Сафаралӣ Раҷабов хатмкардаи ду мактаби олист: факултети индустриалӣ-педагогии Институти давлатии педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко (соли 1977) ва факултети механизатсияи хоҷагии қишлоқи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон (соли 1980). Соли 1990 вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ноҳияи Файзобод интихоб шуд. Солҳои 1990-1995 аввал котиби Кумитаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳуқуқи инсон, баъдан муовини раиси ҳамин кумита ва сипас Раиси Кумитаи зикршуда буд. Солҳои 1995-2000-ум Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2000-2005 вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда кор кард. Аз 27 феврали соли 2005 то охири умраш вазифаи раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллиро ба уҳда дошт.
Номзади илмҳои сиёсатшиносӣ ва доктори фахрии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон буд. Сафаралӣ Раҷабов соли 2011 дар синни 56-солагӣ вафот кард.
Ӯ ҳамеша ба омӯхтани таърихи гузаштаи халқи худ машғул буд, роҳу равиши қонунгузории навро ҷустуҷӯ мекард. Сохти нави ҷамъиятӣ ва воқеияти солҳои 90-уми асри ХХ нишон медод, ки кишварамон вобаста ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд Конститутсияи нав дошта бошад ва тамоми санаду меъёрҳои ҳуқуқӣ дар асоси он таҳия шавад. Кӯшишу ғайрати Сафаралӣ Раҷабов ба ӯ имкон дод, ки дар такмилу таҳияи Конститутсияи (Сарқонуни) нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 қабул шуд, саҳми арзанда гузорад.
Сафаралӣ Раҷабов аз аввалин рӯзҳои ба сиёсат қадам мондан пайрав ва ёвари Сарвари давлати Тоҷикистон — Эмомалӣ Раҳмон буд. Эмомалӣ Раҳмон сиёсатмадори навовару боҷуръат аст, шахсиятест, ки барои ӯ манфиатҳои Ватану миллату давлат аз ҳама чиз муқаддас аст. Ба ақидаи Сафаралӣ Раҷабов Худованд барои ҳар миллат як сарварро муносиб медонад. Ҳеҷ ҷойи шубҳа нест, ки Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, бо хости Худованд Сарвари (Президенти) мо шудааст. Пас вазифаи ҷонии мо он аст, ки дар атрофи ин Сарвари Худодод муттаҳид бошем. Фақат муттаҳидӣ, ягонагӣ, ҳиссиёти баланди миллӣ доштан, аз як гиребон сар баровардан мамлакати моро обод мекунад.
Роҳи ягонаи ба истиқлолияти комили миллӣ расидан тарғибу ташвиқи ғояҳои ваҳдати миллӣ мебошад. Дар асари илмӣ-назарии хеш «Ҳокимияти қонунгузор» (Душанбе, соли 1999) Сафаралӣ Раҷабов ҳамчун ватандӯсти асил чунин таъкид мекунад: «Модом, ки ваҳдати миллӣ танҳо ягона роҳи бақои миллат бошад, пас онро бо кадом роҳу восита метавон ба даст овард? Ба назарам, пеш аз ҳама, ин падида бояд то ҳадде тарғибу ташвиқ карда шавад, ки он дар дилу дида ва мафкураи на танҳо равшанфикрону зиёиёни миллат чун мафҳумҳои Модар, Ватан ҷой бигирад, балки ҳар фарди тоҷик ин истилоҳро муқаддас шуморад» (саҳ. 106).
Солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон сиёсати давлат нисбат ба илму маориф дигар шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулияти том чунин таъкид карданд: «Агар ҳадафи мо бунёд кардани ҷомеаи воқеан ҳам демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ бошад, бояд бо дастҷамъӣ рӯй ба ҷониби мактабу маориф оварем. Ман дар сиёсати худ маорифро дар ҷойи аввал мегузорам!».
Сафаралӣ Раҷабов, ки солҳои 2000-2005-ум вазифаи вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда дошт, барои амалӣ намудани ин сухани Президенти кишвар тамоми қуввату ғайрату истеъдоди худро сарф намуд. Ӯ дар мушовараҳои Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаҳои назди вазири маориф, таъкид мекард, ки инкишофи ҷомеа, пеш аз ҳама, ба мактабу маориф ва усули таълиму тарбия вобаста аст.
Банда муддати панҷ сол вазифаи сардабири маҷаллаи «Маърифат»-ро ба уҳда доштам. Дар тӯли ин солҳо дар ҳар ҷаласаи назди вазир ва мушовараҳои Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат мекардам. Медидам, ки вазири маориф- Сафаралӣ Раҷабов то кадом андоза ба қадру қимати омӯзгор мерасид. Ҳамеша таъкид мекард, ки омӯзгор дар тамоми давру замон шахси азизу муътабар ба ҳисоб меравад.
Ба қавли Сафаралӣ Раҷабов, омӯзгорӣ кори осон нест. Омӯзгори ҳақиқӣ шудан ин аз баҳри худ баромадан аст. — Ба ёд биёред, ки солҳои аввали Истиқлолият омӯзгорони мо моҳҳо музди меҳнат намегирифтанд, лекин аз таълиму тадрис даст накашиданд,- мегуфт ӯ бо қаноатмандӣ.
Дар давраи вазирии ӯ дастур ва ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ «Дар бораи коромӯзии мутахассисони ҷавон», «Механизми ба ҷойи кор ҳозиршавии мутахассисони ҷавон баъди хатми мактаби олӣ», «Барномаи давлатии тайёр намудани мутахассисони соҳаи маориф» таҳия гардиданд, ки дар ҳалли мушкилоти бо кадрҳои омӯзгорӣ таъмин намудани мактабҳо нақши муҳим бозиданд.
Бо кӯшишу ғайрати бевоситаи ӯ ва мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтар шудани сифати таълиму тарбия ва ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи маориф чунин ҳуҷҷатҳои муҳим ба имзо расиданд: «Созишнома миёни Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Украина оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф», «Тафоҳумнома миёни Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) оид ба тақсимоти кумаки башардӯстона», «Тафоҳумномаи ҳамкорӣ байни Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба инкишофи байналхалқӣ», «Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи миллии Ҷумҳурии Индонезия дар соҳаи маориф».
Сафаралӣ Раҷабов хуб дарк мекард, ки таълими дуруст, пеш аз ҳама, ба шароити хуби мактабҳо вобастагӣ дорад. Барои ҳамин, ӯ ба давом додани сохтмони мактабҳои нав ва таъмири мактабҳои куҳна аҳамияти зиёд медод. Натиҷаи ҳамин кӯшишҳои Сафаралӣ Раҷабов буд, ки ӯро дар тамоми мактабҳои ҷумҳурӣ эҳтиром мекарданд.
Дар тӯли панҷ соли сардабириам ба мактабҳои зиёди ҷумҳурӣ сафар кардаам. Дар бештари ин сафарҳо зимни суҳбат бо омӯзгорон ҳис мекардам, ки онҳо ба фаъолияти вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Раҷабов баҳои баланд медиҳанд.
Сафаралӣ Раҷабов на танҳо сиёсатмадори варзида, роҳбари корозмуда, балки донишманди хуб ҳам буд. Ба қалами ӯ китобҳои «Ҳокимияти қонунгузор» (соли 1999), «Тоҷикистон: Давлати дунявӣ (назария, таҷриба ва проблема)», ба забони русӣ (Хуҷанд, соли 2000), «Мақоми маориф» (Душанбе, соли 2012), «Маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, (Душанбе соли 2004), «Маорифи Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият» (Душанбе, соли 2006) ва беш аз 50 мақолаи илмӣ тааллуқ дорад. Ӯ аз соли 1994 узви Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон буд. Бо унвони баланди Корманди шоистаи Тоҷикистон, ду Ифтихорнома ва ордени «Иттиҳод» («Содружество»-и Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил) сарфароз гардидааст.
Сафаралӣ Раҷабов як инсони заминӣ, дӯсти бовафо, ҷавонмарди беғараз буд. Мусиқиро дӯст медошт, думбраро бо завқи баланд менавохт ва аз табъи хуби шеърфаҳмӣ бархӯрдор буд. Бо тахаллуси «Ниҳонӣ» шеър ҳам эҷод мекард ва байти зер матлаи як ғазали ӯст:
Мулки Файзободи моро чашмасоронаш хуш аст,
Сабзаю себаргаю фасли баҳоронаш хуш аст.
Урватулло ТОИРОВ, доктори илмҳои филологӣ, профессори ДМТ