31-уми майи соли 2024 дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии асари беҳтарин дар мавзуи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», ки дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аввали сентябри соли 2023 эълон шуда буд, чорабинӣ доир гардид.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ изҳор дошт, ки дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2023 ва вобаста бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидани Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон намудани соли 2025 — «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо», бо Қарори Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июни соли 2023, №1730 озмуни ҷумҳуриявии асари беҳтарин дар мавзуи «Соли 2025-Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» бо мақсади ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳалли масъалаҳои экологӣ, хусусан тағйирёбии иқлим, гармшавии глобалӣ, хушксолӣ, обшавии пиряхҳо ва ҳифзи манбаъҳои об, эълон гардид.
- Қобили зикр аст, ки масъалаҳои обу иқлим, махсусан, ҳифзи пиряхҳо дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.
Тавре Сарвари давлат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ аз 22-юми декабри соли 2017 иброз намуданд: «Тибқи маълумот аз 14 ҳазор пиряхе, ки дар кишвари мо ба қайд гирифта шудааст, дар давоми 40 соли охир бо сабаби гармшавии иқлим ҳазор пирях аз байн рафтааст ва ин раванд солҳои охир босуръат идома дорад». Бо дарназардошти чунин вазъ, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор тадбирҳо андешида шудаанд, — зикр кард номбурда.
Бино ба гуфти ӯ, озмуни баргузоршуда дар мавзуи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» барои боло бурдани маърифати экологии аҳолӣ хеле ҷолиб мебошад.
Қобили зикр каст, озмун дар як давр, аз 1-уми сентябри соли 2023 то 1-уми майи соли 2024 баргузор шуда, маросими қадрдонии ғолибон ва иштирокчиёни фаъол дар арафаи Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист ва рӯзи обуҳавошиносони Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Масъулони баргузории озмун Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — рӯзномаи «Садои мардум» мебошанд.
Бино ба гуфти раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадраҳим Юсуфӣ, аз оғози эълони озмун то ҷамъбаст ба суроғаи Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби намояндагони воситаҳои ахбори омма, зиёиёну олимон, коршиносону мутахассисони соҳа, омӯзгорону донишҷӯён ва хонандагони мактабҳои ҳамагонӣ, дар маҷмӯъ, дар мавзуи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» 48 нафар довталаб аз шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ бо 116 асару мақола, гузоришҳои телевизионӣ ва радиоӣ бо забонҳои давлатӣ (111), русӣ ( 4) ва англисӣ (1) роҳ ёфтанд. Дар байни иштирокчиёни озмун 5 нафар олимони соҳаҳои гуногун, аз ҷумла 2 доктор ва 5 номзади илм, 25 нафар рӯзноманигори касбӣ, инчунин, унвонҷӯёну аспирантон, магистрону донишҷӯёни муассисаҳои олӣ, кормандону мутахассисони соҳаҳои ҳифзи муҳити зист, яхшиносӣ, обуҳавошиносӣ ва омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, мебошанд.
Ғолибони озмун бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр карда шуданд. Аз ҷумла, Муассисаи давлатии рӯзномаи «Инсон ва табиат» сазовори ҷойи якум дониста шуда, ғолибони ҷойи дуюм муовини якуми директори телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» Умед Шарифзод, Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва сардори раёсати истеҳсоли филмҳои телевизионии телевизиони «Илм ва табиат» Маҳмадраҷаб Ҳанафияев муайян гардиданд. Муҳандиси Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Александр Пиров, Муассисаи давлатии рӯзномаи «Садои мардум», муҳаррири варзидаи радиои «Садои Душанбе» Дилбар Исматова, хонандаи синфи 8-и Литсей-интернати тоҷикӣ-русии Ҳотам ПВ-и шаҳри Ҳисор Беҳрӯз Гадоев, муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» Хуршед Шарифов (Хуршед Ховарӣ) ва сармутахассиси Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлуда Шоҳиён сазовори ҷойи сеюм дониста шуданд.
Кормандони рӯзномаи «Садои мардум» – муҳаррири шуъбаи фарҳанг, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва регламент Фарзона Файзалиева, муҳаррири шуъбаи мактубҳо, ахбор, номаҳо, муносибатҳои байнипарлумонӣ ва робита бо ҷомеа Фархунда Абдулҳакимова, хабарнигорони рӯзнома Шариф Ҳусейнов ва Раҳмоналӣ Ҳабибов ҳамчун иштирокчиёни фаъоли озмун бо диплом ва туҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ