Дар Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ 10 феврали соли 2017 ҷаласа баргузор гардид.
Рӯзномаи ҷаласа фарогири масъалаҳои зерин буд: «Доир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Доир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Доир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Доир ба пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд «Оид ба номивазкунии баъзе маҳалҳои аҳолинишини шаҳрҳои Панҷакент ва Конибодом, ноҳияҳои Ашт ва Спитамени вилояти Суғд», «Доир ба пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон «Оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияҳои Ховалинг, Ҷалолиддини Балхӣ ва Ёвони вилояти Хатлон» ва «Доир ба пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон «Дар хусуси ба категорияи деҳа мансуб донистани маҳалли аҳолинишини Даштаки деҳоти «Сучон»-и ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон».
Раиси кумита Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ ва аъзои он дар баррасии масъалаҳо фаъолона иштирок карда, онҳоро ҷонибдорӣ намуданд.
Сипас, хулосаҳо қабул ва барои ҷонибдорӣ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуданд.
Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»