Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Қонунҳои амалкунанда такмил ёфта, созишномаҳои ҳамкорӣ ба тасвиб расиданд

№47 (3527) 09.04.2016

DSC_04816 апрели соли 2016 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.

 Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:  

1. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

2. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ»

3.  Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ»

4. Оид ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия дар бораи ҳамкории молиявӣ барои солҳои 2014 — 2015

5. Оид ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия дар бораи ҳамкории техникӣ барои солҳои 2014 — 2015

6. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

7. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият»

8. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ».

9. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон».

 

РАИС: — Ба муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа шурӯъ менамоем. Масъалаи аввал – «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Ин масъала дар ҷаласаи қаблии Иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуд. Дар ҷаласаи имрӯза роҳбарони масъули сохторҳои марбута даъват шудаанд.

Ҳоло аз рӯи ин масъала сухан ба сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфатоҳи Ғоиб дода мешавад.

Абдуфатоҳи ҒОИБ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таҳлили ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро гузаронида, муайян намуд, ки шахсоне ба фаъолияти иқтисодии хориҷӣ машғуланд, дар бисёр ҳолат талаботи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳангоми интиқоли молу воситаҳои нақлиёт тавассути сарҳади гумрукӣ риоя намекунанд ва тибқи талаботи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷазои маъмурӣ кашида мешаванд.

Ҷазои маъмурӣ бо мақсади риояи бечунучарои Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ равона карда шудааст.

Ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаи гумрук хусусияти иқтисодӣ дошта, бештар аз тарафи соҳибкорони ба фаъолияти иқтисодӣ машғулбуда содир карда мешавад ва яке аз сабаб­ҳои асосии вайронкунии қоидаҳои гумрукӣ ва ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани шахсон, ин паст будани ҳаҷми ҷаримаҳое мебошад, ки дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.

Мақсад аз пешниҳоди тағйиру иловаҳои ба боби 32, моддаи 570 ва аз моддаҳои 572 то 598 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар онҳо ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии соҳаи қонунгузории гумрук ба танзим дароварда шудаанд, чунин аст:

- амалӣ намудани талаботи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ аз тарафи шахсоне, ки ба фаъолияти иқтисодии хориҷӣ машғуланд;

- дастгирии соҳибкороне, ки дар доираи қонунгузорӣ фаъолият мекунанд;

- дастгирии соҳибкорони ватание, ки ба истеҳсоли молу маҳсулот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон машғул мебошанд.

Инчунин, ин тағйироту иловаҳо барои мутобиқ гардонидани меъёрҳои моддаҳои гуногуни боби 32 кодекси мазкур пешбинӣ шуда, меъёрҳои ҷазоро барои шахсони воқеӣ, шахсони мансабдор ва шахсони ҳуқуқӣ мушаххас мегардонад. Масалан, тибқи муқаррароти санксияи моддаи 571 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба шахсони ҳуқуқвайронкунанда ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима татбиқ карда мешавад.

Дар санксияи моддаҳои 570, 572, 573, 574, 576, 578 қисмҳои 3 ва 4, 580, 581, 582 қисми 2, 583, 584 қисми 2, 587, 588, 590 ҷаримабандӣ дар намуди нишондиҳанда барои ҳисобҳо паст муқаррар карда шудааст.

Аз ин ҷиҳат, бо мақсади мураттабсозии меъёрҳои моддаҳои зикршуда ва аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ, дар лоиҳаи пешниҳодшуда ин номутобиқиҳо ба назар гирифта шудаанд.

Ҳамзамон, тибқи лоиҳаи пешниҳодгардида ба баъзе санксияҳои моддаҳои зикргардида, вобаста ба таъин намудани ҷазо ба шахсони воқеӣ, шахсони мансабдор ва шахсони ҳуқуқӣ меъёрҳои фарқкунанда пешниҳод гардидаанд.

Масалан, агар дар санксияи моддаи 577 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони воқеӣ, шахсони мансабдор ва шахсони ҳуқуқӣ ҷазои умумӣ ба андозаи аз нисф то дукаратаи арзиши мол ё воситаи нақлиёте, ки ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мебошанд, пешбинӣ шуда бошад, дар лоиҳаи пешниҳодгардида ба таври мушаххас ҳадди поёнӣ ва болоии ҷарима ба шахсони воқеӣ ва шахсони мансабдор аз нисф то яккарата ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи аз як то дукаратаи арзиши мол ё воситаи нақлиёте, ки ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мебошанд, муайян гардидааст.

Бояд қайд намуд, ки тибқи меъёрҳои амалкунанда то ба ҳол агар барои таъини ҷазо ба шахсони воқеӣ, шахсони мансабдор ва шахсони ҳуқуқӣ, қонун андозаи поёнӣ ва болоии ҷазоро якхела пешбинӣ карда, ба суд ҳуқуқи дар доираи ҷазои пешбинигардида муайян кардани андозаи онро дода бошад, баъд аз қабули лоиҳаи қонуни мазкур меъёри он ба таври мушаххас андозаи ҷазои ҷаримаро ба шахсони воқеӣ ва шахсони мансабдор як хел ва ба шахсони ҳуқуқӣ вобаста ба мавқеи имконияти онҳо бо андозаи дигар муайян менамояд.

Чунин ҳалли масъала аз ҷониби дигар омилҳои хавфи содиршавии амалҳои коррупсиониро ҳангоми татбиқи ҷазо аз ҷониби судҳо кам менамояд. Ба ин монанд, тағйирот дар санксияҳои қисмҳои 1 ва 2 моддаи 578, қисми 1 моддаи 593 ва қисми 1 моддаи 594 пешниҳод гардидааст.

Қобили зикр аст, ки маблағҳои ситонидашудаи ҷаримаҳо ба Буҷети давлатӣ гузаронида мешаванд.

Бинобар гуфтаҳои зикршуда, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкур дастгирӣ карда шавад.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Нусратулло дода мешавад.

Нусратулло ДАВЛАТЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон, ҳозирини гиромӣ! 

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо назардошти ба миён омадани шаклҳои нави содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва бо мақсади пешгирии зиёдшавии шумораи онҳо таҳия гардидааст, зеро таҳлилу омӯзишҳои мақомоти андоз нишон медиҳанд, ки дар солҳои охир шаклҳои нави содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ба назар расида, шумораи содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар самти риояи қонунгузории андоз тамоюли зиёдшавиро дорад ва андозсупорандагон ё агентҳои андоз аз баъзе номукаммалиҳои қонунгузорӣ истифода намуда, бо ҳар роҳу восита аз иҷрои уҳдадориҳои андоз саркашӣ намуда истодаанд.

Бинобар ин, зарурияти таҳия ва қабул намудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба моддаҳои 602, 615, 616 ва 618 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баррасии он дар салоҳияти мақомоти андоз мебошад, ба миён омадааст.

Моддаи 602 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Риоя накардани тартиби нигоҳ доштан ё нигоҳ надоштани андоз дар манбаи пардохт» ном дошта, пешниҳод гардидааст, ки ба он қисми нав дар таҳрири зерин ворид карда шавад:

«Барои аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ додани маблағҳои пулӣ барои пардохти даромад дар шакли музди меҳнат бе пешакӣ ба буҷет аз ҷониби андозсупоранда (агентҳои андоз) гузаронидани маблағи андоз аз даромад ва андози иҷтимоие, ки ба ҳамин маблағҳои пулӣ алоқаманд аст,

- ба шахсони мансабдор аз шаст то ҳаштод ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз яксаду шаст то яксаду ҳаштод нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад».

Тибқи иловаи мазкур, минбаъд аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ додани маблағҳои пулӣ барои пардохти даромад дар шакли музди меҳнат, бе пешакӣ аз ҷониби андозсупоранда ё агентҳои андоз ба буҷет гузаронидани маблағи андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ ҳамчун ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ эътироф карда мешавад.

Бояд ёдрас шуд, ки мутобиқи моддаи 13 Кодекси андоз агенти андоз вазифадор аст, ки андозҳои мутобиқи Кодекси мазкур аз андозсупоранда ё аз манбаи пардохт нигоҳдошташавандаро дуруст ва сари вақт ҳисоб намояд, нигоҳ дорад ва ба буҷети дахлдор гузаронад.

Инчунин, қисми 4 моддаи 125 Кодекси андоз муқаррар намудааст, ки ба ташкилотҳои қарзӣ додани маблағҳои пули нақд барои пардохти даромад дар шакли музди меҳнат бе пешакӣ ба буҷет аз ҷониби андозсупорандагон ё агентҳои андоз гузаронидани маблағи андоз аз даромад ва андози иҷтимоие, ки ба маблағи воситаҳои пули нақди дар боло пешбинигардида алоқаманд аст, манъ мебошад.

Аммо таҷрибаи амалӣ ва таҳлилҳои мақомоти андоз аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки дар як қатор ҳолатҳо андозсупорандагон – шахсони ҳуқуқӣ (корхонаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ) ва соҳибкорони инфиродӣ маблағи музди меҳнати кормандонро пардохт намуда, аз ин ҳисоб андози даромад аз шахсони воқеӣ ва андози иҷтимоиро нигоҳ надошта, ба буҷет пардохт наменамоянд. Дар баробари ин, ташкилотҳои қарзӣ низ, новобаста аз он ки меъёрҳои зикргардидаи Кодекси андоз аз ҷониби агентҳои андоз риоя карда намешавад, маблағи музди меҳнатро тибқи супориши андозсупоранда хароҷот менамоянд.

Сархати 3 қисми 4 моддаи 72 Кодекси андоз чораи маҷбуран ситонидани қарзи андозҳоро бо роҳи боздоштани амалиёти хароҷотии суратҳисобҳои андозсупоранда дар ташкилотҳои қарзӣ муқаррар намуда бошад ҳам, ба тариқи истисно пешбинӣ намудааст, ки новобаста аз он ки суратҳисоби бонкии андозсупоранда бо мақсади ситонидани қарзи андозҳо боздошт карда шудааст, маблағи музди меҳнат ва дигар пардохтҳои ба он баробаркардашуда бемонеа гузаронида мешаванд.

Бояд қайд намуд, ки манбаи андоз аз даромади шахсони воқеӣ ва андози иҷтимоӣ даромади дар шакли музди меҳнат гирифтаи шахси воқеӣ мебошад. Яъне, андозҳои мазкур аз дохили музди меҳнат, ки новобаста аз боздошта шудани суратҳисоби бонкӣ пардохт мегардад, гирифта мешаванд.

Дар ин маврид тибқи қонунгузорӣ корфармо ҳамчун агенти андоз уҳдадор аст, ки маблағи андози даромад ва андози иҷтимоии ба ин музди меҳнат алоқамандро нигоҳ дошта, ба буҷет пардохт намояд ва ташкилоти қарзӣ низ, бе супоришнома оид ба пардохти ин ду намуди андоз музди меҳнатро интиқол ва ё хароҷот накунад.

Бинобар ин, иловае, ки ба моддаи 602 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, ба талаботи моддаи 72 Кодекси андоз мухолифат наменамояд.

Моддаи 615 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Риоя накардани тартиби истифодаи мошинаҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалӣ ва баҳисобгирии хазина» ном дошта, тибқи иловаҳо ба номи модда калимаҳои «терминалҳои электронӣ» ва қисми нав дар таҳрири зерин пешниҳод гардидааст:

«Барои саркашӣ намудан аз насби терминалҳои электронӣ ё рад кардани истифодабарии кортҳои пардохтии бонкӣ дар ҳисоббаробаркуниҳо, — ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сад то яксаду шаст, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз яксаду шаст то яксаду ҳаштод ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз яксаду ҳаштод то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.

Тағйиру иловаҳо ба моддаи 615 бо мақсади таъмини талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ» аз 31 декабри соли 2014 таҳти № 815 вобаста ба насб ва истифодаи терминалҳои электронӣ ҷиҳати ба роҳ мондани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ пешбинӣ гардидааст. Дар меъёрҳои амалкунандаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷавобгарӣ барои саркашӣ намудан аз насби терминалҳои электронӣ ё рад кардани истифодабарии кортҳои пардохтии бонкӣ дар ҳисоббаробаркуниҳо ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ нагардидааст.

Бинобар ин, иловаи пешбинигардида минбаъд барои саркашӣ намудан аз насби терминалҳои электронӣ ё рад кардани истифодабарии кортҳои пардохтии бонкӣ дар ҳисоббаробаркуниҳо ҷавобгарии маъмуриро дар шакли ҷарима муқаррар менамояд.

Пешбинӣ шудааст, ки тағйирот ба моддаи мазкур мутобиқи моддаи 2 лоиҳаи қонуни мазкур аз 1 январи соли 2017 мавриди амал қарор дода мешавад.

Тағйироти дар моддаи 616 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пешбинигардида хусусияти таҳрирӣ дошта, барои мутобиқ намудани рақамҳои моддаҳои Кодекси андози қаблӣ ба рақамҳои моддаҳои Кодекси андози амалкунанда равона карда шудааст.

(Тибқи тағйироти пешбинигардида рақамҳои 38, 47, 74, 76 ва 77-уми модда ба рақамҳои 19, 27, 54, 56 ва 57 иваз карда мешаванд).

Моддаи 618 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Соҳибкории сохта» ном дошта, мутобиқи муқаррароти амалкунандаи он «таъсиси шахси ҳуқуқӣ ва ё ба қайди давлатӣ гирифтани соҳибкори инфиродӣ бидуни мақсади пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ, бо мақсади бо роҳи саркашӣ аз пардохти андозҳо ба даст овардани фоида бе амалан анҷом додани амалиёти андозбандишаванда, ҳангоми набудани аломати ҷиноят»-ро ҳамчун ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пешбинӣ менамояд.

Бояд қайд намуд, ки мутобиқи моддаи 4-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайд­гирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» бақайдгирии давлатии субъектҳои соҳибкорӣ мутобиқи принсипи равзанаи ягона бе гузаронидани экспертизаи ҳуқуқии ҳуҷҷатҳо амалӣ карда шуда, барои дурустии ҳуҷҷатҳо аризадиҳанда ҷавобгар мебошад.

Таҷрибаи амалӣ ва таҳлилҳои мақомоти андоз аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки шахсони алоҳида ҳиссаҳои ҷамъиятҳои аллакай ба қайди давлатӣ гирифташударо пурра ва ё қисман харидорӣ намуда, ба ин восита ҳамчун муассис ба ҳайати ҷамъиятҳо ворид гардида, баъдан, чунин ҷамъиятҳои таҳти назорат гирифтаашонро бо мақсадҳои соҳибкории аслӣ истифода накарда, бо дигар мақсадҳо истифода бурда, қонуншиканӣ менамоянд. Аз ҷумла чунин шахсон ба воситаи ин ҷамъиятҳо молу маҳсулоти аз хориҷи кишвар вориднамудаи соҳибкорони дигарро ба номи ширкатҳои худ ба расмият дароварда, минбаъд аз пардохти андозҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ саркашӣ менамоянд.

Муқаррароти моддаи 618 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳои «таъсиси шахси ҳуқуқӣ ва ё ба қайди давлатӣ гирифтани соҳибкори инфиродӣ» — ро бо мақсади соҳибкории сохта пешбинӣ намудааст.

Айни замон харидан ва ройгон гирифтани ҳиссаҳои ҷамъиятҳои дар қайдбуда аз ҷониби шахсоне, ки қонунгузориро вайрон менамоянд, маъмул гардидааст ва дар ҳолатҳои ошкор намудани фаъолияти соҳибкории сохтакоронаи онҳо, тибқи муқаррароти моддаи 618 ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб намудани онҳо душвор мебошад. Зеро дар чунин ҳолатҳо ин гуна шахсон шахси ҳуқуқиро таъсис надода ва ё ҳамчун соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта нашуда, ҳиссаҳои шахси ҳуқуқии аллакай таъсисёфтаро ба даст оварда, иштирокчӣ ва ё саҳоми он гардида, минбаъд амалиётҳои марбут ба соҳибкории сохтаро анҷом медиҳанд.

Бояд зикр намуд, ки дар мавриди ба даст овардани ҳиссаҳои ҷамъиятҳои дар қайдбуда шахс амалан соҳиби он мегардад.

Таҷриба нишон медиҳад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд аксар вақт бо ҳаҷми сармояи оинномавии аз 500 то 1000 сомонӣ таъсис дода мешаванд ва албатта, харидорӣ ва ё ройгон гирифтани ҳиссаи чунин ҷамъиятҳо барои шахсоне, ки ба қонуншиканӣ роҳ медиҳанд, хеле осон ва қулай мебошад.

Илова ба ин, ҳолатҳое ҷой доранд, ки шахсони алоҳида ширкатҳоро таъсис дода, минбаъд аз уҳдаи анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ набаромада, ҳиссаҳои худро дар ҷамъияти таъсисдодаашон ба дилхоҳ шахсони тасодуфӣ бо нархи ночиз фурӯхта ё дар бисёр ҳолат ройгон гузашт карда, худро аз масъулияти минбаъдаи уҳдадориҳои ширкат озод менамоянд.

Бо назардошти ҳолатҳои зикргардида пешниҳод шудааст, ки ба моддаи дахлдор калимаҳои «ҳамчун иштирокчӣ ва ё саҳмдор ворид шудан ба шахси ҳуқуқӣ» илова карда шаванд.

Дар мавриди қабул гардидани иловаи мазкур муқаррароти моддаи 618 мукаммал гардида, минбаъд шахсоне, ки ҳиссаҳои дигар ҷамъиятҳоро ройгон ва ё бо роҳи харидан аз худ менамоянд ва ба воситаи ин ҷамъиятҳо амалҳои марбут ба соҳибкории сохтаро анҷом медиҳанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.

Бояд қайд намуд, ки иловаи пешниҳодгардида ба моддаи 618 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба талаботи қонунгузории дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат наменамояд.

Бо назардошти нукоти зикргардида аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  тасдиқ гардид.

РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» сухан ба вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳмурод Рустам дода мешавад.

Рустам ШОҲМУРОД: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ», ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст, пешниҳод карда мешавад.

Зарурати қабули санади мазкур бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ», ки 18 марти соли 2015 дар таҳрири нав қабул гардид, алоқаманд мебошад. Мутобиқи моддаи 17 қонуни номбурда Тартиби пешбурди феҳристи ягонаи адвокатҳо, ташкилотҳои адвокатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Феҳристи махсуси адвокатҳои давлатҳои хориҷӣ, мутаносибан маҷмӯи маълумот дар бораи адвокатҳо, ташкилотҳои адвокатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва адвокатҳои давлатҳои хориҷиро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти адвокатуриро амалӣ менамоянд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

Мутобиқи моддаи 17-уми қонуни мазкур бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тартиби пешбурди феҳристи ягонаи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тартиби пешбурди феҳристи махсуси адвокатҳои давлатҳои хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти адвокатиро амалӣ менамоянд ва Тартиби пешбурди феҳристи ягонаи ташкилотҳои адвокатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 29 августи соли 2015 таҳти № 549 тасдиқ карда шуд. Тибқи тартиби номбаргардида барои бақайдгирӣ, азнавбақайдгирӣ, барҳамдиҳии ташкилотҳои адвокатӣ, ҳамчунин ворид намудан ба феҳрист ва гирифтани иқтибос аз Феҳристи махсуси адвокатҳои давлатҳои хориҷӣ, аз Феҳристи ягонаи адвокатӣ ва аз Феҳристи ягонаи ташкилотҳои адвокатӣ рӯёнидани маблағи боҷи давлатӣ пешбинӣ гардидааст.

Бинобар ин, зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ»  пеш омад, ки дар лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда дарҷ гардидааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд.

Бо назардошти нукоти зикргардида аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи пешниҳодшударо дастгирӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Ҷобирзода Тоҳир Гул дода мешавад.

ҶОБИРЗОДА Тоҳир Гул: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» бо мақсади мутобиқ намудани меъёрҳои он ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ», инчунин ғанӣ гардонидани Буҷети давлатӣ бо роҳи баланд бардоштани андозаи боҷи давлатии барориши саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳомӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ  ба  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод  шудааст.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 марти соли 2016 таҳти № 586 лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Тибқи лоиҳаи қонуни мазкур ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» барои барасмиятдарории Иттифоқи адвокатҳо ва мақомоти минтақавии он, бюрои адвокатӣ, коллегияҳои адвокатҳо, маслиҳатхонаҳои ҳуқуқӣ, кабинетҳои адвокатӣ, инчунин марбут ба Феҳристи адвокатҳо ва барориши коғазҳои қиматноки ғайридавлатӣ вобаста ба рӯёнидани боҷи давлатӣ тағйиру иловаҳо ворид карда мешавад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди омӯзиш қарор дода, се таклиф пешниҳод намуданд, ки онҳо қабул гардиданд.

Дар ҷаласаи васеи кумита лоиҳаи қонун бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор, намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои адлия ва молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» сухан ба вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳмурод Рустам дода мешавад.

Рустам ШОҳМУРОД: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ бо мақсади иҷрои банди 7 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз натиҷаи мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорон аз 14 октябри соли 2014 бармеоянд, таҳия ва пешниҳод шудааст.

Таҷрибаи қариб ҳафтсолаи татбиқи амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайд­гирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» муайян намуд, ки дар мавриди барасмиятдарории оғози фаъолияти соҳибкорӣ масъ­алаҳое ҳастанд, ки бояд мавриди танзим қарор дода шаванд.

Мақсад аз таҳия намудани лоиҳаи қонуни мазкур такмил додани қонунгузории бақайдгирӣ ва мутобиқ намудани он ба санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (Кодекси гражданӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ», «Дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)», «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», «Дар бораи корхонаҳои давлатӣ», «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия»), аз ҷумла бартараф намудани мухолифатро оид ба бақайдгирии хариду фурӯши ҳисса (саҳм) дар сармояи оинномавӣ, муайян намудани тартиби қатъ намудани фаъолияти субъектҳои хоҷагидории аз фаъолият бозмонда, мукаммал ва пурра намудани маълумотҳои Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ва мавриди андозбандӣ қарор додани субъектҳои хоҷагидоре, ки маълумотҳои худро дар муҳлати муқарраргардидаи қонун ба Феҳристи ягонаи давлатӣ ворид накардаанд, иборат мебошад.

Мақсади илова намудани банди 14 ба қисми 1 моддаи 8 қонун асосан барои мутобиқгардонии муқаррароти он ба дигар қонунҳо ба ҳисоб меравад.

Бояд қайд намуд, ки мутобиқи талаботи қисми дуюми моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи корхонаҳои давлатӣ» корхонаҳои давлатӣ вобаста ба намуди моликият ба корхонаҳое, ки таҳти моликияти ҷумҳуриявӣ қарор доранд – корхонаҳои давлатии ҷумҳуриявӣ ва ба корхонаҳое, ки таҳти моликияти ҳокимияти маҳаллӣ қарор доранд – корхонаҳои давлатии коммуналӣ ҷудо мешаванд. Яъне, аз ин бармеояд, ки соҳибмулкони корхонаҳои давлатӣ танҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ шуда метавонанд. Аммо бинобар сабаби набудани заминаи ҳуқуқӣ дар феҳристи ягонаи давлатӣ дар қисмати муассис дар аксар ҳолат дигар вазорату идораҳои давлатӣ дарҷ карда мешаванд. Бояд қайд намуд, ки ин ҳолат ба муқаррароти моддаи 5-уми қонуни зикршуда мухолифат дорад, зеро дигар вазорату идораҳои давлатие, ки дар тобеияти худ ташкилоту корхона доранд, мувофиқи қонун нисбат ба ин ташкилоту корхонаҳо ҳамчун мақомоти ваколатдори идоракунии давлатӣ ба ҳисоб мераванд, на муассис. Ё ин ки ҳангоми ба мансаби хизмати давлатӣ таъин гардидани шахсони воқеие, ки дар ин ё он корхона ҳамчун муассис ва саҳом баромад менамоянд. Мувофиқи сархати сеюми қисми 1 моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» шахси ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор уҳдадор аст, ки ҳиссаи (саҳмияҳои) дар сармояи оинномавии ташкилотҳои тиҷоратӣ қарордоштаи моликияти худро дар давраи дар хизмати давлатӣ буданаш таҳти кафолат ба идоракунии эътимоднок диҳад.

Ҳамзамон, ин ҳолат дар моддаи 30 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ҳамчун маҳдудият вобаста ба хизмати давлатӣ пешбинӣ шуда, дар ҳолати риоя накардани он мутобиқи моддаи 23 ҳамин қонун боиси қатъ шудани хизмати давлатӣ мегардад.

Мавриди қайд аст, ки аз рӯи маълумоти махзани иттилоотии мақомоти андоз то 1 январи соли 2015 зиёда аз 17 фоиз шахси ҳуқуқӣ ва зиёда аз 23 фоиз соҳибкори инфиродӣ ба мақомоти андоз ҳисоботу эъломияҳои худро пешниҳод намекунанд, ки шумораи зиёде аз ин субъектҳои хоҷагидор ё ин ки роҳбаронаш шаҳрвандони хориҷӣ ҳастанд ё ин ки худи соҳибкорон шаҳрвандони хориҷӣ буда, бинобар сабаби гузаштани муҳлатҳои раводид ва ё бақайдгирӣ, аллакай дар қаламрави кишвар нестанд.

Аз ин лиҳоз, бо мақсади таъмини дурусти маълумоти Феҳристи ягонаи давлатӣ, таъмини пешниҳоди саривақтии ҳисоботу эъломияҳои андозӣ, пардохти андозҳо ва назорати риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба дурустии будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Тоҷикистон, ба банди 3 қисми 1 моддаи 11, банди 4 қисми 1 моддаи 22 ва банди 3 қисми 1 моддаи 29-уми қонуни мазкур тағйиру иловаҳои зарурӣ пешниҳод карда шудааст.

Мавриди қайд аст, ки як қатор корхонаҳо ва муассисони онҳо аз сабукиҳои қонунгузорӣ ва тартиби содакардашудаи бақайдгирии давлатии соҳибкорӣ суиистифода намуда, аз ҷумла бо роҳи ҷалб ва истифода намудани корхонаҳое, ки дар минтақаҳои офшор ва дигар минтақаҳои берун аз ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудаанд, аз андозбандӣ канораҷӯӣ менамоянд. Тибқи нишондиҳандаҳои Феҳристи ягонаи давлатӣ шумораи шахсони ҳуқуқии хориҷие, ки дар минтақаҳои офшор ба қайд гирифта шуда, дар корхонаҳои ватанӣ саҳмдоранд, рӯз аз рӯз зиёд гардида истодааст.

Вобаста ба пешгирии чунин ҳолатҳо дар қонуни мазкур иловаи қисми 8 ба моддаи 11, иловаи қисми 5 ва тағйиру иловаҳо дар қисми 6 моддаи 27, иловаи қисми 4 ба моддаи 29 пешниҳод карда шудааст.

Дар таҳрири нав пешбинӣ намудани муқаррароти моддаи 201 қонуни мазкур барои сода намудани амали бақайдгирии давлатии барҳамдиҳии фаъолияти субъектҳои хоҷагидории аз фаъолият бозмонда равона карда шудааст.

Тағйироти пешниҳодшаванда вобаста ба илова намудани банди 5 ба қисми 1 моддаи 22 ва банди 6 ба қисми 1 моддаи 29 -уми қонуни мазкур бо мақсади пешгирӣ намудани ҳолатҳои ба Феҳристи ягонаи давлатӣ ворид намудани маълумоти бардурӯғ пешбинӣ гардида, дар ин васила дақиқ намудани маҳали ҷойгиршавии субъекти хоҷагидории таъсисёбанда ба ҳисоб меравад. Зери мафҳуми ҳуҷҷати тасдиқкунандаи маҳали ҷойгиршавӣ, нусхаи ҳуҷҷати исботкунандаи суроғаи субъекти хоҷагидории таъсисёбанда (ҳуҷҷати тасдиқкунандаи соҳибмулкӣ ё ин ки шартномаи иҷора) фаҳмида мешавад.

Инчунин, ба қисми 1 моддаи 34 –уми қонуни мазкур банди нав илова карда шуда, мутобиқи он мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ ҳуқуқ дорад дар ҳолати бо ҳукми суд аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян маҳрум гардидани шахс бақайд­гирии давлатиро рад намоянд.

Дар ҳолати қабули лоиҳаи қонуни мазкур барои татбиқи он зарурати маблағгузории иловагии буҷетӣ вуҷуд надорад.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Аз ин рӯ, аз шумо вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Бобоев Олимҷон дода мешавад.

Олимҷон БОБОЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади пешгирии шаклҳои нави қонунвайронкуниҳо ва ҳимояи манфиатҳои давлат пешниҳод шудааст.

Таҷрибаи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» исбот намуд, ки ҳангоми барасмиятдарории оғози фаъолияти соҳибкорӣ масъалаҳое ҳастанд, ки бояд мавриди танзим қарор дода шаванд, масалан, аз байн бурдани мухолифатҳои қонунгузорӣ оид ба бақайдгирии воридсозии тағйиру иловаҳо ба Феҳристи ягонаи давлатӣ ҷиҳати хариду фурӯши ҳисса (саҳм) дар сармояи оинномавӣ, муайян кардани тартиби қатъ намудани фаъолияти субъектҳои хоҷагидории аз фаъолият бозмонда ва ғайра.

Таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» тақозои замон буда, барои мукаммал ва пурра намудани  маълумоти Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ва мавриди андозбандӣ қарор додани субъектҳои хоҷагидоре, ки маълумоти худро дар муҳлати муқаррарнамудаи қонун ба Феҳристи ягонаи давлатӣ ворид накардаанд, равона карда шудааст.

Лоиҳаи қонуни мазкурро кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуда, ҳамзамон, баҳри такмили он 18 таклифу эрод пешниҳод намуданд.

Дар ҷаласаи васеи кумита бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор, намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар натиҷа аз таклифҳои воридшуда  12-тоаш қабул ва 6-тоаш қабул нашуд. Таклифҳои қабулшуда дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба лоиҳаи қонуни мазкур ворид карда шуданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории он овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  тасдиқ гардид.

РАИС: — Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия дар бораи ҳамкории молиявӣ барои солҳои 2014 — 2015, сухан ба вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода дода мешавад.

Неъматулло Ҳикматуллозода: — Муҳтарам Раис, Раёсат, ҳозирини гиромӣ!

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия дар бораи ҳамкориҳои молиявӣ барои солҳои 2014 — 2015 бо мақсади дар қаламрави Тоҷикистон амалигардонии лоиҳаҳои молиявии моҳияти иҷтимоидошта аз ҳисоби маблағҳои грантии Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия 11 феврали соли 2016 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст. Он барои ҳар ду соли пасоянди гуфтушунидҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Германия таҳия гардида, дар онҳо маблағҳои аз ҷониби Германия барои амалигардонии лоиҳаҳои пешбинишуда дарҷ шудаанд.

Ҳаҷми маблағи дар доираи созишномаи мазкур ҷудошуда 34,5 млн. евроро ташкил дода, барои мақсадҳои рушди маблағгузории хурд дар деҳот, ҳифзи саломатии модару кӯдак ва ёрии таъҷилии тиббӣ ва мубориза бо касалии сил равона мегардад. Аз ҷумла дар доираи Созишнома татбиқи барномаю лоиҳаҳои зерин пешбинӣ шудааст:

- дар доираи «Барномаи рушди устувори иқтисодиёт», компоненти «Барномаи рушди бахши молиявӣ», яъне рушди маблағгузории хурд дар деҳот, ки тариқи ташкилотҳои қарздиҳӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ ба ғайр аз шаҳрҳои калонтарини мамлакат пешбинӣ мегардад ва баҳри татбиқи марҳилаи аввали маблағгузории сохтмони манзилгоҳ нигаронида шудааст ба маблағи 8 млн.евро;

- дар доираи Барномаи «Тандурустӣ», компоненти ҳифзи саломатии модару кӯдак ва ёрии таъҷилии тиббӣ марҳилаи панҷум ба маблағи 14 млн. евро ва марҳилаи шашум – 9 млн.евро, ки дар вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе амалӣ мегардад;

- дар доираи Барномаи «Тандурустӣ», компоненти мубориза бо касалии сил марҳилаи панҷум ба маблағи 3,5 млн.евро ва тақсимкунии маблағҳои боқимонда марҳилаи чорум ба маблағи 213,4 ҳазор евро барои таҷҳизонидани Беморхонаи вилоятии касалиҳои сили «Деҳмой» дар вилояти Суғд.

- ба ғайр аз ин, дар доираи Созишномаи мазкур аз ҳисоби маблағҳои бозгашти лоиҳаи «Ташкили Бонки аввалини маблағгузориҳои хурд» лоиҳаҳои хурди соҳаи иҷтимоӣ дар ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон (таъмири мактабу бунгоҳҳои тиббӣ ва таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ) амалӣ карда мешаванд.

Бо дарназардошти он ки маблағҳои ҷудошуда дар доираи Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикис­тону Германия бебозгашт мебошанд ва ҷиҳати таъмини ҳалли масъалаҳои маблағгузорӣ ва андозбандии лоиҳаҳои зикргардида тасвиби Созишномаи мазкур аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур мебошад.

Ҳамзамон, мавриди зикр аст, ки маблағгузории самтҳои асосии ҳамкории дуҷонибаи Тарафҳо дар гуфтушунидҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Германия муайян гардидааст ва маблағгузории тат­биқи онҳо барои солҳои минбаъда пас аз анҷоми расмиёти дохилидавлатии Созишномаи номбурда оғоз мешавад. Аз ин хотир, тасвиби он аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсад мувофиқ мебошад.

Муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки тасвиби Созишномаҳои мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи  ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Раҷабов Сафаралӣ Худоёрович дода мешавад.

Сафаралӣ Раҷабов: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия дар бораи ҳамкории молиявӣ барои солҳои 2014 — 2015 санаи 11 феврали соли 2016 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст ва аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааcт. Он бо мақсади амалигардонии лоиҳаҳои молиявии моҳияти иҷтимоидошта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои грантии Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия ба имзо расидааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкардаи худ Созишномаи зикргардидаро ҷонибдорӣ намуданд.

31 марти соли 2016 дар ҷаласаи васеи кумита бо иштироки намояндагони дигар кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома мавриди баррасӣ қарор дода шуда, қабули он мувофиқи мақсад шуморида шуд.

Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш  менамоям, ки Созишномаи пешниҳодшударо дастгирӣ намуда, барои тасдиқи он овоз диҳед.

Дар бораи тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

РАИС: — Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия дар бораи ҳамкории техникӣ барои солҳои 2014 -2015 сухан ба вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода дода мешавад.

Неъматулло ҲИКМАТУЛЛОЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони Маҷлиси намояндагон!

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия дар бораи ҳамкориҳои техникӣ барои солҳои 2014 -2015 бо мақсади дар қаламрави Тоҷикистон амалигардонии лоиҳаҳои техникии моҳияти иҷтимоидошта аз ҳисоби маблағҳои грантии Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия 11 феврали соли 2016 дар шаҳри Душанбе ба имзо расонида шудааст.

Созишномаи техникии мазкур барои ҳар ду соли пасоянди гуфтушунидҳои байни Ҳукумати Тоҷикистону Германия таҳия гардида, дар онҳо маб­лағҳои аз ҷониби Германия барои амалигардонии лоиҳаҳои пешбинишуда дарҷ шудаанд.

Ҳаҷми маблағи дар доираи Созишномаи мазкур ҷудошуда 20 млн. евроро ташкил дода, барои соҳаҳои тандурустӣ, маълумоти касбӣ ва рушди соҳибкории хурд равона мегардад. Аз ҷумла дар доираи Созишнома татбиқи барномаю лоиҳаҳои зерин пешбинӣ шудааст:

- компоненти «Беҳтаргардонии шарт ва маблағгузории қолабии рушди бахши хусусӣ» дар доираи «Барномаи рушди устувори иқтисодиёт» ба маблағи 9,5 млн. евро, ки дар минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ амалӣ мегардад;

- дар доираи «Барномаи рушди устувори иқтисодиёт» компоненти «Дастгирии марҳилаи ислоҳоти низоми маълумоти касбӣ» ба маблағи 510 ҳазор евро, ки дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикис­тон амалӣ мегардад;

- дар доираи «Барномаи рушди устувори иқтисодиёт» компоненти рушди минтақавӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба маблағи 2,0 млн. евро;

- дар доираи Барномаи «Тандурустӣ» компоненти «Мусоидат оид ба мустақилона муайян намудани банақшагирии оила ва саломатии модару кӯдак дар Тоҷикистон» ба маблағи 4,5 млн. евро, ки дар доираи лоиҳаи минтақавии Осиёи Марказӣ дар  ҳудуди вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон низ амалӣ мегардад;

- дар доираи Барномаи «Тандурустӣ» компоненти «Беҳтаргардонии амнияти озуқа барои модарон ва кӯдакон дар минтақаҳои деҳоти Тоҷикистон» ба маблағи 3,0 млн.евро;

- фонди пардохти тадқиқотҳо ва мутахассисон ба маблағи 500 ҳазор евро.

Маблағҳои ҷудошуда дар доираи Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Германия бебозгашт мебошанд ва ҷиҳати таъмини ҳалли масъалаҳои маблағгузорӣ ва андозбандии татбиқи лоиҳаҳои зикргардида тасвиби созишномаи мазкур аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур мебошад.

Ҳамзамон, мавриди зикр аст, ки маблағгузории самтҳои асосии ҳамкории дуҷонибаи Тарафҳо дар гуфтушунидҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Германия муайян гардидааст ва маблағгузории татбиқи онҳо барои солҳои минбаъда пас аз анҷоми расмиёти дохилидавлатии  Созишномаи номбурда оғоз мешавад.

Аз ин хотир, тасвиби он аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсад мувофиқ мебошад.

Муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки тасвиби Созишномаҳои мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Раҷабов Сафаралӣ Худоёрович дода мешавад.

Сафаралӣ Раҷабов: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия дар бораи ҳамкории техникӣ барои солҳои 2014-2015 санаи 11 феврали соли 2016 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст ва аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааcт.

Созишномаи мазкур бо мақсади амалигардонии лоиҳаҳои молиявии моҳияти иҷтимоидошта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби кумаки молиявии Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия ба имзо расидааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкардаи худ Созишномаи зикргардидаро ҷонибдорӣ намуданд.

31 марти соли 2016 дар ҷаласаи васеи кумита бо иштироки кумитаҳои дигар, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома мавриди баррасӣ қарор дода шуда, қабули он мувофиқи мақсад шуморида шуд.

Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш  менамоям, ки Созишномаи пешниҳодшударо дастгирӣ намуда, барои тасдиқи он овоз диҳед.

Доир ба тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

РАИС: — Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умаров Мансурҷон Ғаффорович  дода мешавад.

УМАРОВ Мансурҷон Ғаффорович: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби гурӯҳи кории байниидоравии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.

Таҳдидҳо ба амнияти давлатӣ ва бехатарии ҷамъиятӣ бо истифода аз технологияи муосир бисёр кишварҳои ҷаҳонро ба ташвиши ҷиддӣ оварда, аз мушкилоти мубрами рӯз мебошанд.

Ҳавопаймоҳои бесарнишин аз ҷониби ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ва гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ метавонанд бо мақсади содир намудани амалҳои террористӣ, интиқоли маводи тарканда ва нашъадор, инчунин содир намудани ҷиноятҳои дигар истифода гарданд.

Таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи дунё дар ин самт танзими истифодаи фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба ҳавопаймоҳои бесарнишин тақозо менамояд.

Қабули илова ва тағйирот ба қонуни  болозикр назорати давлатиро аз болои истифодаи фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳавопаймоҳои бесарнишин таъмин мекунад.

Тағйироти мазкур дар моддаи 37-уми Кодекси фазои ҳавоӣ, мафҳумҳои «ҳавопаймои бесарнишин» ва «системаи авиатсионии бесарнишин»-ро муайян намуда, дар моддаи 77-ум дастрасии ғайриқонунии шахсони бегонаро ба системаи  авиатсионии бесарнишин маҳдуд месозад.

Ворид кардани илова ба қисми ҳафтуми моддаи 38-уми Кодекс барои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудани «Қоидаҳои муомилоти ҳавопаймоҳои бесарнишин» асос мегардад.

Бояд қайд намуд, ки «Қоидаҳои муомилоти ҳавопаймоҳои бесарнишин» низ аз тарафи гурӯҳи кории байниидоравӣ таҳия шуда, муносибатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро нисбати воридот, содироту фурӯш, бақайдгирӣ ва истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишинро ба танзим медарорад, инчунин назорати давлатиро дар ин самт муқаррар мекунад.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, татбиқи он аз Буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб намекунад.

Бо дарназардошти нукоти зикргардида аз шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоҳиш менамоям, ки қабули лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Асозода Хайрулло дода мешавад.

Хайрулло АСОЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади танзими давлатии истифодаи фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фароҳам овардани заминаи ҳуқуқии истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин таҳия гардидааст.

Инкишофи технологияҳои авиатсионӣ ва телекоммуникатсионӣ боиси пайдоиш ва зарурияти истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти ҷамъиятӣ гардидааст. Васеъшавии имкониятҳои истифодаи он дар соҳаҳои мудофиа, мақомоти корҳои дохилӣ, воситаҳои ахбори омма бо мақсади таъмини амнияти миллӣ ва дигар самтҳои фаъолияти ҷамъиятӣ таҳия намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро талаб менамояд, ки хусусиятҳои хоси истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишинро дар авиатсияи давлатӣ ва гражданӣ ба танзим дарорад.

Ҳангоми ғайримақсаднок истифода бурдани ҳавопаймои бесарнишин он метавонад ба муносибатҳои гуногуни ҷамъиятӣ таъсири манфӣ расонад. Алалхусус, аз ҷиҳати амниятӣ, бо мақсадҳои сабту аксбардории иншооти муҳими давлатӣ, интиқоли маводи тарканда ва мухаддир истифода карда шавад.

Дар лоиҳа ба Кодекси амалкунанда илова намудани мафҳумҳои ҳавопаймоҳои босарнишин ва бесарнишин, маҳдуд намудани имконияти дастрасӣ ба онҳо пешбинӣ намуда, мақоми танзимкунандаи қоидаҳои муомилоти онҳоро муайян менамояд.

Лоиҳаи қонуни зикршуда бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро мавриди баррасӣ қарор дода, дар маҷмӯъ 18 таклиф пешниҳод намуданд.

18 марти соли 2016 бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Саидшоевич Фелалиев, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул ин масъала баррасӣ гардид. 15 таклиф пурра ва ё қисман қабул гардида, 3-тои он қабул нашуд.

Бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳои Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкур такмил дода шуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва татбиқи он аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад.

Вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру  иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият»  сухан ба раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Ҷамшед дода мешавад.

Ҷамшед НУРМАҲМАДЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи қонуни мазкур дар қисмати ворид намудани тағйиру илова ба қисмҳои 1 ва 2 моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» бо дарназардошти талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд» аз 16 апрели соли 2012, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ» аз 26 июли соли 2014 ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохт ва низоми пардохт» пешниҳод гардидааст.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ» фаъолияти бонкии исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси иҷозатнома амалӣ мегардад.

Аз ин рӯ, илова ба сархати якуми қисми 1 моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» зарур мебошад.

Бо мақсади танзими хизматрасониҳои пардохт ва низоми пардохт Бонки миллии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохт ва низоми пардохт»-ро таҳия ва ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод намудааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур барои мутобиқ намудани заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ба таҷрибаи муосири байналмилалӣ, ҳимояи манфиатҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои пардохт, пурзӯр намудани назорат, шаффоф гаштани амалиёт равона шуда, барои беҳтар шудани сифати хизматрасонӣ, афзоиши воридшавии андоз, вусъат бахшидани фаъолияти низоми пардохти ғайринақдӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити мусоид фароҳам меорад.

Ҳамзамон, ба қисми 1 моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» илова намудани муқаррарот оид ба иҷозатномадиҳии фаъолияти оператори низоми пардохт пешбинӣ мегардад.

Бо дарназардошти тағйиру иловаҳо ба қисми 1 моддаи 18 қисми 2 моддаи мазкур дар таҳрири нав пешниҳод карда мешавад.

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лои­ҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи ин масъала  сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Исматуллоев Дилшод Абдуғафорович дода мешавад.

Дилшод ИСМАТУЛЛОЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» бо тартиби ҳуқуқи ташаб­буси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳти № 585 аз 11 марти соли ҷорӣ ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, дигар кумитаҳо ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур пешбинӣ менамояд, ки ба моддаи 17 — уми қонуни амалкунанда сархати чилум илова карда шавад, ки бо ин ба номгӯи намудҳои фаъолияте, ки барои амалӣ кардани онҳо иҷозатнома зарур аст, фаъолият оид ба воридот, содирот, фурӯш ва истифодаи ҳавопаймои бесарнишин ворид карда мешавад.

Инчунин, барои ба танзим даровардани фаъолияти анҷомдиҳии амалиёти бонкии исломӣ ва оператори низоми пардохти ба қисмҳои 1 ва 2 моддаи 18 тағйиру иловаҳо пешбинӣ шудааст.

Қайд кардан зарур аст, ки фаъолияти самараноки низоми пардохт ва ҳисоббаробаркунӣ барои бехатар ва сари вақт гузаронидани амалиётҳои молиявӣ имкониятҳои муносиб фароҳам меорад, ки ин дар навбати худ, барои устувории низоми молиявии давлат хеле хуб арзёбӣ  мегардад. Бинобар ин, танзимгари давлатии фаъолияти бонкӣ баҳри ҳифзи низоми молиявии мамлакат аз таҳдидҳои бесуботӣ дар низоми пардохт, вазифаи иҷозатномадиҳӣ ба ин намуди фаъолият ва назорати онро ба уҳда мегирад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, барои такмили он шаш таклифу пешниҳод ирсол намуданд.

Кумитаи масъул 18 марти соли 2016 бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Саидшоевич Фелалиев, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ҷаласаи васеъ гузаронида, лоиҳаи қонунро мавриди баррасӣ қарор доданд. Зимни он дархосту пешниҳодҳои ирсолшуда омӯхта шуда, дар натиҷа ҳамаи таклифҳо қабул ва лоиҳа такмил дода шуд.

Инчунин, пешниҳоди Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров оид ба мукаммал гардонидани лоиҳаи қонуни мазкур, ки дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда шуда буд, ба инобат гирифта, ба лоиҳа ворид карда шуд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳиш менамоям, ки барои дастгирии он овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: - Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Сафаров Бахтовар Амиралиевич дода мешавад.

Бахтовар САФАРОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади фароҳам овардани имконият барои бо имтиҳонҳои тахассусӣ фаро гирифтани шахсоне, ки мақоми адвокатиро мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура» ба даст оварда буданд, пешниҳод карда мешавад.

Тибқи муқаррароти қисми 1 моддаи 45- уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» адвокатҳое, ки дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон то рӯзи мавриди амал қарор додани қонуни мазкур фаъолият менамоянд ва ба талаботи қисмҳои 1 ва 2 моддаи 12 — уми қонуни мазкур ҷавобгӯ мебошанд, фаъолияташонро пас аз мавриди амал қарор додани қонуни мазкур дар давоми як сол идома медиҳанд. Агар онҳо мақсади идома додани фаъолияти адвокатиро дошта бошанд, бояд дар ин муҳлат мақоми адвокатро мутобиқи талаботи қонуни мазкур соҳиб шаванд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» аз 27 марти соли 2015 мавриди амал қарор гирифта, муҳлати як соли зикргардида 27 марти соли 2016 ба охир расидааст. Бо назардошти он ки дар муҳлати муқаррарнамудаи қисми 1 моддаи 45- уми қонуни  мазкур на ҳамаи адвокатҳои фаъолият кардаистода бо имтиҳони тахассусӣ фаро гирифта шудаанд, дар лоиҳа дароз намудани муҳлати фаъолияти ин адвокатҳо аз як сол ба 15 моҳ пешбинӣ гардидааст. Ин меъёр имконият медиҳад, ки шахсони номбурда мақоми адвокатиро мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» соҳиб шаванд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №607 аз 29 марти соли 2016 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» — ро мавриди баррасӣ қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул 31 марти соли 2016 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро муҳокима намуд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  мухолифат надорад ва дар амалия татбиқ намудани он маблағгузории иловагиро талаб наменамояд.

Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: - Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба муовини раиси Кумитаи  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид бо иқтисод ва молия Раҷабов Сафаралӣ Худоёрович дода мешавад.

Сафаралӣ Раҷабов: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Раҷабов ва Ҳ. Одинаев таҳия шудааст, пешниҳод мешавад.

Мақсади пешниҳод намудани лоиҳаи қонуни мазкур, пеш аз ҳама, мутобиқгардонии меъёрҳои қонун ба талаботи санадҳои дигари амалкунандаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», мутобиқгардонии меъёрҳои дохилии қонун, инчунин таъмин намудани назорати истифодабарии мақсаднок ва шаффофи маблағҳои буҷетӣ мебошад.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодкардашуда аз ду модда иборат буда, тибқи моддаи 1 ба 41 модда ва номи 2 боби қонуни амалкунанда 102 тағйиру илова пешниҳод гардидааст. Аз ҷумла ба моддаи 2 мафҳумҳои «низоми буҷетӣ», «буҷети ҷумҳуриявӣ», «буҷети маҳаллӣ», «буҷетҳои фондҳои мақсадноки давлатӣ», «даромади буҷет» ва «хароҷоти буҷет», ки дар матни қонуни амалкунанда ҷой доранд, илова гардидааст.

Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба сархати сеюми моддаи 29, қисми 2 моддаи 38, қисми 1 моддаи 51 ҷиҳати мутобиқгардонии меъёрҳои дохилии қонун ва иловаҳо ба қисми 1 моддаи 41 ҷиҳати мутобиқгардонии меъёри қонун ба моддаи 91 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» равона шудааст.

Тағйиру иловаҳо ба ҷумлаи 2 моддаи 47- уми қонуни мазкур тартиби ташаккул, истифодабарӣ ва муқаррар намудани андозаи маблағҳоро барои таъсиси «Фонди стабилизатсионии рушди иқтисодиёт» пешбинӣ менамояд.

Дар лоиҳаи қонун бо мақсади баланд бардош­тани мақоми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди буҷетӣ ва назорати истифодаи мақсаднок ва шаффофи маблағҳои буҷетӣ қисми 3 моддаи 62 — юми қонун дар таҳрири нав оварда шуда, қисмҳои 4 ва 5 илова шуд.

Дар баробари ин, дар лоиҳаи қонун як қатор ислоҳоти таҳрирӣ, забонӣ ва техникӣ ворид шудаанд. Аз ҷумла дар матни қонун калимаи «ҷараёни» ба калимаи «раванди» ва калимаҳои «соли навбатии молиявӣ» ба калимаҳои «соли молиявии навбатӣ» иваз шуданд.

Тартиби мавриди амал қарор додани қонуни мазкурро моддаи 2 муқаррар менамояд.

Лоиҳаи қонун ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад.

Бинобар ин, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ба тарафдории қабули лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.

РАИС: - Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Ҷобирзода Тоҳир Гул дода мешавад.

 

ҶОБИРЗОДА Тоҳир Гул: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади амалӣ намудани назорати доимии истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, комёб шудан бо принсипҳои ошкоро ва шаффофият дар раванди буҷетӣ ва мутобиқгардонии меъёрҳои қонун ба талаботи санадҳои дигари амалкунандаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Раҷабов ва Ҳаёт Одинаев пешниҳод шудааст.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2015 таҳти № 178 лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Инчунин, ба лоиҳаи қонуни зикргардида дар мавзӯъҳои «Имкониятҳои ҷорӣ намудани буҷетикунонии барномавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Таҳлили шаффофияти буҷет ва раванди буҷетӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва баланд бардоштани мақоми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди буҷетӣ ба инобат гирифта шудаанд.

Дар ҷаласаи васеи кумита, лоиҳаи қонун бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунро мавриди омӯзиш қарор дода, барои такмили он  65 таклифу эрод пешниҳод намуданд, ки дар натиҷа, аз онҳо 51-тоаш қабул, 3 -тоаш қисман қабул ва 11-тоаш қабул нашуд. Таклифҳои қабулшуда дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба лоиҳаи қонун ворид шуданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тасдиқ гардид.

Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.

Самариддин АСОЕВ, Аъзам МӮСОЕВ, Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум». Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ