Дар кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзиро давлат ба танзим медарорад

№88 (3568) 09.07.2016

DSC_0018Ҳафтуми июли соли ҷорӣ ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология баргузор шуд.

Раиси кумитаи мазкур Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ масъалаҳои рӯзнома — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи заминсозӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти обуҳавошиносӣ»-ро шарҳ дод.

Аъзои кумита низ мулоҳизаҳои худро дар ин бобат баён намуданд.

Дар охир хулосаҳои кумита оид ба масъалаҳои баррасигардида қабул ва барои ҷонибдорӣ ба Иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.

 Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»