Вазъи мураккаби геополитикии ҷаҳони муосир ва паҳншавии зуҳуроти номатлубу даҳшатовари терроризм ва экстремизм, ки барои ҷомеаи башарӣ, сулҳу субот, амнияти давлатӣ ва рушди устувори давлатҳо таҳдиди бевосита менамояд, на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки сайёраро ба ташвиш овардааст.
Аз ин рӯ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 январи соли 2016 таъкид намуданд, ки дар доираи тақвияти мубориза бо терроризм ва экстремизм бояд номгӯйи «субъектҳои бо онҳо муборизабаранда васеъ ва дақиқ гардонида, дар баробари ин ҷавобгарӣ ва ҷазо барои содир намудани ҷиноятҳо ба муқобили сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат, ҷиноятҳои хусусияти террористиву экстремистидошта ва хиёнат ба Ватан, шарикӣ дар чунин ҷиноятҳо, аз ҷумла нисбат ба ташкилкунандагон ва шахсони ба онҳо мусоидаткунанда пурзӯр карда шавад».
Бо мақсади пешгирӣ кардани чунин амалҳо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам такмил ёфта, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» ва «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардиданд.
Мутобиқи иловаҳое, ки ба моддаҳои 19 ва 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» ворид гардиданд, ба падару модарон ҳуқуқ дода мешавад, ки аз операторон ва провайдерон оид ба истифодабарии хизмати алоқаи барқӣ аз ҷониби фарзандон маълумоти дахлдорро ройгон дастрас намоянд.
Дар асоси сархати сенздаҳуми моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» падару модарон уҳдадор карда мешаванд, ки аз тарафи фарзандон мақсаднок ва мувофиқ ба таълиму тарбияи онҳо истифода шудани интернетро назорат намоянд.
Дар самти мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мунтазам такмил дода мешавад. Бо мақсади пешгирӣ ва коҳиш додани ҷинояткорӣ, пурзӯр намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои содир намудани кирдорҳои ҷиноятӣ ба муқобили асосҳои сохтори конститутсионӣ ва амнияти давлат, шахсоне, ки ба терроризм ва ифротгаройӣ мусоидат мекунанд, инчунин ҷорӣ намудани механизми босамари ҳифз ва таъмини амнияти миллӣ, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ба моддаҳои 179 (терроризм), 1793 (даъвати оммавӣ барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористидошта ва (ё) сафедкунии оммавии фаъолияти террористӣ), 305 (хиёнат ба давлат), 306 (бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё бо зӯроварӣ нигоҳ доштани ҳокимият), 307 (даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон), 3071 (даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгаройӣ) ва сафедкунии оммавии экстремизм), 3072 (ташкили иттиҳоди экстремистӣ (ифротгаройӣ), 3073 (ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгаройӣ) ва 3074 (ташкили таълим ё гурӯҳи таълимии хусусияти динии экстремистидошта)- и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид карда шуданд.
Ҳамчунин, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудаи тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (26 июли соли 2014, № 1088) ба имзо расид. Мувофиқи қонуни мазкур ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи нав — 4011 илова шуд, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар дигар давлатҳо дар намуди маҳрум кардан аз озодӣ ба муҳлати аз дувоздаҳ то бист сол муқаррар мекунад.
Бо мақсади баландбардории рӯҳияи шаҳрвандон ҷиҳати даст кашидани онҳо аз иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар давлатҳои хориҷӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (18 марти соли 2015, №1176) ба имзо расид, ки мутобиқи он ба моддаи 4011 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Эзоҳ» илова гардид. Тибқи он шахсоне, ки ихтиёрӣ аз иштироки ғайриқонунӣ дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар дигар давлатҳо то қатъ гардидани фаъолияти воҳиди мусаллаҳ, анҷом ёфтани задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ даст мекашанд, агар дар кирдори онҳо аломатҳои таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд.
Иловаи мазкур, дар баробари пешгирии кирдорҳои ҷиноятӣ, ҳамчунин характери тарбиявӣ дошта, ба шахсони раҳгумзада, хусусан ҷавонон, ки ба доми фиреби гурӯҳҳои манфиатҷӯ афтидаанд, имкон медиҳад, ки хатои худро ислоҳ намоянд ва ба ҳаёти осуда баргарданд.
Дар натиҷаи чораҳои мақсадноки андешидашуда шумораи шахсоне, ки ихтиёрӣ аз иштирок дар воҳидҳои мусаллаҳ даст мекашанд, мунтазам зиёд мегардад. Тибқи маълумоти мақомоти дахлдор беш аз 46 нафар бо хоҳиши худ, яъне ихтиёрӣ иштирок дар воҳидҳои мусаллаҳро хотима бахшида, ба меҳнати осоишта баргаштаанд.
Фирӯз ХОЛОВ, мушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон