Чоруми ноябри соли 2016 ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ таҳти раёсати Муҳаммадюсуф Имомзода баргузор гардид.
Раиси кумита рӯзномаи ҷаласаро ба аъзои кумита пешниҳод намуд, ки он аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон «Оид ба иваз намудани баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Шаҳритуз ва Панҷи вилояти Хатлон», «Пешниҳодоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешниҳодоти Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд «Оид ба номивазкунии шаҳраки Пролетари ноҳияи Ҷаббор Расулов ва деҳаи Қарақчиқуми деҳоти ба номи Лоҳутии шаҳри Конибодоми вилояти Суғд», «Оид ба номивазкунии деҳаи Наймани деҳоти «Сурх»- и шаҳри Исфара ба деҳаи Сароб» ва «Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ваҳдат оид ба номивазкунии баъзе маҳалҳои аҳолинишин» иборат буд.
Аъзои кумита нисбат ба масъалаҳои пешниҳодшуда фикру андеша баён карданд.
Дар фарҷом доир ба масъалаҳои зикршуда хулосаҳо қабул ва барои баррасӣ ба Иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуданд.
Т. ФАРРУХПАЙ, «Садои мардум». Суратгир А. Исоев