Бисту ҳаштуми феврали соли 2024 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ Иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Барои бақайдгирӣ тариқи системаи овоздиҳии электронӣ аз қайд гузаред. Марҳамат.
Дар иҷлосия 30 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ иштирок доранд. Инчунин, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, раиси Палатаи ҳисоб, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма дар толор ҳозир мебошанд.
Оид ба оғози кори иҷлосия чӣ гуна таклиф ҳаст?
Таклиф шуд, ки иҷлосия корашро оғоз намояд.
Таклифро ба овоз мемонам ва аз аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳиш менамоям, ки мавқеатонро тариқи овоздиҳии электронӣ муайян созед. Марҳамат.
Ташаккур, таклиф қабул шуд.
Иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.
(Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Барои ташкили ҷараёни кори иҷлосия лозим аст, ки мутобиқи банди 102-юми Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби кори Иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро муайян ва тасдиқ намоем.
Бо дарназардошти масъалаҳои дар рӯзнома пешбинишуда пешниҳод менамоям, ки барои маърӯзачиён то 30 дақиқа, музокираҳо то 5 дақиқа ва барои дархосту таклифҳо то 3 дақиқа вақт муайян карда шавад.
Пешниҳоди дигар ҳаст? Нест.
Пешниҳодро ба овоз мемонам. Марҳамат.
Ташаккур, пешниҳод қабул гардид.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Мутобиқи банди 102-юми Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лозим аст, ки котиботи иҷлосияро интихоб намоем. Оид ба ин масъала сухан ба узви Маҷлиси миллӣ Додхудо Фаррух дода мешавад. Марҳамат.
(Додхудо Фаррух пешниҳод менамояд, ки ҳайати котибот иборат аз се нафар интихоб карда шавад).
РАИС: Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Таклиф шуд, ки котиботи Иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум иборат аз се нафар интихоб карда шавад.
Таклифҳои дигар ҳаст? Нест.
Шумораи ҳайати котиботро ба овоз мемонам ва аз аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳиш менамоям, ки мавқеатонро муайян намоед. Марҳамат.
Ташаккур, таклиф қабул гардид.
Марҳамат, Додхудо Фаррух ҳайати котиботро пешниҳод намоед.
Додхудо ФАРРУХ: - Ба ҳайати котиботи Иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум аъзои зерини Маҷлиси миллӣ пешниҳод карда шуданд:
Одиназода Бозоралӣ – раиси котибот
Хоҷазода Фарзона ва Ҷабборӣ Бурҳониддин — аъзои котибот.
РАИС: - Оид ба ҳайати котибот таклифҳои дигар ҳаст? Нест.
Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам ва аз аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳиш менамоям, ки мавқеатонро муайян намоед. Марҳамат.
Ташаккур, қарор қабул гардид.
Аз ҳайати котибот хоҳиш карда мешавад, ки ба ҷойҳои худ гузашта, ба кор шурӯъ намоянд.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Лозим аст, ки рӯзномаи Иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро тасдиқ намоем.
Лоиҳаи рӯзномаи Иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум бо Қарори Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва барои баррасӣ ба шумо пешниҳод шудааст.
Оид ба масъалаҳои он таклифҳои дигар ҳаст? Нест.
Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам ва хоҳиш менамоям, ки мавқеатонро муайян намоед.
Қарор дар бораи рӯзномаи Иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум қабул гардида, ба он масъалаҳои зерин ворид шуданд:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»
2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ»
3. Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Ҳакимзода С.А.
4. Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Наимзода М.Н.
5. Дар бораи аз вазифаи муовини якуми раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Комилӣ Ф.
6. Дар бораи муовини якуми раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Абдуллозода З.Ф.
7. Дар бораи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Аминзода С.Р.
8. Дар бораи додани ризоият барои аз вазифаи муовини прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Талбакзода Д.С.
9. Дар бораи додани ризоият барои аз вазифаи муовини прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Рофизода М.Ҳ.
10. Дар бораи додани ризоият барои аз вазифаи муовини прокурори генералӣ — сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Зоирзода И.О.
11. Дар бораи додани ризоият барои ба вазифаи муовини якуми прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Каримзода У.Р.
12. Дар бораи додани ризоият барои ба вазифаи муовини прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Азимзода С.Б.
13. Дар бораи додани ризоият барои ба вазифаи муовини прокурори генералӣ – сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Воҳидзода Ҳ.С.
14. Ҳисоботи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023».
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба муҳокимаи масъалаи якуми рӯзнома — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон Гулзода Маҳмадшоҳ дода мешавад. Марҳамат.
Маҳмадшоҳ ГУЛЗОДА: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» бо мақсади такмили қонунгузорӣ оид ба танзими ҳуқуқии низоми таҳсилот бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20-уми феврали соли 2024 қабул кардааст.
Тағйироти пешниҳодшуда хусусияти муайянкунанда ва танзимкунанда дошта, дар қисми 2 моддаи 6 калимаҳои «ҳатмии умумии асосии» ба калимаҳои «миёнаи умумӣ», дар қисми 6 моддаи 17 калимаи «надоранд» ба калимаи «доранд», дар қисми 3 моддаи 18 калимаҳои «метавонанд таҳсилоти миёнаи умумӣ гиранд» ба калимаҳои «таҳсилоти миёнаи умумӣ мегиранд», дар сархати дуюми моддаи 36 ва қисми 9 моддаи 44 калимаҳои «умумии асосӣ» ба калимаҳои «миёнаи умумӣ» иваз карда шудааст, ки ин тағйироти мавриди назар уҳдадориҳои давлатро барои бо таҳсил фаро гирифтани хонандагон боз ҳам зиёд менамояд. Ҳамзамон, қисми 7-уми моддаи 16 дар таҳрири нав ифода ёфтааст, ки минбаъд тибқи ин тағйирот шаҳрвандон уҳдадоранд таълими миёнаи умумиро дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ давом диҳанд ва ё мувофиқи хоҳишу қобилияташон дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбӣ таҳсил намоянд. Инчунин, қисми 10-уми моддаи 16 қонуни амалкунанда, ки аз мактаб хориҷ намудани хонандагонро барои ба муассисаи таълимии таҳсилоти умумӣ бо идора намудани воситаҳои нақлиёти механикӣ омадан ва риоя накардани оинномаи муассисаи таълимиро пешбинӣ менамояд, дар таҳрири нав ифода гардидааст, ки минбаъд тибқи ин тағйирот ба муассисаи таълимии таҳсилоти умумӣ омадани хонандагон бо воситаҳои нақлиёти механикӣ манъ мебошад. Илова бар ин, қисмҳои 11 — 13-уми ҳамин модда хориҷ карда шуданд, ки ин ҳам барои зиёд намудани масъулияти муассисаҳои таълимӣ ва волидайн баҳри дур нашудани хонандагон аз таҳсил равона гардидааст. Ҳамзамон, муқаррароти сархати якуми қисми 2 — юми моддаи 1 қонуни мазкур нисбат ба шаҳрвандоне, ки то мавриди амал қарор додани он таҳсили умумии асосиро гирифтаанд, татбиқ намегардад.
Қонуни пешниҳодгардида ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, кумита нисбат ба он эрод надорад ва аз аъзои Маҷлиси миллӣ бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоянд.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба муҳокимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» шурӯъ менамоем. Сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба иқтисодиёту коммуникатсия Ҷумъазода Шарифҷон дода мешавад. Марҳамат.
Шарифҷон ҶУМЪАЗОДА: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми январи соли 2024 қабул намудааст.
Қонун бо мақсади рушди фаъолияти суғуртавӣ ва бозори суғурта дар кишвар, танзиму назорати возеҳи фаъолияти суғуртавӣ равона гардидааст.
Ба моддаи 1 сархатҳои ҳафтум, бисту шашум ва бисту ҳаштум илова гардидааст, ки мутобиқи он фаъолияти филиалҳо ва намояндагиҳои ташкилотҳои суғуртавии ватанию хориҷӣ, ҳисоботи молиявӣ ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ карда шуда, танзиму назорати фаъолияти субъектҳои суғуртавӣ мушаххас дарҷ гардидаанд. Ҳамзамон, моддаи 6 дар таҳрири нав илова гардидааст, ки тибқи он раванди баррасӣ ва пешниҳоди иҷозатнома ба муроҷиаткунанда осон гардида, барои таъсис додани ташкилоти суғуртавии хориҷӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст, ки баҳри расидан ба ҳадафҳои натиҷабахш ва дастгирии субъектҳои соҳибкорӣ такони ҷиддӣ мебахшад. Инчунин, ба қонун моддаи 251 илова гардидааст, ки мутобиқи он минбаъд шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд дар асоси мутақобила бо роҳи таъсиси ҷамъиятҳои суғуртаи мутақобила ва дар онҳо муттаҳид намудани маблағҳои зарурӣ намудҳои суғуртаи мутақобилаи молу мулк ва манфиатҳои дигари молумулкӣ ва ғайримолумулкии шахсии худро анҷом диҳанд. Илова бар ин, моддаи нави 271 илова гардидааст, ки ҳангоми бастани шартномаи суғурта аз рӯи намудҳои суғурта, суғуртакунанда баъди аз тарафи суғурташаванда пардохт гардидани мукофоти суғуртавии (ҳаққи суғуртавии) муқарраргардида ба суғурташаванда полиси суғуртавӣ медиҳад, ки ҳуҷҷати тасдиқкунандаи амалишавии намуди мушаххаси суғурта мебошад.
Ба қонуни амалкунанда боби нави 41 (моддаҳои 291, 292, 293 ва 294) илова шудааст, ки тибқи он соли молиявии ташкилотҳои суғуртавӣ ва субъектҳои дигари фаъолияти суғуртавӣ аз 1-уми январи соли тақвимӣ оғоз ёфта, 31-уми декабр ба охир мерасад, инчунин, ташкилотҳои суғуртавӣ ва ҷамъиятҳои суғуртаи мутақобила уҳдадоранд ҳисоботи молиявии солонаи худро бо хулосаи аудиторӣ то 30-юми апрели соли баъд аз соли ҳисоботӣ ба мақоми назорати суғуртавӣ пешниҳод намоянд. Ҳамзамон, ташкилоти суғуртавӣ ҳисоботи молиявии солонаи худро, ки аз аудити ҳатмӣ гузаштааст, дар муҳлати на дертар аз як моҳ баъди гирифтани хулосаи аудиторӣ дар сомонаи расмии худ ҷойгир ва дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби худ нашр менамояд. Илова бар ин, ба як қатор моддаҳои қонуни амалкунанда тағйироту иловаҳои дахлдор ворид карда шудаанд, ки онҳо хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд.
Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ буда, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Ҳакимзода С.А.» шурӯъ менамоем. Сухан ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода дода мешавад. Марҳамат.
Зариф АЛИЗОДА пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат мекунад:
- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Ҳакимзода С.А.» ирсол мегардад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Ҳакимзода С.А.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Наимзода М.Н.» оғоз менамоем. Сухан ба Зариф Ализода дода мешавад. Марҳамат.
Зариф АЛИЗОДА пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат мекунад:
- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Наимзода М.Н.» ирсол мегардад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Наимзода М.Н.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба муҳокимаи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи муовини якуми раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Комилӣ Ф.» шурӯъ мекунем. Сухан ба Зариф Ализода дода мешавад. Марҳамат.
Зариф АЛИЗОДА пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат мекунад:
- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи муовини якуми раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Комилӣ Ф.» ирсол мегардад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи муовини якуми раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Комилӣ Ф.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба муҳокимаи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини якуми раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Абдуллозода З.Ф.» оғоз менамоем. Сухан ба Зариф Ализода дода мешавад. Марҳамат.
Зариф АЛИЗОДА пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат мекунад:
- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини якуми раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Абдуллозода З.Ф.» ирсол мегардад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини якуми раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Абдуллозода З.Ф.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба муҳокимаи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Аминзода С.Р.» шурӯъ мекунем. Сухан ба Зариф Ализода дода мешавад. Марҳамат.
Зариф АЛИЗОДА пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат мекунад:
- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Аминзода С.Р.» ирсол мегардад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Аминзода С.Р.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Ба муовини якуми раис ва судяи тозаинтихоби Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, қонуният ва таъмини адолати судӣ комёбиҳо таманно менамоям.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба муҳокимаи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани ризоият барои аз вазифаи муовини прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Талбакзода Д.С.» оғоз менамоем. Сухан ба Зариф Ализода дода мешавад. Марҳамат.
Зариф АЛИЗОДА пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат мекунад:
- Мутобиқи банди 9 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани ризоият барои аз вазифаи муовини прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Талбакзода Д.С.» ирсол мегардад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани ризоият барои аз вазифаи муовини прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Талбакзода Д.С.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба муҳокимаи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани ризоият барои аз вазифаи муовини прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Рофизода М.Ҳ.» шурӯъ мекунем. Сухан ба Зариф Ализода дода мешавад. Марҳамат.
Зариф АЛИЗОДА пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат мекунад:
- Мутобиқи банди 9 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани ризоият барои аз вазифаи муовини прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Рофизода М.Ҳ.» ирсол мегардад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани ризоият барои аз вазифаи муовини прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Рофизода М.Ҳ.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба муҳокимаи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани ризоият барои аз вазифаи муовини прокурори генералӣ — сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Зоирзода И.О.» оғоз менамоем. Сухан ба Зариф Ализода дода мешавад. Марҳамат.
Зариф АЛИЗОДА пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат мекунад:
- Мутобиқи банди 9 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани ризоият барои аз вазифаи муовини прокурори генералӣ – сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Зоирзода И.О.» ирсол мегардад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани ризоият барои аз вазифаи муовини прокурори генералӣ — сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Зоирзода И.О.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба муҳокимаи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани ризоият барои ба вазифаи муовини якуми прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Каримзода У.Р.» оғоз менамоем. Сухан ба Зариф Ализода дода мешавад. Марҳамат.
Зариф АЛИЗОДА пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат мекунад:
- Мутобиқи банди 9 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани ризоият барои ба вазифаи муовини якуми прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Каримзода У.Р.» ирсол мегардад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани ризоият барои ба вазифаи муовини якуми прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Каримзода У.Р.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба муҳокимаи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани ризоият барои ба вазифаи муовини прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Азимзода С.Б.» шурӯъ мекунем. Сухан ба Зариф Ализода дода мешавад. Марҳамат.
Зариф АЛИЗОДА пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат мекунад:
- Мутобиқи банди 9 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани ризоият барои ба вазифаи муовини прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Азимзода С.Б.» ирсол мегардад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани ризоият барои ба вазифаи муовини прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Азимзода С.Б.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба муҳокимаи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани ризоият барои ба вазифаи муовини прокурори генералӣ — сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Воҳидзода Ҳ.С.» оғоз менамоем. Сухан ба Зариф Ализода дода мешавад. Марҳамат.
Зариф АЛИЗОДА пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат мекунад:
- Мутобиқи банди 9 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани ризоият барои ба вазифаи муовини прокурори генералӣ — сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Воҳидзода Ҳ.С.» ирсол мегардад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани ризоият барои ба вазифаи муовини прокурори генералӣ – сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Воҳидзода Ҳ.С.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: - Ба нафароне, ки имрӯз барои таъйин ба мансаби муовини якум ва муовинони прокурори генералӣ ризоият дода шуд, саломатӣ ва барори кор таманно менамоям. Боварӣ дорам, ки шумо ва дигар кормандони мақомоти прокуратура дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, ҷиҳати назорати қатъии талаботи Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи пурраи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, бахусус ҷиноятҳои ба терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва хариду фурӯши замин алоқаманд ва пешгирии онҳо, софдилона ва содиқона хизмат менамоед.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Масъалаи навбатӣ «Ҳисоботи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023» мебошад. Сухан барои ҳисобот ба прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф дода мешавад. Марҳамат.
Юсуф РАҲМОН: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!
Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятро дар асоси Конститутсия, қонунҳо, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, ҷиҳати таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар соли 2023 корҳои муайянро ба сомон расонд.
Ҷиҳати иҷрои Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми марти соли 2023 оид ба ҳисоботи прокурори генералӣ нақша-чорабиниҳо амалӣ шуда, бо натиҷаи он ба Президенти мамлакат, Маҷлиси миллӣ ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот ирсол карда шуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ ҳолати иҷрои қонунҳо дар вазорату идораҳо, муассисаю ташкилот ва дигар субъектон 6776 маротиба санҷида, баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ошкоршуда 46590 санади эътиноии прокурорӣ татбиқ гардида, 59267 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида шуда, нисбат ба 3954 нафар парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда, ҳуқуқу манфиатҳои поймолшудаи 257 636 шаҳрванд барқарор карда шуд.
Дар натиҷаи чораҳои андешидашуда 1 млрд. 211,8 млн. сомонӣ зарари ба давлат, корхона ва шаҳрвандон расондашуда, аз ҷумла 461,3 млн. сомонӣ ба буҷети давлат рӯёнда шудааст. Дар маҷмӯъ, нисбат ба соли 2022 барқароркунии зарар 65,3 млн. сомонӣ, миқдори санадҳои эътиноӣ 3432 адад ва ба ҳолати аввала баргардондани қитъаи замин 1830 га зиёдтар гардидааст.
Санҷиши ҳолати иҷрои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» камбудию қонунвайронкуниҳои зиёдро ошкор намуда, ба 1640 қарори ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳо эътироз оварда шуданд, ки аз ин 1 311 адад ё 79,9 фоиз вобаста ба замин мебошад.
Эътирозҳо ба қарорҳои ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 151 адад, Кӯшониён — 92, Б.Ғафуров — 70, Ваҳдат — 56, Шаҳринав — 47, Истаравшан — 46, Исфара — 43, Восеъ, Конибодом — 39, Деваштич — 36, Турсунзода — 34, Ҷ.Расулов, Кӯлоб — 33, Мастчоҳ, Ҷайҳун — 32, Ашт, Норак, А.Ҷомӣ — 31, Хоруғ, Файзобод — 30, Варзоб — 28, Шоҳмансур — 26, Хуҷанд, Спитамен, Ҷ.Балхӣ — 25, Дарвоз — 23, Ишкошим, Панҷ — 22, Муъминобод — 21, Ванҷ, Ховалинг — 20, Фархор ва Панҷакент 19 адад оварда шудаанд.
Доир ба бартараф намудани қонуншиканиҳо дар соҳаи замин 6341 санади эътиноӣ татбиқ ва 6870 нафар ба ҷавобгарии моддӣ, интизомию маъмурӣ кашида шуда, 1060 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 17863 гектар замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд.
Барои содир намудани ҷиноятҳо вобаста ба замин 161 нафар шахсони мансабдор, аз ҷумла 77 нафар шахсони масъули мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, раисон ва кормандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва 84 нафар кормандони кумитаҳои идораи замин ва сохторҳои лоиҳакашӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.
Вазъи риоя ва иҷрои қонунгузорӣ вобаста ба заминҳои соҳаи маориф низ нигаронкунанда буда, дар рафти санҷишҳои прокурорӣ ғасби 51,1 гектар чунин заминҳо ошкор ва дар асоси санадҳои эътиноии прокурорӣ 24,6 гектари он ба ҳолати аввала баргардонда шуданд. Чунончи, бо 16 қарори раиси шаҳри Истаравшан аз заминҳои 8 муассисаи таълимии шаҳр майдони 1 га замин барои сохтмони иншооти истиқоматӣ, хизматрасонӣ ва маишӣ ҷудо гардидааст.
Дар раванди санҷишҳои прокурорӣ ба риояи қоидаю меъёрҳои сохтмон диққати ҷиддӣ дода шуда, ҳолати зиёди худсарона оғоз ва бо сифати паст анҷом додани сохтмони биноҳои бисёрошёна, ки ҳаёти шаҳрвандонро зери хатар мегузорад, ошкор гардиданд. Чунончи, шаҳрванд А.Мирзомаҳмудов дар шаҳри Хуҷанд дар болои бинои сохтмонаш нотамоми 4-ошёнаи дар ҳолати садамавӣ қарордошта бе мувофиқа бо мақомоти меъморию шаҳрсозӣ, худсарона, боз 4 ошёнаи дигар сохтааст. Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
Ба ин монанд, нисбат ба масъулини ширкати сохтмонии «Муҳаммад 2009» барои тасарруфи 11,5 млн. доллари ИМА-и ба 86 нафар саҳмгузорон тааллуқдошта парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз ва зимни тафтишот 4 млн. доллари он барқарор карда шудааст.
Муҳтарам Раис!
Аз ҷониби прокуророн дар соли 2023-юм 40350 муроҷиат оид ба баҳси замин, манзил, тафтишоти пешакӣ, санадҳои судӣ ва дигар масъалаҳо баррасӣ гардид. Бо натиҷаи баррасии онҳо 1638 санади эътиноии прокурорӣ бароварда шуда, 630 парвандаи ҷиноятӣ оғоз, 556 қарори мурофиавӣ қабул гардида, ба судҳо 15 аризаи даъвогӣ пешниҳод ва 42 млн. сомонӣ маблағи зарар рӯёнда шуд.
Дар рафти санҷиши ҳолати риоя ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» бошад, нисбат ба 378 шахси масъули мақомоту ташкилот ва муассисаҳои давлатию ҷамъиятӣ барои вайрон намудани муҳлати баррасии муроҷиатҳо парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 35 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудаанд. Чунончи, сардори бахши раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳри Хоруғ С. Ақдодов 100 адад, раиси Ҷамоати деҳоти «Исмоил»- и ноҳияи Б. Ғафуров М. Муҳиддинов 73 адад, мутахассиси раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳияи Панҷ В.Нозимов 20 адад муроҷиатҳои шаҳрвандонро муддати тӯлонӣ (зиёда аз 3 моҳ) бе баррасӣ мондаанд.
Ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои ноболиғон пайваста зери назорат қарор дошта, дар соли 2023 барои саркашӣ намудан аз пардохти маблағ вобаста ба таъмини фарзанди ноболиғ — 219, монеъ шудан ба гирифтани маълумоти ҳатмии умумии асосӣ — 123, ба шавҳар додани духтари ба синни никоҳӣ нарасида — 29, ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи ноболиғон — 22 ва бастани аҳди никоҳ бо шахсе, ки ба синни никоҳӣ нарасидааст, 18 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва ҳуқуқу манфиатҳои 520 ноболиғ барқарор гардид.
Дар натиҷаи санҷиши риоя ва иҷрои қонунгузории мамлакат дар самти ҳимояи ҳуқуқҳои маъюбон низ қонунвайронкуниҳо ошкор ва парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
Шахсони зиёди воқеию ҳуқуқие, ки бе иҷозатнома ва шаҳодатномаи сифат ба воридот ва фурӯши маводи дорувории ғайристандартӣ ва ба талабот ҷавобгӯйнабуда машғул буданд, муайян ва ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.
Ҳодисаҳо дар истеҳсолот нисбат ба соли 2022 ҷиддан афзуда, соли 2023 дар натиҷаи чунин ҳодисаҳо 95 нафар ба ҳалокат расида, 143 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Дар ин самт, яъне вазъи риоя ва иҷрои қонунгузорӣ оид ба ҳифзи меҳнат 7300 қонунвайронкунӣ ошкор ва 3473 нафар ба ҷавобгариҳои гуногун кашида шуда, 120 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
Ҷиҳати пардохти саривақтии музди меҳнат чораҳои зарурӣ андешида, бо дахолати прокуророн 219,4 млн. сомонӣ қарзи музди меҳнат пардохт шудааст. Ҳолатҳои тасарруф намудани маблағҳои барои пардохти музди меҳнат ҷудогардида ошкор ва парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
Риояи қонунгузорӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ба талабот ҷавобгӯ набуда, нобуд кардани ҷангалзор, шикори ғайриқонунии моҳӣ ва ҳайвоноти нодир зиёд ҷой доранд. Ҷиҳати бартараф намудани қонуншиканиҳо дар ин самт 3 040 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, 150 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
Дар рафти санҷиши вазъи риоя ва иҷрои қонунгузорӣ оид ба муҳоҷират ҳолатҳои бо роҳи фиреб тасарруф намудани маблағҳои шаҳрвандон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ошкор ва парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуд. Аз ҷумла, собиқ муовини директори Муассисаи давлатии «Маркази пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ»-и Хадамоти муҳоҷират М. Саидҷамолзода ба боварии 14 нафар шаҳрванд даромада, барои омода намудани раводиди корӣ ба Ҷумҳурии Корея ва Шоҳигарии Британияи Кабир 153 ҳазор сомонӣ гирифта, ба манфиати шахсӣ сарф намудааст. Ба ин монанд, директори ҶДММ «Матлаби ягона» С. Бафаева ба боварии 6 нафар шаҳрванд даромада, барои омода намудани раводиди муҳоҷират ба Шоҳигарии Британияи Кабир аз онҳо 81000 сомонӣ гирифта, аз они худ намудааст.
Ҳангоми санҷиши қонунгузорӣ оид ба энергетика ва истифодаи самараноки неруи барқ қонунвайронкуниҳои зиёд ошкор гардида, 3840 нафар ба ҷавобгариҳои интизомӣ, моддӣ, маъмурӣ кашида шуда, 65 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 206,7 млн. сомонӣ маблағҳои қарздории истифодаи неруи барқ рӯёнда шудааст.
Ба судҳо, ҳамчунин, 99 аризаи даъвогӣ барои рӯёндани 78,5 млн. сомонӣ пешниҳод гардида, аз он 94 аризаи даъвогӣ баррасӣ ва 19 млн. сомонӣ рӯёнда шудааст.
Баъзе кормандони ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ»-и шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Ҳисор, Панҷакент, Фирдавсӣ, Норак, Лахш, Восеъ ва дигарон, дар маҷмӯъ, 1,2 млн. сомониро аз муштариҳо ҷамъоварӣ карда, ба идораи барқ насупорида, аз они худ намудаанд. Оид ба ҳолатҳои мазкур нисбат ба шахсони гунаҳкор парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
Дар ин давра бо санадҳои эътиноии прокурорӣ 28,6 млн. сомонӣ қарзи истифодабарии оби полезӣ рӯёнда ва барои рӯёндани 10,8 млн. сомонии дигар 29 аризаи даъвогӣ ба суд пешниҳод шудааст.
Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Прокуратураи генералӣ ба истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ диққати зарурӣ дода, дар баъзе вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилоту корхонаҳо ҳолатҳои исрофкорӣ ва тасарруфи ин маблағҳоро ошкор намуд. Аз ҷумла, дар ин давра вобаста ба тасарруф ва исрофкории маблағҳои нафақа 17 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, бо санадҳои эътиноии прокурорӣ 147 млн. сомонӣ зарари расондашуда барқарор карда шуд. Ҷиҳати бартараф намудани қонуншиканиҳо дар ин самт зиёда аз 1 000 санади эътиноӣ татбиқ ва 1570 нафар ба ҷавобгариҳои интизомию маъмурӣ кашида шуда, 193 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Оид ба пардохти саривақтии андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ 56 ҳолати ба миқдори калон ва махсусан калон пинҳон намудани андозҳо ошкор карда шуд. Дар умум, дар ин самт 193 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 373,1 млн. сомонӣ маблағи андозҳо барқарор карда шудааст. Ҷиҳати рӯёндани қарзҳои мушкилситон бошад, ба судҳои иқтисодӣ 33 даъво барои рӯёндани 14,5 млн. сомонӣ пешниҳод карда шуд.
Оид ба назорати иҷрои андози иҷтимоӣ 203,3 млн. сомонӣ қарздориҳо барқарор гардида, 192 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуд.
Ҳимояи ҳуқуқҳои соҳибкорон таҳти назорати доимӣ қарор дода шуда, барои гузарондани санҷишҳои беасос, дахолат ба фаъолияти онҳо, ғайриқонунӣ ситондани маблағ ва дигар қонунвайронкуниҳо 220 нафар шахсони мансабдор ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида шуда, 16 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд. Зимни баррасии муроҷиатҳои соҳибкорон ба як қатор санадҳои поймолкунандаи ҳуқуқҳои онҳо эътироз оварда шудааст.
Бо мақсади пешгирии беасоси болоравии нархи молу маҳсулоти ниёзи аввалияи мардум зимни санҷишҳо нисбат ба 187 нафар ҷавобгарии маъмурӣ татбиқ шуда, 12 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 23 пешниҳод ирсол карда шудааст.
Барои даст задан ба савдои кӯчагӣ танҳо дар давоми моҳи декабри соли 2023-юм 740 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, 165 дӯкону иншоот бартараф карда шуданд.
Дар самти риоя ва иҷрои қонунгузории нақлиёт ва гумрук 3016 санади эътиноӣ татбиқ, 5026 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ, интизомӣ ва моддӣ кашида шуда, 153 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 23 млн. сомонӣ пардохтҳои гумрукию дигар зарарҳо барқарор карда шудааст.
Барои содир намудани ҷиноят нисбат ба 7 нафар корманди гумрук парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуд. Ба пешгирии ҳолатҳои қочоқи молу маҳсулот диққати хоса дода шуда, 330 ҳолати қочоқи молу маҳсулот ба маблағи зиёда аз 9 млн. сомонӣ ошкор ва нисбат ба гунаҳгорон чораҳо андешида шуданд.
Дар соҳаи маориф низ ҳолатҳои зиёди қонунвайронкуниҳо ошкор карда шуда, нисбат ба 9100 нафар қарорҳои интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ татбиқ карда шуда, 616 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 42,7 млн. сомонӣ зарар барқарор гардид.
Вобаста ба ҳифзи моликияти давлатӣ дар соҳаи маориф 74 парвандаи ҷиноятӣ оид ба азонихудкунӣ оғоз карда шудааст.
Озмунҳо барои дастрасии квотаҳои президентӣ на ҳамеша шаффоф ва объективона гузаронда шуда, дар се соли охир аз 19 муассисаи таҳсилоти олӣ бо сабабҳои қарздории академӣ 648 нафар ё 17 фоиз донишҷӯёни тибқи квота таҳсилкунанда хориҷ гардидаанд.
Доир ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» 5420 қонунвайронкунӣ ошкор ва 4000 нафар ба ҷавобгарии интизомию маъмурӣ кашида шуда, 360 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани корҳои пешгирикунанда соли 2023-юм 555 ҷиноят аз ҷониби ноболиғон содир гардидааст, ки нисбат ба соли 2022-юм 182 ҷиноят ё 24,6 дарсад кам мебошад.
Таълимоти ғайриқонунии динӣ яке аз омилҳои асосии шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ буда, дар аксар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ васеъ паҳн шудааст. Дар ин давра 287 ҳолати таълимоти ғайриқонунии динӣ бо ҷалби 4066 нафар таълимгирандагон, ки аз онҳо 3932 нафараш ноболиғ мебошанд, ошкор ва нисбат ба гунаҳгорон чораҳои таъсиррасонӣ андешида шудааст. Аз ин, 38 ҳолати аз ҷониби 3706 нафар таълимгиранда дар ВМКБ, 53 ҳолати аз ҷониби 112 нафар таълимгиранда дар вилояти Хатлон, 136 ҳолати аз ҷониби 141 нафар таълимгиранда дар вилояти Суғд, 4 ҳолати аз ҷониби 17 нафар таълимгиранда дар шаҳри Душанбе ва 65 ҳолати аз ҷониби 141 нафар таълимгиранда дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ошкор карда шудаанд.
Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Соли сипаришуда дар ҷумҳурӣ 21319 ҷиноят содир шудааст, ки нисбат ба соли 2022-юм 1162 ҷиноят ё 5,1 дарсад кам буда, кушодашавии онҳо 75 фоизро ташкил медиҳад. Прокуророн 7458 ё 34,9 фоизи ҷиноятҳоро ошкор намуда, 1139 ҷиноятҳои аз қайд пинҳоншударо ба қайд мондаанд.
Содиршавии ҷиноятҳои вазнин 551 адад ё 10,2 дарсад кам ба қайд гирифта шудааст.
Солҳои охир содиршавии ҷиноятҳои киберӣ афзуда, аз 185 ҷинояти бақайдгирифтаи соли 2022 ба 302 адад дар соли 2023 расидааст. Бинобар ин, масъалаи мазкур моҳи ноябри соли 2023 дар ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Назорат ба рафти тафтиши 23320 парвандаи ҷиноятӣ таъмин гардида, ба муфаттишон 7000 дастури хаттӣ дода, барои роҳ додан ба камбудиҳо 1060 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуданд.
Муфаттишони прокуратура тафтиши 4065 парвандаи ҷиноятиро ба итмом расонда, дар рафти тафтиш 341 млн. сомонӣ зарар ошкор ва аз он 172,4 млн. сомонӣ барқарор намудаанд, ки 54,2 млн. сомонӣ ба манфиати давлат мебошад.
Прокуророн дар баррасии судии 9540 парвандаи ҷиноятӣ айбдоркунии давлатиро дастгирӣ намудаанд. Ба санадҳои судӣ бо парвандаҳои ҷиноятӣ 493 эътироз оварда шуда, қонеъшавии онҳо зиёда аз 80 фоизро ташкил медиҳад.
Прокуророн дар баррасии 11000 парвандаи гражданӣ, оилавӣ, иқтисодӣ ва маъмурӣ иштирок намуда, ба санадҳои судӣ 260 эътироз овардаанд. Ҳамчунин, ҷиҳати барқарор намудани зарар ба судҳо 935 даъво ба маблағи 250 млн. сомонӣ пешниҳод гардидааст, ки онҳо баррасӣ ва қонеъ карда шуданд.
Таҷрибаи қонунгузорӣ ва амалияи дигар давлатҳо дар масъалаи пурзӯр кардани чораҳои ҷавобгарии ҷиноятӣ нисбат ба шахсоне, ки ҷиноятҳо ба муқобили дахлнопазирии ҷинсии хурдсолону ноболиғон содир кардаанд, якҷо бо гурӯҳҳои корӣ оид ба коркарди лоиҳаи Кодекси ҷиноятӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, як қатор тағйироти дахлдор, аз ҷумла ба моддаҳои 47, 71, 75, 76, 81, 138, 139, 141 ва 142-и ин кодекс пешниҳод гардид.
Дар соли 2023 вобаста ба ташвиқу тарғиби сиёсати роҳбарияти мамлакат ва қонунҳои амалкунанда дар ташкилоту муассисаҳо, маҳали зисти аҳолӣ ва қисмҳои ҳарбӣ 49000 суҳбату вохӯриҳо гузаронда шуданд.
Ба иттилооти иғвоангез дар шабакаҳои интернетӣ аз тарафи прокуророн зиёда аз 10 ҳазор вокуниш карда шуда, ҷиҳати бастани 730 сомонаи хусусияти экстремистӣ-террористидошта амрҳо ирсол гардида, 430 адади онҳо баста шуданд.
Муҳтарам Раис ва аъзои Маҷлиси миллӣ!
Мақомоти прокуратура минбаъд низ ҷиҳати таъмини волояти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ тамоми чораҳои заруриро меандешад.
(Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба пурзӯр кардани назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо, таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, пешгирии содиршавии ҷиноятҳо аз ҷониби ноболиғон, қочоқи маводи нашъовар ва вайрон кардани қоидаҳои оинномавӣ дар қисмҳои ҳарбӣ ба прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор дастуру супоришҳо доданд).
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Оид ба ин масъала таклифу пешниҳодҳои дигар доред?
Таклиф шуд, ки ба муҳокимаи ин масъала хотима бахшида, лоиҳаи қарор ба овоз монда шавад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҳисоботи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Тибқи талаботи банди 103 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, котиботи иҷлосия оид ба рафти кори иҷлосия, муроҷиатҳо ва ҳуҷҷатҳои ба унвони иҷлосияи Маҷлиси миллӣ воридшуда маълумот манзур менамояд. Доир ба ин масъала сухан ба раиси котибот Бозоралӣ Одиназода дода мешавад. Марҳамат.
Бозоралӣ ОДИНАЗОДА: - Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Унвонии Иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум муроҷиат, ариза, дархост ворид нашудааст.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Масъалаҳои рӯзномаи Иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баррасӣ ва нисбат ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Доир ба рафти иҷлосия таклифу пешниҳодҳо бошанд, марҳамат, иброз намоед. Нест.
(Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба аъзои Маҷлиси миллӣ, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дастур доданд, ки бинобар номусоид омадани обу ҳаво вусъати корҳои кишоварзиро ҷиҳати заминагузорӣ ба ҳосили фаровон таъмин карда, барои дар сатҳи зарурӣ ташкил ва гузарондани Рӯзи Модар ва Иди байналмилалии Наврӯз тадбирҳои саривақтӣ андешанд).
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Мо дар остонаи фасли зебои сол – баҳор қарор дорем. Бо истифода аз фурсат мехоҳам ҳамаи занону модарони азизу ғамхори Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи Модар самимона табрик карда, ба онҳо саломатӣ, хушбахтӣ ва зиндагии босаодат орзу намоям.
Ҳамчунин, ҳамаи шумо — ҳозирини муҳтарам ва кулли сокинони шарафманди кишварро бо фарорасии Ҷашни байналмилалии Наврӯз сидқан шодбош мегӯям.
Орзуманди онам, ки баҳори имсола ва Ҷашни байналмилалии Наврӯз ба кишвари биҳиштосо ва хонадони мардуми сарбаланди мо шодию нишот, кушоишу дастовардҳои нав ва фаровонӣ орад.
Бо ҳамин Иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро пӯшида эълон менамоям.
(Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ