15 декабри соли ҷорӣ таҳти раёсати Муҳаммадюсуф Имомзода ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ баргузор шуд.
Рӯзномаи ҷаласа бо дарбаргирии ду масъала — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Раиси кумита М. Имомзода зимни баёни моҳияти масъалаҳои ба рӯзнома пешниҳодшуда Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» — ро қонуни арзишманди миллӣ номид ва ин нуктаро таври муфассал шарҳ дод. Аъзои кумита ба ин фикр ҳамовозӣ намуда, андешаҳои худро баён карданд.
Баъд аз андешарониҳо, оид ба масъалаҳои баррасишуда, хулосаҳо қабул ва ба Иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум пешниҳод шуд.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум». Суратгир А. Исоев