Украина, Озарбойҷон, Туркманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон), чор адад бо кишварҳои Аврупо (Люксембург, Олмон, Австрия ва Латвия) ва 11 адад бо кишварҳои Осиёи ҷанубӣ, ғарбӣ, шарқӣ ва халиҷи Форс (Туркия, Афғонистон, Ҳиндустон, Хитой, Покистон, Таиланд, Корея, Эрон, Арабистони Саудӣ, Баҳрайн ва Қувайт).
Бо мақсади васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳои интиқолдиҳандагони ватанӣ, чанд лоиҳаи созишномаҳои дуҷонибаи байниҳукуматӣ бо ҷумҳуриҳои Чехия, Фаронса, Финляндия, Малайзия, Молдова, Арманистон, Гурҷистон, Ӯзбекистон, Уммон, Давлати Қатар ва Амороти Муттаҳидаи Араб низ таҳия гардидаанд, ки дар баррасӣ қарор доранд.
Рушди нақлиёти ҳавоӣ тибқи давраҳои дар «Барномаи мақсадноки давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2011 №165 тасдиқ шудааст, боз ҳам рушду нумӯ хоҳад ёфт.
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2002, №186 маъқул дониста шудааст. Ҳадаф аз он таҳкиму густариш бахшидан ба муносибатҳои дуҷониба бо Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой дар бахши авиатсияи гражданӣ мебошад.
Дар ин замина, созишномаи мазкур иборат аз 23 модда дар шаҳри Пекин 15 январи соли 2007 бо забонҳои тоҷикӣ, хитоӣ ва англисӣ ба имзо расид.
Боиси қайд аст, ки соли 2008 вазорат лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси тасдиқи созишномаи мазкурро бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа намуд, аммо бинобар сабабҳои номаълум Созишномаи мазкур то ба имрӯз тасдиқ нагардидааст.
Вобаста ба ин, бо мақсади иҷрои муқаррароти талаботи бандҳои 8, 9 ва 10 моддаи 12 созишномаи мазкур ва бо дарназардошти дар он пешбинӣ шудани масъалаҳои озод кардан аз боҷи гумрукӣ, андоз ва пардохтҳо, тибқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси тасдиқ (ратификатсия)- и созишнома аз ҷониби Вазорати нақлиёт аз нав таҳия гардида, бо вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, адлия, молия ва корҳои хориҷӣ мувофиқа карда шуд.
Созишномаи мазкур барои густариши муносибатҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой, ки дорои иқтисодиёти пешрафта ва шарики муҳими стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ба рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ ва иқтисодиёту туризм дар ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.
Аз ҷиҳати иқтисодӣ – молиявӣ, пеш аз ҳама, ба рушди соҳаи туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кам кардани хароҷоти сафарҳои хусусӣ ва хизматие, ки бештар тариқи транзит аз қаламрави ду ё се кишвари дигар сурат мегиранд, равона карда шудааст. Зеро айни замон интиқолдиҳандагон аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҶСК «Тоҷик Эйр» дар як ҳафта ду маротиба ва ҶДММ «Сомон Эйр» ду маротиба дар самти Душанбе – Урумчӣ — Душанбе ва аз ҷониби Ҷумҳурии Халқии Хитой Ширкати ҳавопаймоии ҷанубии Хитой дар як ҳафта ду маротиба дар самти Урумчӣ — Душанбе — Урумчӣ ва ду маротиба дар самти Урумчӣ- Хуҷанд — Урумчӣ парвозҳоро амалӣ менамоянд, ки дар рушди соҳа нақши муҳим мебозад.
Созишномаи мазкур аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ба қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ҳуқуқ ва уҳдадориҳои Тарафҳои аҳдкунандаи он, ки аз дигар созишномаҳои байналмилалии ба имзо расонидаи онҳо бармеоянд, мухолифат ва дахолат намекунад.
Бинобар ин, аз шумо, вакилони мардумӣ, хоҳиш менамоям, ки тасдиқ намудани онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Абдуалимов Баҳром Абдулазимович дода мешавад.
Баҳром АБДУАЛИМОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!
Лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба ҳавопаймоии гражданӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод гардидааст, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 октябри соли 2016, таҳти №911 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
9 марти соли 1993 дар асоси Меморандуми миёни маъмуриятҳои ҳавопаймоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой Ширкати ҳавопаймоии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвозҳои аввалини худро бо тариқи ғайринақшавӣ (чартерӣ) ба Ҷумҳурии Халқии Хитой амалӣ намуд ва соли 2003-юм Ширкати ҳавопаймоии Ҷумҳурии Халқии Хитой дар хатсайри Урумчӣ — Душанбе- Урумчӣ парвози доимии худро ба роҳ монд.
Бо мақсади иҷрои муқаррароти талаботи бандҳои 8, 9 ва 10 моддаи 12- уми созишномаи мазкур, бо назардошти дар он пешбинӣ шудани масъалаҳои озод кардан аз боҷи гумрукӣ, андоз ва пардохтҳо, тибқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси тасдиқ (ратификатсия)- и он ба баррасии вакилон пешниҳод гардидааст.
Созишномаи мазкур заминаи хуберо барои густариши муносибатҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой муҳайё намуда, ба рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.
Тасдиқи он, пеш аз ҳама, ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кам кардани сафарҳои хусусӣ ва хизматие, ки бештар тариқи транзит аз қаламрави ду ё се кишвари дигар сурат мегиранд, равона карда шудааст.
Кумитаи масъул 21 октябри соли 2016 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, ба тасвиб расонидани онро дар асоси хулосаи кумитаҳо мувофиқи мақсад шуморид.
Он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба талаботи санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.
Аз вакилони гиромӣ эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки тасдиқи созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоянд.
РАИС: — Доир ба ин масъала кӣ савол дорад? Марҳамат.
Ҳаёт ОДИНАЕВ: — Ман ба вазири нақлиёт ду савол дорам.
1.Сабаб чист, ки созишномаи мазкур дер барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардид?
2. Вазъи сармоягузорӣ ба соҳа чӣ гуна аст? Оё воридшавии ширкатҳои хориҷӣ ба соҳаи ҳавопаймоии граждании кишвар дар назар дошта шудааст?
Шералӣ ГАНҶАЛЗОДА: — Созишномаи мазкур нуҳ сол пеш — соли 2007 ба имзо расидааст. Барои ба расмият даровардани он тамоми далел соли 2008 ба расмият дароварда шудааст.
Мутаассифона, маълум нест, ки бо кадом сабабҳо барои ба тасвиб расонидан дер пешниҳод гардидааст. Ман сабаби асосии ба таъхир афтодани онро гуфта наметавонам. Ҳаминро гуфтан мехоҳам, ки имсол, вақте ки мо хостем хатсайри Душанбе — Пекин — Душанберо ифтитоҳ бахшем, муайян шуд, ки асоси ҳуқуқии ҳалли баъзе масъалаҳоро надорем. Бинобар ин, фавран барои омода кардани матлаб барои тасдиқи ин созишнома машғул шудем, зеро барои иҷрои баъзе амалиётҳое, ки мо бо маъмурияти ҳавопаймоии Ҷумҳурии Халқии Хитой ба анҷом мерасонидем, бе тасдиқи ин созишнома ғайриимкон буд.
Бинобар ин, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки муҳимияти ин созишнома ба эътибор гирифта шавад. Тасдиқи он барои ҷалби сайёҳони хитойӣ, ки дар ҷаҳон аз ҷумлаи сайёҳони фаъол ҳастанд, имкон медиҳад. Яке аз сабабҳои ҳар чӣ зудтар барои тасдиқ пешниҳод гардидани ин санад низ ҳамин мақсадро ба дунбол дорад.
Созишномаи мазкур дутарафа буда, тибқи он дар хатсайрҳои ба ду кишвар анҷомдодашаванда танҳо ширкатҳои ҳавопаймоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой ширкат менамоянд. Дохил кардани ин ё он ширкат дар гуфтушуниди маъмуриятҳои ҳавопаймоии ҳар ду давлат муайян карда мешавад, ки ҳар сол на кам аз ду маротиба баргузор мегардад.
Бо мақсади сармоягузорӣ ба ҳавопаймоии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд ҳамкорӣ дорем. Мо бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Бонки ҷаҳонӣ ҳамкории зич дорем. Ҳар ду бонк дар таъмиру азнавсозии фурудгоҳҳои шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ширкати фаъол доштанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Фаронса низ бо мо ҳамкорӣ дорад. Бо кумаки Ҳукумати Ҷопон мо дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе терминали боркашонӣ бунёд карданӣ ҳастем. Яъне, мо бо шарикони рушд дар амри таъмини ҳавопаймоҳо, таҷҳизоти фурудгоҳу терминалҳо ҳамкории пурсамар дорем.
РАИС: — Ҳоло дар як ҳафта ҷонибҳо чанд парвоз анҷом медиҳанд?
Шералӣ ГАНҶАЛЗОДА: - Ширкатҳои ҳавопаймоии ҳар ду кишвар дар ҳафта ҳашт парвоз (чор парвози ширкатҳои ҷумҳурии мо ва чор парвоз ширкатҳои хитойӣ) анҷом медиҳанд. Парвозҳо аз шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ба самти Урумчӣ сурат мегиранд, ки ҳам барои сайёҳон ва ҳам рафтуомади гурӯҳҳои дигар, аз ҷумла соҳибкорон, хеле муфид аст.
Шариф РАҲИМЗОДА: - Саволи ман ба муҳтарам вазир. Чуноне медонем, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як ҳавопаймои хитойӣ истифода мешуд ва дар истифодаи он баъзе мушкилот мавҷуд буд. Ин тайёра бо кадом шарт ва шароит гирифта шудааст ва ҳоло дар кадом ҳолат қарор дорад?
Шералӣ ГАНҶАЛЗОДА: - Як ҳавопаймо аз ҷониби Тоҷикистон харидорӣ шуда буд ва тибқи он созишнома бояд тайёраи дуюмро низ харидорӣ мекардем. Дар вақти истифодабарии тайёра мо ба мушкилиҳо дучор омадем. Ин навъи тайёра (МА — 60) дар хатсайрҳои дохилии он кишвар истифода мешавад. Яке аз сабабҳои ҳар чӣ зудтар тасдиқ кардани созишномаи имрӯз баррасишаванда барои харидории қисмҳои эҳтиётии ин ҳавопаймо низ мебошад. Ҷониби хитойӣ дар масъалаи таъмини қисмҳои эҳтиётӣ ва таъмири ҳавопаймои мазкур анҷоми ҳама корро ба уҳдаи худ гирифтааст. Онҳо моро бовар мекунонанд, ки ин тайёра ҳатман таъмир мешавад ва онро аз нигоҳи мусбат ба мо муаррифӣ хоҳанд кард.
ЛАТИФЗОДА Рустам Барот: - Ман ба вазир савол дорам. Имрӯз ҳолати молиявӣ ва парки техникии «Тоҷик Эйр» дар чӣ ҳолат аст? Оё «Тоҷик Эйр» дар доираи созишномаи мазкур фаъолият менамояд?
Шералӣ ГАНҶАЛЗОДА: — Вазъи молиявии ширкатҳои ҳавопаймоии ҷумҳурӣ нисбат ба ду- се соли пеш рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст. Баъди таъини роҳбарияти нави ҶСК «Тоҷик Эйр» ва ҷудо кардани ин ширкати ҳавопаймоӣ аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе вазъи молиявии он хубтар шуд. Имрӯз дар ширкат се тайёра мавҷуд буда, фаъол ҳастанд. «Тоҷик Эйр» ду тайёраи дигарро аз ширкатҳои дигар ҷалб карданӣ ҳаст. Маҳз бо пешниҳоди «Тоҷик Эйр» хатсайри Душанбе — Пекин — Душанбе кушода шуд.
Барои беҳтар кардани фаъолияти «Тоҷик Эйр» мо як қатор чорабиниҳоро, аз қабили ҷалби сайёҳон тавассути ин ширкат ба Тоҷикистон, анҷом дода истодаем.
Баланд будани нархи чипта низ як ҷиҳати кори комиссияи байниидоравии мо буда, дар ин бобат ҳисоботу таҳлилҳо анҷом ёфта истодаанд.
РАИС: - Нархи чипта дар аксар кишварҳои минтақа назар ба мо паст аст. Сабаб дар қиматии сӯзишворӣ аст ё чизи дигар?
Шералӣ ГАНҶАЛЗОДА:- Қиматии сӯзишворӣ яке аз сабабҳост. Ҳоло комиссияи байниидоравӣ ҳар як ҷузъиёти нархи чиптаро дар алоҳидагӣ баррасӣ карда истодааст.
РАИС: - Ин ҷо бояд ҳама чиз аз рӯи адолат бошад. Ҳам фоида ва ҳам ҷанбаҳои дигар. Омили субъективӣ набояд ҷой дошта бошад.
Шералӣ ГАНҶАЛЗОДА:- Чанде пеш аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдо масъалаи қимат будани нархи чиптаи ҳавопаймоии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлилу тадқиқ ва баррасии ҳаматарафа қарор гирифта, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Дар пешниҳод нархи ҷории чипта ва хизматрасониҳои кишварҳои минтақа таҳлил шудаанд ва барои арзон кардани нархи чипта пешниҳоди мушаххас ироа шудааст.
Равшан РАҶАБОВ: - Ман ба муҳтарам вазир савол дорам, ки ба хатсайри Душанбе — Хуҷанд, Хуҷанд — Душанбе дахл доранд. Парвозҳо дар ин хатсайр аксаран ба вақти дигар гузаронида мешаванд. Аз ин хусус чӣ гуфта метавонед?
Шералӣ ГАНҶАЛЗОДА: - Воқеан ҳам, ҳоло дар ин хатсайрҳо реҷаи асосӣ қариб риоя намешавад. Ширкатҳои ҳавопаймоии кишвар ҳоло роҳҳои харидорӣ кардани тайёраҳои миёнаҳаҷмро ҷустуҷӯ доранд, то ин ки ба ин самт саҳар ва бегоҳӣ парвозҳо анҷом дода шаванд.
РАИС: — Вазорат сиёсати соҳаро муайян менамояд. Ин ҷо бояд роҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоии ҷумҳурӣ иштирок мекарданд, зеро аксари саволҳо ба онҳо марбут аст.
Лутфия РАҶАБОВА: — Сатҳи хизматрасонӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе қаноатбахш нест. Дар самти беҳбуд бахшидани сатҳи хизматрасонӣ чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
РАИС: - Ин савол ба роҳбарияти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дахл дорад ва ба ин савол бояд роҳбари он ҷавоб гӯяд. Шумо, муҳтарам вазир, дархостҳои вакилони Маҷлиси намояндагонро ба роҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва фурудгоҳҳо расонед. Вазъро беҳбудӣ бахшидан лозим аст. Дар акси ҳол маҷбур мешавем, ки муҳокимаи парламентӣ доир намуда, аз роҳбарони масъули ширкатҳо ва фурудгоҳҳо пурсон шавем.
Дар хусуси тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.
РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умаров Мансурҷон Ғаффорович дода мешавад.
Мансурҷон УМАРОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон, ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тибқи супориши протоколии Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 феврали соли 2016, таҳти №2 таҳия гардидааст. Иловаҳои пешниҳодгардида ба муқаррар намудани маҳдудият нисбат ба хизмати давлатӣ бинобар доштани шаҳрвандии давлатии хориҷӣ равона мебошанд. Аз лиҳози таъмини манфиатҳои миллӣ ва пешгирӣ намудани хавфи дастрас гардидани маълумоти сирри давлатидошта ё дигар иттилооте, ки метавонад ба зарари Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода шавад, чунин маҳдудият барои хизмати ҳарбӣ дар мақомоти амнияти миллӣ ба мақсад мувофиқ аст.
Ҳамчунин, бо қабули илова ва тағйирот ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ 22 майи соли ҷорӣ, зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллӣ» ба миён омад.
Ин тағйиру иловаҳо мазмун ва моҳияти қонунро дигар нанамуда, истилоҳот дар он ба талаботи имлои забони тоҷикӣ мутобиқ карда шудаанд.
Лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надорад.
Аз шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоҳиш менамоям, ки қабули лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Қобилов Аҳматҷон дода мешавад.
Аҳматҷон ҚОБИЛОВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Он бо мақсади мутобиқ гардонидани меъёрҳои қонуни амалкунанда ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешбинӣ намудани маҳдудият дар хизмати давлатӣ дар мақомоти амнияти миллӣ, бинобар соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар, таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Мувофиқи тағйироти пешбинигардида, минбаъд корманди мақомоти амнияти миллӣ шахсе шуда метавонад, ки танҳо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, забони давлатиро донад, ки аз рӯи қобилияти шахсӣ ва корӣ ва вазъи саломатиаш уҳдадориҳои ба ӯ гузошташударо иҷро карда тавонад.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷонибдорӣ намуданд. Таклифу пешниҳодоти аз кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодгашта, дар маҷмӯъ ба инобат гирифта шуданд. Умуман, 30 таклифу пешниҳод ворид гардид, ки 14- то пурра ва 11- тои он қисман қабул гардид.
Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 27 октябри соли 2016 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дод.
Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад.
Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ кунед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: - Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Назризода Саидраҳмон Рустам дода мешавад.
Саидраҳмон НАЗРИЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод шудааст, ки зарурияти баррасии он ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои дар паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ барои солҳои 2014, 2015, инчунин дар ҷаласаҳои Шӯрои миллии рушд дар соли 2016 баёнгардида ба миён омадааст.
Раванди солҳои охири дар ҷаҳон ва кишвар рухдода талаботи наверо ба ҷараёни банақшагирии стратегии рушди иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла зарурияти ҳамоҳангсозии як қатор рукни қонуни зикргардида бо ин дигаргуниҳоро, ба миён овардааст.
Мавриди зикр аст, ки дар матни қонуни амалкунанда калимаи «инкишоф» дарҷ гардидааст, ки он бештар дар истилоҳоти биологӣ истифода мегардад. Аз ин хотир, дар лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида калимаи «инкишоф» ба калимаи «рушд» иваз карда шудааст.
Инчунин, калимаи «Сарқонун» бо дарназардошти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз матни қонун хориҷ карда шудааст.
Омӯзиши таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозӣ дар кишварҳои пешрафта барои давраи дарозмуҳлат омода карда мешавад, ки он 10, 15 сол ва зиёда аз онро дар бар мегирад ва дар қонуни амалкунанда муҳлати таҳияи стратегияҳо 10 сол муқаррар гардидааст, ки ин барои таҳияи стратегияҳои дарозмуҳлат маҳдудият эҷод менамояд.
Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар асоси талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, хароҷоти иловагии молиявиро талаб намекунад.
Аз шумо, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Азимзода Толибхон Ситамурод дода мешавад.
Толибхон АЗИМЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи қонуни баррасишаванда бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 октябри соли 2016 лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд. Он бо мақсади такмили қонунгузории ҷорӣ, инчунин тақвият бахшидани имконият ба фаъолияти иҷтимоию иқтисодӣ, илмию техникӣ таҳия гардидааст.
Ба матни қонун баъзе калимаҳои тибқи қонунгузории ҷорӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда ворид ва ё хориҷ карда, дар ду модда муҳлатҳои қабули чунин стратегияҳою консепсияҳо ба 15 сол муайян карда мешаванд.
Онро кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуда, ҳамчунин, барои такмили он 8 таклиф пешниҳод намуданд, ки мавриди омӯзиш қарор гирифта, аз онҳо 5-тояш қабул гардида, 3-тояш қабул нашуд.
25 октябри соли равон ин лоиҳа дар ҷаласаи васеи кумита бо иштироки намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибдорӣ шуд.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надорад.
Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро дастгирӣ намоед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» сухан ба директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатов Ҷумъа Маҳмадалиевич дода мешавад.
Ҷумъа ДАВЛАТОВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Бо изҳори сипос аз мусоидати шумо дар таҳкими заминаҳои ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатӣ ва бо арзи эҳтиром лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» барои баррасӣ пешниҳод карда мешавад.
Он ҷиҳати иҷрои талаботи тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи раъйпурсии умумихалқӣ аз 22 майи соли 2016 воридгардида ва бо мақсади иҷрои банди 14 протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 феврали соли 2016, № 2 ҷиҳати такмили қонунгузории хизмати давлатӣ вобаста ба танзими иловагии масъалаҳои доштани шаҳрвандии давлати хориҷӣ, танзими нафақа ва масъалаҳои дигари муҳими соҳаи хизмати давлатӣ таҳия гардидааст.
Лоиҳа фарогири ду модда буда, моддаи 1-уми он аз даҳ қисм иборат мебошад. Аз ҷумла, дар қисми 1-уми лоиҳа ҷиҳати мувофиқ намудан ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад, ки аз сархати сеюми моддаи 1, матни моддаи 4 ва сархати шашуми қисми 3 моддаи 11 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
Дар қисмҳои 2,3 ва 7-уми лоиҳа бо мақсади мувофиқ намудан ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод мегардад, ки дар ном ва матни моддаи 14, қисми 2 моддаи 15 ва қисми 1 моддаи 27 калимаҳои «Делои» ва «делои» мутаносибан ба калимаҳои «Парвандаи» ва «парвандаи» иваз карда шаванд.
Дар қисми 3-юми лоиҳа пешниҳод мегардад, ки дар қисми 1 моддаи 15-уми қонун калимаҳои «ному насаб» ба калимаҳои «насаб, ном ва номи падар» иваз карда шуда, мувофиқати он бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» таъмин карда шавад.
Дар қисмҳои 4 ва 6-ум бо мақсади иҷрои талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тақозои замон ва имкониятҳои буҷетӣ пешниҳод мегардад, ки дар моддаҳои 16 ва 23-юми қонун номгӯйи ҳолатҳои дохил шудан ва будан дар хизмати давлатиро истисно мекунад, бо се ҳолати нави зерин пурра карда шаванд:
«- агар шаҳрвандии давлати дигарро дошта бошад;
- аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромада, шаҳрвандии дигар давлатро гирифта бошад;
- нафақагири Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлати хориҷӣ бошад;».
Дар робита ба ин, ҳамчунин дар қисми 8-уми лоиҳа вобаста ба қисми 1 моддаи 28-уми қонун меъёри нав — уҳдадории хизматчии давлатӣ ҷиҳати хабар додан ба роҳбари мақоми давлатӣ дар бораи қатъи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар пешниҳод карда мешавад.
Дар қисми 10-уми лоиҳа имконияти дохил шудан ва будан дар хизмати давлатӣ бо қатъ намудани пардохти нафақа пешбинӣ карда мешавад.
Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба таҷрибаи дигар кишварҳо мувофиқ буда, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.
Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкур ҷонибдорӣ карда шавад.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Абдуллозода Иброҳим Ғоибназарӣ дода мешавад.
Иброҳим АБДУЛЛОЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мутобиқ намудани матни қонун ба тағйиру иловаҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мувофиқ намудан ба имлои забони тоҷикӣ ва ҳамчунин, ҷиҳати баланд бардоштани масъулияти хизматчии давлатӣ таъсиррасонии ҳуқуқиро ба вазъи ҳуқуқии хизматчии давлатӣ пешбинӣ менамояд. Бо ин мақсад калимаи «Сарқонун» аз матни қонун бардошта, вазъи шаҳрвандии хизматчии давлатӣ мушаххас гардонида шудааст.
Лоиҳаи қонуни баррасишаванда бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 октябри соли 2016 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон онро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷонибдорӣ ва ҷиҳати такмили он дар маҷмӯъ 16 таклиф пешниҳод намуданд, ки аз онҳо 10 таклиф қабул ва 3 таклиф қисман қабул гардида, 3 таклиф қабул нашуд.
Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 27 октябри соли ҷорӣ дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор дода, он аз тарафи иштирокчиёни ҷаласа ҷонибдорӣ карда шуд. Лоиҳаи қонуни мазкур 31 октябри соли ҷорӣ дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардида, бо ба инобатгирӣ ва ислоҳи эродҳо мукаммал гардонида шуд.
Он ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мухолифат намекунад ва аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд.
Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки барои қабули лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ» сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмадиён Ҷамшед дода мешавад.
Ҷамшед НУРМАҲМАДИЁН: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд!
Ба муҳокимаи шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ» пешниҳод карда мешавад.
Он бо мақсади такмилдиҳии раванди пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ, шароитмуҳайёкунӣ ба субъектҳои хоҷагидор барои истифодаи васеи стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ таҳия шудааст.
Қобили қайд аст, ки мутобиқи моддаи 8-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ» гузаронидани аккредитатсияи ташкилотҳои касбӣ ба салоҳияти мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ (Вазорати молия) вогузор гардидааст, вале оиди таҳия ва қабули қоидаҳои гузаронидани аккредитатсия дар қонуни мазкур муқаррароти мушаххас пешбинӣ нагардидааст.
Қоидаҳои гузаронидани акрредитатсия ҳамчун санади меъёрии ҳуқуқӣ мебояд таҳия гардида, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати истифодаи умумиҳатмӣ ба қайди давлатӣ гирифта шавад. Ҳангоми ба қайди давлатӣ гирифтани санади меъёрӣ зарур аст, ки тибқи талаботи моддаи 33 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ишора ба муқаррароти мушаххаси санади меъёрии ҳуқуқӣ дарҷ гардад.
Аз ин лиҳоз, дар қисми 2 моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ» зарурияти ворид намудани сархати алоҳида бо мазмуни дахлдор ба вуҷуд омадааст.
Ҳамчунин, вобаста ба ворид намудани илова дар қисми 9 моддаи 10-уми қонуни мазкур иброз шудааст, ки дар асоси муқаррароти қонуни номбурда танҳо субъектҳои дорои манфиати умум уҳдадоранд, ки ҳисоботи молиявии худро мутобиқи Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ба роҳ монда (моддаи 10, қисми 7), дигар субъектҳои хоҷагидор, ки ҳамчун субъектҳои дорои манфиати умум эътироф намегарданд, баҳисобгирии муҳосибии худро бояд тибқи стандартҳои миллӣ амалӣ намоянд (моддаи 10, қисми 9).
Бо назардошти аз байн бурдани маҳдудияти истифодаи Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ аз ҷониби дигар субъектҳои хоҷагидор (ба истиснои субъектҳои дорои манфиати умум), ба мақсад мувофиқ мебошад, ки дар қисми 9 моддаи 10 –уми қонуни амалкунанда «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ» калимаҳои «ё байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» илова карда шаванд.
Иловаҳо ба моддаи 10- уми қонуни мазкур шароит фароҳам меорад, ки дигар субъектҳои хоҷагидор, ки ҳамчун субъектҳои дорои манфиати умум намебошанд, ҳангоми интихоби сиёсати баҳисобгирӣ метавонанд баҳисобгирии муҳосибии худро дар асоси талаботи Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ба роҳ монанд.
Иловаҳои мазкур барои рушди соҳибкории хурду миёна дар ҷумҳурӣ шароити мусоид фароҳам оварда, имконият медиҳанд, ки робитаҳои ширкатҳои ватанӣ бо ширкатҳои хориҷӣ зиёд гардад, зеро яке аз талаботҳои асосии ширкатҳои хориҷӣ аз истифода намудани Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ дар ширкатҳои ватанӣ иборат мебошад.
Инчунин, дар натиҷаи пеш бурдани баҳисобгирии муҳосибӣ бо истифода аз стандартҳои мазкур ба ҷалби бештари сармоягузориҳои хориҷӣ замина мегузорад.
Илова бар ин, дар лоиҳаи қонун бинобар сабаби ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тариқи овоздиҳии умумихалқӣ 22 июни соли 2016 қабул шудааст, пешниҳод мегардад, ки аз матни моддаи 3 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, қабули он маблағи иловагиро аз Буҷети давлатӣ талаб наменамояд. Бинобар ин, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Ҷобирзода Тоҳир Гул дода мешавад.
ҶОБИРЗОДА Тоҳир Гул: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Он бо мақсади такмилдиҳии раванди пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ, мутобиқ намудани меъёрҳо ба талаботи қонунҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шароитмуҳайёкунӣ оид ба истифодаи васеи стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор, тағйиру иловаҳо ворид карда мешаванд.
Ба моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ» барои батартибдарории аккредитатсияи ташкилотҳои касбии муҳосибон аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ сархати дуюм бо мазмуни зерин пешниҳод карда шудааст:
- қоидаҳои аккредитатсияи ташкилотҳои касбии муҳосибонро таҳия ва тасдиқ менамояд.
Тибқи тағйироти қисми 9 моддаи 10 бо мақсади дуруст ба роҳ мондани фаъолияти худ ташкилотҳои касбӣ бояд мутобиқи стандартҳои миллӣ ва ё байналмилалӣ фаъолияти баҳисобгирии муҳосибӣ ва тартиб додани ҳисоботи молиявиро амалӣ намоянд.
Аккредитатсия — расмиёти ба таври расмӣ тасдиқ намудани мутобиқати субъектҳои ташкилотҳои касбӣ ба меъёру нишондиҳандаҳои муқаррарнамудаи стандартҳои миллӣ ва ё байналмилалӣ мебошад.
Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 октябри соли 2016, №907 лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Онро кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуданд. Он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.
Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ кунед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.
РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» сухан ба муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Адолат дода мешавад.
Адолат АБДУРАҲМОНЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» бо мақсади ошкор кардани қонуншиканиҳо ва ҷинояткорӣ, аз байн бурдани дуздии телефонҳои мобилӣ, пешгирии хариду фурӯши телефонҳои пастсифат таҳия шудааст.
Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон телефонҳои мобилии пастсифати ба саломатии шаҳрвандон зараровар ворид шуда, мавриди хариду фурӯш ва истифода қарор мегиранд, ки маълумоти идентификатории онҳо якхела ва ё такроршаванда мебошанд.
Якхела ва такроршаванда будани маълумоти идентификатории телефонҳои мобилӣ барои идентификатсияи гумонбар ҳангоми содир шудани ҷиноят мушкилӣ эҷод намуда, кори мақомоти тафтишотро душвор гардонида, ба поймолшавии ҳуқуқҳои шаҳрвандон, ки тамоман ба содиршавии ҷинояти мазкур алоқамандӣ надоранд, оварда мерасонад.
Ҳангоми ҷорӣ намудани Системаи давлатии бақайдгирии телефонҳои мобилӣ ва таъсиси базаи маълумоти идентификатории телефонҳо хариду фурӯш ва истифодабарии телефонҳои пастсифат пешгирӣ шуда, маълумоти Системаи давлатии телефонҳои мобилӣ барои ошкор кардани қонуншиканиҳо ва ҷинояткорон мусоидат менамояд.
Инчунин, бо хабари муштарӣ рақами индентификатории телефони мобилии ӯ аз базаи маълумот бароварда шуда, телефони мобилии дуздидашуда тамоман истифода шуда наметавонад ва барои ошкор кардани ин ҳолат дар муҳлати кӯтоҳ мусоидат менамояд.
Бақайдгирии идентификатории телефони мобилӣ як маротиба бо таври автоматӣ амалӣ карда мешавад ва ҳангоми бақайдгирӣ, бинобар набудани зарурият, ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дода намешавад.
Дар баробари ин, тибқи тартиби гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти дигари давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот ва лоиҳаҳои онҳо арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» гузаронида, дар он омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия муайян карда нашуд.
Аз ин лиҳоз аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки барои қабули қонуни зикргардида овоз диҳед.
РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Исматуллоев Дилшод Абдуғаффорович дода мешавад.
Дилшод ИСМАТУЛЛОЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Мувофиқи лоиҳаи пешниҳодшуда, ба моддаҳои 2, 4, 6, 18, 20, 21, 24, 29, 33, 34, 37 ва 42 тағйиру иловаҳо ворид шуда, моддаи 301 илова карда мешавад.
Лоиҳаи қонуни мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №908 17 октябри соли ҷорӣ ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои ҷамъбасти хулосаҳо ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия супорида шуд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, барои мукаммал гардонидани он 15 таклифу пешниҳод намуданд.
Кумитаи масъул 21 октябри соли 2016 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ҷаласаи васеъ гузаронида, лоиҳаи қонунро мавриди баррасӣ қарор доданд. Зимни он дархосту пешниҳодҳои ирсолшуда омӯхта шуда, дар натиҷа 10 таклифу пешниҳод қабул ва 3 таклиф қисман қабул гардида, 2 таклиф қабул нашуд.
Пешниҳодҳои Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳуриии Тоҷикистон низ ба назар гирифта, лоиҳаи қонун такмил дода шуд.
Он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигар меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Хоҳишмандем, онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Салимзода Олим дода мешавад.
Олим Салимзода: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Ҷойгоҳ ва нақши матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма дар рӯзгори кунунӣ басо бузург буда, бидуни шак ва тардид он дар ташаккул ва такомули афкори ҷомеа таъсири калон дорад.
Фаъолияти воситаҳои ахбори омма дар рушди ҷомеа, ки дар он бархӯрди тамаддунҳо, тағйиру табдили идеология ва равандҳои дигари ҷаҳонишавӣ зуҳур кардааст, аҳамияти бештареро касб кардааст.
Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон – давлативу хусусӣ ва соҳавӣ аз рӯзи нахустини ба истиқлолият расидани Тоҷикистон баҳри бароварда гардонидани эҳтиёҷоти мардум ба ахбор ва боло бурдани сатҳи огаҳии он талош меварзанд. Дар ин маврид зикри суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро айни муддао медонам: «Таҷрибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон медиҳад, ки рӯзномаву маҷаллаҳо ва телевизиону радио ҳамчун яке аз воситаҳои асосии таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа метавонанд ба ҳалли мушкилоти мавҷуда фаъолона мусоидат намоянд. Зеро ҷомеа ба ахбор доир ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ва умуман, ҳамаи шохаҳои ҳокимият ниёз дорад, ки ин яке аз аслҳои бунёдии ҷомеаи озоди демократист».
Аз ин рӯ, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» бо мақсади такмил ва таҳрири қонуни амалкунанда пешниҳод шудааст.
Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Имомзода ва М. Раҷабзода бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ лоиҳаи қонуни мазкурро таҳия ва пешниҳод намуданд.
Он тибқи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон расмиёти дохилиидоравиро гузаштааст.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳодҳои арзишманд дар такмили лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» саҳм гирифтанд.
Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям, онро ҷонибдорӣ намоед.
Дар муҳокимаи ин масъала вакилон Ҷамшед Муртазоқулов, Абдулғаффор Раҳмонзода, Рустам Қудратов иштирок намуданд.
Бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров лоиҳаи қонуни мазкур барои такмил ба кумитаи масъул бозпас гардонида шуд. Ин пешниҳодро вакилон ҷонибдорӣ намуданд.
РАИС: — Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ дода мешавад.
ҚАЛАНДАРЗОДА Мавлуда Сатторӣ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Мақсад аз пешниҳоди он мутобиқ намудани Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва мушаххас намудани меъёрҳои алоҳидаи Кодекси амалкунанда мебошад.
Мувофиқи қисми 1 лоиҳаи қонун аз қисми 1 моддаи 1, қисми 1 моддаи 9, сархати чоруми қисми 2 моддаи 417 ва сархати якуми қисми 4 моддаи 418 Кодекси мазкур хориҷ намудани калимаи «Сарқонуни» пешниҳод гардидааст.
Тибқи қисми 2 лоиҳаи қонун дар қисми 2 моддаи 161 Кодекси мазкур пас аз рақами «137,» илова намудани рақами «1371» пешбинӣ гардидааст.
Мутобиқи қисми 3 лоиҳаи қонун дар қисми 1 моддаи 3, қисми 1 моддаи 5, қисми 3 моддаи 112, қисми 1 моддаи 470, қисмҳои 1 ва 4 моддаи 472, моддаҳои 474, 475, қисми 1 моддаи 476 ва қисмҳои 1 ва 3 моддаи 478 Кодекси мазкур иваз намудани калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» ва қисми 5 лоиҳа дар қисми 1 моддаи 219, қисми 1 моддаи 378 ва қисми 2 моддаи 444 Кодекси мазкур иваз намудани калимаи «ҳақ» ба калимаи «ҳуқуқ»-ро дар бар мегирад.
Инчунин, тибқи қисми 4 лоиҳаи қонун дар қисми 2 моддаи 470 ва қисми 4 моддаи 473 Кодекси мазкур иваз намудани калимаҳои «Шӯрои адлияи» ба калимаҳои «Суди Олии» пешбинӣ гардидааст.
Он бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №910 17 октябри соли 2016 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро ҷонибдорӣ намуда, ҷиҳати такмил 8 таклифу пешниҳод манзур кардаанд, ки 5 — тои он пурра қабул ва 3-тоаш дастгирӣ наёфт.
Кумитаи масъул 28 октябри соли 2016 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ таклифу пешниҳодҳои ироагардидаро муҳокима намуданд ва бо дарназардошти он лоиҳаи қонуни мазкур такмил дода шуд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва қабули он аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад.
Эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Қудратов Рустам Раҳматович дода мешавад.
Рустам ҚУДРАТОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Д. Гулмаҳмадзода, С. Абдураҳмонзода ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Насриддинзода ва Ш. Сироҷов ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 июни соли 2016, таҳти № 780 лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Он бо мақсади мутобиқгардонӣ ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва ба ин васила, бартараф сохтани мухолифати дохилии меъёрҳои мушаххаси он, инчунин такмили ҳифзи иҷтимоии кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷонибдорӣ намуданд. Аз кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 таклиф пешниҳод гардид, ки 14 пешниҳод қабул ва 11 таклиф қисман ва 5 таклифи дигар қабул нашуд.
Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 27 октябри соли 2016 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дод.
Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад.
Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Вакилони гиромӣ!
6-уми ноябр Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо иштироки фаъолона ва роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон таҳия гаштааст, 22- сола мешавад.
Фарорасии солгарди навбатии Конститутсия – чароғи раҳнамои давлату миллати тоҷикро ба ҳамаатон самимона табрик мегӯям.
Бо гузашти солҳо мо ба дурустии интихоби кардаамон – эҷоди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ торафт бештар мутмаин мегардем.
Дар ҳақиқат, ин фазои озоду демократӣ, суботи сиёсиву ваҳдати миллӣ ва рушду эътибори баланди давлату миллати тоҷик ҳама ба шарофати татбиқи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст омадаанд.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки баъди аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсия ворид намудани тағйиру иловаҳои навтарин ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз боз ҳам комил гашт ва ба миллати тоҷик ҷиҳати эъмори давлати пешрафтаи муосир роҳро ҳамвортар сохт.
Дар пешорӯи ин Рӯзи нек рӯйдоди таърихие ба вуқӯъ пайваст, ки онро мардуми шарифи кишвар интизорӣ мекашид – бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо иштироки мустақими Пешвои миллатамон Эмомалӣ Раҳмон ҳусни оғоз ёфт.
Акнун умеду боварии мо дар мавриди расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ бештару қавитар гардид.
Ин дастоварди, бе шакку шубҳа, миллиро бо камоли ифтихор ба ҳамаи шумо табрик мегӯям. Ҳамчунин, ба Тоҷикистони азиз пешравиҳои аз ин бештар таманно менамоям.
Дар хотима Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ба раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад Холмуҳаммад ва узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Бадриддин Садриддинов Ифтихорномаи Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки барои иштироки пурсамар дар мақомоти қонунгузорӣ ва тақвияти робитаҳои дӯстии халқҳо сарфароз гардидаанд, ботантана супурд.
Самариддин АСОЕВ, Аъзам МӮСОЕВ, Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум». Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ