Иҷлосияи даҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ҷонибдорӣ ёфт

№65-66 (4485-4486), 67 (4487) 02.06.2022

Қонун «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» ва тағйироту иловаҳо ба баъзе аз санаду меъёрҳои ҳуқуқии амалкунанда низ

DSC_0386Сиюми майи соли 2022 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рус­тами Эмомалӣ Иҷлосияи даҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Хоҳишмандам, барои бақайдгирӣ тариқи системаи овоздиҳии электронӣ аз қайд гузаред. Марҳамат.

Дар иҷлосия 27 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ иштирок доранд. Инчунин, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъа­лаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди конститутсионӣ, раиси Суди Олӣ, раиси Суди Олии иқтисодӣ, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, раиси Палатаи ҳисоб, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, раиси Бонки миллии Тоҷикистон  ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ҳузур доранд.

Оид ба оғози кори иҷлосия чӣ гуна таклифҳо ҳаст?

Пешниҳод шуд, ки иҷлосия корашро оғоз намояд.

Таклифро ба овоз мемонам ва аз аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳиш менамоям, ки мавқеатонро муайян созед. Марҳамат.

Ташаккур, пешниҳод қабул шуд.

Иҷлосияи даҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

(Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон садо медиҳад)

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Барои ташкили ҷараёни кор лозим аст, ки мутобиқи банди 102-юми Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби кори Иҷлосияи даҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро муайян ва тасдиқ намоем. Бо дарназардошти масъалаҳои дар рӯзнома пешбинишуда, пешниҳод менамоям, ки барои маърӯзачиён то 5 дақиқа, музокираҳо то 3 ва барои дархосту таклифҳо то 2 дақиқа вақт муайян карда шавад.

Таклифҳои дигар ҳаст? Нест.

Пешниҳодро ба овоз мемонам. Марҳамат.

Ташаккур, пешниҳод қабул гардид.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Мутобиқи банди 102-юми Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лозим аст, ки котиботи иҷлосияро интихоб намоем. Оид ба ин масъала сухан ба узви Маҷлиси миллӣ Шукурзода Мурод дода мешавад. Марҳамат.

(Шукурзода М. пешниҳод менамояд, ки ҳайати котибот иборат аз се нафар интихоб карда шавад).

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Таклиф шуд, ки котиботи Иҷлосияи даҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум иборат аз се нафар интихоб карда шавад.

Таклифҳои дигар ҳаст? Нест.

Шумораи ҳайати котиботро ба овоз мемонам ва хоҳиш менамоям мавқеатонро муайян созед. Марҳамат.

Ташаккур, таклиф қабул гардид.

Марҳамат, Шукурзода Мурод, ҳайати котиботро пешниҳод намоед.

 Шукурзода МУРОД: - Ба ҳайати котиботи Иҷлосияи даҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум аъзои зерини Маҷлиси миллӣ пешниҳод карда шаванд:

Набизода Мадина — раиси котибот

Амонзода Илҳом ва Абдураҳмонзода Саидбурҳон — аъзои котибот.

РАИС: - Оид ба ҳайати котибот таклифҳои дигар ҳаст? Нест.

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам ва аз аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳиш менамоям мавқеатонро муайян созед. Марҳамат.

Ташаккур, қарор қабул гардид.

Аз ҳайати котибот хоҳиш карда мешавад, ки ба кор шурӯъ намоянд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Инчунин, лозим аст, ки рӯзномаи Иҷлосияи даҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро тасдиқ намоем.

Лоиҳаи рӯзномаи иҷлосия бо қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муайян ва барои баррасӣ ба шумо пешниҳод шудааст. Оид ба масъалаҳои он таклифҳои дигар ҳаст? Нест.

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам ва хоҳиш менамоям мавқеатонро муайян созед. Марҳамат.

Қарор дар бораи рӯзномаи Иҷлосияи даҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум қабул гардида, ба он масъалаҳои зерин ворид гардиданд:

1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»

2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа»

3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»

4. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ»

5. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»

6. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист»

7. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист»

8. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи байторӣ»

9. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ»

10. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ»

11. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ»

12. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйи­ру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»;

13. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ»

14. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ»

15. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи идоракунии молиявӣ ва назорати дохилӣ дар бахши давлатӣ»

16. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

17. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

18. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иваз намудани номи деҳаи Фақиробод ба деҳаи Обшорони деҳоти Мискинобод, ба категорияи шаҳрак мансуб донис­тани деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод ва иваз намудани номи он ба «30-солагии Истиқлол»

19. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Вазирзода Г. Н.»

20. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Мирзозода И. Ш.»

21. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Муродзода Б. Р.»

22. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоби машваратчиёни халқии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 23. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нишони Маҷ­ли­си миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон».

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи якум — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» шурӯъ менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.

Раҳмон Дилшод:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 30 марти соли 2022 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст.

Он бо мақсади муайян намудани тартиб ва шартҳои иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор, вазъи ҳуқуқии иҷрочии мақомоти иҷро, инчунин танзими масъалаҳои ташкилӣ ва фаъолияти мақомоти зикршуда қабул гардида, аз 20 боб ва 146 модда таркиб ёфтааст.

Бо қонун ҳуҷҷатҳои иҷро ва шартҳои умумии иҷро намудани амалҳои иҷро бо шарҳи 13 мафҳуми асосӣ, шаш принсипи истеҳсолоти иҷро, 10 номгӯи ҳуҷҷатҳои иҷро, муҳтавои ҳуҷҷати иҷро, ки ҳатман бояд ҳашт намуди маълумотро дар бар гирад, муҳлати барои иҷрои маҷбурӣ пешниҳод намудани ҳуҷҷати иҷро, ки вобаста ба санад аз шаш моҳ то се солро ташкил медиҳад, панҷ ҳолати оғози муҳлат, инчунин вақт, маҳал ва муҳлати гузаронидани амалҳои иҷро, аз ҷумла дар ҳолатҳои фавриро, пешбинӣ ва муайян кардааст. Зимнан, амалҳои иҷро роҷеъ ба фурӯши молу мулки ғайриманқул дар муҳлати на зиёда аз чор моҳ ва дар дигар ҳолатҳо дар муҳлати на зиёда аз ду моҳ аз рӯзи аз ҷониби иҷрочӣ қабул кардани ҳуҷҷати иҷро бо тартиби навбати воридшавии онҳо анҷом дода мешаванд.

Ҳамчунин, бо меъёрҳои алоҳида доираи иштирокчиёни истеҳсолоти иҷро, яъне тарафҳо ва дигар шахсоне, ки баҳри таъмини иҷрои талаботи ҳуҷҷати иҷро мусоидат менамоянд (ба монанди: тарҷумон, мутахассис, шахсони холис, нигоҳдоранда  ва дигарон) ва хусусиятҳои иштироки ҳар яки онҳо, аз ҷумла ноболиғон ва намояндагони қонунии онҳо, намояндагони тарафҳо, бо ифода намудани ҳуқуқу  уҳдадориҳои онҳо, инчунин овардани шикоят нисбат ба қарор, амали (беамалии) иҷрочии мақомоти иҷро муайян гардида, пешбинӣ шудаанд, ки иштирокчиёни дахлдор тавассути даъватнома ё дигар намуди хабарномаҳо дар бораи вақт ва макони гузаронидани амалҳои иҷро ё татбиқи чораҳои маҷбурии иҷро огоҳонида мешаванд. Зимнан ба иштирокчиёни дахлдор имконияти худрадкунӣ ва се асоси радкунии иштироки иҷрочӣ, тарҷумон, мутахассис ва шахси холис дар истеҳсолоти иҷро пешбинӣ шудааст.

Тибқи қонун, истеҳсолоти иҷро на дертар аз рӯзи дигари пас аз рӯзи қабули ҳуҷҷати иҷро, бо қабули қарор аз ҷониби иҷрочии мақомоти иҷро оғоз гардида,  қабл аз ҳама маълумоти дахлдор ба Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон ворид карда мешавад. ҳамин тариқ, амалӣ гардонидани иҷро, ки аз талаботи пулӣ ва дигар талабот бармеоянд, бо муайян намудани вазъи молу мулкии қарздор, кофтукови қарздор, маҷбуран овардани қарздор, молу мулки ӯ ва кӯдаке, ки мутобиқи ҳалномаи  суд аз қарздор гирифта шудааст, инчунин муваққатан маҳдуд намудани баромада рафтани қарздор аз ҳудуди кишвар ба роҳ монда шуда, раванди татбиқи амалҳои марбут ба нигаронидани ситониш ба молу мулки манқул ва ғайриманқули қарздор, навбати қонеъгардонии талабот, аз ҷумла дар мавриди пурра қонеъ нагардидани талабот, тақсимоти маблағҳои пулии ситонидашуда мушаххас муайян гардидаанд.

Муқаррарот вобаста ба тартиби нигаронидани ситониш ба ҳуқуқи талабот, аз ҷумла алимент ва музди меҳнат, намуди даромадҳое, ки нигаронидани ситониш ба онҳо мумкин нест, ситониш ба дигар ҳуқуқҳои молумулкии бегонашавандаи қарздор, нуҳ амале, ки ба хароҷот дар истеҳсолоти иҷро мансубанд, тартиби ситонидан ва пардохти хароҷоти мазкур, иҷрои санадҳои судӣ, ки қарздорро барои содир намудани амалҳои муайян ва худдорӣ кардан аз содир намудани амалҳои муайян уҳдадор менамояд, инчунин  иҷрои ҳуҷҷатҳои иҷрое, ки ба ситонидани молу мулк алоқаманд нестанд, ба монанди барқарор намудан ба кор, кӯчонидани қарздор, маскун намудани ситонанда, гирифта додани кӯдак, муошират бо кӯдак, ҳамчунин, тибқи санади судӣ аз ҷониби шахси сеюми ваколатдор ба роҳ мондани иҷрои амал аз ҳисоби қарздор дар бобҳои 12 — 15 инъикос гардидаанд.

Дар доираи бобҳои 16 — 20 (моддаҳои 120 — 146) раванди бевоситаи иҷро тавассути танзими ҳуқуқии муносибатҳои марбут ба батаъхиргузорӣ, ҷудо намудан ба давраҳо, дароз кардани муҳлати иҷрои санадҳо, тағйир додани тартиб ва тарзи иҷро, мавқуф гузоштани амали иҷро ва боздоштани истеҳсолоти иҷро, тартиби қатъи истеҳсолоти иҷро, баргардонидани ҳуҷҷати иҷро таҷассум гардидаанд. Масъалаҳои ташкилии мақомот, тартиби фаъолият ва вазъи ҳуқуқии иҷрочиёну кормандони мақомоти иҷро, таъминоти моддию иҷтимоии онҳо дар бобҳои мазкур мавриди танзими ҳуқуқӣ қарор гирифта, мавзӯъ ва воситаҳои ҳуқуқии ҳамкориҳои байналмилалӣ, иҷрои санадҳои судӣ ва дигар санадҳо нисбати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ, инчунин шахсони бешаҳрванд, муфассал муайян шудаанд.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои такмили фаъолият, беҳтар шудани истеҳсолоти иҷро ва рушди мақомоти иҷро мусоидат менамояд. Бо дарназардошти ин, аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳиш менамоям, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» мегузарем. Сухан ба Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.

Раҳмон Дилшод:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа»  аз тарафи гурӯҳе аз вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардида, онро 20 апрели соли 2022 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст.

Мақсади қонун аз такмили қонуни амалкунанда, мутобиқ намудани он ба қонунҳои алоҳидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин содаву равон ифода намудани меъёрҳо бо истифодаи якхелаи мафҳумҳои ҳуқуқӣ ва қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ иборат буда, бо ин васила, дар муқаддимаи қонун, номи бобҳои 2, 5 ва қариб дар 16 модда калима ё ибораҳои алоҳида иваз ё хориҷ карда шудаанд, ки бештар хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд.

Инчунин, сархати ҳаштуми моддаи 4 дар таҳрири нав ифода ёфта, мазмунан омодагӣ ба сафарбарии мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин ташкилотҳоро ба ташкили мудофиа мансуб донистааст. Сархати  сеюми қисми дуюми моддаи 6, ки салоҳияти Маҷлиси миллиро вобаста ба интихоб ва бозхонди судяҳои коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, бо роҳи пеш аз калимаи «судяҳои» илова намудани калимаҳои «бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» такмил дода шудааст.

Бо илова намудани баъзе калимаҳо ба сархати даҳуми қисми дуюми моддаи 7 пешбинӣ шудааст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктринаи ҳарбӣ, ҳайат, сохтори умумӣ ва шумораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои дигари ҳарбиро тасдиқ менамояд, оид ба амалӣ гардонидани чорабиниҳои мудофиаи ҳудудӣ ва дар хусуси ташкил, аз нав ташкил кардан ва барҳам додани қисмҳои ҳарбӣ фармон медиҳад.

Ҳамчунин, моддаи 26 дар таҳрири нав ифода гардида, тибқи он, маблағгузории эҳтиёҷоти мудофиа, сохтмон ва нигоҳдории Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар воҳидҳои ҳарбӣ аз ҳисоб ва дар доираи маблағҳое, ки дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ шудаанд ва таъминоти моддию техникии онҳо ба тариқи афзалиятнок сурат мегирад.

Инчунин, моддаи 28 дар таҳрири нав ифода шуда, мувофиқан ҷудо намудани қитъаҳои замин, манбаъҳои табиии дигар, додани биноҳо, иншоот, объектҳо ва дигар молу мулк барои эҳтиёҷоти мудофиа ва баргардонидани онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ амалӣ карда мешаванд.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи он, таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат мусоидат менамояд. Хоҳишмандам, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» ба овоз монда, шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» мегузарем.  Сухан ба Раҳмон Дилшод мешавад. Марҳамат.

Раҳмон Дилшод:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 27 апрели соли 2022 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст.

Мақсади қонун аз такмили меъёрҳои дахлдори қонуни амалкунанда, бинобар қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва таҷдид ёфтани сохтори Агентӣ иборат буда, бо ин васила, дар қисми 3-юми моддаи 11 калимаи «пешгирии» ба калимаҳои «муқовимат ба» иваз карда шуда, ба сархати сеюми моддаи 12 пас аз калимаи «масъулияти» калимаҳои «муовини якум ва» илова гардида, калимаи «сарраёсатҳо,» хориҷ карда шудааст.

Ба ҳамин монанд, дар моддаи 13-и қонун калимаҳои «мақомоти Агентӣ ва сохторҳои тобеи» ва «мақомоти он,» мувофиқан ба калимаҳои «воҳидҳои сохтории Агентӣ ва воҳидҳои маҳаллии» ва «мақомот» иваз гардида, аз сархати панҷуми моддаи мазкур ва аз ҷумлаҳои якум ва дуюми қисми 2-и моддаи 15 калимаҳои «сарраёсатҳо,», «сарраёсатҳо ва» хориҷ карда шудаанд. Дар сархати ҳафтуми моддаи мазкур калимаҳои «кории мақомоти назорати давлатии» ба калимаҳои «умумии тафтишу санҷишҳои» иваз карда шудаанд.

Бо илова ба қисми 10 моддаи 26, баробаркунии рутбаҳои дараҷавӣ ва тахассусии кормандони дигар мақомоти давлатӣ, ки дар Агентӣ ба вазифа таъин мегарданд, бо дарназардошти собиқаи хизмати давлатии онҳо, тибқи Низомномаи адои хизмат дар воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.

Дар қисми 3 моддаи 27 калимаҳои «Тартиби» ва «ҳайати роҳбарикунандаи хурд, миёна ва калонро» мувофиқан ба калимаҳои «Номгӯи мансабҳо ва тартиби» ва «кормандони мақомоти Агентиро» иваз карда шуда, қисми 4 хориҷ ва ҳамчунин қисми 5 қисми 4 ҳисобида шудааст.

Тибқи тасҳеҳи қисми 4-и моддаи 30, кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ, ки 20 сол ва аз он зиёдтар хизмат кардаанд ва боз хизматро давом медиҳанд, минбаъд ҳар моҳ ба таъминоти пулиашон то 25 фоиз маоши иловагӣ мегиранд. Тартиб ва шарти пардохти иловапулии мазкур аз ҷониби директори Агентӣ муайян карда мешавад. Ва ниҳоят, ба қисми 2 моддаи 32 сархати сездаҳум илова гардида, тибқи он, минбаъд ба кори дигар гузаштани корманд яке аз асосҳо барои қатъ шудани хизмат дар мақомоти Агентӣ мегардад.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои таҳкими фаъолияти кормандони Агентӣ ва муқовимат ба коррупсия мусоидат менамояд. Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзнома — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ» мегузарем. Оид ба ин масъала сухан ба Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.

Раҳмон Дилшод:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 11 майи соли 2022 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст.

Мақсади қонун аз такмили меъёрҳои дахлдори қонуни амалкунанда бартараф намудани такроршавӣ, ҳифзи сирри амалиёти нотариалӣ ва мувофиқ намудани меъёрҳои қонуни мазкур ба талаботи қонунҳои алоҳидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буда, бо ин васила, дар 19 модда баъзе калимаҳо хориҷ ё иваз ва дар робита ба онҳо қисмҳои дахлдори моддаҳои мазкур ба тартиб дароварда шудаанд.

Иловаи сархати ҳаштум ба моддаи 1 мафҳуми низоми ягонаи иттилооти нотариалиро пешбинӣ намуда, қисми муқаддимавии қисми 3 ва қисми 4 моддаи 10 дар таҳрири нав ифода ёфта, тибқи онҳо, гирифтани маълумот дар бораи амалиёти нотариалии баҷоовардашуда ва нусхаҳои ҳуҷҷатҳое, ки дар парвандаҳои идораи нотариалии давлатӣ маҳфузанд, ба истиснои ҳолатҳои ба вуҷуд омадани зарурати таъини экспертизаи ҳуҷҷатҳо ва тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон, манъ аст.

Бо тасҳеҳи қисмҳои алоҳидаи моддаҳои 13, 15 ва моддаи 16 низоми нотариалии давлатӣ, ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ аз ҷониби онҳо, талабот нисбат ба кормандони техникии идораҳои нотариалӣ, таъсис додани бойгониҳои идораҳои нотариалии давлатӣ, муҳлати нигоҳдории ҳуҷҷатҳои нотариалӣ, тартиби фаъолияти бойгонӣ ва роҳбарии идораҳои нотариалии давлатӣ мушаххас муайян карда шудаанд.

Мутобиқи боби иловагардидаи 11, танзими ҳуқуқии низоми ягонаи иттилооти нотариалӣ бо фарогирии моддаҳои 201-203 ба роҳ монда, мундариҷа ва ворид намудани маълумот ба низоми мазкур муайян карда шудаанд.

Қисми 2 моддаи 24 ва қисми 2 моддаи 28 дар таҳрири нав ифода гардида, тибқи онҳо, таъин намудан ба мансаби нотариуси давлатӣ мутобиқи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», «Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шуда, зараре, ки дар натиҷаи амал (беамалӣ)-и ғайриқонунии нотариуси давлатӣ расонида шудааст, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад.

Бо иловаи ҷумлаи дуюм ба қисми 1 моддаи 29 масъалаҳои марбут ба  муҳри нотариуси давлатӣ танзим гардида, бо такмили қисми 1 моддаи 32 ва қисми 2 моддаи 39 меъёр вобаста ба амалиёти нотариалӣ нисбати барасмиятдарории аҳди яктарафа мукаммал гардида, муқарраркунии шахсият бо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандае, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муайян кардааст, анҷом дода мешавад.

Ҳамчунин, қисми 3 моддаи 44 дар таҳрири нав ифода ёфта, ислоҳот ба ҳуҷҷати ба таври нотариалӣ тасдиқшуда, тибқи Қоидаҳои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ бо роҳи ислоҳи бевоситаи матни ҳуҷҷат ё бо қабули қарори дахлдор амалӣ гардида, мутобиқи иловаи қисми 5 ба моддаи 45 дар мавриди рад намудани амалиёти нотариалӣ низ қарор қабул карда мешавад.

Ба моддаи 46 қисми 4, ки масъа­лаи Феҳристи низоми ягонаи иттилооти нотариалиро дар бар гирифтааст, тартиби сабти амалиёти нотариалӣ дар онҳо илова гардида, бо тасҳеҳи моддаи 50 муайян шудааст, ки шартномаҳо дар бораи бегонакунии молу мулки ғайриманқули таҳти ҳабс қарордошта танҳо пас аз бардоштани ҳабс ва агар ба онҳо манъкунӣ гузошта шуда бошад, танҳо бо розигии кредитор ва бадасторанда барои гузаронидани қарз тасдиқ карда мешаванд.

Тибқи моддаи иловагардидаи 531, нотариуси давлатӣ ва шахсони ваколатдор уҳдадориҳо ва розигиҳоеро, ки мазмуни онҳо аҳди яктарафаро ифода мекунанд ва розигиҳои дигареро, ки тасдиқи нотариалии онҳо ҳатмианд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунанд. Ва ниҳоят, бо тасҳеҳи қисми 1 моддаи 68 ва қисми 3 моддаи 69 масъалаҳои додани шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос аз рӯи қонун ба номи ноболиғи таҳти васоят ё парасторӣ қарордошта ва ё вориси ғайри қобили амал танзим гардидаанд.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои баланд бардош­тани малакаи касбии нотариусони давлатӣ, сифати хизматрасонӣ ва сари вақт анҷом додани амалиётҳои нотариалӣ мусоидат менамояд.

Аз шумо, эҳтиромона хоҳиш менамоям, онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» мегузарем. Марҳамат, Раҳмон Дилшод, сухан ба шумо.

Раҳмон Дилшод:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» дар заминаи татбиқи  тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ аз 28 майи соли 2021 дар мавзӯи «Асосҳои ташкиливу ҳуқуқии таъмини рақобати солим ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон: мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо» аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ  Ш. Ҷумъазода ва  Р. Муқимӣ пешниҳод гардида, онро 11 майи соли 2022 Маҷлиси  намояндагон қабул кардааст.

Бо дарназардошти нақш ва аҳамияти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар муносибатҳои ҷамъиятии ҷойдошта, ба моддаи 2 қонуни амалкунанда сархати даҳум илова гардида, тибқи он, минбаъд 15 март – Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ҳамчун ид муайян гардидааст.

Илова ба ин, бо дарназардошти саҳми беандозаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва эътирофи чунин саҳм аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалӣ ба моддаи зикршуда сархати сиву дуюм илова гардида, тибқи он, минбаъд 1 июн – Рӯзи кормандони мақомоти назорати маводи нашъаовар ҳамчун ид пешбинӣ шудааст.

Идҳои пешбинишуда рӯзи ғайрикорӣ намебошанд.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, баҳри тақвияти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, мавқеи шаҳрвандӣ ва ифтихори касбии кормандони мақомоти давлатии марбута, инчунин таҳкими мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор мусоидат менамояд. Бинобар ин, хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист»  шурӯъ менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология Одилбекова Лола дода мешавад. Марҳамат.

ОДИЛБЕКОВА Лола:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 марти соли 2022 қабул намудааст.

Мақсад аз қабули он аз байн бурдани мухолифат дар қонунгузории ҷумҳурӣ, инчунин ҳифзи саломатии аҳолӣ ва муҳити зист мебошад. Ба ҳамин мақсад, қисми 3 моддаи 49 дар таҳрири нав ифода шудааст, ки мутобиқи он, минбаъд ворид намудани партовҳои радиактивӣ, инчунин транзити онҳо тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикис­тон манъ карда шудааст.

Зарурати пешниҳоди қонуни мазкур ба он асос меёбад, ки миқдори зиёди партовҳои радиоактивӣ дар ҷумҳурӣ аз давраи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷамъ шуда, ҳоло таъсири манфии онҳо ба муҳити зист ва аҳолие, ки дар шафати партовгоҳҳои боқимондаи урандор (саноати уранӣ) зиндагӣ мекунанд, мерасад.

Воридоти партовҳои радиоактивии иловагӣ ба ҷумҳурӣ аз дигар кишварҳо ба заҳролудшавии муҳити зист ва таъсири манфӣ ба саломатии аҳолӣ оварда мерасонад. Аз ин лиҳоз, зарурат ба ворид кардани тағйир ба қонун ба амал омадааст. Аз шумо, муҳта­рам аъзои Маҷ­лиси миллӣ, хоҳиш­­­мандам онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС:- Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйи­рот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» мегузарем. Марҳамат, Одилбекова Лола, сухан ба шумо.

ОДИЛБЕКОВА Лола:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарифхӯҷа Шоҳиён ва гурӯҳе аз вакилони Маҷлиси намояндагон таҳия ва пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 апрели соли 2022 қабул намудааст.

Мақсади қабули қонуни мазкур мутобиқгардонии он ба талаботи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, мутобиқи он, дар як қатор моддаҳои қонуни амалкунанда калимаҳои «мавзеъҳои табиии махсус ҳифзшаванда» ва «мавзеъҳо» мувофиқан ба калимаҳои «ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда» ва «ҳудудҳо» иваз карда шуда, номи боби II дар таҳрири нав ифода шудааст.

Аз ин рӯ, аз шумо, муҳта­рам аъзои Маҷ­лиси миллӣ, хоҳиш­­­мандам онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи байторӣ»   мегузарем. Сухан ба Одилбекова Лола дода мешавад. Марҳамат.

ОДИЛБЕКОВА Лола:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи байторӣ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 апрели соли 2022 қабул намудааст.

Қонун бо мақсади танзими меъёрии ҳуқуқии муносибатҳои ба нигоҳдории ҳайвоноти хонагии ғайрикишоварзӣ, бемаҳсул ва беназоратмонда таҳия ва пешниҳод шудааст.

Бо ҳамин мақсад дар моддаи 1 қонуни амалкунанда як қатор мафҳумҳои нав илова шуда, баҳри мушаххас гардонидани ваколатҳои мақоми давлатӣ ва  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар моддаҳои 3, 4 ва 5 қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид гардидаанд.

 Моддаҳои нави 281, 282 ва 283 иловашуда талаботи умумии беҳдошти байторӣ нисбат ба парвариши ҳайвоноти хонагии ғайрикишоварзӣ ва бемаҳсул, инчунин хусусиятҳои муносибат бо ҳайвоноти беназоратмондаро пурзӯр карда, масъалаҳо вобаста ба паноҳгоҳи ҳайвонотро мушаххас намудаанд.

Илова бар ин, ба як қатор моддаҳои қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид гардидаанд, ки онҳо хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд.

Бинобар ин аз шумо, муҳта­рам аъзои Маҷ­лиси миллӣ, хоҳиш­­­мандам онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи байторӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» мегузарем. Марҳамат, Одилбекова Лола, сухан ба шумо дода мешавад.

ОДИЛБЕКОВА Лола:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифҷон Ҷумъазода ва як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 апрели соли 2022 қабул намудааст.

Қонун бо мақсади мутобиқ намудани қонуни амалкунанда ба талаботи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» ва мушаххас гардонидани ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ таҳия ва қабул шудааст.

Бо ҳамин мақсад ба моддаи 2 сархатҳои нави 18, 20 ва 27 ворид карда шудаанд, ки маҳфумҳои маҳсулоти хӯроквории қалбакӣ, пеститсидҳо ва коркарди аввалияро мушаххас менамоянд.

Мутобиқи тағйироти ба моддаи 18 воридшуда, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ ва мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо пурра мушаххас гардидаанд.

Дар доираи қонуни пешниҳодшуда, моддаи 38 дар таҳрири нав ифода шудааст, ки мутобиқи он, минбаъд маблағгузории назорати давлатӣ оид ба бехатарии хӯрок­ворӣ дар объектҳои таҳти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, байторӣ, фитосанитарӣ ва карантини рустанӣ, стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешавад.

Ҳамчунин, дар қонуни мазкур тағйироти дахлдор низ ворид шудаанд, ки хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд.

Аз шумо, муҳта­рам а­ъзо­и Маҷ­лиси миллӣ, хоҳиш­­­мандам онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрок­ворӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ» мегузарем. Марҳамат, Одилбекова Лола, сухан ба шумо.

ОДИЛБЕКОВА Лола:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 майи соли 2022 қабул намудааст.

Мақсад аз қабули қонуни мазкур мутобиқгардонии қонуни амалкунанда ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушаххас гардонидани меъёрҳои ҳуқуқӣ, тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, мебошад.

Ҳамин тариқ, сархати дуюми моддаи 3 қонуни амалкунанда дар таҳрири нав ифода шудааст, ки тибқи он, минбаъд стратегия ва барномаҳои давлатӣ оид ба ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзиро мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ менамояд.

Тағйиру иловаҳои дар моддаҳои 4 ва 41 воридгардида ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатиро дар соҳаи ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ мушаххас гардонидаанд.

Мутобиқи тағйиру иловаҳои дар моддаҳои 5 ва 6 воридгардида, ҳуқуқу уҳдадориҳои заминистифодабарандагон дар соҳаи ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ мукаммал гардонида шудаанд. Илова бар ин, қисми якуми моддаи 10 қонуни амалкунанда дар таҳрири нав ифода гардидаааст, ки мутобиқи он, минбаъд мақоми ваколатдори давлатӣ бо мақсади ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ барномаҳои мақсадноки давлатиро таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

Ҳамчунин, ба қонуни амалкунанда як қатор тағйиру иловаҳои дигар ворид гардидаанд, ки хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд.

Аз шумо, муҳта­рам аъзои Маҷ­лиси миллӣ хоҳиш­­­мандам онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими  давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ» шурӯъ менамоем. Сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъа­лаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон Гулзода Маҳмадшоҳ дода мешавад. Марҳамат.

Маҳмадшоҳ Гулзода:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни   Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ» аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Содиқӣ, Г. Абдулхолиқзода, Г. Шарофзода, Ф. Наҷмиддиниён, Ғ. Шарофзода ва Р. Даринг пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагон 20 апрели  соли 2022 қабул кардааст.

Мақсади ворид намудани тағйи­роту илова ба қонуни амалкунанда аз такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутобиқ намудани меъёрҳои қонуни мазкур бо дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.

Тағйироти мавриди назар ба моддаҳои 1, 12 ва 23 хусусияти мутобиқкунанда, муайянкунанда ва таҳрирӣ дошта, ҷиҳати аз байн бурдани номувофиқатӣ байни меъёрҳои санадҳои қонунгузорӣ ва истифодаи якхелаи истилоҳоти ҳуқуқӣ дар қонунгузории кишвар пешбинӣ шуда, бо мақсади мушаххас намудани заминаҳои ҳуқуқии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ моддаи 21 дар таҳрири нав ифода гардидааст.

Қонуни пешниҳод­гардида ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷод­кунӣ мувофиқ буда, аз шумо, ­аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ  намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» шурӯъ менамоем. Марҳамат Гулзода Маҳмадшоҳ, сухан ба шумо дода мешавад.

Маҳмадшоҳ Гулзода:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон  Р.  Латифзода, Р. Шоҳмурод  ва Ҷ. Муртазозода пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 апрели соли 2022 қабул намудааст.

Мақсад аз он такмил ва мутобиқгардонии қонуни амалкунанда бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бо ин мақсад ба моддаҳои 8, 14 ва 15 тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст, ки хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ дошта, номувофиқатии меъёрҳои дар он ҷойдоштаро аз байн мебарад.

Вобаста ба тағйироти моддаи 8 қонуни амалкунанда минбаъд падару модар уҳдадоранд барои баланд бардоштани сатҳи фарҳанг ва маърифати экологии фарзанд чораҳо андешанд ва барои рондани воситаҳои нақлиёт бе гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ, инчунин барои омадан ба муассисаи таълимӣ бо идора намудани воситаҳои нақлиёти механикӣ иҷозат надиҳанд.

Ҳамчунин, дар моддаҳои 14 ва 15 калимаҳои  «тариқи», «мекунанд», «падару модар» ва «мебошанд» мувофиқан ба калимаҳои «таври», «мекунад», «худ» ва «мебошад» иваз карда шудааст, ки хусусияти таҳрирӣ доранд.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад.

Аз ин рӯ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ  намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи масъулияти падару модар дар  таълиму тарбияи фарзанд» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» шурӯъ менамоем. Сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту комуникатсия Ҷумъа­зода Шарифҷон дода мешавад. Марҳамат.

Шарифҷон Ҷумъазода:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 апрели соли 2022 қабул намудааст.

Қонун аз 9 модда иборат буда, дар он мафҳумҳои асосӣ, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, ваколати мақоми ваколатдори давлатӣ вобаста ба мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, боздоштани амали муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истисно аз татбиқи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, ҳалли баҳсҳо, ҷавобгарӣ барои риоя накардани талабот ва дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» пурра инъикос ёфтаанд.

Тибқи қонуни мазкур, дар давраи татбиқи мораторий ба санҷишҳо амали муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 5 қонуни зикргардида, боздошта мешавад.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эъти­роф кардааст, мутобиқ мебошад. Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон  «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъект­ҳои соҳибкорӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ» оғоз менамоем. Марҳамат Ҷумъазода Шарифҷон, сухан ба шумо.

Шарифҷон Ҷумъазода:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагон 27 апрели соли 2022 қабул намудааст.

Мақсади қабули қонуни мазкур аз байн бурдани номутобиқатии байниҳамдигарӣ ва бартараф намудани норасоиҳо дар низоми аудити дохилӣ дар бахши давлатӣ, инчунин мутобиқ намудани он ба талаботи имлои забони тоҷикӣ мебошад.

Бо ҳамин мақсад дар қисми 1 моддаи 8 қонуни амалкунанда сархатҳои панҷум ва чордаҳум дар таҳрири нав ифода шудаанд, ки тибқи он, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти омӯзонидан, додани сертификат, такмили ихтисос ва бозомӯзии аудиторҳои дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ, мукаммал карда шудаанд.

Илова бар ин, ба як қатор моддаҳои қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шудаанд, ки онҳо хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд.

Аз ин рӯ, аз шумо, муҳта­рам ­аъзои Маҷ­лиси миллӣ, хоҳиш­­­мандам онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи идоракунии молиявӣ ва назорати дохилӣ дар бахши давлатӣ» мегузарем. Сухан ба Ҷумъазода Шарифҷон дода мешавад. Марҳамат.

Шарифҷон Ҷумъазода:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи идоракунии молиявӣ ва назорати дохилӣ дар бахши давлатӣ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагон 27 апрели соли 2022 қабул намудааст.

Он бо мақсади аз байн бурдани ихтилофоти меъёриву ҳуқуқӣ ва норасоиҳо дар идоракунии молиявӣ ва назорати дохилӣ дар бахши давлатӣ таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Бо ҳамин мақсад дар моддаи 4 қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид гардидааст, ки тибқи он, минбаъд мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи идоракунии молиявӣ ва назорати дохилӣ ҳар сол таҳқиқоти таҳлилии фаъолияти воҳидҳои сохтории аудити дохилии мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои бахши давлатиро анҷом дода, оид ба натиҷаҳои таҳқиқот хулосаи таҳлилӣ пешниҳод менамояд.

Илова бар ин, бо мақсади бартараф намудани ҳолатҳои ҷой доштани бархӯрди манфиатҳо дар низоми идоракунии молиявӣ ва назорати дохилӣ, ба қонуни амалкунанда моддаи 141 илова шудааст, ки тибқи он, дар сурати ба вуҷуд омадани бархӯрди манфиатҳо корманди воҳиди сохтории назорати дохилӣ дар бахши давлатӣ бояд роҳбари ташкилоти бахши давлатӣ ё дар ҳолати ба бархӯрди манфиатҳо ҳамроҳ будани роҳбари ин ташкилот, роҳбари тақсимкунандаи асосии маблағҳои буҷетиро хабардор намояд.

Ҳамчунин, ба як қатор моддаҳои қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст, ки хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд.

Бинобар ин, аз шумо, муҳта­рам аъзои Маҷ­лиси миллӣ, хоҳиш­­­мандам онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон  «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи идоракунии молиявӣ ва назорати  дохилӣ дар бахши давлатӣ  ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Раҳимӣ Фарҳод дода мешавад.

Фарҳод РАҲИМӢ:

 - Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Қосим ва Умарализода Мақсудалӣ таҳия ва пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагон 20 апрели соли 2022 қабул намудааст.

Он бо мақсади бартараф сох­тани мухолифат ва камбудии ҷойдошта таҳия ва пешниҳод гардидааст. Ҳамин тариқ, дар моддаи 4 қонуни амалкунанда тағйироти дахлдор ворид гардидааст, ки он мухолифатҳои байниҳамдигарии қисмҳои моддаи мазкурро бартараф намудааст.

Илова бар ин, мутобиқи қисми 2 қонуни пешниҳодшуда, қисми ҳафтуми моддаи 35 қонуни амалкунанда хориҷ карда шудааст, ки дар асоси он минбаъд, агар узви Маҷлиси миллӣ дар як вақт вакили дигар мақомоти намояндагӣ бошад, барои маҳрум намудани ӯ аз дахлнопазирӣ танҳо розигии Маҷлиси миллӣ лозим аст.

Қонуни конститутсионии мазкур ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ буда, аз шумо, муҳта­рам аъзои Маҷ­лиси миллӣ, хоҳиш­­­мандам онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» мегузарем. Марҳамат, Раҳимӣ Фарҳод, сухан ба шумо.

Фарҳод РАҲИМӢ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллӣ Фарҳод Раҳимӣ ва Мадина Набизода таҳия ва пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 апрели соли 2022 қабул намудааст.

Мақсад аз ворид намудани иловаҳо ба қонуни конститутсионии мазкур баланд бардоштани масъулияти раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои риояи қонунгузории мамлакат мебошад.

Бо ҳамин мақсад дар қисми якуми моддаи 22 қонуни амалкунанда, сархатҳои шашум ва ҳафтум илова шудаанд, ки мутобиқи он, минбаъд раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия дар ҳолати риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат бо коррупсия, танзими анъана ва ҷашну маросим ва дидаю дониста қабул намудани қарорҳои ғайриқонунӣ оид ба додан, гирифтан ва вобаста кардани қитъаи замин аз вазифа озод карда мешаванд.

Қонуни конститутсионии мазкур ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ буда, кумита нисбати он эрод надорад ва аз шумо, муҳта­рам аъзои Маҷ­лиси миллӣ, хоҳиш­­­мандам онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иваз намудани номи деҳаи Фақиробод ба деҳаи Обшорони деҳоти Мискинобод, ба категорияи шаҳрак мансуб донистани деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод ва иваз намудани номи он ба «30-солагии Истиқлол» мегузарем. Марҳамат, Раҳимӣ Фарҳод, сухан ба шумо.

Фарҳод РАҲИМӢ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумита Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2022 «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Файзобод оид ба иваз намудани номи деҳаи Фақиробод ба деҳаи Обшорони деҳоти Мискинобод, ба деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод додани мақоми шаҳрак ва иваз намудани номи он ба «30 — солагии Истиқлол» — ро мавриди баррасӣ қарор дод.

Бо қарори мазкури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Файзобод оид ба иваз намудани номи деҳаи Фақиробод ба деҳаи Обшорони деҳоти Мискинобод, ба деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод додани мақоми шаҳрак ва иваз намудани номи он ба «30-солагии Истиқлол ҷонибдорӣ шудааст.

Зарурати иваз намудани номи баъзе аз маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Файзобод, пеш аз ҳама, мутобиқатнамоӣ ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.

Маълумоти зарурӣ, тибқи номгӯи ҳуҷҷатҳо, оид ба ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудӣ аз ҷониби Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Файзобод пешниҳод шудааст ва дар умум иваз намудани номи ду маҳали аҳолинишин, аз ҷумла деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзободро ба категорияи шаҳрак мансуб донис­тан пешбинӣ гардидааст.

Кумита пешниҳоди зикршударо оид ба иваз намудани номи баъзе аз маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Файзобод қобили дастгирӣ ҳисобида, аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иваз намудани номи деҳаи Фақиробод ба деҳаи Обшорони деҳоти Мискинобод, ба категорияи шаҳрак мансуб донис­тани деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод ва иваз намудани номи он ба «30 – солагии Истиқлол» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Вазирзода Г. Н.» шурӯъ менамоем.

Сухан ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Зариф дода мешавад.  Марҳамат.

АЛИЗОДА Зариф пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат мекунад:

- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Вазирзода Г. Н.» ирсол мегардад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Вазирзода Г. Н.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Мирзозода И. Ш.» шурӯъ мекунем. Марҳамат, Ализода Зариф, сухан ба шумо.

Ализода Зариф пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат менамояд:

- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Мирзозода И. Ш.» ирсол мегардад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Мирзозода И. Ш.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Муродзода Б. Р.» мегузарем. Сухан ба Ализода Зариф дода мешавад.

АЛИЗОДА Зариф пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат менамояд:

- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Муродзода Б. Р.» ирсол мегардад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Муродзода Б. Р.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоби машваратчиёни халқии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мегузарем. Марҳамат, Ализода Зариф, сухан ба шумо.

 АЛИЗОДА Зариф пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат мекунад:

- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон  пешниҳод «Дар бораи интихоби машваратчиёни халқии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ирсол мегардад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоби машваратчиёни халқии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: —  Ба баррасии лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нишони Маҷ­ли­си миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» шурӯъ менамоем. Доир ба ин масъала савол бошад, марҳамат. Нест.

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам. Аз аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳиш менамоям, ки мавқеатонро муайян созед. Марҳамат.

қарор қабул шуд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Тибқи талаботи банди 103-юми Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, котиботи иҷлосия оид ба рафти кори иҷлосия, муроҷиатҳо ва ҳуҷҷатҳои ба унвони иҷлосияи Маҷлиси миллӣ воридшуда маълумот манзур менамояд.

Доир ба масъала сухан ба раиси котибот Набизода Мадина дода мешавад. Марҳамат.

Мадина НАБИЗОДА:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Унвонии  Иҷлосияи даҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум муроҷиат, ариза, дархост ворид нашудааст.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаҳои рӯзномаи Иҷлосияи даҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баррасӣ ва нисбат ба онҳо қарорҳо қабул гардиданд. Доир ба рафти иҷлосия таклифу пешниҳодҳо бошанд, марҳамат иброз намоед. Нест.

Бо ҳамин Иҷлосияи даҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро пӯшида эълон менамоям.

(Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад)

Самариддин АСОЗОДА,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ