Ҳафтуми июни соли 2023 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.
РАИС — Вакилони арҷманд!
Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.
Ҳоло дар толор 61 вакил ҳузур доранд.
Имкон шуд, ки ба кори ҷаласа шурӯъ намоем.
Чӣ гуна андешаҳо ҳаст? Нест.
Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.
Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Дар ҷаласаи имрӯза мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Содиқ Шоназаров, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ, муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Аламшозода, директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Темурҷон Абдулваҳобзода ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.
Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Ба рӯзномаи ҷаласаи навбатӣ шаш масъала пешниҳод шудааст, ки нусхаи он дар дасти шумо ҳаст.
Доир ба рӯзнома таклифу пешниҳоди дигар нест? Набошад, хоҳишмандам нисбат ба рӯзнома мавқеатонро муайян намоед.
Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:
1. Дар хусуси Созишномаи мустақим байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Азнавсозии системаи аэронавигатсионӣ»
2. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»
3. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати маъмурӣ нисбат ба шахсони аз муассисаҳои ислоҳӣ озодшуда»
4. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ»
5. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини ченаки ягона»
6. Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомнома «Дар бораи тартиби додани рутбаҳои дараҷавӣ ба кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон».
РАИС: - Ба баррасии масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем. Аз рӯи масъалаи якум сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ дода мешавад. Марҳамат.
Юсуф МАҶИДӢ:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Ба баррасии шумо масъала «Дар хусуси Созишномаи мустақим байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Азнавсозии системаи аэронавигатсионӣ», ки 3 – юми марти соли 2023 ба имзо расидааст, манзур мегардад.
Барои расидан ба ҳадафҳои лоиҳаи мазкур аз Бонки аврупоии таҷдид ва рушд 2 миллион евро қарз ҷалб шудааст. Инчунин, тақрибан 900 ҳазор (899 295) евро грант барои хариди низоми алоқаи садоӣ, барои дастгирии институтсионалии соҳаи аэронавигатсия ва ҷорӣ намудани низоми автоматиконидашудаи тарроҳии хатсайрҳо ҷалб гардидааст.
Лоиҳаи мазкур аз се компонент иборат буда, барои таъмини хариди таҷҳизоти зерин равона гардидааст: Истгоҳи авиатсионии метеорологӣ (обуҳавосанҷӣ) бо васли таҷҳизоти зарурӣ барои филиали корхона дар шаҳри Хуҷанд, радиостансияи алоқаи барқии авиатсионӣ дар мавҷҳои кӯтоҳ ва ултракӯтоҳ дар Фурудгоҳи шаҳри Душанбе, низоми алоқаи садоӣ барои филиали корхона дар шаҳри Бохтар.
Бо мақсади иҷрои супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи 18 — уми Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ аз 26 – уми январи соли 2018 ва «Нақшаи чорабиниҳои таъмини соҳаи аэронавигатсияи ҷумҳурӣ бо таҷҳизоти муосир барои давраи солҳои 2018-2020», тасдиқ намудани созишномаи мустақими мазкур ба мақсад мувофиқ мебошад. Бо камоли эҳтиром хоҳиш менамоям, ки онро дастгирӣ намоед.
РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ё пешниҳод ҳаст? Нест.
Сухани навбатӣ ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Комрон Исмоилиён дода мешавад. Марҳамат.
Комрон ИСМОИЛИЁН:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини арҷманд!
Созишномаи мустақим байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Азнавсозии системаи аэронавигатсия» 3 — юми марти соли 2023 дар шаҳри Лондон бо мақсади азнавсозии низоми аэронавигатсия ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 – уми майи соли 2023 таҳти №1699 нисбат ба созишномаи мазкур, тибқи муқаррароти Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, расмиёти дохилӣ иҷро гардид.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намуданд.
Лозим ба ёдоварист, ки соли 2008, ҳангоми таъсис додани Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия», ба ихтиёри он аз тавозуни Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» таҷҳизоти аэронавигатсионии фарсудашуда гузаронида шуда буд. Бинобар ин, барои таъмини бехатарии парвозҳо, бо мақсади ивазнамоии таҷҳизоти фарсуда ба муосир дар «Барномаи давлатии «рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025» 20,0 миллион доллари ИМА сармояи давлатӣ ба нақша гирифта шудааст.
Кумитаи масъул 5 – уми июни соли 2023 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳо, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати мамлакат, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» созишномаро мавриди баррасӣ қарор дода, тасдиқ намудани онро мувофиқи мақсад шуморид.
Созишномаи мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтилоф надошта, ба моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад.
Бо камоли эҳтиром хоҳиш менамоям, ки созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ё пешниҳод ҳаст?
Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишномаи мустақим байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Азнавсозии системаи аэронавигатсионӣ» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» шурӯъ менамоем.
Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода дода мешавад. Марҳамат.
Саъдӣ ҚОДИРЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» бо мақсади гузаронидании ислоҳот дар самти танзими соҳаи низоми иҷзатдиҳӣ, иҷозатномадиҳӣ (литсензиядиҳӣ) ва дигар намуди ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта, ҳамзамон барои ба роҳ мондани расмиёти ягонаи коргузорӣ дар тамоми мақомоти давлатӣ оид ба масъалаи мазкур дар заминаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17-уми майи соли 2004 таҳти №37 «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ва аз 2- юми августи соли 2011 таҳти №751 «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолият ва амали соҳибкорӣ таҳия ва пешниҳод шудааст.
Лоиҳаи қонуни мазкур аз 6 боб ва 47 модда иборат буда, муқаррароти умумӣ, принсипҳои низоми иҷозатдиҳӣ, расмиёти додан, аз нав ба расмият даровардан, бекор кардан, боздоштан ё қатъ намудани амали иҷозатнома, ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ, санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, қабули огоҳиномаҳо ва муқаррароти хотимавиро дар бар мегирад. Муҳимтарин муқаррароте, ки дар лоиҳаи қонун пешбинӣ мешавад, ин меъёрҳои муайянкунандаи тамоми намудҳои фаъолият ва амалҳое, ки барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси иҷозатнома, ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ, инчунин масъалаҳои алоқаманд бо додани ҳуҷҷатҳои хусусиятҳои иҷозатдиҳидошта ба фаъолият, амал, мол, кор ва хизматрасонӣ амалӣ мешаванд, дар доираи як қонуни мукаммал минбаъд танзим мегарданд.
Тибқи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ, муносибатҳои соҳибкорӣ аз рӯи принсипи ягона — расмиёт, муҳлати номаҳдуд ва якдафъаинаи ҳуҷҷатҳои хусусиятҳои иҷозатдиҳидошта барои фаъолият, амал, мол, кор ва хизматрасонӣ (ба истиснои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ) ва андозаи пардохти хироҷи муайян барои дастрас намудани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта ба роҳ монда мешавад. Муҳлати амали иҷозатнома барои фаъолият оид ба истифодаи сарватҳои зеризаминӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шуда, бо назардошти ба муҳлати номаҳдуд ба субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ пешниҳод гардидани ҳуҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта, минбаъд ба онҳо хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ дар шакли бо нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷорӣ мешавад.
Ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидоштаи якдафъаина барои фаъолият ва ё амалҳои субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ мушаххасан муайян гардидаанд, ки аз лаҳзаи анҷом додани фаъолият ва ё амали якдафъаинаи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба охир мерасад. Хироҷ барои додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта, хароҷоти ташхис, экспертиза, таҳлил ва озмоишҳои лабораториро, ки ҳангоми додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта сурат мегиранд, дар бар намегирад. Арзиши чунин ташхис, экспертиза, таҳлил ва озмоишҳои лабораторӣ бояд дар сомонаи расмии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ ва мақомоти иҷозатдиҳандаи дахлдор интишор шавад.
Қабул гардидани қонуни мазкур, ба муҳити соҳибкориву сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ шароити мусоид фароҳам оварда, сарбориро аз бахши хусусӣ ва омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсияро ҳангоми давра ба давра додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта аз байн мебарад ва ҷолибияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ҷалби сармоягузорӣ дар байни кишварҳои ҳамсоя бештар мегардонад.
Татбиқи қонуни мазкур аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад. Бо камоли эҳтиром хоҳиш менамоям, ки онро дастгирӣ намоед.
РАИС: - Ба маърӯзачӣ савол ё пешниҳод ҳаст? Нест.
Сухани навбатӣ ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Равшан Раҷабзода дода мешавад. Марҳамат.
Равшан РАҶАБЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои самаранок амалӣ гаштани ислоҳоти рушди соҳибкориву сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардида, аз 6 боб ва 47 модда иборат буда, боби якум ба муқаррароти умумӣ бахшида шуда, дар он мафҳумҳои асосӣ, доираи амал, меъёрҳои муайянкунии намудҳои фаъолият, феҳристи ягонаи давлатии иҷозатномаҳо, салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ ва мақомоти иҷозатдиҳанда, назорат, амали ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта, муҳлати амали ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта, хироҷ барои додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта, феҳристҳои иҷозатномаҳо, қоидаҳои умумии додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта муқаррар шудааст.
Дар боби дуюм меъёрҳо доир ба принсипҳои низоми иҷозатдиҳӣ, шаффофияти низоми иҷозатдиҳӣ, ҳифзи манфиатҳои қонунии шахс, ҷомеа ва давлат дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ ва таҳлили таъсири танзимкунӣ муқаррар шуда, боби сеюм расмиёти додан, аз нав ба расмият даровардан, бекор кардан, боздоштан ё қатъ намудани амали иҷозатномаро муайян менамояд.
Боби чорум расмиёти додан, аз нав ба расмият даровардан, бекор кардан, боздоштан ё қатъ намудани амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ном дошта, дар он меъёрҳои муайян доир ба «Ҳуҷҷатҳое, ки барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ заруранд», «Қабули қарор дар бораи додан ё рад кардани додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ», «Асосҳои рад кардан аз додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ», «Азнавбарасмиятдарории ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ», «Додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ», «Боздоштани амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ», «Қатъи амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ» ва «Бекор кардани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ» мустаҳкам шудааст.
Дар боби панҷум меъёрҳо доир ба расмиёти тасдиқ ва мувофиқасозӣ, қабули огоҳиномаҳо бахшида шуда, дар он «Ҳуҷҷатҳое, ки барои гузаштани расмиёти тасдиқ ва мувофиқасозӣ заруранд», «Санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ», «Рад кардан аз тасдиқ ва мувофиқасозӣ», «Расмиёти фиристодани огоҳинома» ва «Тасдиқи фиристодани огоҳинома» мустаҳкам шуда, боби шашум муқаррароти хотимавӣ ном дошта, дар он муқаррароти интиқолӣ, ҳалли баҳсҳо, ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур, дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ва тартиби мавриди амал қарор додани қонуни мазкур муайян гардидааст.
Лоиҳаи қонуни мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 – уми декабри соли 2022 таҳти № 1491 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»-ро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ ва дар маҷмӯъ зиёда аз 160 таклиф пешниҳод намуданд.
Лоиҳаи қонуни мазкур дар ҷаласаи васеи Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон бо иштироки намояндагони кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои молия ва адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуда, ҷонибдорӣ гардид.
Мавриди ёдоварист, ки лоиҳаи қонуни мазкур, инчунин, дар гурӯҳи корӣ бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Ватанзода мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дода шуд.
Баъд аз муҳокимаи зиёда аз 160 таклифу пешниҳоди вакилон дар Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 1, 5, 6, 7, 22, 24, 26, 27, 31, 34, 39 ва 43 қисмҳо ва бандҳои нав илова шуда, меъёрҳои моддаҳои 3, 11, 12, 13, 16, 20, 21, 22, 25, 27, 28, 29, 30, 31, 33, 35, 38, 36, 41, 42 ва 47 таҳрир шуданд.
Инчунин, аз моддаи 1 ду банд, қисмҳои 3, 4, 5, 6, 7, 8 моддаи 32, қисмҳои 2, 3, 4 моддаи 37 ва қисмҳои 4, 5, 6, 7 моддаи 40 хориҷ шуданд, ки барои фаҳмо ва сода гардонидани меъёрҳои лоиҳаи қонуни мазкур ва ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ намудани он равона гардидааст.
Бо мақсади шаффоф ва мукаммал муайян намудани номгӯйи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва фаъолиятҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта, дар лоиҳаи қонуни мазкур Феҳристи ягонаи давлатии иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, огоҳиномаҳои гирифташаванда пешбинӣ гардидааст. Ба лоиҳаи феҳристи мазкур аз ҷониби аъзои гурӯҳи корӣ ва масъулон зиёда аз 30 пешниҳод манзур гардида, аксарияти онҳо қобили қабул шуданд.
Инчунин, бо супориши Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазорату идораҳои дахлдор бо Феҳристи ягонаи давлатии иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, огоҳиномаҳои гирифташаванда шинос ва дар мувофиқа бо онҳо лоиҳаи феҳристи мазкур такмил дода шуд.
Бо назардошти хориҷ, муттаҳид ва ихтисоршуда 207 номгӯй ҳуҷҷат барои пешбурди фаъолият ва амалҳо арзёбӣ гардидаанд, ки 73 номгӯи он ба 284 зернамуд гурӯҳбандӣ гардида, 418 номгӯи ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта барои пешбурди фаъолият, амал, мол (маҳсулот, кор ва хизматрасонӣ)-ро дар бар мегирад.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ба боби 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад. Бо камоли эҳтиром хоҳиш менамоям, ки онро дастгирӣ намоед.
РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ё пешниҳод ҳаст?
Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.
Сухан ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғиёсиддин Ашӯрзода дода мешавад.
Ғиёсиддин АШӮРЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» бо мақсади идома бахшидани ислоҳот дар самти танзими соҳаи низоми иҷозатдиҳӣ, дар доираи як санади мукаммал танзим намудани муносибатҳои қайдгардида таҳия ва пешниҳод гардида, тибқи он, принсип ва шаффофияти низоми иҷозатдиҳӣ дар моддаҳои алоҳида оварда шуданд.
Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия лоиҳаи қонуни мазкурро баррасӣ ва ҷонибдорӣ намуда, аз шумо, вакилони гиромӣ низ бо эҳтиром хоҳиш менамояд, ки ба тарафдории он овоз диҳед.
РАИС: - Сухани навбатӣ ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Раҳматзода дода мешавад.
Рустам РАҲМАТЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Дар тамоми давлатҳои тараққикарда 80 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз ҳисоби соҳибкории хурду миёна ташаккул меёбад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар раддабандии пешбурди соҳибкорӣ мавқеи кишвари мо солҳои охир 60 зина баланд шуда, ба қатори 10 кишвари таҷдидкунандаи рушди низоми соҳибкорӣ ворид гардидааст. Бартарии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» дар он аст, ки дар баъзе намуди фаъолияте, ки низомсоз аст, масалан, фаъолият дар истифодаи сарватҳои зеризаминӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, хироҷе, ки аз субъектҳо ситонида мешавад, дар шакли нишондиҳанда барои ҳисобҳо пардохт мешавад. Лоиҳаи қонун дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ таҳия шудааст ва рушди иқтисоди миллиро таъмин мекунад.
Бо камоли эҳтиром хоҳиш менамоям, ки ба ҷонибдории он овоз диҳед.
РАИС: - Сухан ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғиёсиддин Шарифзода дода мешавад.
Ғиёсиддин ШАРИФЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» дар ҳақиқат идомаи ислоҳот дар самти танзими соҳаи низоми иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ буда, санади мукаммал дар таъмини муносибатҳои қайдгардида мебошад.
Дар мукамал намудани лоиҳаи қонуни мазкур Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон бо пешниҳоду таклифҳо саҳмгузорӣ намуда, аз шумо, вакилони муҳтарам, бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»- ро дастгирӣ намоед.
РАИС: - Сухан ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода дода мешавад.
Саидҷаъфар УСМОНЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» дарвоқеъ барои соҳибкорон ва сармоягузорӣ аҳамияти калон дошта, дар асоси омӯзиш, эроду пешниҳодҳо таҳия гардидааст. Он барои сармоягузорӣ шароити беҳтарро пешниҳод мекунад, чунки то имрӯз дар низоми иҷозатдиҳӣ баъзе духӯрагиҳо буданд ва ҳоло ин ба як тартиб сода гардонида шудааст. Дар маҷмӯъ, лоиҳаи қонуни мазкур мувофиқ ба талаботи имрӯза аст. Хоҳиш менамоям, ки ба ҷонибдории он овоз диҳанд.
РАИС:- Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.
Лоиҳаи қонуни мазкур мукаммал аст, мутобиқи банди 337 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон боб ба боб ва модда ба модда баррасӣ шавад ё яклухт қабул карда шавад?
Пешниҳод аст, ки яклухт қабул карда шавад.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» яклухт ба овоз монда шуда, қабул гардид.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати маъмурӣ нисбат ба шахсони аз муассисаҳои ислоҳӣ озодшуда» шурӯъ менамоем.
Сухан ба муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Аламшозода дода мешавад. Марҳамат.
Абдураҳмон АЛАМШОЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати маъмурӣ нисбат ба шахсони аз муассисаҳои ислоҳӣ озодшуда» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Мақсад аз он муайян намудани асосҳо, тартиби муқаррар ва амалӣ намудани назорати маъмурӣ, дароз ва қатъ намудани он нисбат ба шахси таҳти назоратбуда, ҳуқуқу уҳдадориҳои онҳо ва ваколати мақомоти корҳои дохилӣ ҳангоми амалисозии назорати маъмурӣ мебошад.
Шахси таҳти назоратбуда шахсест, ки нисбат ба ӯ бо тартиби муқаррарнамудаи лоиҳаи пешниҳодшуда назорати маъмурӣ муқаррар мешавад, ки доираи ин шахсон дар моддаи 4 лоиҳаи мазкур дарҷ гардидааст.
Назорати маъмурӣ аз ҷониби суд бо асосҳои пешбининамудаи қисми 2 моддаи мазкур нисбат ба шахси болиғе, ки барои содир намудани яке аз ҷиноятҳои зерин доғи судӣ дорад, муқаррар мегардад:
1) ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин;
2) ҷиноятҳо дар ҳолати ретсидиви ҷиноят;
3) ду ё зиёда ҷиноятҳои қасдона;
4) ҷиноятҳои қасдона ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ нисбат ба ноболиғон.
Нисбат ба шахси дар қисми 1 моддаи мазкур зикргардида назорати маъмурӣ муқаррар карда мешавад, агар:
1) ӯ дар давраи адо намудани ҷазо дар маҳали маҳрум сохтан аз озодӣ ҳамчун вайронкунандаи ашаддии тартиботи муқарраршудаи муассисаи ислоҳӣ эътироф гардида бошад;
2) ӯ дар давоми як сол пас аз адои ҷазо ду ва зиёда ҳуқуқвайронкунии маъмурии вобаста ба тартиботи идоракунӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ва ахлоқ, ҳифзи саломатӣ ва амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ содир намуда, нисбаташ қарори эътибори қонунӣ пайдокардаи мақомоти ваколатдори давлатӣ мавҷуд бошад.
Назорати маъмурӣ бо қарори судя дар асоси дархости мақомоти корҳои дохилӣ бо розигии прокурори дахлдор муқаррар мешавад. Назорати маъмурӣ аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ амалӣ мешавад.
Тартиби бақайдгирии шахси таҳти назоратбуда ва амалӣ намудани назорати маъмурӣ аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мешавад.
Бояд қайд намуд, ки мақсади лоиҳаи қонуни мазкур танзими муносибатҳо вобаста ба назорати маъмурӣ нисбат ба шахси таҳти назоратбуда ва пешгирии содиршавии ҳуқуқвайрокуниҳои нав аз ҷониби ӯ мебошад. Аз ин лиҳоз, таҳия гардидани лоиҳаи қонуни мазкур тақозои замон буда, ба танзими қонунгузории фаъолияти мақомоти салоҳиятдор равона мегардад.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда мухолифат надорад ва амалӣ намудани он аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд.
Хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ё пешниҳод ҳаст?
Сухани навбатӣ ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Мавлудахон Мирзозода дода мешавад. Марҳамат.
Мавлудахон МИРЗОЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати маъмурӣ нисбат ба шахсони аз муассисаҳои ислоҳӣ озодшуда» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади иҷрои талаботи нақшаи чорабиниҳои амалисозии «Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз якуми июни соли 2021 таҳти № 211 тасдиқ шудааст, таҳия гардидааст.
Ҳадафи лоиҳаи қонуни мазкур огоҳсозӣ ва пешгирии такроран содир кардани ҳуқуқвайронкуниҳои нав, ки оқибат ба содири ҷиноят оварда мерасонад ва муҳимтар аз ҳама, оромии ҷомеа мебошад.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати маъмурӣ нисбат ба шахсони аз муассисаҳои ислоҳӣ озодшуда» аз 5 боб ва 14 модда иборат буда, асосҳои ҳуқуқӣ, тартиби таъин ва амалӣ кардани назорати маъмурӣ, дароз, кам ва қатъ намудан муҳлати назоратиро нисбат ба шахси таҳти назоратбуда, ҳуқуқу уҳдадориҳои ӯ ва ваколати мақомоти корҳои дохилиро ҳангоми бақайдгирӣ ва амалисозии назорати маъмурӣ муайян менамояд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати маъмурӣ нисбат ба шахсони аз муассисаҳои ислоҳӣ озодшуда» бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуда буд.
65 таклифи пешниҳодшуда аз тарафи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои адлия ва корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуда, баъзе меъёру муқаррароти лоиҳа такмил ёфт.
Инчунин, дар рафти баррасии лоиҳаи қонуни мазкур, таклифу пешниҳодҳои муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Ватанзода қабул шуданд, ки барои такмили лоиҳа мусоидат намуданд.
Лоиҳаи қонуни зикршуда ба талаботи моддаи 10, боби 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Бо эҳтиром хоҳиш менамоем, ки барои қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати маъмурӣ нисбат ба шахсони аз муассисаҳои ислоҳӣ озодшуда» овоз диҳед.
РАИС: - Ба маърӯзачӣ савол ҳаст? Нест.
Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад?
Сухан ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода дода мешавад.
Саидҷаъфар УСМОНЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати маъмурӣ нисбат ба шахсони аз муассисаҳои ислоҳӣ озодшуда» ба он маъност, ки дар ҷомеа ҳолатҳое вуҷуд доранд, ки пешгӯинашаванда аст. Эҳтимолиятҳое вуҷуд дорад, ки шаҳрванд ҳангоми адои ҷазои ҷиноятӣ низ дар муассисаҳои ислоҳотӣ ҷиноят содир мекунад. Пас аз адои ҷазо ӯ озод мешавад ва эҳтимол дорад, ки боз ба суботи кишвар хатар эҷод кунад. Аз ин рӯ, дар лоиҳаи қонун омадааст, ки ҳангоми озод шудани чунин шаҳрвандон муассисаҳои ислоҳотӣ ба Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад ва рафтору кирдори чунин ашхос зери назорат гирифта мешавад. Ин қонун мувофиқи талаботи имрӯза аст. Хоҳиш менамоям, ки барои қабули он овоз диҳед.
РАИС: - Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.
Лоиҳаи қонуни мазкур мукаммал аст, мутобиқи банди 337 Дастури Маҷлиси намояндагон боб ба боб ва модда ба модда баррасӣ шавад ё яклухт қабул карда шавад?
Пешниҳод аст, ки яклухт қабул карда шавад.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати маъмурӣ нисбат ба шахсони аз муассисаҳои ислоҳӣ озодшуда» яклухт ба овоз монда шуда, қабул гардид.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати маъмурӣ нисбат ба шахсони аз муассисаҳои ислоҳӣ озодшуда» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.
РАИС: - Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзнома - «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ» оғоз менамоем.
Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Аламшозода дода мешавад. Марҳамат.
Абдураҳмон АЛАМШОЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Лоиҳаи қонуни мазкур барои иҷрои банди 4 «Нақшаи чорабиниҳои амалисозии барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз якуми июни соли 2021 таҳти № 211 тасдиқ шудааст, таҳия гардидааст.
Банди 4 – уми нақшаи чорабиниҳои зикргардида таҳия намудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ»-ро пешбинӣ мекунад. Аз сабаби он ки тағйиру иловаҳои воридшаванда аз нисфи матни қонуни амалкунанда зиёд мебошад, бо дастрасии муқаррароти моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ» дар таҳрири нав таҳия шудааст.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба таъмини ҳифзи манфиатҳои ҳаётан муҳими шахсият, ҷамъият ва давлат, таҳкими қонуният ва тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, инчунин барои баланд бардоштани нақши шаҳрвандон ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ ва шуури ҳуқуқии аҳолӣ равона гардида, фарогири тамоми шаклҳои иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ буда, вазъи ҳуқуқии кормандони ғайриштатӣ, аъзои дастёрони ихтиёрӣ, шӯроҳои ҷамъиятӣ ва шӯроҳои собиқадоронро, ки дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ иштирок мекунанд, муайян намудааст.
Он вобаста ба иштироки шаҳрвандоне, ки дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мусоидат менамоянд, меъёрҳои ҳаволакунандаро пешбинӣ мекунад. Бо назардошти он ки бархе аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дорои шӯроҳои собиқадорон ва кормандони ғайриштатӣ буда, дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ иштирок менамоянд, татбиқи қонун нисбат ба онҳо, бо назардошти хусусияти фаъолияти мақомоти мазкур амалӣ карда мешавад.
Лоиҳаи қонуни мазкур аз 7 боб ва 32 модда иборат буда, ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунад.
Бо камоли эҳтиром хоҳиш менамоям, онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ё пешниҳод ҳаст? Нест.
Сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Толибхон Азимзода дода мешавад. Марҳамат.
Толибхон АЗИМЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Яке аз мақсадҳои асосии таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи қонуни мазкур аз як тараф, давоми амалисозии «Барномаи ислоҳоти милитсия» бошад, аз тарафи дигар, фаъол гардонидани шаҳрвандон дар пешгирии қонунвайронкуниҳо, ҷинояткорӣ ва мустаҳкам намудани тартиботи ҷамъиятӣ дар ҷомеа арзёбӣ мегардад. Мақсади дигар такмил додани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар ин самт амалкунанда, алалхусус Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ» мебошад, ки асосан фаъолияти дружиначиёни халқиро ба танзим медарорад ва ин дар асоси талаботи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» аст.
Лоиҳаи қонуни зикргардидаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷонибдорӣ карда, ҳамзамон барои такмили он 157 таклиф намуданд, ки ҳамааш ба назар гирифта, дар ҳамбастагӣ бо субъектони лоиҳаро пешниҳоднамуда, мувофиқа шуданд.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба моддаҳои 28, 29 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи милитсия» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Бо камоли эҳтиром хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ё пешниҳод ҳаст?
Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.
Лоиҳаи қонуни мазкур мукаммал аст, мутобиқи банди 337 Дастури Маҷлиси намояндагон боб ба боб ва модда ба модда баррасӣ шавад ё яклухт қабул карда шавад?
Пешниҳод аст, ки яклухт қабул карда шавад.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ» яклухт ба овоз монда шуда, қабул гардид.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.
РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини ченаки ягона» шурӯъ менамоем.
Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Неъматулло Холбойзода дода мешавад. Марҳамат.
Неъматулло ХОЛБОЙЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини ченаки ягона» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим, Неъматулло Холбойзода, Абдуҳалим Ғаффорзода, Комрон Исмоилиён ва Баҳриддин Зиёӣ бо мақсади такмили қонунгузории соҳаи метрология, бо назардошти таҷрибаи байналмилалӣ, таҳия ва пешниҳод гардидааст. Лоиҳаи қонун аз 6 боб ва 28 модда иборат буда, асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии фаъолиятро дар соҳаи таъмини ченаки ягона муайян намуда, ба қонеъ намудани талаботи шаҳрвандон ва иқтисодиёти мамлакат ба натиҷаҳои боэътимод ва муқоисашавандаи ченак, ҳифзи саломатии аҳолӣ, муҳити зист, таъмини иқтидори мудофиавӣ ва амнияти мамлакат равона гардидааст.
Таҳлили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини ченаки ягона» аз 15 — уми майи соли 1997 нишон дод, ки гарчанде ба он то имрӯз се маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуда бошад ҳам, аммо муқаррароти он на ҳама паҳлуҳои танзими соҳаро дар бар гирифта, ба талаботи имрӯзаи стандартҳои байналмилалӣ ва нишондиҳандаҳои асосии таъмини ченаки ягона ҷавобгӯй мебошад. Аз ин рӯ, бо назардошти таҷрибаи байналмилалӣ ва давлатҳое, ки дар соҳаи метрология ба натиҷаҳои назаррас ноил гаштаанд, мувофиқи мақсад ҳисобида шуд, ки лоиҳаи қонуни нав таҳия ва қабул карда шуда, дар он муқаррароти стандартҳои байналмилалӣ ба назар гирифта шавад.
Дар лоиҳаи қонун таҷрибаи нав дар соҳаи метрология — андозагирии воситаи ченак, аттестатсияи воситаҳои ченкунӣ ва санҷиш, пайвастшавии метрологӣ, намунаҳои стандартии хосияти мавод ба назар гирифта шудаанд, ки яке аз омилҳои асосии эътирофи байналмилалии соҳа маҳз аз ин равандҳо вобастагӣ дорад.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон онро ҷонибдорӣ намуда, барои мукаммалнамоии он 122 таклиф пешниҳод карданд, ки 36-тоаш қабул, 13-тоаш қисман қабул ва 73-тоаш қабул нагардид.
Лоиҳаи қонун ба моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мухолифат надошта, татбиқи он дар доираи маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатӣ амалӣ карда мешавад. Бо камоли эҳтиром хоҳиш менамоям, ки ба ҷонибдории лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини ченаки ягона» овоз диҳед.
РАИС: - Ба маърӯзачӣ савол ё пешниҳод ҳаст? Нест.
Сухани навбатӣ ба директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Темурҷон Абдулваҳобзода дода мешавад. Марҳамат.
Темурҷон
АБДУЛВАҲОБЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини ченаки ягона» аз 6 боб ва 28 модда иборат буда, асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии фаъолиятро дар соҳаи таъмини ченаки ягона муайян менамояд.
Бояд гуфт, ки дар бисёри кишварҳо низоми пешрафтаи ченак яке аз қувваҳои рушдкунандаи соҳаи саноат ба ҳисоб рафта, барои истеҳсоли маҳсулоти нав истифода гардида, ҳамчунин барои рушди бахши истеҳсолӣ дурустии воситаи ченак мавқеи асосӣ дорад.
Дар лоиҳаи қонун таҷрибаи нав дар соҳаи метрологияи муосир — андозагирии воситаи ченак, аттестатсияи воситаҳои ченкунӣ ва санҷиш, пайвастшавии метрологӣ, намунаҳои стандартии хосияти модда (мавод) ба назар гирифта шудаанд, ки яке аз омилҳои асосии эътирофи байналмилалии соҳа маҳз аз ин равандҳо вобастагӣ дорад.
Бояд қайд намуд, ки тибқи таҷрибаи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо мақсади пурра фаро гирифтани соҳаи метрология ҳамкорӣ дар соҳаи мазкур бо хориҷи кишвар ва эътирофи натиҷаи фаъолияти соҳаи зикргардида маҳз тавассути қонунгузории соҳа амалӣ карда мешавад.
Бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини ченаки ягона»-ро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Ба маърӯзачӣ савол ё пешниҳод ҳаст?
Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.
Лоиҳаи қонуни мазкур мукаммал аст, мутобиқи банди 337 Дастури Маҷлиси намояндагон боб ба боб ва модда ба модда баррасӣ шавад ё яклухт қабул карда шавад?
Пешниҳод аст, ки яклухт қабул карда шавад.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини ченаки ягона» яклухт ба овоз монда шуда, қабул гардид.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини ченаки ягона» ба овоз монда, тасдиқ гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъалаи охирини рӯзнома - Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомнома «Дар бораи тартиби додани рутбаҳои дараҷавӣ ба кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз менамоем.
Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Раҷабзода Равшан дода мешавад. Марҳамат.
Равшан РАҶАБЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомнома «Дар бораи тартиби додани рутбаҳои дараҷавӣ ба кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон ва оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният таҳия ва пешниҳод шудааст.
Низомнома «Дар бораи тартиби додани рутбаҳои дараҷавӣ ба кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 – уми декабри соли 2016 таҳти № 664 тасдиқ гардидааст.
Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 – юми октябри соли 2020 таҳти №1624 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 15 — уми августи соли 2016 таҳти №737 «Дар бораи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳои дахлдор ворид гардид. Дар асоси тағйиру иловаҳои воридгардида, мансабҳои нав дар сохтори Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар §21 ба монанди «Сардори раёсат», «Муовини сардори раёсат», «Референти Раиси Маҷлиси намояндагон», «Референти муовини якум ва муовинони Раиси Маҷлиси намояндагон» ифода шудаанд. Бо назардошти мансабҳои зикргардида, зарурат ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 – уми декабри соли 2016 таҳти № 664 ба миён омадааст.
Дар иртибот ба масъалаи баррасишаванда, аз ҷониби кумитаҳои зикршуда лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомнома «Дар бораи тартиби додани рутбаҳои дараҷавӣ ба кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо назардошти таҷдиди сохтори Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, ки дар он мансабҳои нави хизматӣ пешбинӣ гардидааст, таҳия шудааст.
Дар бандҳои 1, 4, 5, 6, 9, 11, 12, 15, 17 ва 23 тағйироти дахлдор ворид гардида, ҷумлаи дуюми банди 19 ва банди 22 хориҷ карда мешавад.
Ҳадаф аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҳам мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад. Бо эҳтиром хоҳиш менамоем, ки ба тарафдории Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомнома «Дар бораи тартиби додани рутбаҳои дараҷавӣ ба кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» овоз диҳед.
РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?
Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомнома «Дар бораи тартиби додани рутбаҳои дараҷавӣ ба кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.
РАИС: — Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа пешбинӣ гардида буданд, баррасӣ шуданд.
Доир ба рафти ҷаласа эроду пешниҳод ҳаст? Нест.
Барои фаъол буданатон миннатдорӣ карда, ҷаласаро пӯшида эълон менамоям.
Хӯҷаназари АМИНИЁН,
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ